13:52:45 01-уми Июли 2025 сол

ШУРУИ НИШАСТИ СПАД ДАР ДУШАНБЕ

Имрӯз, 16-уми октябр, ҳафтумин нишасти Комиссиюни ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе ба кор шурӯъ кард. Дар ин нишаст, ки бо ширкати вазирони саноат ва энержии кишварҳои узви СПАД баргузор мешавад, 20 масъалаи ҳамкориҳо дар чаҳорчуби ин созмон баррасӣ мешавад.

 

Мавзӯъҳои меҳвари нишаст барномаи ҳамкориҳои низомӣ-техникии кишварҳои узви созмон то соли 2015 ва таҳия ва қабули созишнома дар бораи истеҳсол ва истифодаи дастаҷамъонаи аслиҳа унвон шудааст. Нишасти Комиссиюни ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки имрӯз нерӯҳои вокуниши сареи ин созмон марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомиро дар Қазоқистон шуруъ карадааст.

 

Дар ин тамринот беш аз 7 ҳазор низомӣ бо зиреҳпӯшу чархбол ва ҳавопаймоҳои чангӣ ширкат доранд. Ин машқҳоро сарони аксари кишварҳои узви СПАД назорат хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо ин ҳадаф ахиран вориди Қазоқистон шудааст.

 

Бархе аз коршиносон афзоиши таваҷҷӯҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба барномаҳои ҳарбиро ҳамчун талоши Маскав барои ташкили як иттиҳодияи низомии ҳамвазн бо НАТО дар минтақа унвон кардаанд. Бахусус баъд аз таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ дар чаҳорчуби СПАД, дар оғози соли ҷорӣ ба ин аҳдофи Русия бештар ишора мешавад.

 

Вале коршиносон бо назардошти ихтилофҳои назар дар байни кишварҳои узв пиёда шудани чунин ҳадафро баид медонанд. Маҳз ин ихтилофҳо боиси сарпечӣ кардани кишварҳои Белорус ва Узбакистон аз ширкат дар машқҳои дастаҷамъии СПАД, аз ҷумла тамринҳои имрӯза дар Қазоқистон, номида мешавад.

 

Ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳафт кишвари собиқ шӯравӣ - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд. Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ миёни ин кишварҳо соли 1992 имзо шуда буд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ