00:22:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 20

Султони Ҳамад

Хабарнигорони дигар расонаҳо низ ба суолҳои худ дар робита бо ҳадаф ва шеваҳои фаъолияти ин ҳайат дар кишвар аз Давлат Усмон посух гирифтанд. Мориҷи Доварӣ (Ҷовид Муқим, ҳоло устоди ДМТ, доктори илмҳои журналистика) хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» ва Татяна Логунова, Борис Арамов, хабарнигорони телевизиони ОРТ-и Русия хоҳиш карданд, ки  онҳоро ҳамроҳи худ ба Ғарм бубарем то аз сафари ин ҳайат ба он минтақа гузорише таҳия намоянд.

Хасан Аббаза

Ҳайати мухолифин бо ҳайати ҳукуматӣ машварат намуда ба ин пешниҳоди хабарнигорон розӣ шуданд. Бояд гуфт, ки дар ҳайати ҳукуматӣ ба ғайр аз Амирқул Азимов боз  Зафар Икромов, сармушовири давлатии Президенти Тоҷикистон,  полковник Саидаҳтам Саидшарифов, сардори раёсати вазорати амнияти Тоҷикистон ва  полковник шодравон Азиз Рӯзиев, сардори раёсати амнияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд.

Ду нафари ахир, ки инчунин аъзои Комиссияи назорат ба Созишномаи оташбаси Теҳрон ба ҳисоб мерафтанд, бо ҳамроҳии ҳамтоёни ҷониби мухолифини худ Юсуфи Ҳаким ва Изатуллоҳи Ибод дар шаҳраки Ғарм интизори  омадани мо буданд.

Ҳасани Аббаза ба Давлати Усмон чӣ гуфт?

Борон беист меборид. Маъмулан дар чунин вазъи обу ҳаво чархболҳо парвоз намекунанд. Ҳерд Дитрих Меррем ба Давлат Усмон гуфт, ки ҷониби ҳукумат бар ин назар аст, ки интизори мусоид гардидани обу ҳаво нашуда аз  роҳи заминӣ  ба минтақаи Ғарм сафар намоед. Давлати Усмон аз аъзои ҳайат маслиҳат пурсид, ки  ба ин пешниҳод чи посух бигӯяд.

Азбаски ҳамаи аъзои ҳайат аз омадани Ризвон ва гурӯҳаш ба Тоҷикистон огаҳӣ доштем ва хуб медонистем, ки феълан бародари ӯ Баҳром дар минтақаи Оби Гарм аст, ҳама ба хулосае омадем, ки чанд рӯзе лозим бошад сабр намоем, то худро даргири моҷарои ғайричашмдошт накунем. Танҳо аз роҳи ҳавоӣ ба минтақа биравем. Дар ҳамин маслиҳат будем, ки  Ҳасани Аббаза омаду Давлатро ба гӯшае бурд ва чанд дақиқае  бо ҳам гуфтугӯ карданд. Лаҳзае баъд Давлат Усмон ба мо гуфт:

- Ҳасан Аббаза мегӯяд, ки аз рафтан бо роҳи заминӣ ба Ғарм худдорӣ кунед. Амнияти роҳ таъмин нест.

Давлат Усмон ба назди Амирқул Азимов рафт ва дар ин масъала ба ӯ  фикри аъзои ҳайатро гуфт:

-Бино бар иттилое, ки дар даст дорем, амнияти раҳи Душанбе -Ғарм чандон хуб таъмин нест. Махсусан дар минтақаи Оби Гарм гурӯҳи Баҳром, бародари Ризвон, пост дорад, ки мӯҷиби азияти мусофирон шуда истодааст. Ризвон чанд муддат буд, ки бо роҳбарони мухолифин дар ҳолати душманӣ қарор дошт ва ҳоло ин душманиро бештар аз пештар дорад. Ӯро аз вазифаи фармондеҳи кулли нирӯҳои низомии ИНОТ бино бар сабаби аъмоли ҷиноии зидди мухолифин содир кардааш ронданд.

Мо маълумот дорем, ки ӯро чанд ҳафта пеш ба Тоҷикистон оварда буданд. Агар Ризвону бародараш Баҳром пурра дар итоати шумо бошанд, Амирқул Насимович, ва шумо кафолат бидиҳед, ки ба аъзои ҳайати мухолифин ҳини сафар ба минтақа зиёне намерасонанд, мо розӣ ҳастем, ки аз роҳи заминӣ ба Ғарм биравем. Варна  ягона роҳе, ки тариқи он мо имрӯз метавонем ба Ғарм биравем,  ин ҳамин роҳи ҳавоӣ мебошад.

Амирқул Азимов гуфт, ки онҳо низ чунин маълумот доранд, ки бародари Ризвон Баҳром дар ҳамон минтақаи Оби Гарм пост гузоштааст:

-Аз рӯи шунидам ӯ як қумандони саркаш аст, ба ҳукумат низ итоат намекунад. Аз ин рӯ мо кафолати бехатарии шуморо ва ҳатто худамонро ҳини сафар аз роҳи заминӣ ба водии Қаротегин дода наметавонем-, гуфт Амирқул Азимов.

Ҳокимият дар Ғарм дар дасти кӣ буд?

Вале обу ҳавои мусоид чандон зиёд мусофиронро мунтазири худ накард. Соати 11 буд, ки борон монд ва  ҳаво софу офтобӣ шуд.Чархболро низ ба зудӣ омодаи парвоз карданд. Баъди тақрибан якуним соати парвоз чархбол дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Ғарм ба замин фаромад.

Гарм

Мардуми зиёде дар варзишгоҳ моро интизор буданд. Мардумро як рӯҳияи хоси шодиву фараҳ фаро гирифта буд. Мирзохӯҷаи Низом, фармондеҳи нирӯҳои низомии оппозисиюн дар водии Қаротегин аввалин касе буд, ки ҳайати муштараки баландпояи низомиву сиёсиро истиқбол кард.

Муҷоҳиддини мусаллаҳи ӯ ташрифи меҳмононро бо наъраи такбир хайра мақдам гуфтанд. Агарчи фаъолияти ҳукумати ноҳия баъди воқеаҳои аввали моҳи декабр дар минтақа фалаҷ шуда бошад ҳам, вале дар байни пешвозгирандагон раиси ҳукумат Тӯйғун Абдуҷабборов ва дигар роҳбарони шаҳр низ буданд. Ин муносибат ва  ҳамдигарфаҳмии фармондеҳ ва раиси ноҳия моро хеле умедвор мекард, ки дар иҷрои рисолати хеш дар ин ноҳия мушкилоти зиёде дар пеш нахоҳем дошт.

Маҷрӯҳон ба Душанбе, аскарон  ба казармаҳо…

Дар ҳамин ҷо як нуктаи муҳимеро  ёдовар мешавем. Дар шаҳраки Ғарм дар мавзее, ки он ҷоро минтақаи зилзиласанҷӣ мегӯянд, як баталёни қисми ҳарбии фармондеҳ  генерал Сӯҳроб Қосимов, ки ба вазорати корҳои дохила марбут буд, дар муҳосираи размандагони нирӯҳои мусаллаҳи  мухолифин қарор дошт. Яке аз ҷузву томҳое, ки беш аз дигар ниҳодҳои низомии ҳукумат ба муқобили нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин дар он шабу рӯз муқовимати шадид кард ва таслим нашуд, маҳз ҳамин баталён буд.

Баталён агарчи аз чор тараф дар муҳосира монда бошад ҳам, чун сарбозонаш дар баландиҳои теппаҳои атроф камин гирифта буданд, размандагони оппозисиюн дар ҷанги аввали моҳи декабр натавонистанд онро тасхир кунанд. Созишномаи Хустдеҳ садди роҳи ҳамлаи такрории размандагони мухолифини болои ин баталён шуд. Сарбозони баталён дар як ҳолати изтироби рӯҳӣ умр ба сар мебурданд.

Аз як тараф хавфи ҳамлаи размандагони мухолифин, аз тарафи дигар камбуди шадиди хӯрока ва доруворӣ барои захмиён, ҳавои сарди зимистон, аҳволи онҳоро хеле ба танг оварда буд. Воқеан, дар ҳамон ҷанг чанд нафар сарбози ин баталён маҷрӯҳ шуда буд, ки ҷароҳатҳои чаҳор нафарашон хеле вазнин ва барои ҳаёти эшон хеле хатарнок буданд. Рӯз то рӯз аҳволи онҳо бад мегардид. Тарсу нобоварӣ аз як тараф ва вазъи саломатиашон аз тарафи дигар имкон намедод, ки аз роҳи заминӣ онҳо ба Душанбе ва ё дигар шифохонаҳои надиктар интиқол дода шаванд…

Садои чархбол фармондеҳи баталён сарҳанг Нуруллоҳро ба варзишгоҳ, ба ҷое, ки дар ин даврони ҷанг маъмулан ба фурӯдгоҳи чархболҳо табдил ёфтааст, овард. Ӯ нахуст пеши Амирқул Азимова ва Зафар Икромов омада вазъияти бади баталёнро ба онҳо баён дошт. Хоҳиш кард, ки  иҷозат диҳанд то ҳамон чаҳор нафар маҷрӯҳро тавассути чархбол оҷилан ба шифохонаи низомии Душанбе фиристанд. Амирқул Азимов иҷозат дод ва аз Давлат Усмон хоҳиш кард, ки дар овардани маҷрӯҳон ба варзишгоҳ мусоидат кунад.

Давлат Усмон ба Мирзохӯҷа Низомов амр дод, ки  кӯмак расонад, то маҷрӯҳонро ба тезӣ ба варзишгоҳ биёранд. Ӯ инчунин хоҳиш кард, ки барои чанд рӯз ба баталёни ҳукуматӣ маводи хӯрока низ бидиҳанд, зеро сарҳанг Нуруллоҳ аз нарасидани маводи хӯрока, махсусан нон, низ шикоят кард. Мирзохӯҷа Низомов, дар навбати худ ба фармондеҳони зеритоаташ марҳум Сироҷиддин Давлатов ва Мирзохӯҷа Аҳмадов фармон дод, ки амри сардори СМ АНИТ-ро фавран иҷро намоянд. Сарҳанг Нуруллоҳ чун дид, ки бисёр корҳо аз Давлат Усмон вобастагӣ доранд, ба тарафи ӯ гашту гуфт:

-Қумандон, агар мард барин ваъда бидиҳед, ки муҷоҳидони шумо болои бачаҳои мо ҳамла намекунанд, мо бачаҳомона аз кӯҳҳо фарорем, ки ҳамаашонро сармо зад. Шабу рӯз дар ҳамин хунукӣ дар сангар ҳастанд.

-Бародар, мо сулҳ кардем, дар гапи худ устувор ҳастем. Шумо бемалол, бе тарсу ҳарос бачаҳоро поён фароред. Маҷрӯҳҳои боқимондаро ба шифохонаи Ғарм биёред. Худо хоҳад, дигар  душманиву ҷанги байни мову шумо хотима ёфт. Мо, ина акаи Амирқул Азимов, акаи Зафар Икромов, ки аз ҷумлаи роҳбарони давлат ҳастанд, барои эълон кардани хатми ҷанг, роҳ надодан ба даргириҳои нав ба ҳамин ҷо омадем. Агар шунида бошед дар Афғонистон Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Созишномаи қатъи ҷанг имзо гузоштанд. Мо омадем, ки ҳамин Созишномаро татбиқ кунем.

Ҳадаф татбиқи Протоколи Хустдеҳ

Сарҳанг Нуруллоҳ бо тааҷҷуб ба тарафи намояндагони ҳукумат нигоҳ кард. Амирқул Азимов сар ҷунбонда гуфт:

-Бале, Давлат Усмон дуруст мегӯяд. Мо барои татбиқи Протоколи Хустдеҳ омадем. Аз ҳамин рӯз ба баъд дар ин ҷо ҳукумати қонунӣ барқарор мешавад, роҳҳо кушода мешаванд. Муҷоҳиддон ба қароргоҳҳои худ бармегарданд. Асиронро озод мекунем. Хулоса сулҳу субот истиқрор шуда ҳаёт ба маҷрои қаблиаш бармегардад.

Пас аз ин муколимаи кӯтоҳ сарҳанг Нуруллоҳ бо як табъи хуш ҳамроҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов барои овардани маҷрӯҳон шитофтанд.

Чанд лаҳза баъд он чаҳор аскари маҷрӯҳи вазнин, ки хеле ҷавон ба назар мерасиданд, тавассути ҳамон чархбол ба Душанбе фиристода шуданд.

Ана ҳамин тавр бо интиқоли аскарони маҷрӯҳ ба Душанбе ва  кӯмак ба баталёни ҳукуматӣ ҳайати баландпояи низомиву сиёсӣ шурӯъ кард ба иҷрои рисолати хеш. Воқеан, бегоҳӣ аз баталён хабар доданд, размандагони оппозисиюн ба ин ҷузъу томи низомии дар муҳосирамонда ба қадри кофӣ барои чанд рӯз маводи хӯрока бурдаанд.

(Идома дорад)

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД – ҚИСМАТИ 19



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi