01:30:11 25-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД – ҚИСМАТИ 19

Султони Ҳамад

Фоли неки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ 

Рӯзи душанбеи 16-уми декабри соли 1996 осмони Толуқон софу беғубор буд. Аъзои ҳайати низомиву сиёсӣ дар дӯконҳои шаҳр машғули харидани баъзе лавозимоти сафаранд. Чун одат сар ба растаи китобфурӯшон задам. Дӯсти китобфурӯшам Ғулом Сахиро, ки шоиртабиат буду Хоҷа Ҳофизи Шерозиро қариб азёд медонист, дидам, ки бо ишораи даст маро ба дӯконаш даъват мекунад.

Сулх хадяи ХудоБаробари ба наздаш расидан ӯ маро бо паймони сулҳи Хустдеҳ табрик гуфт. Чун огаҳ шуд, ки имрӯз ба хотири татбиқи ҳамин Созишномаи Хустдеҳ озими Тоҷикистон ҳастем, хеле хурсанд шуду як ҷилд китоби Қуръони азимушшаънро бароям тӯҳфа кард. Вале банохост гӯё чизе ба хотираш расида бошад аз рафи китобмонӣ Куллиёти Ҳофизи бузургворро гирифту ба ман гуфт:

-Бигӯ кадом тарафи китобро қабул дорӣ  ғазалашро бароят ҳамчу фоли неки Ҳофизи бузург қабл аз сафарат ба Ватан  бихонам?

Гуфтам:

-Тарафи ростро.

Ӯ китобро кушоду бо шеваи зебое ба қироат шурӯъ кард:

Гар аз ин манзили вайрон ба сӯи хона равам,

Дигар он ҷо, ки равам, оқилу фарзона равам.

З-ин сафар гар ба саломат ба ватан боз расам,

Назр кардам, ки ҳам аз роҳ ба майхона равам.

Ошноёни раҳи Ишқ гарам хун бихӯранд,

Нокасам гар ба шикоят сӯи бегона равам…

Гар бубинам хами абрӯи чу меҳробаш боз,

Саҷдаи шукр кунам в-аз паи шукрона равам…

-Ваҳ-ваҳ! Чи фоли зебое! Чи ҳидояти ҷононае! Иншоаллоҳ, сафари шумо бобарор хоҳад буд. Шумо дар рисолати хеш муваффақ хоҳед шуд. Дар Ватани шумо сулҳу субот истиқрор хоҳад ёфт. Ҳама ба Ватан сарбаландона хоҳед баргашт. Иншоаллоҳи таъоло.

Ғулом Сахӣ вақте ин суханҳоро мегуфт аз дур садои чархболе ба гӯш мерасид.

-Ана, садои чархболе, ки интизораш ҳастед, шунида мешавад. Ман садои чархболҳои Афғонистонро хуб мешиносам. Ин садои чархболи бароям ношинос аст. Шояд аз Тоҷикистон бошад. Ин садои чархбол нест, ин оҳанги дилошӯби васл аст, васл бо Меҳани азиз. Ба шумо аз Худованд сафари нек металабам. Худованд шуморо комёб бигардонад. Дар амони Худо бошед.

Зафар Икром моро ба Тоҷикистон мебарад

Бо Ғулом Сахӣ худоҳофизӣ карда ба сӯи «Чаман»- фурӯдгоҳи чархболҳо шитофтам. Соат ҳанӯз 12-и зӯҳр нашуда буд. Чанд лаҳза пас ба «Чаман» расидам. Давлати Усмон аллакай дар он ҷо буд. Чархбол ҳам ба замин нишаст. Даричаи чархбол кушода шуда аз он аввал Ҷалолиддин Маҳмудов, ҳамраиси Комиссияи назорат бар оташбаси Теҳрон аз ҷониби мухолифин ва ҳамтои ҳукуматии ӯ, ки ҳамзамон мушовири калони президенти Тоҷикистон буд, Зафар Икромов  пой бар замин гузоштанд.

Сулх хадяи ХудоДавлати Усмон ва дигар аъзои ҳайат онҳоро пешвоз гирифтанд. Зафар Икромов мақсади ба Толуқон омаданро ба Душанбе бо супориши Президент бурдани ҳамон ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин гуфт. Вале илова кард, ки қаблан ӯ бояд бо роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Раиси Ҷумҳури ДИА шодравон профессор Бурҳониддин Раббонӣ вохӯрда паёмҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо бирасонад.

Баъди ин меҳмонон ва мо, аъзои ҳайати омодаи сафар, ба қароргоҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рафтем. Устод Нурӣ тақрибан беш аз як соат бо меҳмонон сӯҳбат дошт. Сипас Зафар Икром ба назди устод Раббонӣ, ки дар як гӯшаи Толуқон қароргоҳ дошт, рафт ва баъди як соат баргашт. Хулоса соатҳои наздик ба дувуним- сеи баъди зӯҳр буд, ки чархбол ба ҳаво хест ва роҳи Тоҷикистонро пеш гирифт.

Герд Дитрих Меррем ва себҳои хубонӣ

Намози шом буд, ки чархбол дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба замин фаромад. Ба назарам расид, ки ҳавои Душанбе каме гармтару нармтар аст. Касе аз  аъзои ҳайат бо ишора ба ин фарқияти обу ҳаво шӯхӣ кард, ки «фазои Ватан моро гарм дар оғӯш гирифт». Ҳайатро Амирқул Азимов, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Ҳасан Аббаза, раҳбари нозирони низомии ҳайати низомии намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва инчунин муовинони роҳбарони мақомоти интизомии кишвар истиқбол карданд.

Бо сабабҳои барои мо номаълум намояндаи СММ аз аъзои ҳайат хоҳиш кард, ки  фақат ба мошинҳои СММ савор шавем ва дар ҳар як мошин бояд танҳо як узви ҳайат бишинад. Ҳамин тавр панҷ узви ҳайат дар панҷ Ланд Крузари мухталифи СММ савор шуданд. Ҳозирбошҳоро бошад дар мошини алоҳида савор карданд. Пеш-пеш ва баъди мошинҳои СММ дутоӣ мошинҳои бозрасии автомобилии давлатӣ бо чароғҳои фурӯзону суръати баланд аз майдони ҳавоӣ хориҷ гардида ба тарафи маркази шаҳр раҳсипор шуданд. Ҳаво говгум шуда буд.

Дар кӯчаҳо на танҳо  раҳгузарон, балки ҳатто  мошинҳо кам ба назар мерасиданд. Қатори мошинҳои СММ аз паси мошинҳои роҳбалад бо суръати баланд бидуни риоя кардани талаботи чароғакҳои раҳнамо (светофорҳо) ҳаракат мекард. Мошинҳо ҳайатро ба назди дафтари Намояндагии СММ дар Тоҷикистон, ки ҳамон вақт дар бинои  паҳлӯи кинотеатри Ҷомӣ мавқеъ дошт, оварданд. Ҳасан Аббаза моро ба дохили бино даъват кард. Дар як утоқи барҳавое мо ва намояндагони ҳукумат Амирқул Азимов ва Зафар Икромовро Ҳерд Дитрих Меррем, намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт ва хайра мақдам гуфт.

Сипас ӯ дар бораи вазъияти Тоҷикистон аз дидгоҳи СММ ба мо маълумот дода иброз дошт, ки ҷомеаи байналмилалӣ, ба хусус СММ аз фаъолияти минбаъдаи ин ҳайати мухолифин дар дохили Тоҷикистон натиҷаҳои мусбатеро дар раванди истиқрори сулҳу субот интизоранд. «Мо аз омадани чунин як ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин ба дохили Тоҷикистон, ки падидаи нодир дар раванди муокироти сулҳи шумо ва умуман сулҳофаринӣ дар ҷаҳон ҳаст, Шӯрои Амнияти СММ-ро хабардор кардем»-, гуфт Дитрих Меррем. Ӯ ҳангоми рӯи миз  мондани себҳои сурхи хубонӣ аз мо пурсид:

-Чанд сол мешавад, ки аз Ватан дур будед?

Ҳама ба иттифоқи оро гуфтем, ки наздик ба чор сол шуд, ки дар орзуи дидори Ватан будем.

-Пас чаҳор сол аз чашидани ин себҳои хушлаззат, ки аз зодгоҳи бархе аз шумо, аз Ғарму Ҳоит, барои ман онҳоро  ходимони намояндагии дар он ҷо будаи мо овардаанд, маҳрум будааед. Чунин себҳои бомаззаро ман бори аввал дар умрам дар ҳамин ҷо, дар Тоҷикистон хӯрдам. Бовар кунед, намунае аз себҳои биҳиштанд. Ин неъмати бебаҳои Худовандӣ бояд ба оммаи васеъ дастрас бошад. Мегӯянд имсол ҳосили себ фаровон шудааст.

Чунон фаровон шудааст, ки дар анборҳо пӯсида хобанд. Дар ин ҷо, дар шаҳр бошад, ин гуна себҳо дар бозорҳо хеле камчинанд. Боварӣ дорам, ки бо омадани шумо даргириҳо қатъ шуда, постҳо аз роҳҳо бардошта хоҳанд шуд ва мардум дигар озодона рафтуомад хоҳанд кард. Ва ин себҳои, такрор мекунам, биҳиштӣ, дастраси оммаи васеъ хоҳанд шуд. Акнун аз ин себҳо бигиред, марҳамат.

Давлат Усмон ба бӯстонсаро ба утоқи худ баргашт

Сулх хадяи ХудоДитрих Меррем сипас дар бораи намояндагии СММ дар Ғарм ва дигар созмонҳои байналмилалии дар он ҷо фаъолияткунанда ба мо маълумоти муфид дода таъкид кард, ки мо метавонем аз имкониятҳои иртиботии онҳо, махсусан таҷҳизоти алоқа, яъне телефонҳои маҳвораии онҳо истифода намоем. Дитрих Меррем ба Ҳасан Аббаза, генералӣ урдунӣ, ки раҳбари нозирони низомии намояндагии СММ дар Тоҷикистон буд, ишора карда гуфт:

-Шумо, агар хоҳиш дошта бошед, нақшаҳои худро метавонед бо ҳамкорони дар маҳал будаи генерали мо Ҳасан Аббаза ҳамоҳанг созед ва якҷо бо ҳайати ҳукуматӣ фаъолият кунед. Албатта дар ин бора шумо мушаххастар бо Ҳасан Аббаза машварат кунед, боз беҳтар аст. Аз рӯи маълумоте, ки дорам, шумо имшаб меҳмони ҳукумат ҳастед ва шуморо дар бӯстонсарои ҳукуматӣ истиқбол мегиранд. Таъмини амнияти шумо ба ӯҳдаи Горди президентӣ аст. Тибқи нақша фардо шумо озими Ғарм ҳастед. Нозирони мо дар Ғарм аз нияти рафтани шумо ба он ҷо огаҳ шудаанд. Дар фурӯдгоҳ шуморо пешвоз хоҳанд гирифт.

Баъди анҷоми сӯҳбат бо Дитрих Меррем ҳайати мухолифинро Амирқул Азимов ва Зафар Икромов ба бӯстонсарои ҳукуматӣ бурданд. Пас аз дар утоқҳои истироҳатии бинои рақами 1 ҷо ба ҷо шудан чизе ҷолибе, ки аз бӯстонсаро дар хотира мондааст, суханони Давлат Усмон буданд, ки замоне вазифаи муовини аввали сарвазири ҶТ-ро иҷро мекарду ба ин ҷо даро барои зиёд дошт. Ӯ гуфт, ки шаби охири пеш аз Душанберо тарк кардан (24-и октябри соли 1992) дар ҳамин ҳуҷрае будааст, ки ҳоло ӯро ҷойгир кардаанд. Инак тақдирро бубинед, ки баъди чор солу  ду моҳи дар ҳиҷрат будану ба Душанбе баргаштан шабро боз  дар ҳамон утоқе рӯз хоҳад кард, ки чор сол пеш шаби охирро дар он рӯз карда буд.

Рӯзи дигар, 17-уми декабр, аз субҳ борони сахт меборид. Табиист, ки дар чунин вазъияти обу ҳаво чархболҳо парвоз намекунанд. Соати нӯҳ ҳайати моро ба назди дафтари намояндагии СММ бурданд. Дар он ҷо аллакай хабарнигорони зиёде ҷамъ шуда буданд. Давлати Усмон бо хабарнигори канали якуми телевизиони Русия Татяна Логунова дар бораи вазъ дар раванди музокирот ва аҳдофи сафари ин ҳайати мухолифин ба Тоҷикистон мусоҳибае муфассале дод.

(Идома дорад)

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 18



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi