00:50:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 28

 

 

АЪЗОИ ЗЕРКОМИССИЯИ СИЁСӢ

 

МАСОВ РАҲИМ

Масов Раҳим Масович 16 – уми ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1956 баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда онро соли 1961 хатм кардааст. Аз соли 1961 то соли 1964 лаборанти калони Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Аз соли 1964 то соли 1967 аспиранти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Соли 1964 ичрокунандаи вазифаи ходими хурди илмии Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А.Дониш. Солҳои 1965 – 1968 ҳамчун ходими хурди институти мазкур ифои вазифа мекунад.

 

oshtinoma 28Соли 1967 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таърихнигории дигаргунсозиҳои сотсиалистии хоҷагии қишлоқ ва инкишофи минбаъдаи сохтори колхозӣ дар Тоҷикистон» ҳимоя менамояд. Солҳои 1969 – 1974 аввал иҷрокунандаи вазифаи ходими калони илмӣ сипас ходими калони Илмии Институти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон шуда кор мекунад. Солҳои 1974 – 1988 ба ҳайси мудири сектори таърихи ҷомеаи шӯравии Институти мазкур фаъолият мекунад. Дар ҳамин байн соли 1980 диссертатсияи докториашро дар мавзӯи «Таърихнигории сохтмони социалистӣ дар Тоҷикистон» ҳимоя мекунад. Соли 1988 директори Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А.Дониши Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон таъин мешавад ва то ба имрӯз дар ин вазифа кор карда истодааст.

 

Соли 1990 Комиссияи Олии Аттестатсионӣ ба Р.Масов унвони илмии профессори кафедраи методикаи таълими таърих ва таърихи Тоҷикистонро медиҳад. Соли 1991 аъзо – корреспондент ва соли 1994 бошад академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон интихоб мешавад. Аз моҳи июли соли 1997 то апрели соли 2000 узви зеркомиссияи сиёсии КОМ буд. Барои хизматҳои арзанда дар татбиқи нуктаҳои Созишномаи Сулҳ бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Исмоили Сомонӣ» сарфароз гардонда шудааст.

 

 

ПӮЛОДОВ ҲОМИД

Пӯлодов Ҳомид 5 – уми сентябри соли 1941 дар деҳаи Қаранчии ноҳияи ӯротеппаи вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1965 баъди хатми факултети биологияи Донишкадаи Давлатии Омӯзгории ба номи С.М.Кирови шаҳри Хуҷанд барои хизмати сарбозӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ  даъват мешавад.

 

Фаъолияти меҳнатии худро соли 1967 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби рақами 53 – и деҳаи Исфисори ноҳияи Хуҷанд шурӯъ мекунад. Аз соли 1969 то соли 1987 ассистенти кафедра, шунавандаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Киев, аспирант ва ходими илмии Донишгоҳи Давлатии ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Москва, муаллими калон, дотсент, шунавандаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Минск буд. Аз соли 1988 то соли 1996 мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд шуда кор кардааст. Пӯлодов Ҳомид доктори илми фалсафа, профессор аст. Беш аз 1200 кори илмӣ дорад. Аз ҷумла 12 монографияи ӯ ба табъ расидааст. Муаллифи китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ «Сиёсатшиносӣ» мебошад.

 

Пӯлодов Ҳомид 11 – уми марти соли 1996 дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Пӯлодов Ҳомид ба ҳайси муовини раиси ҳукумати вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) низ фаъолият кардааст.

 

Аз соли 1991  раиси бахши ҷамъияти фарҳангии ӯзбекони вилояти Суғд мебошад.

Аз моҳи июли соли 1997 то 1 – уми апрели соли 2000 – ум дар кори Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолона ширкат карда узви зеркомиссияи сиёсии он буд. Барои хизматҳои шоёнаш дар истиқрори Сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон моҳи августи соли 1999 ӯ бо фармони Раиси Ҷумҳур Э.Ш.Раҳмонов бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст. 

 

НИЁЗОВ ҶУМЪАБОЙ

Ниёзов Ҷумъабой 23 январи соли 1947 шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод дар оилаи коргар таваллуд шуда, соли 1964 мактаби миёнаи коргарҷавононро дар ҳамон ҷо хатм кардааст. Маълумоташ олӣ, номзади илми техникӣ, дотсент. Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро хуб медонад. Пас аз хатми мактаби миёна, тайи солҳои 1961 – 1964 дар корхонаи барқтақсимкунии шаҳри Хуҷанд аввал ба ҳайси шогирд ва баъдан устои барқ ифои вазифа намудааст.

 

Ҷумъабой Ниёзов соли 1964 ба факултаи энергетикии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1969 бо ихтисоси муҳандиси бахши электоромеханик хатм кардааст. Аз соли 1969 то соли 1972 дар Донишгоҳи номбурда ба ҳайси ассистенти кафедраи мошинҳо ва ҳаракатдиҳандаи электрикӣ кор кардааст.  Аз соли 1972 то соли 1975 бошад аспиранти Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон буда, соли 1982 дар мавзӯи «Тадқиқи кори таҷҳизоти электротехникӣ дар шароити баландкӯҳи Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гардидааст. Дар солҳои 1975 -  1993 бошад ба ҳайси муаллими калон, дотсент ва муовини декани филиали дар Хуҷанд будаи Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

 

Фаъолияти сиёсии Ҷумъабой Ниёзов аз соли 1989 оғоз мегардад. Худи ҳамон сол мавсуф ҳамраиси ҳаракати мардумии «Эҳёи Хуҷанд» интихоб шуда, дар ин созмон то охири соли 1990 фаъолият доштааст. Баъди ба мақсади сиёсии худ расидан (барқарор намудани номи таърихии шаҳри Хуҷанд таввасути раъйпурсии умумӣ, ки 23 декабри соли 1993 баргузор гардида буд) созмони мазкур фаъолияти худро қатъ намуд ва аксарияти аъзои фаъоли он ба узвияти Ҳизби Демократи Тоҷикистон шомил шуданд.

 

Ҷумъабой Ниёзов аз соли 1990 аъзои ҳайати муассисон, аъзои раёсати марказии ҲДТ буда, моҳи ноябри соли 1990 дар конференсияи вилоятӣ раиси бахши вилоятии ҲДТ дар вилояти Ленинобод интихоб шуд. Дар анҷумани ҲДТ, ки 5 июни соли 1995 дар шаҳри Алма – Ато баргузор шуда буд, раиси ҲДТ интихоб гардид. Аз январи соли 1993 то ноябри соли 1994 маҳбуси сиёсӣ. Моҳи ноябри соли 1994 дар натиҷаи табодули усаро бо маҳбусони сиёсӣ, ки таҳти миёнҷигарии созмонҳои байналмиллалӣ сурат гирифт, ба озодӣ мебарояд.

 

Ҷумъабой Ниёзов аз соли 1995 то соли 1997 аъзои ҳайати музокироти сулҳи байни тоҷикон буда, моҳи июни соли 1997 аз ҷониби роҳбарияти ИНОТ ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешниҳод шуда, то 1 – уми апрели соли 2000 – ум  дар зеркомиссияи сиёсии КОМ фаъолият кардааст. Ҷумъабой Ниёзов барои хизматҳои арзандааш дар татбиқи нуктаҳои Созишномаи умумии Сулҳ бо ордени «Шараф» сарфароз гардонда шудааст. Феълан муовини аввали Раиси ҲДТ мебошад.

 

САТТОРЗОДА АБДУНАБӢ

Сатторзода Абдунабӣ 27 – феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Баъд аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа аз соли 1954 то соли 1958 дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дарс хондааст. Сипас ба Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ворид гардид, онро соли 1963 бо дипломи аъло ба анҷом мерасонад. Аз соли 1963 то соли 1993 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон аввал ба сифати лаборант, баъд аспирант, устоди кафедраи адабиёти классикии тоҷик ва мудири ҳамин кафедра ифои вазифа намудааст.

 

Дар ин фосила як муддати муайян мудири шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» (нашрияи Иттифоқи нависандагони тоҷик) (1967 – 1968), командири қисми ҳарбии 3408 Вазорати умури дохилаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1969 – 1971), ва докторанти Донишгоҳи Москва (1970 – 1980), устоди Пуҳантуни Кобул (1985 – 1987) буд.  А.Сатторзода доктори илмҳои филологӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Миқдори мақолаву рисолаҳои илмӣ ва адабиаш аз 160 зиёд буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон аз он ҷумла дар Эрон,  Афғонистону Амрико, Шветсия, Русия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Украина, ӯзбекистон ва ғайра нашр шудаанд.

 

Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи 10 – нафар аз муассисони ҲДТ (10 – августи соли 1990) мебошад ва аз ҳизби мазкур дар музокироти сулҳи байни тоҷикон (1994 – 1997) намояндагӣ мекард. Нақши ӯ дар шомил гардидани ҲДТ ба ҷараёни музокирот ва боқӣ мондани он дар ҳайати ИНОТ калон аст, зеро маҳз Сатторзода буд, ки ба намояндагӣ аз ҲДТ зери санади сарнавиштсози «Пешниҳодҳо дар бораи ҳалли  мусолимматомези низои низомӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон» (7- декабри соли 1993) имзо гузошт ва санади мазкур асоси музокироти таърихӣ миёни ИНОТ ва ҳукумати Тоҷикистон гардид.

 

Фаъолияти Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси узви зеркомиссияи сиёсии КОМ муассир ва назаррас буд. Ҳамзамон мавсуф ба сифати сиёсатмадор ва донишманд дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат менамояд. Вай дар ин охирҳо дар чандин конфронсу семинарҳои илмии умумиҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ гузоришҳо дошт. А.Сатторзода аз соли 1993 то ба ҳол иштироккунандаи доимии муколимаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи конфронси Дартмут якҷо бо сиёсатшиносон ва дипломатҳои варзидаи амрикоӣ ва русӣ мебошад.

 

Профессор А. Сатторзода яке аз тартибдиҳандагони маҷмӯаи санадҳои «Пайки Оштӣ» (Душанбе 1998), тарҷумони «Меморандумҳо ва эъломияҳои муколамаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи Конфронси Дартмут» (Москва 1997) ва китоби Ҳ. Сандерс ва Г. Чуфрин «Раванди сулҳи омма дар амал» (Душанбе 1998) аст. Мавсуф донандаи забонҳои форсӣ (дарӣ), русӣ ва узбекӣ буда, ба забони англисӣ мехонад ва сӯҳбат мекунад.

 

А.Сатторзода тибқи саҳмияи сӣ дар сада 17 – уми марти соли 2000 – ум ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ таъин гардида то ба имрӯз дар ин вазифа фаъолият карда истодааст.

А.Сатторзода барои хизматҳои арзандааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

 

НИЗОМОВ МИРЗОХӮҶА

Низомов Мирзохӯҷа Низомович 14 – уми ноябри соли 1947 дар шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарми РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаб – интернати шаҳраки Навободро хатм намуда, ба факультети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко дохил мешавад. Соли 1970 баъди хатми Донишкадаи мазкур фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси ҷонишини директор дар мактаби миёнаи рақами 8, шаҳраки Навобод шурӯъ мекунад. Аз октябри соли 1973 то январи соли 1977 муовини директори омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навобод.

 

Аз моҳи январ то августи соли 1977 дар курси ибтидоии нозирони минтақавӣ дар шаҳри Чебоксари РАСС Чувашистон таҳсил намуда, аз августи соли 1977 то августи соли 1981 вазифаи нозири минтақавии шӯъбаи корҳои дохилии кумитаи иҷроияи Ғармро иҷро кардааст. Аз августи соли 1981 то июли соли 1989 дар вазифаҳои сардори шӯъбаи БХСС – и шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ғарм кор кардааст. Соли 1986 мактаби олии Вазорати корҳои дохилии СССР – ро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст.

 

Аз моҳи июли соли 1989 то январи соли 1991 муовини сардори ШКД ноҳияи Ғарм, аз моҳи январи 1991 то январи соли 1993 сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тоҷикобод шуда кор кардааст. Соли 1993 сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ғарм таъин шудааст. Аз моҳи августи соли 1993 дар ҳайати Нирӯҳои мусаллаҳи ИНОТ вазифаҳои гуногунро иҷро кардааст.

 

Аз моҳи декабри соли 1998 то 16 – уми июни соли 1999 узви зергурӯҳи сиёсии КОМ. Аз 16 – уми июни соли 1999 Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Генерал майори хадамоти гумрукӣ. Барои хизматҳои арзандааш дар татбиқи Созишномаи умумии Сулҳ бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Спитамен» мукофотонида шудааст.

 

ГАДОЕВ САЙИДИБРОҲИМ

Гадоев Саидиброҳим Назарович 23 июни соли 1959, дар қишлоқи Кули ноҳияи Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1976 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1981 бо ихтисоси муҳандиси механик – мошинсоз хатм намудааст. Аз соли 1981 то соли 1985 дар корхонаи дастгоҳсозии шаҳри Кӯлоб (КОЗТО) ба ҳайси муҳандис кор кардааст. Аз соли 1985 то соли 1989 муҳандиси Марказии ҳисоббарории вазорати нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб буд. Яке аз фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба шумор меравад.

 

ӯ аз соли 1990 то соли 1991 муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Баъдан аз соли 1991 ба ҳайси муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон фаъолияти сиёсии худро идома додааст. Соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ба кишварҳои дуру наздик муҳоҷират менамояд. Дар таҳкими раванди музокироти Сулҳи байни тоҷикон саҳм гирифтааст. Аз моҳи август то октябри соли 1999 узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ ба шумор мерафт. Аз аввали соли 2000 масъулияти раисии бахши илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ – ро ба ӯҳда дорад.

 

КАБИРОВ МУҲИДДИН

Кабиров Муҳиддин  20 – уми июли соли 1965 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро соли 1982 дар ҳамон ҷо хатм кардааст. Баъдан аввал Техникуми Статистикии шаҳри Орҷоникидзеобод, сипас Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Санъо (Ҷумҳурии Яман) ва Академияи Дипломатии шаҳри Москваро бо дипломи аъло хатм намудааст. Дорои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, дипломатӣ, арабшиносӣ ва иқтисодӣ мебошад.

 

Фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси ҳисобчии комплекси гӯшту шири рақами  2 (Шерамон) оғоз намуда, баъдан ҳамчун иқтисодчии савхози «Октябрь» - и ноҳияи Файзобод идома додааст. Ҳамзамон бо таҳсил, аз соли 1992 узви Раёсати Иттиҳоди Байналмиллалии Донишҷӯён буда, то соли 1995 мудири намояндагии ин созмони байналмиллалиро дар Кишварҳои Муштаракул Манофеъ ба ӯҳда доштааст.

 

Аз соли 1995 то 1997 ҳамчун Директори Генералии ширкати «НМВ» ва Раиси Маркази фарҳангии тоҷикон «Сино» дар шаҳри Москва фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 1997 ёвари Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ ва аз октябри соли 1999 то 1 – уми апрели соли 2000 узви зеркомиссияи сиёсии КОМ будааст. Барои хизматҳои арзандааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар бо «Ифтихорнома» - и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Бо забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ озодона ҳарф мезанад.   

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/4646-said-abdullohi-nuri-oshtinoma-28-.html

 



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 14.06.2011 11:19
ustod nuri ba mamlakat sulh ovard
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi