03:36:04 11-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ф.САИДОВ: "КУШТОРИ ЯЗНАИ ПРЕЗИДЕНТ ФАРМОИШӢ БУД"

Раиси оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон дар робита ба парвандаҳои Холмӯъмин Сафаров, Умаралӣ Қувватов ва Низомхон Ҷӯраев посух дод.

/images/stories/2013/01/25_fattoh-saidov-250113.jpgРаиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Фаттоҳ Саидов рӯзи ҷумъаи 25-уми январ зимни як нишасти хабарӣ дар посух ин суол, ки «оё дар парвандаи Холмӯъмин Сафаров, раиси хоҷагии ҷангал ва шикор, ҳамзамон язнаи раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди порагирӣ вуҷуд дошт?» посухи рад дод, аммо гуфт, аз нигоҳи ӯ ҳамчун муфаттиш, ин куштор фармоишӣ буд.

Фаттоҳ Саидов гуфт, гурӯҳе дар Корхонаи тиллои Шугнов фаъолият мекард, ки аз истеҳсоли тилло даромадҳои ҳангуфт мегирифт, аммо раҳбари нави он, ки аз пайвандони Сафаров буд, монеи фаъолиятҳои ғайриқонунии онҳо шуда, онҳоро аз кор берун кард. Вай афзуд, аз ин хотир, бо куштори Сафаров ин гурӯҳҳо ба ӯ ҳушдор доданд, ки пояшро дониста гузорад. Аммо дар бораи ин, ки ин афрод боздошт мешаванд, ё хайр, Раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон чизе нагуфт.

Холмӯъмин Сафарови 57-сола, ки раҳбарии муасссисаи давлатии “Хоҷагии ҷангал”-ро бар ӯҳда дошт, шаби 13 июни соли 2012 баъди адои намоз дар масҷиди маҳаллаи Автовокзали Душанбе дар роҳи бозгашт ба манзилаш куштанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли ҷорӣ Диловаршоҳ Қосимов, як корманди хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияи Восеъро бо ҷурми қатли Холмӯъмин Сафаров - шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон ба 26 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Бародарон Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил Ҳакимовҳо бо ҷурми хабар надодан ба мақомот ва ҳифзи силоҳи ғайриқонунӣ мутаносибан 8 ва 3 сол ҳукм гирифтанд.

Далоили нав алайҳи Умаралӣ Қувватов

Дар робита ба қазияи Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи «гуруҳи 24», ки ҳамакнун дар Дубай боздошт шуда, истирдодаш ба Душанбе баррасӣ мешавад, Фаттоҳ Саидов изҳор дошт, ки ӯ дар қаллобӣ муттаҳҳам мешавад. Ба гуфтаи Саидов парванда алайҳи Қувватов аз рӯйи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон бо аризаи даъвогии шаҳрвандони Чин, Афғонистон ва Тоҷикистон боз шудааст. Саидов таъкид кард, ки далоили дигаре мавҷуданд, ки тибқи онҳо Қувватов шаҳрвандони хориҷиро гаравгон гирифтааст. Ӯ илова намуд, ки ин далелҳо айни ҳол тафтиш мешаванд ва парвандае аз рӯи онҳо то ҳол боз нашудааст.

Аммо Қувватов, ки дар боздоштгоҳи Дубай қарор дорад, иттиҳомоти давлати Тоҷикистонро рад карда, изҳор медорад, иддао дар мавриди қаллобӣ ангезаи сиёсӣ дорад ва аз мухолифатҳои ӯ бо ҳукумати феълии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Маблағҳои Ҷӯраев ҷазояшро сабуктар мекунанд, аммо…

Фаттоҳ Саидов дар мавриди парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи спирти Исфара, гуфт, ки ӯ ба ғайр аз ҷиноятҳои иқтисодӣ дар қочоқи спирт ва куштори инсон муттаҳам мешавад ва ҳатман  ҳукм хоҳад гирифт.

Саидов афзуд, маблағҳое, ки Низомхон Ҷӯраев барои ҷиноятҳои иқтисодиаш пардохтааст, танҳо ҷазояшро сабук месозанд, вале аз ҷавобгарӣ барои қочоқи спирт ва куштор халос намекунанд.

Сабаби таъхир ва ба дарозо кашидани парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯраевро ҷаноби Саидов шарҳ дода гуфт, ки  азбаски аксари шоҳидони парванда дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, овардану пурсупоси онҳо вақти зиёд мегирад.

Низомхон Ҷӯраев аз соли 2007 таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Моҳи августи соли 2010 дар Маскав бо дархости вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт шуд, вале 29-уми марти соли 2011 дар Маскав ғайб зад ва моҳи  апрел дар шаҳри Душанбе пайдо гардид. Ҷӯраев он замон изҳор дошт, ки ихтиёран ба Тоҷикистон омадааст, чун ба бегуноҳияш бовар дорад ва мақомот ваъда додаанд, ки парванди ӯ мунсифона баррасӣ хоҳад шуд.

Дар рӯзҳои аввали ба Тоҷикистон омадани Низомхон Ҷураев мақомоти интизомӣ, аз ҷумла Оҷонсии зидди фасод гуфта буд, ки ӯ танҳо барои ҷиноятҳои иқитсодӣ муттаҳам мешавад. Қисмате аз парвандаҳо алайҳи Ҷӯраев ҳанӯз моҳи майи соли гузашта ба додгоҳ равона шудаанд вале аз рӯи бархе иттиҳомоти дигар тафтишот идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi