МАШҚҲОИ НИЗОМИИ СПАД ДАР ЛОҲУР
Нерӯҳои вокуниши сареъи Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Даста ҷамъӣ дар пойгоҳи Лоҳур дар 25-килуметрии ҷануби Душанбе, тамриноти низом ӣ доир карданд.
Дар ин машқҳо, низомиёни се кишвари узви ин созмон аз ҷумла Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Фармондеҳони ин тамринот мегӯянд, ки ҳарчанд имкони вуруди теъдоди зиёди афроди мусаллаҳ аз марзҳои ҷанубӣ ба қаламрави ин кишварҳоро баъид медонанд, вале ба гуфтаи онҳо бо дарназардошти ташаннуҷи авзоъ дар шимоли Афғонистон нерӯҳои низомии ин кишварҳо бояд барои муқобала дар баробари "ҳар гуна қувваи таҷовузгар" аз хориҷ омода бошанд.
“Достони” тамриноти низомӣ
“Шумори 300 нафар аз теруристони байналмилалӣ бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ ва чархболҳо аз марзи Тоҷикистон убур мекунанд ва саъй мекунанд, ки ба дохили ин кишвар ворид шаванд ва дар ҷангалзорҳои кӯҳистон паноҳ бибаранд.”
Дар ин машқҳои низомӣ панҷсад нафар аз афсарон ва сарбозон ҳудуди як соъату 20 дақиқа бо теруристони хаёлӣ даргир буданд ва тавре ки афсарони ин тамринот гуфтанд, низомиён дар ин муддат тавонистанд вазоифи пеширӯи худро ба хубӣ иҷро кунанд.
Женерол Рамил Нодиров, фармондеҳи ситоди нер ӯҳ ои мусаллаҳи То ҷ икистон ва раҳбари баргузории тамриноти низомӣ мегӯяд, ки ин машқҳои муштараки навбатии низомиёни пойгоҳи низомии 201-и Руссия ва вазорати дифоъи Тоҷикистон аст.
Оқои Нодиров мегӯяд: “Чаҳоруми сентябри соли ҷорӣ артиши Афғонистон ва эътилофи байналмилалӣ алайхи терруризм дар он кишвар дар мантақаи Қундузи Афғонистон, амалиётҳои низомӣ анҷом додаанд. Ба ақидаи мо он амалиёте ки дар мантақаи Қундуз, ки ба марзи Тоҷикистон наздик аст, моро бояд бетафовут нагузорад ва мо бояд барои муқобала бо ҳар гуна таҷовуз омода бошем.”
Вале женерол Нодиров мегӯяд, ки дар вазъияти кунунӣ хатари рахна шудани марзи муштарак тавассути таҷовузагрон вуҷуд надорад.
Ҳаводиси Боткен ва Тавилдара
Тамриноти низомӣ дар пойгоҳи Лоҳур пас аз даргириҳо дар минтақаи Тавилдараи Тоҷикистон ва дар минтақаи Боткени Қирғизистон дар тобистони соли ҷорӣ анҷом мешавад. Дар ин амалиётҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон теъдоде аз афроди мусаллаҳ кушта шудаанд.
Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Тавилдара воқеъ дар шарқи Душанбе, Мирзо Зиёев, Вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини мухолифони исломии давлат ва Неъмат Азизов яке аз нафарони наздик ба оқои Зиёев кушта шуда буд.
Дар ҳамин ҳол сарҳанг Анорбек Абдураҳмонов, раиси ситоди тамриноти низомиёни вокуниши сареъ аз ҷониби Қирғизистон зимни арзёбии тамриноти рӯзи панҷшанбе онро барои таъмини амният дар кишварҳои минтақа муҳимм хонд. Оқои Абдураҳмонов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар ноҳияи Боткенти Қирғизистон беҳбуд ёфтааст.
Би-Би-Си