16:51:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Мулоқоте, ки роҳи сулҳро ҳамвор кард

17-уми майи соли 2017 ба баргузории нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи раҳбарони ду ҷиноҳи ба ҳам даргири ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992- 1997- дар Тоҷикистон расо 22 сол пур мешавад.

muloqot-21548955445

Дуруст 22 сол муқаддам, 17-уми майи соли 1995 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо миёнҷигарии Раиси Ҷумҳури Афғонистон, устоди шодравон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифои он кишвар, сипаҳсолори шаҳид , худобиёмурз Аҳмадшоҳи Масъуд дар қасри Гулхонаи пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул бо роҳбари Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозисиюни Тоҷикистон шодравон устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аввалин мулоқоти худро баҳри дарёфти ҳалли мусолиматомези қазияи тоҷикон доир намуд.

Маҳз ҳамин мулоқот, ба гуфтаи таҳлилгарону коршиносони масоили сиёсиву низомӣ, роҳро барои бунёди як сулҳи пойдору устувор дар Тоҷикистон дар оянда боз намуд. Нависандаи ин сатрҳо бандаи камтарин ҳамчун узви ҳайати опозисиюн дар Кобул будам ва ин рӯйдоди таърихиро он замон шоҳиди бевосита шудам. Банда расо 10 сол баъди ин мулоқоти таърихӣ, замоне, ки ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Кобул ифои вазифа мекардам, ба муносибати 10-солагии баргузории ин мулоқоти таърихӣ гузоришеро таҳия намуда аз Кобул ба маркази пахшкунии барномаҳои ин родию шаҳри Прог пешниҳод кардам.

Муҷрии барномаҳо он рӯз дӯсти гиромиям корманди ин радио Мирзонабии Холиқзод гузориши бандаро бо иловаи сарсухане ва дар охир шарҳе пахш намуд. Ба назари банда муҳтавои ин барнома то имрӯз моҳияти таърихии худро гум накардааст. Аз ин рӯ лозим донистам, ки он гузориши аудиоиро бо истифода аз аксҳои таърихӣ либоси видеоӣ пӯшонда, онро дар ин рӯзҳое, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба хотири таҷлили 20-солагии иди Рӯзи Ваҳдат омодагӣ мегиранд, бори дигар, ин дафъа аз тариқи саҳифаи фейсбукиам ва сомонаи «Рӯзгор» пешкаши муштариёни гиромӣ намоям. Агар тамошо кунед, дӯстони азиз, пушаймон нахоҳед шуд.

Аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi