14:01:19 22-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Иброҳим Усмонов: "Санади ҳамдигарбахшӣ бузургтарин хуҷҷат аст!" - II

Иброҳим Усмонов: "Сулҳ ин додани имтиёз ба гуруҳе нест" – I

-Ва якумин кореро, ки  ин Комиссияи муштарак  кард, ин табодули асирони низомӣ бо маҳбусони сиёсӣ буд. Шумо дар ин бора ягон чиз гуфта метавонед?

1 ibrohim-usmonov 454545852-Бале, ман як чизро мегӯям, агар гуфтаи ман саҳве дошт, ин саҳв ба гардани ҷаноби Шабистарӣ, ки ман аз забони вай шунидам. Ҷаноби Шабистарӣ воқеан барои табодули аввалин асирони мо ва аввалин маҳбусон саҳми хубе дошт. Аслан ку, дар гирудори сиёсии мо онҳо дилсӯхта буданд, ҳамроҳи мо буданд. Шабистарӣ гуфтанд, ки тибқи протоколе, ки имзо шуд, ҳукумат онҳоеро, ки бояд аз ҳабс мебаровард, баровард. 27 нафар бо пешниҳоди мухолифин на дар Хуҷанд, на дар Душанбе, на дар Қӯрғонтеппа, балки дар Хоруғ ин табодул бояд 6 ноябр ба амал меомад.

Гуфтанд, ки ҳамроҳи одамҳое, ки ҷудо карда буданд, омадам ба Хоруғ. Лекин аз тарафи Афғонистон ба онҳо ҷавоб надоданд, наомаданд, гуфт. Ва рӯзи 7 ман худам маҷбур шудам, ки ба Афғонистон равам. Аз марз гузарам, он ҷоро пайдо кунам. Бародароне, ки аз онҳо вобаста буд бозгашти мардуми асир, онҳоро бовар кунонам, ки табодул сурат бигирад. Инаст он чизе, ки ман мехостам дар бораи ин табодул бигӯям.

-Ташаккур. Бисёриҳо даври панҷуми музокиротро, ки дар се марҳила дар Ашқобод гузашт,  хеле мушкил арзёбӣ кардаанд. Оё шумо ба ин фикр розӣ ҳастед?

-Ин давраи мушкил не, ин давраи нокомӣ, ин хел гӯем осонтар мешавад. Моҳи июл Президенти Тоҷикистон ва роҳбари мухолифин дар Эрон вохӯрданд. 19-уми июл як созишнома ба имзо расид, ки дар он гуфтем, ки форуми машваратии халқҳои Тоҷикистонро таъсис медиҳем. Дар ҳамон ҷо зикр шуда буд, ки давраи минбаъдаи музокирот давраи хотимавӣ мешавад. Баъд 17 август як протоколе ба имзо расид, "Дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон".

Дар ин протокол гуфта шуда буд, ки давраи панҷум давраи ниҳоӣ аст. Бо ин давра мо музокироти  сулҳро ба охир мерасонем, протоколҳоро имзо мекунем ва ба ҳамкорӣ шурӯъ мекунем. Бояд ин давра аз сентябр шурӯъ шавад, ҳамин хел як пешниҳоде ҳам буд. Як муддат ҷонибҳо дар масъалаи мавзее, ки бояд дар он музокирот барпо мешуд, дар ақидаҳои гуногун буданд. Мухолифин ва Созмони Милали Муттаҳид Венаро ба ҳайси шаҳре, ки бояд дар онҷо ин даври панҷум гузарад, пешниҳод карданд. Ҳукумат инро дастгирӣ накард.

Мо гуфтем, ки дар яке аз шаҳрҳои минтақа, яъне Осиё Миёна. Ниҳоят Ашқобод пазируфта  шуд. Аз 30 ноябри соли 1995 то 20 июли соли 1996 75 рӯз дар Ашқобод дар се марҳала музокирот ба амал омад. Убайдуллоев роҳбар буданд, Талбак Назаров роҳбар шуданд ва баъди он Талбак Назаров то охира рафтанд, ҳеҷ пешравие набуд. Чанд иллат дошт. Аввалан Иттиҳоди нерӯҳҳои мухолифин дар масъалаи ҳарбӣ дар минтақаи Рашт бартарӣ пайдо кард. Ва гумон дошт, ки ин бартариро ба охир бурда расонданаш мумкин аст. Хуб, агар ин тараф то Сичароғ расида бошад, Душанбеаш чанд қадами дигар буд.

Он тараф то Тавилдара расида бошад, барои гузаштан ба Кӯлоб дар миён  як кӯтали Каранак аст, дар ин минтақа чизи дигаре нест. Ва ба пешниҳодҳо аз баландии ҳамон мавқеъ нигоҳ мекарданд. Ҳатто ба пешниҳоди Перес Баллон дар моҳи феврал, сулҳ дар ҳолате мешавад, ки Иттиҳоди нерӯҳои ҳарбӣ-сиёсӣ тақсим шавад ба иттиҳоди нерӯҳои ҳарбӣҷудо, сиёсӣҷудо. Баъд инро ҷаноби Тӯраҷонзода ҳамчун хиёнат ба манфиати Созмони Милали Муттаҳид дар ин музокирот маънидод кард. Дар ин давра нерӯҳои дигар сиёсие, ки ҳамроҳи ҳукумат набуданд, эҳсос карданд, ки кадом як тағйироте дар пеш аст, на бояд аз ин тағйирот дер монанд.

Изҳороти Шодмон Юсупов ба вуҷуд омад, ки дар бораи он, ки платформаи Алма Ато ҳеҷ иртиботе ба нерӯҳои демократӣ надорад. "Мо ҳастем демократ, агар намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ин фикрро ба ҳисоб нагирад, пас мо аз болои он даъво мекунем то ба мақомҳои дигар ва онро ҳам шарики ҳукумат ҳисоб мекунем". Изҳороти ҷаноби Нурӣ аз моҳи январи соли 1996 ба Созмони Милали Муттаҳид  дар бораи амалҳои ғайриинсонии ҳукумати Тоҷикистон пайдо шуд. Ман чизҳои асосӣ-асосиашро мегӯям.

Чизҳои хурди бисёре буданд, масъалаи Сичароғу Қаротегину ин чизҳои дигаре ҳам буданд. Боз соли 1996 воқеаҳои Хуҷанд шурӯъ шуданд, аввал митинг дар назди бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд тарафдорони Абдуллоҷонов ва моҳи июн исёни Худойбердиев дар минтақаи Душанбе-Қӯрғонтеппа ба вуҷуд омад, яъне ин ҳама, ман гумон мекунам, ки ба тарафи мухолифин як навъ нерӯ ато кард ва барои ҳамин дар гуфтушунид ақибкашиҳо ба вуҷуд омад.

-Роҳбарони мухолифин мисле, ки ин вазъиятро ба манфиати худ истифода мебурданд?

-Бале, масалан, изҳороти Маҳмуд Худойбердиевро онҳо дар байни мо паҳн мекарданд. Яъне мо тавассути онҳо мефаҳмидем, ки изҳоротҳо паҳн шудааст. Масалан, як дафъа Латифӣ мусоҳибаи Ислом Каримовро бо Портников гуфтанӣ радиожурналист паҳн кард, ё мусоҳибаи Маҳмуд Худойбердиевро гирифта паҳн кард. Хуб, ин хел чизҳо буд. Яъне ин маънои онро надорад, ки иртибот ҳам шояд ба вуҷуд омада бошад. Онҳо худро пурқувватар, қудратноктар эҳсос мекарданд. Вақте, ки талошкунандаҳои вазифа, ё мансаб, ё мақом худро бартарӣ медиҳанд, сулҳ душвортар мешавад. Вақте, ки соҳибҳо бартарӣ медиҳанд, онҳо як навъ гузаште кардан метавонанд.

Довталабонро ҷои гузашташон нест Барои ҳамин гумон мекунам, ки инҳо сабаб шуданд, ки музокирот ба дарозо бикашад. Аз тарафи дигар ҳукумат ҳам дар масъалаи форум чандон ҷиддӣ набуд. Форуме, ки мо ташкил кардан мехостем, ин бештар хусусияти машваратӣ дошт. Форуме, ки  онҳо пешниҳод карда буданд, анҷумани халқҳои Тоҷикистон, он чизи машвартӣ не, хусусияти институтсионӣ дошт. Барои ҳамин ҳам пешниҳоди мо қабул намешуд. Лекин як иқдоми бисёр ҷиддие аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамон вақт шуд. Моҳи феврал, мо гуфтем, ки агар мушкилие ҳаст, агар ба дигар мардуми Тоҷикистон сӯҳбат кардан мехоҳед, марҳамат биёед, мо иҷлосия ғайринавбатӣ даъват мекунем, иштирок кунед.

Созмони Милали Муттаҳид аз ин фикр дастгирӣ кард. Иттиҳоди оппозитсион ҳам гуфтанд, ки хуб, мо ҳам мувофиқ ҳастем, меоем, фақат мо намегӯем, ки дар кадом поя меоем. Барои мо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва замонатгариаш даркор нест, кафолатро Созмони Милали Муттаҳид бояд ба мо диҳад, даъватро онҳо ба мо кунанд, мо меоем.  Шумо медонед, ки 11 марти соли 1996 ҳамин хел иҷлосия шуд. Созмони Милали Муттаҳид аз онҳо даъват кард. Ду муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид омаданд, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва нозирони сулҳи мо омаданд, лекин Иттиҳоди мухолифин наомаданд.

-Мулоқоти Хустдеҳ музокироти сулҳи тоҷиконро аз бунбаст баровард. Ин аст нуқтаи назари аксари таҳлилгарони масоили сиёсӣ. Аз ин пеш мулоқот дар сатҳи олӣ дар Кобул ҳам шуда буд, фарқ байни ин ду мулоқот аз чӣ иборат буд?

-Тавре гуфтед, мулоқоти аввали Раиси ҷумҳур ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион моҳи майи соли 1995 дар Кобул баргузор шуда буд. То ин як фосилаи бештар аз ним сол тарафҳо бо ҳам музокира накарданд. Зеро тарафи мухолифин аз интихоботҳое, ки дар Тоҷикистон гузаштанд, розӣ набуд, аз қабули Конститутсия розӣ набуд. Яъне масъалаи ҷиддитар шудан ва хатари аз байн рафтани ин музокирот ба амал омад. Барои ҳамин ҳам дар мулоқоти Кобул ин пеш аз ҳама иштироки роҳбари давлат бо шахсиятҳои фарҳангии минтақаҳои даргир ва роҳбарони созмонҳои гуногуне, ки то охирҳои замон Шӯравӣ буданд, ба ҳамин шева сурат гирифтанд.

Бинед, онҷо Давлат Худоназар, Тоҳир Абдуҷаббор буданд. Ба он ҷо намондагони минтақаи Ғарм ҳам ҳамроҳи ҳукумат рафтанд. Созмони Милали Муттаҳид нақш надошт дар ин чиз. Дар ҳамин сӯҳбат ҳадафи асосӣ иҷро шуд. Як изҳороте қабул карданд ва гуфтанд, ки идомаи музокирот ин роҳи расидан ба сулҳ аст. Чун музокирот худаш қатъ шуда буд, ҳамин сухан, ҳамин ҳуҷҷат нақши барозанда дошт. Ҳамин гап кофӣ буд барои минбаъди кор. Баъди ин тавре, ки гуфтед, дар Эрон, ду мулоқоти дигар шуд ва баъд ба шакли ғоибона як протокол имзо карданд ва як чизи муҳим акнун ба амал омад дар ҳамин миён. Тавре, ки ишора кардем, музокироти давраи панҷум, давраи Ашқобод натиҷае надод.

Ҳукумат роҳи дигари расидан ба сулҳро суроғ кард. Гарчи ман шунидаам, ки ин роҳе, ки ман ҳоло дар борааш гап мезанам, як сол пеш аслан барои Раиси ҷумҳур тарҳ шуда буд, лекин ман ба он ақида моилам, ки баъди нокомӣ дар Ашқобод суроғи роҳ шурӯъ шуд. Яъне ба роҳбари мақомҳои қудратӣ супориш шуд, ки илоҷи гуфтушунид ва ҳамкориро бо роҳбарони дастаҳои мусаллаҳи минтақаи Қаротегин пайдо кунанд. Яъне ҳалли авзоъи дохилӣ бо роҳи дохилӣ. Ва медонед, ки 15-16 сентябр ҳамин гуна мулоқот дар Ғарм ба амал омад. Мирзохӯҷа Низомов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, намояндаи мулло Абдуллоҳ гарчи худаш набуд, Шайх ё дигарҳо ҳам ҷамъ омаданд ба онҷо.

Аз мо Сайидамир Зуҳуров, Амирқул Азимов, Зафар Икромов, Баҳодур Абдуллоев ва дигарҳо рафтанд. Аз Созмони Милали Муттаҳид генерал Аббаза дар ин сӯҳбат иштирок дошт. Ва як Созишнома ба амал омад. Ман инро як дафъа гуфтам дар як музокирот баъзе сару садоҳо буд, лекин боз такрор мекунам, раҳбарияти сиёсии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони Тоҷикистон аз ин хабардор набуд. Ман медонам, ки фикри шумо дигар аст, лекин ин фикри ман аст. Ман далелашро ба он гуфтам, ки бадеҳатан ба Афғонистон даъват шудани Низомов, бадеҳатан ба Душанбе фиристода шудани Давлат Усмонов ва дигарҳо. Ва бадеҳатан розӣ шудан ба музокироти рӯ ба рӯ дар ҳамин рӯзҳои наздик аз ҳамин чиз маншаъ мегирифт.

Ва баъди ҳамин роҳбарияти ҳарду ҷониб тасмим гирифтанд, ки бояд ҳарду вохӯранд. Тасмим гирифтанд, ки 17 -уми октябр  дар Маскав ҳардуяшон мулоқот мекунанд. Вале Эрон гуфт, ки пеш аз он ки Маскав раванд, як сӯҳбатаке бояд дар Теҳрон барпо шавад. Барои ин гурӯҳи корӣ таъсис доданд аз ду ҷониб. Ҷаноби Ҳимматзода роҳбари тарафи мухолифатро доштанд, ман роҳбари тарафи ҳукуматро. Аз 8-уми октябр то 15 - уми октябр дар Теҳрон мо фикр кардем, мулоқот кардем. Ва аз ростӣ аввалин бор сиёҳнависи низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ дар ҳаҷми фишурда, дар якуним саҳифа дар ҳамон ҷо пайдо шуд.

Шояд фикрҳои умумӣ байни Эрону ҷаноби Нурӣ ё ҷаноби Нурӣ ва дигар ҳаммаслаконашон анҷом наёфта буд, ки ҷаноби Нурӣ  ба Эрон наомаданд ва мулоқоти Маскав ҳам инкор шуд. Накарданд ин корро. Мо бо ҳамин ҳолати нимкола мисли  мурғи нимбисмил, он матолиберо, ки тайёр кардем, "парафироват" кардем. Яъне дар ҳошияаш ману ҷаноби Ҳимматзода ва Герд Дитрих Меррем имзо кардему гирифтем бо худ, рафтем ба ватан. Аз ҳамон вақт масъалаи, он ки мулоқот шавад, масъалаи доғ меистод. Дар ҳамон шабу рӯз чанде аз размандаҳои и дастаи Мирзо Зиеёв аз  кӯтали Каранак ҳам убур карда ба кони тиллои Шугнов расида буданд.

-Бале, ин баъди имзои  ҳамон Созишномаи сулҳи Ғарм  буд, ки ин даргириҳо дар худи Рашт ҳам шурӯъ шуданд, бисёр намояндаҳои ҳукумат, намояндагони мақомоти низомии онҳо ба асорат афтиданд.

-Аз ҳамон Хумдон то совхози Ғарм як ҷанг буд. Барои ҳамин  зарурати зудтар анҷом додани мулоқот ба вуҷуд омад ва Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки омодааст, дар ҳар куҷое, ки ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ лозим донад, мулоқот кунад. Ва ба ҳайси ҷои мулоқот Хустдеҳ интихоб шуд. Ба Хустдеҳ рӯзи 10-11 тарафҳо омаданд ва дар Хустдеҳ аввал ҳама ҷамъ шудем. 5-6 дақиқа, президенти Афғонистон Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам буданд. Баъди мулоқоти бисёр кӯчаки мо роҳбарияти тарафҳо севвуним соат ду ба ду сӯҳбат карданд.

2 ibrohim-usmonov 454545852Чӣ гуфтанду чӣ не, инаша худашон медонанду Худо. Инаша ман ҳеҷ намедонам. Ва ман овозаҳои гуногунро шунидам. Худам ҳеҷ чиз нашунидам, ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, ки чӣ буд. Баъди он роҳбарҳои гурӯҳи кории тарафҳо ман ва Давлат Усмонро даъват карданд гуфтанд, ки асноди заруриро тайёр кунед, мо хонем. Протоколро пагоҳ имзо мекунем. То соати як онҳо худашон нишаста буданд, ҷаноби Нурӣ ва ҷаноби Раббонӣ, ҷаноби Аҳмадшоҳи Масъуд, ҷаноби Президент.

Се ҳуҷҷат тайёр шуд. Як Протокол дар бораи минтақаи доғ, ки моҳияти ин протокол ҳамин, ки сарҳад байни нерӯҳои оппозитсион ва ҳукумат Каранак аст. Дар ду тарафи Каранак метавонад постҳо гузошта шавад, ҳукуматӣ ва тарафи дигар. Оппозитсион ба ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмак мекунад, то ки ҳукумати худашонро таъсис диҳад дар минтақаи Қаротегин, дар минтақаи Тавилдара ва дар ҳама ҷои дигар. Ва онҳо бояд кӯмак кунанд, ки ҳукумати маҳаллӣ бояд таъсис шаваду амал кунад, таъсир нарасонад ба ин чиз. Протоколи дигар протоколе, ки баъдтар дар Маскав ба номи Протоколи 23 декабр ба имзо расид.

Он протокол асосаш он чизе, ки мо дар моҳи октябр дар Теҳрон тайёр кардем, ҳамонро мо дар онҷо аз нав тасвиб кардем, Мо расман эълон кардем, ки мо сулҳ мекунем. Ҳатто ҷаноби Раббонӣ вақти хайру хуш ба ҷаноби Нурӣ гуфтанд, ки Сайид Абдуллоҳ, дар Тоҷикистон бӯи сулҳ аст, бо нашавад, ки монанди Афғонистон тахриб шавад ва  монанди мо ҳама дар ба дар бошед. Ин чизро ман худам шунидам ва инро ман сулҳворона мегӯям, ки чунин буд.

Бозгаштем ҳамон рӯзи 11 бегоҳ. Рӯзи 12 бояд иҷлосия мешуд. Президент ба ман фармуд, ки ҳамроҳи мудири шӯъбаи ҳуқуқӣ нишинаму як фармони Президентро дар бораи он, ки ҳамин шаб аз соати нол-ноли рӯзи 12-ум дар Тоҷикистон сулҳ аст. Ман ҳамон чизро тайёр кардам. Соатҳои даҳ буд. Ба ман фармуданд, ки ту худат рав, ба телевизион ва худат ҳаминро хон. Соатҳои даҳуним ёздаҳи шаб буд дар телевизион хондам, ки баъди як соат дар Тоҷикистон сулҳ фаро мерасад.

Медонед, ин чӣ ид аст барои мардум! Ва рӯзи 12 -ум вақте ки иҷлосия шурӯъ шуд, ҳамон рӯҳияи ид, ҳамон рӯҳияи ҷашн буд, ки Тоҷикистон ба роҳи сулҳ даромад. Ва президент боз як бори дигар таъкид карданд, ки ман оштӣ кардам. Касе ки муқобилият мекунад, касе ки ба ин сулҳи мо халал расондан мехоҳад, вай душмани мост!

-Баъди ба имзо расидани Шартномаи Хустдеҳ як гурӯҳ ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби мухолифин бо роҳбарии Давлат Усмон ва Амирқул Азимов дар минтақаи даргириҳо фаъолият карданд. Шумо дар бораи фаъолияти ҳамин ҳайат чӣ мегӯед?

-Ман асосашро гуфтам барои шумо. Асосаш он буд, ки азбаски мо сулҳро эълон кардем, мо ин гурӯҳро барои он фиристондем, ки мардум бинанд, ки намояндагони ҳарду ҷониб ҳастанд, мо дигар душман нестем. Мо минбаъд якҷоя кор мекунем ва якҷоя ҳамдигарро дастгирӣ мекунем. Вақте, ки протоколи Ғарм имзо шуд, пас аз як ҳафтааш ман рафтам ба Ғарм. Ва аз Тоҷикобод ба Ғарм ба мошин омадам ва аз Ғармам то Душанбе ба мошин омадам.

Ҳеҷ кас бо ман набуд. Ман ҳеҷ вақт бо худ силоҳ нагирифтам, иншоаллоҳ, минбаъд ҳам намегирам. Лекин ман дидам, авзои мардумро, эҳсос кардам, ки гарчи ҳанӯз душман буданд бо ҳам, вале ҳамон меҳри валад ғолиб омада буд. Меҳр ҳам пайдо шуда буд дар чашм. Ин гурӯҳе, ки омаданд барои татбиқи амалии Протоколи Хустдеҳ, корҳоеро низ карданд.

Масалан, дар масъалаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд дастгирӣ шаванд аз ҷониби мухолифат, ҳукуматдорон  ба омадани намояндагони мусаллаҳи мухолифин дар деҳаҳо муқобилият накунанд, постҳо бояд миқдораш кам карда шаванд, постҳои нодаркор аз миён бардошта шаванд, байни гурӯҳҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи оппозитсион як навъ робита ба вуҷуд биёяд, ин ҳайати муштарак мусоидат кард.

-Сабақи асосии сулҳи тоҷикон кадом аст, барои миллат, барои мардум, барои минтақа?

-Пеш аз ҳама барои тоҷикон сабақи асосӣ ин аст, ки ҳам ҷанг ва ҳам сулҳ нишон дод, ки барои халқ на дар инаш ва на дар онаш фоидаи моддӣ ва фоидаи маънавӣ нест. Халқ дар ҳардуяш ҳам азоб мекашад. Пас бояд ба ҷанг роҳ надод. Ҷанг набошад зарурати сулҳ пайдо намешавад. Ҷанг зояндаи сулҳ аст. Мардум диданд, ки дар натиҷаи ҷанг дар ба дар шуданд, фарқаш нест, ки куҷоӣ. Як рӯз инҷоӣ ва як рӯзи дигар дигарҷоияш дар ба дар шуданд. Ин ҳақиқати ҳаёт аст. Мавлоно гуфтааст:

Потиҳӣ гаштан беҳ аз кафши танг,

Миннати ғурбат беҳ дар хона ҷанг.

Яъне ҷанг одамро дар ба дар кард. Мардуме, ки дар аввал гуфтам, хонагишудаи тоҷик, имрӯз мардуми ҷаҳонӣ шуд. Дар назари баъзеҳо ин ифтихор менамояд, дар назари ман не. Агар панҷ нафар даҳ, панҷоҳ, панҷсад, ҳазор нафар тоҷики босавод ё сарватманд ба хориҷа рафта дар он ҷо кор карду чизе ёфту ба ин ҷо фиристонд, ин боиси ифтихори ман аст. Лекин одам агар барои нон хӯрдан берун равад, ман бо ин ифтихор намекунам, аз ин ифтихор нест.

Мутаассифона, мо лекин ҳамин хелӣ шудем. Намедонам чанд ҳазор одами мо берун аз мамлакат аст. Агар навиштаи матбуот рост бошад, ҳар сол онҳо ба мо ду миллиард доллар пул меоранд ва буҷети мо як миллиард доллар аст. Ду миллиард дорад бошад, ҳадди ақал онҳо 700-800 ҳазор нафар ҳастанд, ки ин қадар пулро ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Аз ин 700-800 ҳазор нафар аксарияти кӯлаш он бечораҳое ҳастанд, ки нон мекобанд, ё барои дар инҷобудаҳо нон медиҳанд. Инро бозгардондан даркор аст.

Тоҷикистон дар инҷо барои бозгардондан заминаи корро ба вуҷуд орад. Кор он аст, ки маошаш барои зиндагии одам расад. Инро номашро кор мегӯянд. Дигараш кор нест. Сабақи сулҳи мо он аст, ки мо метавонем ҳамдигарро бад надида зиндагӣ кунем, мо метавонем ба муқобили ҳамдигар ҷанг накарда зиндагӣ кунем. Вале ин мутлақо ба ҳеҷ кас бояд имтиёз надиҳад, ки дигарашро таҳқир кунад, дигарашро аз баландӣ нигарад, дигарашро нодида гирад. Ба ҳеҷ кас, сарфи назар аз он, ки чи мавқеъ дар иҷтимоъ, чи мавқеъ дар сиёсат ва чӣ мавқеъ дар зиндагӣ дорад.

Чунки ҳаргоҳ, ки ин чиз пайдо шуд, боз натиҷааш ба ҷанг мебарад, боз натиҷаи дигараш ҷанг, имрӯз не, рӯзи дигар, имсол не, соли дигар. Чӣ фарқ аст, ки ин ҷанг ба сари мо меояд, ё ба сари фарзандони мо меояд. Ё ба сари набераҳои  мо меояд, ки ҳанӯз ба дунё наомадаанд. Пеши роҳи инро фақат бо ҳилм гирифтан даркор аст, фақат бо муносибати нек ба ҳамдигар, бо боварӣ ба ҳамдигар гирифтан даркор аст. Ба хешу ақрабо албатта бояд бовар кард.

Лекин ба ҳамкасбу, ҳамфикру ҳамватан ҳам бовар кардан даркор аст. Ин сулҳро ба вуҷуд меорад. Инаст сабақе, ки ман барои Тоҷикистон мебинам. Сабақи дигар барои Тоҷикистон пеш аз ҳама сабақи талхаш. На бояд ба ҳам ҷанг кунанд, ки зарурияти сулҳашон пайдо шавад. Албатта аз сулҳи якдигар чизе омӯхтан мумкин аст. Масалан, аз сулҳи мо  одоби музокираро омӯхтан мумкин аст, одоби ватандориро омӯхтан мумкин аст, одоби миллатдӯстиро омӯхтан мумкин аст, одоби гапи дигарро шунидан омӯхтан мумкин аст, одоби ватанро вайрон накардан, сабақ гирифтан мумкин аст. Инҳо сабақи бисёр муҳиманд.

Ин чизро омӯхтан даркор. Масалан дар Афғонистону дар Ироқ сулҳ нест. Сулҳ ин вақте, ки ду ҷониби ҷангкунанда ба ҳамдигар иттифоқ мекунанд, ин сулҳ аст. Бе иштироки онҳо каси дигар ба инҷо нерӯи худро ворид кунаду гӯяд, ки биё инҷо зиндагӣ кун, ин сулҳ нест, ин ҳамон оташи зери хокистар аст, ки вай ҳар лаҳза пои одамро месӯзад, аз вай сулҳро суроғ намекунанд. Медонед, як ҳуҷҷат аст, ки мову шумо журналистон камтар аз он ёдоварӣ мекунем, Санади ҳамдигарбахшӣ, дар Маскав қабул шуд, ҳар ду роҳбар имзо карданд.

Дар он гуфта шуда буд, ки мо ҳамдигарро барои гуноҳҳое, ки нисбат ба ҳамдигар кардем, мебахшем. Мо аз мардуми худ узр мехоҳем, ки ба сари онҳо ин бадбахтиҳоро овардем, мо дигар онҳоеро, ки ватанро ба он роҳ мебаранд, ба онҳо имкони кор намедиҳем, пеши роҳашонро мегирем ва ҳар касеро, ки гузаштаро бо таъна ёдоварӣ кард ва барои ҷанг ёдоварӣ кард, маҳкум мекунем. Ин бузургтарин ҳуҷҷат аст. Ҳар касе, ки сулҳ кардан мехоҳад ин ҳуҷҷати моро донистанаш даркор аст.

-Устод, оё таҳдидҳое мавҷуданд ба ҳамин сулҳи мо, таҳдидҳои дохилӣ, таҳдидҳои берунӣ? Ва аз ин таҳдидҳо худро чӣ гуна бояд эмин нигоҳ дорем?

-Ҳастанд таҳдидҳо. Барои мухолифини собиқ, дар байни шарикони пештарашон ҳам ашхоси пайдо шуданд, ки имрӯз ҳамкор нестанд ва ҳам фикр нестанд. Интихоботҳо ва воқеаҳои гузашта инро нишон дод. Барои ҳукумати имрӯза дар байни шарикони пештара одамҳое ҳастанд, ки ба вай мувофиқ нестанд, инро ҳам дастгирӣ намекунанд. Барои ҳарду ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар беруни кишвар қувваҳое, нерӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҳамон ҷиҳати пештара, ҳамон мухолифати пештараро барқарор кунанд.

Онҳо обро лой карда худашон моҳӣ гирифтан мехоҳанд. Аз вазъият истифода бурда, худашон омадан мехоҳанд. Як роҳи халосӣ ҳаст. Қонунро риоя кардан даркор аст. Қонунро, чизи қонуншударо не. Аввал ин, ки қонунро ба сифати қонун қабул кардан даркор аст. Ҳеҷ чизи иловагӣ ба қонун барои ҳеҷ кас даркор нест. Риояи қонун ана ҳамин чизи оддитарин аст. Вале дар ин чиз дар мо камтар мушкилӣ ҳаст. Аз ҳама ҷониб. Ҳаминро ҳал кунем, шояд сулҳи мо пойдор мешавад.

-Ташаккури зиёд, устод.

 Мусоҳиб Султони Ҳамад

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1