05:22:06 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 32

ЗЕРКОМИССИЯИ МУҲОҶИРИН

 

РАИСИ ЗЕРКОМИССИЯ ЗУҲУРОВ ШУКУРҶОН

Зуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳия Панҷ таваллуд шудааст. Соли 1970 мактаби миёнаи рақами 4 – и ноҳияи Панҷро хатм намуда, ба Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Москва дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳандис – заминсоз – иқтисодчӣ хатм намудааст. Соли 1992 Академияи Илмҳои Ҷамъиятии шаҳри Москваро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Ш.Зуҳуров аз соли 1976 то соли 1979 дар ноҳияи Москваи собиқ вилояти Кӯлоб ва комиҷроияи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа аз рӯи ихтисос кор кардааст.

shukurjon-zuhurov_oshtinoma.jpgАз соли 1979 то соли 1986 дар Созмони Ҷавонони Тоҷикистон аз вазифаи инструкторӣ то Котиби Кумитаи Марказӣ фаъолият намудааст. Соли 1986 Ш.Зуҳуров Раиси Комиҷроияи ноҳияи Комсомолобод интихоб шудааст. Аз соли 1990 то соли 1998 ӯ дар вазифаҳои Раиси Кумитаи давлатии тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири кор ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз оғози гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон то ба охир ӯ иштирок намуда, дар ду даври аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар даврҳои дигар муовини аввали раиси ҳайат буд. Ш.Зуҳуров инунин раиси зеркомиссияи муҳоҷирини КОМ шуда кор кардааст. Аз соли 1998 то имрӯз вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъди ҷангро иҷро мекунад. Ӯ барои хизматҳои арзандааш дар роҳи истиқрори Сулҳ дар Тоҷикистон бо ордени «Дӯстӣ» ва «Шараф» мукофотонида шудааст.

АЪЗОИ ЗЕРКОМИССИЯИ МУҲОҶИРИН ДОДХУДОЕВА БОЗГУЛ

Додхудоева Бозгул дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони вилояти Худмухтори Бадахшон ба дунё омадааст. Аввал мактаби қишлоқи Поршинев ва баъдан Омӯзишгоҳи омӯзгориро хатм кардааст. Соли 1964 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгори фанҳои таърих, забон ва адабиёт тамом карда, дар мактаби миёнаи рақами 38 – и  шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллима ба фаъолияти меҳнатиаш шурӯъ кардааст. Дар ин мактаб ду сол муаллима, ду сол муовини директор ва 5 сол директори мактаб шуда кор кардааст.

Соли 1973 мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Марказӣ ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ин ноҳия таъин мешавад.  Соли 1975 мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Душанбе ва соли 1976 дар Вазорати Маорифи ҷумҳурӣ ҳамчун муовини вазир оиди кадрҳо кор кардааст. Аз соли 1981 ба ҳайси муовини аввали вазир дар ин вазорат кор кардааст. Дар ҷаласаи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон соли 1992 вазири маориф интихоб шуд. Дар ин вазифа то апрели соли 1994 кор кард. Аз соли 1994 то декабри соли 1999 ба ҳайси муовини Сарвазири ҷумҳурӣ фаъолият намуд. Аз июни соли 1997 то 01 апрели соли 2000 – ум узви зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ буд.

Имрӯзҳо дар як ташкилоти ғайридавлатие, ки барои таълиму тарбияи 100 духтари ноҳияҳои кӯхистон аз ҳисоби маблағгузории ташкилотҳои байналхалқӣ фаъолият мекунад, кор карда истодааст. Бозгул Додхудоева дар барқарории Сулҳу оштии миллӣ дар кишвар хизмати бузурге кардааст. Барои ин хизматҳояш ӯ бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

ОЛИМОВ КАРОМАТУЛЛО

Олимов Кароматулло 27 июли соли 1944 дар шаҳри ӯротеппа (Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро  дар ҳамин ҷо гирифта, Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро дар риштаи шарқшиносӣ хатм кардааст. Диссертатсияи номзадӣ ва докториро дар мавзӯҳои «Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ» ва «Тасаввуфи Хуросон» дифоъ намудааст. Солҳои зиёд аст, ки  дар риштаи фалсафа дар пажӯҳишгоҳи фалсафаи Акдемияи Илмҳои ҷумҳурӣ машғули таҳқиқи афкори фалсафӣ мебошад.

Мудири сектори таърихи фалсафаи Академияи Илмҳо (1986 – 1990) ва аз соли 1991 мудирии кафедраи Академияи Илмҳои ҷумҳуриро ба ӯҳда дорад. Чанд соле дар Афғонистон,  дар гурӯҳи мушовирони Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Ба ҳайси муншии аввали Кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунист дар Душанбе (аз соли 1994) адои вазифа мекунад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумат узви Комиссияи Оштии Миллӣ таъин гардид. Узви зеркомиссияи муҳоҷирони КОМ. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рӯйхати Ҳизби Коммунистӣ Тоҷикистон вакили мардумӣ интихоб гардид.

Узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон буда, як силсила мақолаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ – оммавӣ ба табъ расонидааст. Ҳамчунин дар иртибот ба ваҳдати миллӣ ва сулҳ достону шеърҳо низ нашр кардааст. Барои хизматҳояш дар барқарории сулҳу оштӣ дар кишвар бо унвони ифтихории «Арбоби илму техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.  

ФАЙЗМУҲАММАДОВ МУҲАММАДАЛӢ

Файзмуҳаммадов Муҳаммадалӣ 4 - уми январи соли 1959 дар деҳаи Сурхои   ноҳияи Ховалинг дар оилаи косиб таваллуд шуда, соли 1977 мактаби миёнаро дар ноҳияи Панҷи вилояти Қӯрғонтеппа хатм кардааст. Маълумоти диниро аввал дар назди амакаш марҳум домулло Мир ва марҳум  Саидраҳмони қӯрғонтеппагӣ ва баъдан дар назди яке аз донишмандони маъруфи олами ислом Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ омӯхтааст. Забонҳои форсӣ, арабӣ ва русиро хуб медонад.

Пас аз хатми мактаби миёна тайи чанд сол дар Иттиҳодияи «Селхозхимия» - и ноҳияи Панҷ ифои вазифа намудааст. Солҳои 1990 – 1992 бошад вазифаи имом -  хатибии масҷиди ҷомеъи ноҳияи Панҷро ба ӯҳда дошт. Бинобар дар соҳаи фиқҳ ва усули фиқҳ дониши хеле ҳам амиқ доштанаш дар байни уламои Ислом ба унвони «Қозӣ» низ маъруф аст.

Баъди муқовиматҳои сиёсию низомии соли 1992 ба таври иҷборӣ ба Давлати Исломии Афғонистон ҳиҷрат карда, баъдан то шомил шудан ба узвияти КОМ дар муҳоҷират вазифаҳои раиси Кумитаи муҳоҷирин, раиси Кумитаи иршоду даъвати Ҳаракати НИТ - ро ба ӯҳда доштааст. Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадов  соли 1994 факултаи илоҳиёти Донишгоҳи ба номи Абдуллоҳ ибни Масъуди вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистонро хатм кардааст.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадов  моҳи июни соли 1997 аз ҷониби раҳбарияти ИНОТ ба узвияти Комиссияи оштии миллӣ пешниҳод шуда, дар зеркомиссияи муҳоҷирон то қатъи кори КОМ фаъолият намуд. Соли 1990 ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидааст. Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадов барои хизматҳои арзандааш дар барқарории Сулҳу оштии миллӣ дар кишвар бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст. Феълан аъзои раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Назорати ҲНИТ мебошад.

ҲОҶӢ МАНСУР ҶАЛИЛЗОДА

Ҳоҷӣ Мансур Ҷалилзода 12 – уми ноябри соли 1944 дар деҳаи Пичефи собиқ ноҳияи Ромит, дар оилаи донишманди рӯҳонӣ таваллуд ёфта, соли 1963 мактаби миёнаи рақами 9 – и ноҳияи Кофарниҳонро хатм кардааст. Дар ҷавонӣ таълимоти диниро таи чанд муддат дар назди падар ва дигар уламо омӯхтааст. Сипас барои идома додани таҳсил ба шаҳри Бухоро омада, муҳассили мадрасаи «Мири Араб» гардида, соли 1971 мадрасаи фавқуззикрро хатм намудааст.

Баъди хатми мадраса, соли 1971 ба ҳайси имом – хатиби масҷди ҷомеи ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» - и шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад. Дар солҳои 1983 – 1984 дар масҷиди ҷомеи ноҳияи Кофарниҳон ва аз соли 1984 то соли 1989 дар масҷиди ҷомеъа «Мавлоно Яъқуби Чархӣ» - и ноҳияи Ленини ба ҳайси имом – хатиб ифои вазифа намудааст. Соли 1990 Ҳоҷӣ Мансур Ҷалилзода аввал мудири қисми илмии Донишгоҳи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ ва баъдан мудири шӯъбаи мадрасаҳои идораи Қозиёти ҷумҳурӣ таъин мешавад.

Баъди ҳодисаҳои соли 1992 ба таври иҷборӣ ба шаҳри Санкт- Петербург ҳиҷрат карда, баъдан то моҳи августи соли 1997 вазифаҳои муддарисӣ ва имом – хатибии масҷиди ҷомеъи шаҳри Костомукщаи вилояти Худмухтори Корелияи Федератсияи  Россияро ба ӯҳда доштааст. Ҳоҷӣ Мансур Ҷалилзода моҳи июни соли 1997 аз ҷониби раҳбарияти ИНОТ ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешбарӣ шуда, дар зеркомиссияи муҳоҷирон то 1 - уми апрели соли 2000 фаъолият кардааст. Иштирокчии Симпозиумҳои байналмиллалии кишварҳои исломӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Боку ва Тошканд мебошад.

Дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ дар ҳайатҳои расмии рӯҳониёни Иттиҳоди Шӯравӣ ба бисёре аз кишварҳои исломии дунё аз қабили Миср, Арабистони Саъудӣ, ҶИИ, Давлати Исломии Афғонистон ва Ҳиндустон сафар кардааст. Бори аввал соли 1974 ва бори дуввум соли 1992 ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардидааст. Ҳоҷӣ Мансури Ҷалилзода барои хизматҳои намоёнаш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

МИРЗОҲОДИЕВ МИРЗОМУҲАММАДӢ

Мирзоҳодиев Мирзомуҳаммадӣ (Муҳаммадии Ҳодизода - Навид) 1 – октябри соли 1955 дар деҳаи Нушор ноҳияи Тоҷикобод  дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаи ҳамин деҳаро хатм намуда, то соли 1986 дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Тоҷикобод фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то соли 1992 дар нашрияи «Минбари Ислом» - органи чопии идораи расмии мусалмонони Тоҷикистон хабарнигор будааст. Мирзомуҳаммадиев М. хатмкардаи факултети филолигияи тоҷики ДДМТ аст. Ба навиштани шеъру ғазал рағбати беандоза дорад. Мавзӯи асосии эҷодиёти ӯро панду ахлоқ ташкил медиҳад. 

 

Моҳи декабри соли 1992 дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ тарки Ватан намуда, то соли 1996 дар Давлати Исломии Афғонистон ҳамчун муҳоҷир умр ба сар бурдааст. Муддати 4 соли дар хориҷи кишвар будан сарпарастии Кумитаи фарҳангии НИТ  - ро ба ӯҳда дошт. Моҳи декабри соли 1996 дар ҳайати баландпояи низомиву сиёсии ИНОТ ба Тоҷикистон баргашта, дар барқарории Сулҳу субот саҳми арзанда гирифтааст.  Аз моҳи июли соли 1997 узви зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ буда, то моҳи декабри соли 1998 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Моҳи декабри соли 1998 тибқи саҳмияи 30 дар сада бо пешниҳоди раҳбарияти ИНОТ ба вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ таъин карда мешавад. Дар ин вазифа ӯ то 25  январи соли 2001 кор кард. Дорандаи унвони «Аълочии Маорифи Халқи ҶТ» мебошад. Аз моҳи апрели соли 2001 мушовири Раиси ҲНИТ оид ба корҳои фарҳангӣ мебошад.

САЛОМОВ МУҲАММАДРАСУЛ

Саломов Муҳаммадрасул – 15 декабри соли 1946 дар деҳаи Келинбоқии ноҳияи Тоҷикобод, собиқ ноҳияи Қалъаи Лаби об, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1949 хонаводаи Саломов Муҳаммадрасул дар қатори дигар аз ҳамдеҳагонаш ба водии Вахш кӯчонида шуда, дар ноҳияи Ҷилликӯл истиқомат ихтиёр намуд.

Соли 1965 М.Саломов мактаби миёнаро хатм карда, аз соли 1964 то соли 1973 дар колхози «Пахтакор» - и ноҳияи Ҷилликӯл адои вазифа менамояд. Фаъолияти меҳнатии М.Саломов аз соли 1973 то соли 1980 дар қитъаи ба истифодабарии роҳҳои ноҳияи Колхозобод (ДЭУ - 23)  ба ҳайси сардори устоҳои қитъа, (старший мастер) идома меёбад. Аз соли 1980 то соли 1988 дар ноҳияи Колхозобод дар қитъаи ба истифодабарии роҳҳои ноҳияи Ҷилликӯл (ДЭУ – 16) кард.

Соли 1988 дар ноҳияи Ҷилликӯл филиали Стансияи Хизматрасонии Техникии шаҳри Қӯрғонтеппа (СТО – 6) ташкил карда шуд ва М.Саломовро сардори ин корхона таъин карданд, ки то соли 1992 дар ин ҷо адои вазифа намудааст. Ҷанги шаҳрвандӣ М.Саломовро водор ба он намуд, ки дар қатори дигар аз ҳамдиёрон тарки макон намудаву сарзамини Афғонистонро манзили иқомати  хеш ихтиёр намояд. Дар мулки ҳиҷрат М.Саломов баҳри мӯътадил гардонидани вазъи зиндагони муҳоҷирин аз тамоми кӯшишу имконот истифода бурда, нақши неке аз худ боқӣ гузоштааст. Дар сохторҳои гуногуни Ҳаракати НИТ ва ИНОТ кору пайкор кардааст.

М.Саломов соли 1992 ба шӯъбаи шаръии (ҳуқуқии) Унвиреситети ба номи Абдулло ибни Масъуд – и вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон дохил шуда, онро соли 1996 бо муввафақият хатм намудааст. Донандаи хуби забонҳои арабию ӯзбекист.

М.Саломов дар ҷодаи дин яке аз чеҳраҳои маъруфу шинохта маҳсуб мешавад ва миёни уламо қадру манзалати баландро соҳиб аст. Муҳаммадрасул Саломов аз моҳи декабри соли 1998 узви зеркомиссияи муҳоҷирини КОМ буд ва пайи солимгардонии рӯзгори муҳоҷирини ба ватанбаргашта кӯшишҳо ба харҷ дод. Заҳматҳои ӯ дар ин соҳа бо медали барои «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

Идома дорад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi