04:23:47 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Осори Султони Ҳамад

osori-s.hamad sayt 2019

Китобҳои Султони Ҳамад:

«Аз Ардашер то Шери Панҷшер», Душанбе, нашриёти «Ирфон», соли 2002, 96 саҳ. Дар ин маҷмӯа мақолаҳое ба нашр расидаанд, ки дар бораи нақши хадамоти амниятӣ дар давлатдории ниёгон дар замонҳои қадим ва даврони мо қисса мекунанд.

«Аҳмад Зоҳир - «Султони қалбҳо», Душанбе, нашриёти «Деваштич», соли 2005, 212 саҳ. Дар ин китоб зиндагӣ ва осори бузургтарин хунёгари форсзабон дар қарни мо Аҳмад Зоҳир ба риштаи тасвир кашида шудааст.

«Дар сӯҳбати соҳибдилон», Душанбе, нашриёти «Деваштич», соли 2007, 291 саҳ. Дар ин маҷмӯъа 25 мусоҳибаи муаллиф шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, аз қабили профессор Бурҳониддин Раббонӣ, нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов, собиқ Раиси Парлумони Афғонистон Муҳаммадюнуси Қонунӣ, собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, шоир Бозор Собир, коргардони маъруфи синамои Фаронса Кристоф де Понфили ва ғайра гирд оварда шудаанд.

«Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ», Душанбе, нашриёти «Деваштич», соли 2007, 72 саҳ. Дар ин рисола асосан сухан аз боби Аҳмад Зоҳир чӣ гуна аз ашъори Мавлонои Балх дар таҳияи сурудҳояш истифода кардааст, меравад. Хонанда инчунин дар бораи тариқати чиштия ва нақши мусиқӣ дар ин шохаи тасаввуф маълумоти ҷолиберо пайдо карда метавонад.

«Низоъ, терроризм ва рисолати рӯзноманигорон», Душанбе, нашриёти Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ, соли 2007, 60 саҳ. Ин маҷмӯаи мақолаҳоест, аз фаъолияти рӯзноманигорони тоҷик дар самти инъикоси мавзӯи мубориза бо терроризми байналмиллалӣ дар матбуоти тоҷик.

«Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт», Душанбе, нашриёти «Шуҷоиён», соли 2009, 98 саҳ. Дар ин китоб мақола ва мусоҳибаҳо дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва мусиқӣ» гирд оварда шудаанд.

«Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб», Душанбе, нашриёти Бухоро, соли 2012, 264 саҳ. Дар ин рисола хонанда ба суолҳои мусиқии Ғарб чӣ гуна ба Афғонистон ворид шуд, Аҳмад Зоҳир чӣ тавр ин мусиқиро бо мусиқии Шарқ оштӣ дод, таронаҳои кадом оҳангсозон ва овозхонҳои машҳури ғарбиро ӯ ба забони дарӣ хондааст ва таърихчаи таронаҳо чӣ гуна будааст, маҳбубияту маъруфияти Аҳмад Зоҳир дар ҷаҳон то кадом ҳад аст ва боз ба бисёр саволҳои дигар посух хоҳад гирифт.

«Султони қалбҳо», Душанбе, нашриёти Бухоро, соли 2012, 288 саҳ. Китоб бори аввал таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир – султони қалбҳо» соли 2005 ба нашр расида буд. Дар нашри дуввуми он хонанда маълумоти тозаеро дар бораи зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир, пайвандон ва осори ӯ дастрас хоҳад кард. Дар қисмати замимаи китоб низ тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир ва шуарое, ки матни таронаҳояшро овозхон аз осори онҳо интихоб кардааст, то ҳадди имкон мукаммал гардонда шудааст. Як бахши аксҳо ранга чоп шудаанд.

«Дар пайраҳаи нур», Душанбе, нашриёти «Муаттар», соли 2013, 294 саҳ. Китоб зиндагиномаи бунёдгузори ҲНИТ, собиқ раҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиёни Тоҷик, собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар бар гирифтааст.

«Бурхи Валӣ- дӯсти Худо», Душанбе, «Истеъдод», 2013, 592 саҳ. Дар китоб дар баробари овардани қиссаву ривоятҳо, шеъру достонҳо ва андешаҳои таҳлилӣ дар бораи ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ, инчунин назаре ба таърихи водии Вахё, як гӯшаи биҳиштосои Ватани азизамон, таърихчаи силсилаи эшонҳои Ёзғанд, силсилаи эшонҳои Арзунк, дигар мазорҳои мъруфи ин минтақа, шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва мазҳабии ин диёр андохта шудааст.

«Маҳбуби дилҳо», Алмаато, «Полиграфкомбинат», 2013, 536 саҳ. Китоб дар бораи марҳум Сафаралӣ Иззатуллоев, собиқ яке аз сарварони Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон, соҳибкори муваффақ ва ҷавонмарди саховатпешаву ҳимматбаланд қисса мекунад. Дар он инчунин дар баробари зиндагиномаи ин марди накӯкор қиссаҳои пандомӯзи зиёдеро аз ҳаёти шахсиятҳои гуногуни даврони мо, аз рӯзгори пурмашаққату тоқатшикани муҳоҷирони меҳнатӣ, аз фаъолияти Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон, нақши он дар таҳкими дӯстии байни тоҷикону қазоқон ва дигар миллату ақвоми Қазоқистон, ҳифзу таблиғи фарҳанги ниёгон дар шароити муҳоҷират ва ғайра мутолиа кардан мумкин аст.

Тарҷума аз русӣ ба тоҷикӣ:

Аҳмад Дидот «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегӯяд?», Душанбе «Кишоварз», 2008, 44 саҳ.

Идома дорад

Тарҷумаи ҳоли Султони Ҳамад



Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi