02:07:58 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28            

ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ КИСТ?

Ҳаводиси ахири Бадахшон номи як нафареро расонаӣ карданд, ки то ҳафтае пеш шӯҳраташ аз маҳдудаи ин вилоят берун намеомад. Ҳоло дастгоҳҳои ҳукумати Тоҷикистон ӯро қочоқбару ҷинояткор муаррифӣ мекунанд, аммо барои ҷонибдоронаш ӯ қаҳрамонест, ки меарзад барояш аз ҷон гузашт.

/images/stories/2012/07/27_tolib-ayombekov-270712.jpgТолиб Айёмбеков, маъруф ба «Толиб-командир», сарҳанги раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон то шоми 21 июл зердасти генерал–майор Абдулло Назаров, сарвари Раёсати КДАМ дар Бадахшон буд. Аммо пас аз он шом ӯ гумонбар ба қатли раҳбари худ эълон шуд ва маҳз ба сабаби нофармонии ӯ нерӯҳои ҳукуматӣ вориди шаҳри Хоруғ шуданд.

Бархе ин ҳаводисро кӯшиши ҳукумати Тоҷикистон барои таҳти назорат даровардани Бадахшон, баъзе «разборка»-и дохилӣ барои бозори қочоқи маводи гуногун ва бархе ҳам ин ҳамаро ибтидои ноамниҳои навбатӣ унвон мекунанд, ки ба хотири фишор ба ҳукумати Тоҷикистон дар баҳсҳои низомиву об дар минтақа пиёда шудааст. Толиб Айёмбеков аз афроди калидӣ ва омили иҷрогари ин тарҳи бузург  унвон мешавад.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи раёсати марзбонии КДАМ - и Тоҷикистон мегӯяд, иттилои расмӣ дар бораи Айёмбеков комилан махфӣ аст, аммо ӯ дар ин мақомот шахси муҳим набуд: «Ӯ ҳамагӣ муовини раиси ситод буд дар отряди Ишкошим. Он ҷо аввал сарвари отряд аст, пас раиси ситод ва пас аз он муовини раиси ситод, яъне нафари дуввумдараҷа буд.»

Мақомоти амниятӣ Толиб Айёмбеков ва аъзои гурӯҳашро дар куштори генерал Абдулло Назаров муттаҳам карда, дар баёнияе, ки далоили вуруди нерӯҳои ҳукуматӣ ба Хоруғро номбар мекард, изҳор доштанд, ки мавсуф ва ҳамдастонаш на фақат ба мақомот таслим нашуданд, балки тақозои мақомоти машғул бо таҳқиқи кушторро ҳам нодида гирифтанд.

Дар ин баёния ҳамчунин Толиб Айёмбеков ва гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ӯ ба қочоқи маводи мухаддир, тамоку, сангҳои қиматбаҳо ва ҳам ҷиноёти вазнин, аз ҷумла бандитизм муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин Толиб Айёмбековро ҳукумат сабабгори шурӯи амалиёти Хоруғ медонад, ки то ба ҳол даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Толиб Айёмбекови 46-сола, нафари калидии ҳаводиси Хоруғ бародари қочоқбар ва фармондеҳи машҳури Бадахшон дар ибтидои солҳои 90–ум Абдуламон Айёмбеков, маъруф ба "Алёша-Горбун" ё «Алёшаи Кӯзапушт» аст, ки соли 1994 кушта шуд.

Ба қавли Давлат Усмон, фармондеҳи вақти кулли ​​ИНОТ дар Қаротегину Бадахшон, Толиб узви гурӯҳи бародараш буд ва пас аз марги ӯ раҳбарии ҳамон гурӯҳро ба зимма гирифт: «Соли 1994 буд. Ӯ дар пайи як силсила маргҳои мармузи фармондеҳони Бадахшон сари кор омад. Он замон мошини бародараш Абдуламонро афроди номаълум тарконданд. Ду фармондеҳи дигари маъруф – Маҷнун  Паллаев ва Ҳоҷӣ Абдурашид масмум шуданд, заҳр дода шуданд. Яъне дар пайи обрӯи бародараш обрӯ ёфт».

Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ Толиб Айёмбеков аз ҳисоби 30 дарсади саҳми мухолифин дар ҳукумати Тоҷикистон фармондеҳи баталёни раёсати корҳои дохилӣ дар Хоруғ, аммо пас аз муддате аз ин вазифа бартараф шуд. Чанд вақт бекор буд, аммо дар пайи намоишҳои эътирозии соли 2008 дар Хоруғ, ки Толибро аз созмондиҳандагони он медонанд, ба вазифаи нави давлатӣ дар раёсати марзбонӣ даст ёфт. Моҳи июли он сол, вақте ки ҳукумат халъи силоҳи гурӯҳҳои Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Имомназар Имомназаров ва Ёдгоршо Мамадасламовро талаб кард, садҳо нафар аз занон ба майдон баромаданд ва зидди фишору эҳтимоли хунрезӣ тазоҳур карданд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин вазифаро Айёмбеков, ба истилоҳ «ба зӯрӣ» ба даст овард, то ба тиҷоратҳои қонуниву ғайриқонунӣ дастрасӣ пайдо кунад ва то 21–уми июл ӯ бо тиҷорати маводи мухаддир, тамоку ва сангҳои гаронбаҳо сарукор дошт.

Аммо Алим Шерзамонов, сарвари ҲСДТ дар ​​​​Бадахшон ва дӯсту ҷонибдори Толиб Айёмбеков, ки ҳоло дар Маскав ба сар мебарад, мегӯяд, ӯ дар қочоқи маводи мухаддир бидуни огаҳии мақомоти болоӣ ва дастҳои қавӣ аз Душанбе ҳузур надошт: «Ман хуб медонам, ки ӯ дар тиҷорати сангҳои қиматбаҳо даст дошт. Аммо дар ҳар тиҷорате, ки иштирок мекард, ҳамкор ва  соҳибони ин тиҷорат дар сатҳҳои болоӣ дар Душанбе буд. Ё тамокуро фура (боркаш)-ҳои ширкати «Планета» интиқол медиҳанд,  ки ман намедонам аз кист, аммо аниқ аз фармондеҳони Бадахшон нест».

Алим Шерзамонов мегӯяд, аз бачагӣ бо Толиб Айёмбеков дар ду кӯчаи ҳамшафати Хоруғ ба воя расидаанд. Вай мегӯяд, замони бачагӣ байни кӯчаҳои онҳо ҷангҳои муштарак баргузор мешуд, аммо Толиб аз онҳо ҷилавгирӣ мекард. Вай Толибро як нафари соҳибмаълумоте арзёбӣ кард, ки аз фармондеҳони дигар фарқ дошт, аз ин хотир, ҳукумат дар симои ӯ душмани асосиашро дид. Вай афзуд, Толиб намегузошт, ки афроди аз Душанбе ба вазифаҳои давлатӣ дар Бадахшон эъзомшуда, мардуми вилоятро озор диҳанд, ё ришвахорӣ кунанд.

Аммо ҳамсӯҳбати дигари мо аз зодагони Хоруғ, ки худро Некқадам муаррифӣ кард, мегӯяд, Толиб Айёмбеков ва фармондеҳони дигар «ҳукумати дуввум, аммо асосӣ» дар Бадахшон буданд. Вай афзуд, агар нафаре бо мақомот, ё бо нафари дигар ягон баҳс медошт, на ба милиса, балки мустақим ба Толиб Айёмбеков муроҷиат менамуд ва ахирӣ мушкили ӯро ҳал мекард. Некқадам мегӯяд, ҳатто намояндагони ҳукумат, ки аз Душанбе ба Бадахшон сафар мекунанд, аввал фармондеҳонро «зиёрат» мекунанд, пас ба ҳукумати вилоят мераванд.

Вай афзуд, тасмимҳое, ки дар ҳукумат гирифта мешуданд, бояд ба манфиатҳои фармондеҳон халал намерасонд, балки сарвари асосии милиса маҳз Айёмбеков буд: «Толиб Айёмбеков ҳамон Мирзо Ҷагаву Ҷомӣ - командиру дигар командирҳо аст, аз ҳамон полиз аст. Ин маълумоти дуруст надорад, гӯё ки донишгоҳи омӯзгориро хатм кардааст. Аз ҳисоби 30-фоиза полковнику подполковникро доданду ҳукуматӣ шуд, аммо зиддидавлатӣ буд. Ақлу фаросат дар ин мардак нест. Сари бисёр одамон зӯрӣ кардаву ҳаққи бисёриҳоро хӯрдааст. Бо корҳои ғайриқонуниаш зиндагиашро барқарор карда, дар чанд ҷои Хоруғ хона дорад. Аслан бигирӣ, ӯро хешу табораш дастгирӣ мекунанд, мардум аз шаклу суммоташ безоранд. Медонанд, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст дорад, дасташ тоза нест».

Як ҳамсӯҳбати мо аз мақомот мегӯяд, Айёмбеков раёсати Агентии назорати маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистонро то дараҷае писанд намекард, ки фурӯши афъюн дар мактабу кӯчаҳо озод роҳандозӣ шуд.

Ҳамсӯҳбатони мо куштори генерал-майор Абдулло Назаровро нуқтаи авҷи фаъолиятҳои ҷиноии Толиб Айёмбеков унвон мекунанд. Аммо дар сӯҳбати охиринаш бо радиои «Озодӣ» ӯ робитаҳояш бо раҳбари худро хеле самимӣ арзёбӣ кард:

«Мо гоҳ – гоҳ вомехӯрдем. Дар тӯйи бачаму ҷиянам ширкат карда буд. Ҳарду намозхон будем.  Бо ҳам нишаста, мисли акаву додар ҳарф задаем. Ман намефаҳмам, ин сиёсат аст, тавтиа аст ё чӣ. Аммо муносибати ману генерал чӣ тавр буд, ҳамсараш хеле хуб медонад»

Ҳамсӯҳбатони дигари ман ҳам аз равобити хеле хуби ду нафари калидӣ дар ҳаводиси Хоруғ ишорат мекунанд. Аммо ҳамсӯҳбати мо аз мақомот мегӯяд, Толиб Айёмбеков дар куштори Абдулло Назаров бевосита рабт дорад, зеро ду нафаре, ки ӯ ба мақомот таслим накард, бародар ва писараш буданд.

Ҳамчунин тағйир дар равобити ин ду фарди мақомдор дар Бадахшонро иддае ҳам ба гардишҳои куллӣ дар сиёсатҳои минтақа рабт доданд. Коршиносон мегӯянд, Русия Бадахшонро дар асри 19 маҳз ба он хотир забт кард, ки Осиёи Миёнаро дар оянда соҳиб шавад, имрӯз ҳам мехоҳад Бадахшонро таҳти назорат дошта бошад, то дар оянда минтақаро аз даст надиҳад. Онҳо мегӯянд, далели дарозумрии Толиб Айёмбеков ва фармондеҳони Бадахшон ҳам ин буд, ки огоҳу ноогоҳ ин рисолатро ба зимма доштанду доранд.

Бино ба иттилои мо, Толиб Айёмбеков як рӯз ба Афғонистон фирор карда, дигарбора баргаштааст. Дигар сарнавишт барои ӯ чиҳо пеш хоҳад овард, ба анҷоми ҳаводиси Хоруғ вобаста аст, ки ҳоло идома дорад…

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi