ҲНИТ ВА ҶОМЕЪАИ ШАҲРВАНДӢ: ҲАМКОРӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ Ё …
Бо ибтикори «Ассосиатсияи миллии Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон» ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таҳти унвони «ҲНИТ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ» дар толори ҷаласаҳои меҳмонхонаи «Каён» мизи гирде баргузор гардид, ки дар он раҳбарон ва намояндагони бархе аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе, рӯзноманигорон ва аҳли зиё иштирок намуданд.
Шамсиддин Каримов, доктори илмҳо, раиси «Ассосиатсияи миллии Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон», ки беш аз 200 созмони ғайридавлатиро дар худ муттаҳид месозад, дар суханронии худ изҳор кард, дар тӯли беш аз 20 соли истиқлолият ин бори нахустин аст, ки як ҳизби сиёсии кишвар ибрози омодагӣ мекунад, ки бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ мушкилотеро, ки дар муносибатҳои байни аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳаст, рӯ ба рӯ дар миён бигзоранд ва мавриди баҳсу баррасӣ қарор бидиҳанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ иброз дошт, ки «мо нисбати ҷомеъаи ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтаниҳои зиёде дорем. Чуноне, ки ҷомеъаи шаҳрвандӣ нисбати ҳизби мо. Барои мисол чанде пеш дар расонаҳои хабарии дохиливу ҷаҳон иттилооте ба нашр расид, ки тибқи он гӯё ҲНИТ зидди дар Душанбе ва Тоҷикистон ҷашн гирифтани соли нави мелодӣ мебошад. Ин хабар то ба дараҷаи ҷой гирифтан дар сархати бархе аз рӯзномаҳои ҷаҳонӣ шуд ва боиси арзёбии ҲНИТ ҳамчун ҳизби тундрав гардид.
Дар асл бошад, касе аз раҳбарияти ҲНИТ чунин андешаеро иброз накардааст. Хабарнигорон як пешниҳоди сардабири сайти ҲНИТ, ҷаноби Муҳибуллоҳ Қурбонро, ки ҳатто узви ҳизб будан ва ё набудани ӯро ман намедонам, нодуруст шарҳ дода хонандаҳоро ба иштибоҳ андохтаанд. ҲНИТ ба ҳеҷ ваҷҳ зидди ҷашн гирифтани соли нави мелодӣ нест, гуфт Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи суханаш.
Пешниҳоди мо ин аст, ки ин ҷашнҳо ҳарчи камхарҷтар сурат бигиранд ва аз ҳисоби маблағҳои аз сарфакорӣ ба даст омада ба намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, махсусан қишри нодори он, кӯмакҳои моддӣ расонда шавад. Мо ният дорем, ки ҳамин гуна пешниҳодро дар масъалаи камхарҷтар гузаронидани ҷашнгирии идҳои фитр ва азҳо дар оянда низ назди ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматдорон матраҳ кунем».
Дар мизи гирд Раъно Охунова, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Занҳои интихобкунанда» аз хусуси мавқеи зан дар ҲНИТ диди худро изҳор дошт. Ӯ азҷумла гуфт, ки тибқи омори расмӣ аз нисф зиёди аъзои ҲНИТ-ро занҳо ташкил медиҳанд. Вале мавқеи онҳо дар раҳбарияти ҳизб чандон, ки боистӣ мустаҳкам нест. Аз ҳисоби занҳо чеҳраҳои шинохтаро дар ин ҳизб мо кам мебинем. Мо медонем, ки дар ислом муносибат ба зан дар сатҳи баланд меистад. Пешвоёни дини мубини ислом нисбати мавқеи зан дар ҷомеъа фикру андешаҳои хубе доранд. Дар ҲНИТ низ агар ба ин масъала бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, бешубҳа боиси болоравии обрӯву манзаллати ҳизб дар ҷомеъа хоҳад шуд.
Лидия Исамова, хабарнигори яке аз хабаргузориҳои бонуфузи Руссия, пешниҳод кард, ки раҳбарияти ҲНИТ бо намояндагони адёни ғайриисломӣ ва миллатҳои ғайритоҷикӣ алоқаи хешро мустаҳкам намоянд. Агар сари ҳар чанд вақт бо намояндагони ин қишри ҷомеъа сӯҳбату мулоқотҳо ташкил карда бо онҳо дар бораи аҳдоф ва роҳҳои ба ҳадафҳо расидани ҳизб иттилоъ дода шавад, ин бешубҳа ба манфиати на танҳо ҳарду ҷониб, балки тамоми ҷомеъаи Тоҷикистон хоҳад буд, гуфт ӯ. Онҳоро ҳамчун тоҷикистониён бояд донист ва эҳтиром кард, меафзояд ӯ.
Ойниҳол Бобоназарова, ходими фаъоли ҷамъиятиву сиёсии кишвар, раиси созмони ғайридавалатии «Перспектива+» дар суханронии худ гуфт, ки дар Тоҷикистон ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба он тарзе, ки бояд бошад, яъне дар шакли классикии он, ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Дар мо танҳо асосан созмонҳои ғайридавлатие амал мекунанд, ки бештар ба истеҳсолот ва расондани кӯмакҳои башардӯстона машғуланд. Созмонҳои ғайридавлатии сиёсӣ камтаранд ва агар бошанд ҳам чун созмони «Ампаро» зери фишор қарор доранд ва ё камтар манфиаташон ба ҷомеъа мерасад.
О.Бобоназарова аз муносибати ҲНИТ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ тамҷид кард. Ба гуфтаи ӯ ҲНИТ аз ҷумлаи он аҳзоби сиёсии камшуморест, ки талош меварзад, ки ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ кӯмаки худро бирасонад. Барои намуна ӯ мисол овард, ки раҳбарияти ҲНИТ чи гуна ба як хонаводае, ки тибқи қарори суд дар ноҳияи Файзобод аз хонаашон бенасиб гашта буд, кӯмак расонд ва ба ин оила хонаву дар сохта дод.
Зинатуллоҳ Исмоилов, раҳбари телевизиони «Симои Мустақили Тоҷикистон» иброз дошт, ки ҲНИТ агарчи нисбат ба дигар аҳзоби мухолифи ҳукумат нашрияҳои зиёдеву фаъолтар дорад, вале ҳанӯз ҳам аз имкониятҳои мавҷудаи дигар расонаҳо васеъ истифода намебарад. Масалан Симои мустақили Тоҷикистон омодааст, ки минбари хешро ҳамеша дар ихтиёри ин ҳизб бигузорад. Чанд вақт пеш ин гуна ҳамкориҳо сурат мегирифтанд. Аммо вақтҳои охир чунин талошҳоро камтар мебинем.
Дар ҷаҳон кӯшиши ҷаҳонбинии исломиро ҳамчун ҷаҳонбинии ифротӣ ба қалам додан торафт вусъат мегирад. Имрӯз вақте он расидааст, ки дар матбуот як чеҳраи солими як мусалмони оддиро бисозем. Мардум ба кадом образ имрӯз дар мо тақлид бикунанд? Симои зани тоҷикро имрӯз аз се ҷиҳат мешиносанд: интиқолдиҳандаи маводи мухаддир, танфурӯш ва объекти мавриди хушунати хонавода қароргирифта, гуфт Зинатуллоҳи Исмоилиён. Вазифаи як ҳизби сиёсист, ки барои ислоҳи ин камбудиҳои ҷомеъа ҷидду ҷаҳд намояд.
Саид Иброҳим Назар, узви раёсати ҲНИТ, дар суханрониаш гилаҳои худро аз ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар муносибат ба ҲНИТ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ ҲНИТ талошҳои зиёде мекунад, ки ҷомеъаи шачҳрвандӣ рушд кунад, пеш равад. Аммо дар навбати худ ҷомеъаи шаҳрвандӣ на ҳама иқдомҳои ҲНИТ-ро дастгирӣ мекунад. Масалан чанде пеш бо ибтикори ҲНИТ лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» пешниҳод гардид.
Аммо ягон ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳатто расонаҳои хабарӣ ба таври бояду шояд ин иқдомро дастгирӣ накарданд ва тарғибу ташвиқ нанамуданд. Чаро ҷомеъаи шаҳрвандӣ вақте, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро барои танҳо танқиди шаҳрдорӣ ба суд медиҳанд, ба дифои ӯ садо баланд намекунад? Чаро ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо сухани дурӯғи дигар расонаҳоро дар бораи назари ҲНИТ ба таҷлили соли нав таблиғу ташвиқ мекунад, вале касе аз худи Муҳибуллоҳ Қурбонов намепурсад, ки ӯ чи гуфта буд, ки чунин вокуниши носолим дар ҷомеъа буруз кард?
Дар мизи гирд инчунин Субҳия Нозирова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Субҳ», Мамлакат Ҷайчиева, узви ҲДТ, Мӯътабари Раштӣ, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Оштии миллӣ», Зарафо Раҳмонӣ, узви раёсати ҲНИТ, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи мо», Қиронбек Шарифов, раиси Шӯрои Васоити Ахбори Омма, Муҳибулло Қурбонов, сардабири сайти ҲНИТ, Фаридун Ҳодизода, таҳлилгар ва дигарон суханронӣ карда фикру андешаҳои ҷолиберо дар ин мавзӯъ ироа намуданд.
Муҳиддин Кабирӣ сӯҳбати мизи гирдро ҷамъбаст намуда иброз дошт, ки барои он ки як давлат қавӣ бошад, бояд ҳатман ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсии он қавӣ бошанд. Давлат ва ҷомеъа ҳамон вақт рушд мекунанд, ҳукумати қавӣ ва аҳзоби сиёсии қавӣ ба якдигар кӯмак кунад, якдигарро ба корҳои манфиатоваре барои мардум ва давлат таҳрик бидиҳанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар амалӣ шудани ин ниятҳои нек нақши васоити ахбори оммаро хеле муҳим хонд. Ӯ гуфт, ки барои вусъат гирифтани ҳамкориҳои ҲНИТ бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ баҳри рушди демократия ва беҳтар шудани некӯаҳволии мардум аз эҳтимол дур нест ҲНИТ грантҳоеро барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷудо намояд.
Аксҳо: «ҲНИТ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ
«Рӯзгор»