23:19:48 24-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАҲМУДИ ВОИЗӢ: «СУЛҲ ОСОН БА ДАСТ НАОМАДА БУД-2»

Барои мо фарқ надорад, ки ин тавофуқ чи гуна бошад. Муҳим он буд, ба тавофуқ бирасанд ва хунрезӣ қатъ шавад. Мо наметавонистем, ки хеле ба як тараф фишор биёрем. Мо мехостем, ки ҳарду тараф ҳам эҳсоси роҳатӣ бикунанд.

/images/stories/2012/07/02_janobi-voizi-1.jpgМо намехостем, ки онҳо эҳсос бикунанд, ки мо ба ҷои онҳо тасмим мегирем. Вақте ихтилоф шуд ва аз мо хостанд, ки иҷозат бидиҳед, ки мо биравем Душанбе машварат бикунем, мо  ҳам истиқбол кардем. Гуфтем, ки ин кори хуб аст, кардан даркор. Мо медонистем, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон агар бо як- ду рӯз ҳал бишавад, пас аслан ин ҷанг шурӯъ намешуд.

Решаҳои ин ихтилоф бояд ором-ором таҳқиқ шавад ва роҳҳои ҳалле барояш пайдо шавад. Ва дилҳо бояд бо ҳам наздик шаванд. Бар ин асос мо фикр кардем, ки ниёз ба замон ҳаст. Дар ин муддате, ки ҷониби ҳукумат бо роҳбарият машварат мекард, мо низ бархе корҳоро дар Теҳрон анҷом додем ва роҳи ҳалҳое низ пайдо кардем.

- Чанд моҳ пас аз ин даври  дуюми музокирот ҳарду ҳайати музокиракунанда боз барои як машварат ба Теҳрон омаданд. Ин дафъа роҳбарии ҳайатҳоро шахсиятҳои шинохта чун ҷаноби Абдумаҷид Достиев ва ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба ӯҳда доштанд. Дар ин машварат ҳуҷҷати хеле муҳим Созишномаи оташбаси муваққатӣ ба имзо расид, ки ин як пешравии хеле хубе буд. Ин чӣ гуна ба даст омад?

- Бубинед, як омили муҳим дар ин  даври музокирот ҳосил шуд. Ҳарду тараф эҳсос карданд, ки Эрон мехоҳад фақат кӯмак кунад. Диданд давлати Эрон он чизеро мехоҳад, ки давлати Тоҷикистон, мардуми Тоҷикистон, гурӯҳҳои мухолифин мехоҳанд. Ва он чизе, ки барои мо муҳим аст, сулҳ мебошад. Яъне ҳарчи зудтар ҳарду тараф ба тавоффуқ бирасанд ва кишвари худашонро бисозанд. Бо чунин як рӯҳияе даври дуюми музокирот тамом шуд. Маъмулан ҳар вақте, ки дар музокирот ба бунбастҳое мувоҷеҳ мешудем, онҳоро қатъ намуда дар дигар шакл бо унвони машварат онҳоро давом медодем.

Албатта дар чунин мавридҳо нуқтаи назари шахсиятҳои тоза ба музокирот воридшударо мегирифтем. Қабл аз баргузории ин машварати Теҳрон мо сафирамонро дар Душанбе бисёр фаъол кардем. Сафирамонро дар Маскав фаъол кардем. Дар Теҳрон ман бо суфарои ин кишварҳо сӯҳбат кардам. Ҳоло имкон дорад, ки дар ин мақтаи замонӣ ман инчунин бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди сулҳи тоҷикон ба Душанбе ҳам сафар карда бошам.

Борҳо рух додааст, ки ба хотири ширкат кардан дар музокироти сулҳи тоҷикон ман аз сафарҳои урупоии худ даст кашидам ва рафтам ба Тоҷикистон. Ёдам ҳаст, боре як сафар доштам ба Фаронса, мавзӯъе пеш омада буд. Бо оқои доктор Вилоятӣ машварат кардам ва пешниҳод кардам, ки тибқи қарори аъзои ситод ман бояд ба Тоҷикистон биравам ва бо оқои Раҳмонов мулоқот намоям ва як идеяро ба ӯ бигӯям. Аз ҳамин рӯ сафари Фаронсаро як миқдор ақиб андохтем. Вақте, ки ман рафтам ба Тоҷикистон сафирамон дар Фаронса як миқдор нороҳат шуда буд.

Ӯ бо ман тамоси телефонӣ гирифт ва гуфт, ки ман намедонам ин Тоҷикистон чӣ дорад, ки аз Фаронса барои шумо муҳимтар аст, ки чунин як сафари муҳимро ба Фаронса ба таъвиқ андохтед ва рафтед ба Тоҷикистон. Мо дар вазорати умури хориҷаи ҶИЭ дар робита бо раванди сулҳи тоҷикон намехостем як кори бюрократиро анҷом бидиҳем. Мо аз таги дил кор мекардем. Мо кӯшиш мекардем, ки мардуми Тоҷикистон ҳарчи тезтар ба оромишу сулҳ бирасанд.

/images/stories/2012/07/02_janobi-voizi-2.jpgДар машварати Теҳрон сатҳи роҳбарони музокирот боло рафт. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон розӣ шуданд, ки ҳайати ҳукуматиро муовини худаш Абдумаҷид Достиев роҳбарӣ намояд. Оқои Достиев ҳам одами хеле хушбархурд низ буд. Мо ин ҷо ҷаноби оқои Достиевро хеле хуб пазироӣ кардем. Мулоқотҳое ҳам барояш бо мақомоти кишвар гузоштем. Ман ҳам ба ҷаноби оқои Достиев муфассал нишастам, сӯҳбат кардам.

Аз тарафи мухолифин ҷаноби Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода масъулияти роҳбарии ҳайати музокиротро ба ӯҳда дошт. Хулоса дар ин машварат, чи навъе, ки дар боло гуфтем, Созишномаи оташбаси муваққатӣ ба имзо расид. Тибқи иттилои сафирамон дар Душанбе дар Тоҷикистон мардум ин созишномаро ба як рӯҳбаландӣ ва хурсандии  хеле бузург истиқбол карданд.

- Охир чӣ гуна метавонанд хурсанд набошанд, ки Оташбас маънои қатъи тоҷиккуширо дошт?! Ҳамин тариқ баъди ин машварат дар ҶИЭ пас аз фосилаҳое музокироти даври шашум, даври ҳаштум ва ду мулоқоти роҳбарони ҷиноҳои даргир барпо гардид. Оё метавонед ба хотир биёред лаҳзаҳоеро, ки то ба ҳанӯз ба расонаҳои хабарӣ  нагуфтаед?

- Бубинед, чи дар музокироте, ки дар Эрон буд ва чи дар музокироте, ки дар пойтахтҳои дигар буд, эътиқоди мо бар ин буд, ки ҳамаи кишварҳои минтақа эҳсос бикунанд, ки онҳо низ дар сулҳи Тоҷикистон шарик ҳастанд. Аз ҳамин рӯ мо пешниҳод мекардем, ки музокиротҳо дар пойтахтҳои ин кишварҳо сурат бигирад. Ҳатто дар Афғонистоне, ки ба ҷанг мувоҷеҳ буд, мушкилоти сахт дошт, ҳатто дар он ҷо мо музокирот гузоштем, то ин ки афғонҳо низ, эҳсос бикунанд, ки дар сулҳи Тоҷикистон шариканд.

Ҳамин чизро дар бораи Қирғизистону Қазоқистону Туркманистону Покистон гуфтан мумкин аст. Ман бо руасои  ҷумҳурии ин кишварҳо сӯҳбат кардам. Ман бо оғои Ислом Каримов борҳо ва борҳо сӯҳбат кардам. Бо оғои Назарбоев борҳо сӯҳбат кардам. Бо оғои Ниёзов сӯҳбат кардам, бо раиси ҷумҳури Қирғизистон ҷаноби Оқоев сӯҳбат кардам. Ба инҳо гуфтам, ки бубинед, як бӯҳрон дар Афғонистон ба вуҷуд омад, ҳамаи мо зарар кардем. Ин бӯҳрон кашида шуд ба марзҳои мо. Агар имрӯз мо ҷилави  бӯҳрон дар Тоҷикистонро нагирем, худи шумо дар кишваратон хазинаи инро мепардозед.

Аз онҳо хоҳиш мекардам роҷеъ ба масъалаи Тоҷикистон, барқарории сулҳу субот дар ин ҷо ҷиддӣ бошанд. Дар байни ин кишварҳо баъд аз Русия барои ман Ӯзбекистон хеле муҳим буд. Борҳо шудааст, ки ҳини музокироти даври шашуму ҳаштуме, ки дар Теҳрон баргузор гардиданд, на ҷониби ҳукумат ва на ҷониби мухолифини он алоқаманди идомаи гуфтушунид намешуданд. Роҳ баста мешуд. Мо борҳо дар алоҳидагӣ бо ин тарафҳо то соатҳои яку дуи шаб менишастем, сӯҳбатҳо мекардем. Барои мо ва дӯстони мо ин лаҳзаҳо хеле сахт буд.

Вақте, ки роҳи ҳал пайдо мекардем, хело ширин мешуд. Рости гап, ҳамаи он чизе, ки вобаста ба гуфтушуниди тоҷикон дар ёди ман мондааст, ҳамааш хотироти ширин аст. Садоқату самимиятро ман ҳам дар  фаъолияти ҳайати ҳукуматӣ дидам ва ҳам дар талошҳои  ҳайати мухолифини он. Як матлаби дигареро, ки ҷолиб аст, мехоҳам бароятон бигӯям. Дар вазорати умури хориҷаи мо барои бисёриҳо хеле ҷолиб буд, ки бубинанд, ки намояндагони ду тарафи даргире, ки дар сангарҳо ҳамин шабу рӯзҳо якдигарро кушта истодаанд, дар ин ҷо, дар сӯҳбатҳо чи гуна бо ҳам бархӯрд мекунанд. Ва медиданд, ки аъзои  ҳар ду ҳайат бо ҳам хеле наздиканд.

То оғози музокирот дар гӯшае ду касӣ бо ҳам беш аз як соатӣ сӯҳбат мекунанд, механданду эҳсоси шодиву хурсандӣ мекунанд. Аз ин мушоҳида бармеомад, ки ҷанг дар Тоҷикистон як ҷанги маснӯӣ ҳаст, воқеӣ нест. Дили тоҷикҳо аз ҳам ҷудо нестанд. Дидани ин лаҳзаҳо барои мо ширин буд. Вале лаҳзаҳое низ буданд, ки моро хеле нороҳат мекарданд, махсусан замоне медидем, ки музокирот ба бунбаст расидааст ва  ҷонибҳо ба идомаи он алоқаманд нестанд.

Ин чиз моро нороҳат мекард, вале даъват мекард, ки тарафҳоро ба идомаи музокирот розӣ кунонем, роҳи ҳал пайдо кунем. Мо барои худамон кор кардем. Мо тоҷиконро як пораи ҷудо афтода аз Эрон медонистем. Аз он даврони музокирот беш аз даҳ сол гузашт. Вале агар аз он азизоне, ки дарин музокирот ширкат карданд, касе биёяду дар ин ҷо он рӯзҳоро ба ёд биёварам, хеле чизҳоеро ба хотир оварда метавонем. Ман ҳеҷ аз хотир бароварда наметавонам рӯзи ба имзо расидани созишномаи сулҳро дар Маскав.

Ин лаҳзаҳо яке аз ширинтарин лаҳазоти ин даврони кори дипломатӣ ва кори ҳирфаии ман тӯли 27-28 соли фаъолиятам буд. Ман ҷиддӣ нишаста будам ва устод Нурӣ ва ҷаноби оқои Раҳмонов ба санади сулҳ имзо мегузоштанд. Ман нигоҳ кардам дидам, ки чи қадар вақт гузоштам, чи қадар кор кардам. Як эҳсоси аҷоиб маро фаро гирифт. Таи тамоми  ин муддати 28-соли кории дпломатиам он қадар лаззат набурдам, ки он лаҳза бурдам.

-Бисёр мехостам аз мулоқотҳои ҷаноби Эмомалии Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар Теҳрону Машҳад бо ширкати ҷаноби оқои Ҳошими Рафсанҷонӣ баргузор шуданд, хотираҳоеро ба ёд биёред?

/images/stories/2012/07/02_janobi-voizi-3.jpg- Бубинед, он чиро,  ки дар музокироти сулҳи байни тоҷикон мегузашт, ман мураттабан ба Раиси ҷумҳур оқои Ҳошими Рафсанҷонӣ гузориш медодам. Ва эшон маро бисёр ташвиқ мекарданд ин  корро анҷом бидиҳам. Бисёр эҳсос мекардам, ки мо як ҳимояти густурдаеро аз тарафи мақоми муаззами роҳбарӣ, Раиси ҷумҳур дорем. Мо эҳсос мекардем, ки як кори идорӣ намекунем. Мо вазифаи исломии худро ба ҷо меовардем, мо вазифаи инсонии худро анҷом медодем.

Ин албатта барои мо хеле муҳим буд. Оқои Ҳошими Рафсанҷонӣ хоҳиши моро дар бораи  шахсан худаш телефон бизанад ба Руасои ҷумҳур ё ин, ки дар ҷаласа бишинад ва ё ин, ки музокиротро ҳидоят бидиҳад, ҳамеша бо хушӣ мепазируфтанд, як калима ҳам намегуфтанд, ки не, ман гирифторам, вақт надорам. Ҳамеша бо рӯи хуш хоҳиши маро ба ҷо меоварданд. Воқеан, вақте ҷонибҳои сулҳкунанда ба ҳам сӯҳбат мекарданд ва бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд, оқои Рафсанҷонӣ хеле хушашон меомад.

Шумо дар вақти гуфтугӯ аз баъзе истилоҳоте истифода мебаред, ки оқои Рафсанҷонӣ бо шунидани онҳо бисёр завқ мебурд, хушаш меомад. Дар музокироти сулҳи байни тоҷикон ҷаноби оқои Рафсанҷонӣ бо як алоқамандии том  сӯҳбат мекарданд. Он кас ҷиддӣ муносибат мекарданд. Ин он чизест, ки ба мо марбут буд. Он чизе, ки марбут ба гурӯҳҳои мухолифин буд дар чанд мақтаъ ман ва ҷаноби оқои Вилоятӣ  натавонистем ҳарду пешрафт бикунем. Мо як мулоқотеро тартиб додем байни ҷаноби оқои Нурӣ, оқои Тӯраҷонзода ва оқои Ҳошими Рафсанҷонӣ.

Бо оқои Ҳошимӣ гуфтем, ки мушкил ин аст ва роҳи ҳал ҳам ин аст. Баъд аз мулоқот мо тавонистем, ки инъитоферо аз ҷонибҳо шоҳид шавем, ки ин ҳам як кори ғайримустақими мо буд, ки барои пешрафти кор кӯмак кард. Ҳамин мулоқотҳо ва инояте, ки оқои Ҳошимӣ доштанд ба унвони Раиси ҷумҳур, ба унвони як фарди рӯҳонӣ, ба унвони як фарде, ки солҳои тӯлонӣ қабл аз инқилоб мубориза кардааст, дар зиндонҳо низ будааст, барои ҳайати мухолифин, махсусан роҳбарони онҳо  таъсиргузор буд.

Оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар робита ба сулҳи тоҷикон ва ин, ки бояд роҳи ҳал пайдо бишавад, «шумо наметавонед ҳамеша дар Эрон бошед», яъне ба маънои хориҷ аз Тоҷикистон бошед, «шумо мутааллиқ ба он мардум ҳастед, бояд биравед мушкилоти худатонро худатон ҳал кунед» ва ба ҳамин монанд ба роҳбарони мухолифин суханҳо мегуфт. Роҳбарони мухолифин медонистанд, ки инояти оқои Ҳошими Рафсанҷонӣ пушти сари сулҳ аст. Аз тарафи дигар ҳар замоне, ки мо тавсия медодем, ки мулоқот дар сатҳи раиси ҷумҳур бишавад, ҳаргиз ҷаноби оқои Ҳошимӣ ба мо «на» нагуфтанд.

Бо як алоқа ва дилсӯзӣ  мулоқот мекарданд ва дунболи ин буданд, ки роҳи ҳал пайдо кунанд. Дар натиҷа ҷаноби оқои Раҳмонов ва мақомоти тоҷикӣ эҳсос карданд, ки билохира як тасмими ҷиддӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки сулҳ барқарор бишавад. Замоне, ки ҷаноби оқои Раҳмонов  ин ҷо меомаданд, фақат ин набуд, ки барои музокирот меомаданд ва мо барояш миёнҷигарӣ мекардем. Роҷеъ ба масоили иқтисодӣ, роҷеъ ба масоили фарҳангӣ, роҷеъ ба радио ва телевизион, роҷеъ ба китоб, роҷеъ ба садди Сангтӯда, роҷеъ ба ин ки як вом бидиҳем то ин ки корҳо иҷро бишаванд ва ғайраву ҳоказо бо ӯ сӯҳбат мекардем.

Ӯ медид, ки Эрон мехоҳад барои Тоҷикистон кӯмак бикунад. Оқои Ҳошимӣ барои пешрафти музокирот хеле кӯмак кард. Оқои доктор Вилоятӣ ҳам бо як инояти вижае, бо як алоқае миёнҷигариро дунбол мекарданд. Мураттаб ба ман мегуфтанд, ки ҳатман ҳамаи талошҳоро бикунед, ки ин музокирот ба натиҷа бирасад. Ҳузури оқои Ҳошимӣ, пайгирии доктор Вилоятӣ инҳо ҳамааш кӯмак барои мо масъулин ва дар ҷамъ барои сулҳи тоҷикон муфид  буд. Инчунин музокироти хусусие, ки оқои Ҳошимӣ бо оқои Раҳмонов дошт, бо оқои Нурӣ дошт ва музокиротҳои сеҷониба хеле хуб ва самимӣ мегузаштанд.

- Мо дар арафаи таҷлил аз 10-солагии рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ истодаем. Шумо дар иртибот ба ин санаи таърихӣ чӣ гуфтаниҳои ба мардуми тоҷик, ки акнун дар шароити сулҳу субот зиндагӣ мекунанд, доред?

- Ман ба мардуми Тоҷикистон мегӯям, ки шумо намедонед, ки барои ин сулҳ чи қадар талош шуд аз сӯи давлати оқои Эмомалии Раҳмон, аз тарафи ҷаноби оқои Нурӣ ва гурӯҳҳои дигар, ки ҷанги Тоҷикистон хотима пайдо бикунад. Ин ҷанг хисороти зиёдеро ба кишвари Тоҷикистон ва миллати Тоҷикистон овард. Тоҷикон бояд даст ба дасти ҳамдигар медоданд, кишварашонро месохтанд. Вале гирифтори ҷангу хунрезиҳо шуданд.

Мушкилоти дигари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ болои онҳо зам шуд. Бо ақлоният, ҳиммату фаҳму дарки волое, ки миллати Тоҷикистон доранд, роҳбарони Тоҷикистон доранд, гурӯҳҳои Тоҷикистон доранд, тавонистанд, ки мушкилоти худашонро худашон ҳал кунанд. Нагузоштанд, ки Тоҷикистон ба як Афғонистони дуввум табдил бишавад. Заҳмати зиёде кашида шуд, ки ин сулҳ ба вуҷуд биёяд. Ман ба унвони он касе, ки аз рӯзи аввали пойрезии ин сулҳ вориди музокирот шуд ва то рӯзи ба имзо расидан ҳама ҷо буд, мехоҳам бигӯям, ки ин чизе, ки шумо ба даст овардед, осон набуд, роҳат набуд, талошҳои зиёде шуд.

Талошро ҳама карданд. Аз ҳамин рӯ қадри ин сулҳро бидонед, даст ба дасти ҳам бидиҳед, кишварро обод кунед. Ихтилофи назар дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Вале сайъ кунед ихтилофи назарро аз тариқи парлумон, аз тариқи тафоҳум бо роҳҳои қонунӣ ҳал кунед. Ин чизе, ки ба унвони Сулҳ имрӯз дар  дасти шумо ҳаст, гавҳари бисёр гаронбаҳое ҳаст, ки хуб ҳифзаш кунед ва бо ҳамкории ҳамдигар кишвари худатонро бисозед ва Эрон ҳам ба унвони бародари шумо ҳамеша дар ҳама ҷо дар канори шумо ҳаст. Замоне, ки шумо пешрафт бикунед, шод бошед, мо хушҳолем. Замоне, ки ихтилоф дошта бошед, даргирӣ дошта бошед, мо ғамгинем.

- Ташаккури зиёд барои сӯҳбат.

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Душанбе-Теҳрон-Душанбе, соли 2007

Қисмати аввали мусоҳиба: МАҲМУДИ ВОИЗӢ: «СУЛҲ ОСОН БА ДАСТ НАОМАДА БУД-1»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi