10:49:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Тарҷумаи ҳоли Султони Ҳамад

Ҳамадов Султон (Султони Ҳамад) 3 – юми апрели соли 1952 дар ноҳияи Сангвори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1969 дар ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда онро соли 1974 хатм намудааст. Солҳои 1974 - 1978 дар мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Ҷилликӯл аввал ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ, баъдан ҷонишини директор ифои вазифа намудааст.

s.hamad tarjumai-hol 2019Аз моҳи июни соли 1978 то августи соли 1980 аввал ба ҳайси хабарнигор, сипас ба сифати муҳаррири шӯъбаи барномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар радиои вилояти Қӯрғонтеппа кор кардааст. Моҳи августи соли 1980 ба Кумитаи Бехатарии Давлатии (КБД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (КГБ) ба кор даъват шуда барои таҳсил ба Мактаби Олии КГБ СССР ба шаҳри Москва фиристода мешавад. Ин донишкадаро моҳи августи моли 1982 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси масоили байналмилалӣ хатм намуда, баъдан дар ин мақомот то соли 2000 дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият карда сипас бознишаста мешавад.

Солҳои 2001-2003 ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии ТВ-6- и Русия, ТВ-Чехия, маҷаллаи «Регард сур лест» («Нигоҳе ба Шарқ») - и Фаронса ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» борҳо ба Афғонистон сафарҳои эҷодӣ кардааст. Дар натиҷаи ин сафарҳо як силсила мақолаҳои публисистӣ дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Зиндагӣ» ва дигар нашрияҳо ба чоп расондааст. Соли 2002 ӯ барои силсилаи мақолаҳои «Афғонистон захмест бар ҷисми башарият», ки дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» соли 2001 ба нашр расида буд, сазовори ҷоизаи Иттиҳоди Журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид.

Соли 2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони «Аз Ардашер то шери Панҷшер» дар шакли китоб аз сӯи нашриёти «Ирфон» ба табъ расид. Соли 2005 китоби Султони Ҳамад бо номи «Аҳмад Зоҳир- султони қалбҳо» дар нашриёти «Диваштич» аз чоп баромад. Соли 2007-ум ду китоби ӯ «Дар сӯҳбати соҳибдилон» ва «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» аз сӯи нашриёти «Диваштич» ва китоби дигари ӯ таҳти унвони «Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон» дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Соли 2009 дар нашриёти «Шуҷоиён» китоби маҷмӯаи мақолаҳо «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт», соли 2012 китобҳои «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ва нашри дуввуми китоби «Султони қалбҳо» дар нашриёти «Бухоро», соли 2013 китоби «Бурхи Валӣ дӯсти Худо» дар нашриёти «Истеъдод» ва китоби «Дар пайраҳаи нур» дар нашриёти «Муаттар», соли 2017 китоби «Маҳбуби дилҳо» дар нашриёти «Полиграфкомбинат»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба чоп расиданд.

Соли 2008 бо Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навиштани мақолаҳо барои «Донишномаи Рӯдакӣ» ҳамкории шартномавӣ доштааст, ки дар натиҷа як силсила мақолаҳои ӯ дар ду ҷилди аввали китоби мазкур ба нашр расидаанд.

Дар соли таҳсили 2008-2009 дар як ҳамкории шартномавӣ бо факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон курси махсуси «Журналистикаи таҳлилӣ: «Инъикоси мавзӯъҳои муҳими динӣ дар матбуоти тоҷик»-ро ба донишҷӯёни курси саввуми факултаи мазкур таълим додааст.

Ғолиби озмуни журналистони ҷумҳурӣ дар бахши «Беҳтарин мақола дар мавзӯи сиёсӣ», ки аз сӯи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2004 созмон ёфта буд, мебошад.

Иштирокчии конференсияи байналмиллалии журналистон зидди терроризм дар шаҳри Бонни Германия дар соли 2002. Дар чандин симпозиум ва семинарҳои байналмиллалии рӯзноманигорон, ки дар кишварҳои мухталифи минтақа, азҷумла Федератсияи Россия, Афғонистон, Қазоқистон Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 2002-2012 ба вуқӯъ пайвастаанд, ширкат кардааст.

Аз моҳи январ то июли соли 2004 сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» ва аз июли 2004 то июли 2005 хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будааст. Солҳои 2005-2007 ба ҳайси хабарнигори мустақил бо ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Миллат», «Нигоҳ» ва ғайра ҳамкории эҷодӣ доштааст. Аз феврал то моҳи июни соли 2007 котиби масъули маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» шуда кор кардааст. Соли 2009 Вазорати фарҳанги ҶТ ба ӯ унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро сазовор медонанд.

Аз июни 2013 то августи 2014 ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтаномаи хусусии «Рӯзгор» фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то соли 2017 дар Муассисаи Давлатии Сарредаксияи Илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик, ба ҳайси аксбардор, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири редаксияи иқтисод ифои вазифа намудааст.

Заҳматҳои Султони Ҳамад тӯли фаъолияти меҳнатиаш бо Раҳматномаи Раиси КГБ СССР (1985), бо Ифтихорномаи Раиси КГБ СССР (1987), бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР (1988), бо медали ҷашнии «70 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (1988), бо медали ҷашнии «10 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) қадрдонӣ шудаанд.

То лаҳзаи охир сардабири сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» буда ба ҳайси рӯзноманигори мустақил бо нашрияҳои мухталифи кишвар ҳамкорӣ дошт.

Узви ИЖ Тоҷикистон аз соли 2007 буд.

Давом дорад…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi