09:33:50 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НОМАИ ТАШАББУСКОРОНИ ИСЛОҲИ ҚОНУНИ ИНТИХОБОТ БА РАҲМОН

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳо ва баъзе шахсиятҳои алоҳида аз раисиҷумҳур хостанд, барои ислоҳи қонуни интихобот кӯмак кунад. Кумитаи тадорукот барои ислоҳи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, барои тағйиру ислоҳи баъзе аз бандҳои ин қонун мусоидат кунад. Ин муроҷиатнома рӯзи 12-уми январ дар ҳамоиши Кумитаи тадорукот дар Душанбе таҳияву қабул шуд.

/images/stories/2013/01/12_majlisi-ahzob-110113.jpg

Дар ин муроҷиатнома ба Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки қонуни интихоботи президент ҳанӯз дар замони Шӯравӣ таҳия шуда ва тағйироте, ки дар солҳои 1994, 1999 ва 2003 ба он ворид шуд, барои баргузории як интихоботи шаффофу одилона кофӣ нест. Дар ҳоле ки ба таъкиди аъзои ин Кумита, қонуни феълии интихоботи прездент иштироки баробари ҳамаи шаҳрвандонро дар интихобот таъмин намекунад ва замонат ё кафолати шаффофияти шумориши раъйи сокинон мавҷуд нест.

Субҳи 12-уми январ ҳамоиши Кумитаи тадорукот барои ислоҳи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон дар Душанбе шурӯъ шуд. Қарор буд, ин нишаст дар нимирӯзи 12-уми январ дар толори меҳмонхонаи "Азия-Гранд" баргузор шавад, аммо ба далели пеш омадани мушкил, ин нишаст ҳоло дар бинои "Гулистон Тур"-и Душанбе ҷараён дорад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ ва узви Кумитаи тадорукот, гуфт, феълан дар ин нишаст беш аз 90 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, баъзе ниҳодҳои ҳукуматӣ ва хабарнигорон ширкат карданд.

Кумитаи ташаббускорони тағйиру ислоҳи қонуни интихобот мегӯяд, агар қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тағйир наёбад, ҳеҷ гуна интихоботи озод, одилона ва шаффоф баргузор нахоҳад шуд. Кумита ва тарафдорони он мегӯянд, ҳадди ақал 30 моддаи ин қонун ба ислоҳ ниёз дорад. Аз ҷумла, хоста мешавад, ки ҷамъоварии имзо барои ҳизбҳои сиёсӣ бекор шуда, кумиссюнҳои интихоботӣ аз ҳисоби намояндагони ҳамаи аҳзоб таъсис шаванд, шумориши оро (овозҳо) ва ҷамъбасти натиҷаҳо зери назорат бошад.

Бар пояи қонуни ҷорӣ, довталабоне сабти ном хоҳанд шуд, ки ба ҷонибдории худ имзои 5 дарсади мардуми соҳиби ҳаққи раъй, яъне зери 200 000 имзо ҷамъ оранд. Ҳоло кумиссюнҳои интихоботӣ аз тарафи ҳокимиятҳои маҳаллӣ таъсис меёбанд ва дар шумориши оро ашхоси боэътимоди номзадҳо ва нозирон ширкат намекунанд.

Вале онҳое, ки ин пешниҳодҳоро қабул надоранд, мегӯянд, қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ба ислоҳоти зиёд ниёз надорад, ба ҷуз аз чанд тағйири кӯчак. Онҳо мегӯянд, аксарияти бандҳои ин қонун ба манфиати демократия ва интихоботи озодона аст.

Бо ин ҳол, моҳи октябри соли гузашта пешниҳодҳои Кумитаи тадорукот дар шакли як тарҳ аз сӯи намояндагони ҲНИТ дар парлумон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Аъзои ин Кумита мегӯянд, қабл аз ворид кардани тарҳи тағйиру иловаҳо ба рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ аҳзоби сиёсӣ мехоҳанд ба дигаргунӣ ва пешинҳодоти вакилони Маҷлис ошно шаванд.

То ҳол Кумитаи тадорукот аз 3 созмони ҳуқуқиву ҳифзи ҳуқуқ - Коллегияи адвокатҳои ҷумҳуриявии "Сипар", Коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе, Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, чаҳор ҳизби сиёсӣ - ҲУСДТ, ҲНИТ, ҲДТ (ба раҳбарии Масъуд Собиров) ва ҲСТ (аз ду ҳизби мазкур намояндагони ҷиноҳҳо ширкат доранд), созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои алоҳида иборат мебошад. Ба ин Кумита намояндагони ҳизби сабтиномнашудаи "Ваҳдат" низ шомил будаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi