23:53:39 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 3

Қисмати якум ва дуввум

Абдуллоҳ Ҳаким Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат

6.Мушкили «фард» мондан ва зарурати «ҷамъ» шудан

Падидаи дигаре, ки рӯи фазои фикрӣ ва ҷамъиятии мо таъсири зиёд дорад, вуҷуди андаке ифрот дар ҷамъгароӣ ва якнавохтсозист. Яъне, мо бисёр мехоҳем ҳамаи афроди ҷомеа бо ҳам монанд бошанд, як хел фикр кунанд, мисли мо биандешанд, як хел рафтор кунанд, як хел либос бипӯшанд ва ғ. Чунин мавқеи пуртаъсир гирифтани ин тамоюлҳо шояд бештар аз ду омил сарчашма гирифтааст: пешинаи фарҳангию таърихии ҷомеаи мо(1) ва вазъияти осебпазири ваҳдату амнияти кишвар (2).

/images/stories/2012/04/29_abdulla-rahnama_29412-1.jpgОмили аввал ба ин маъност, ки ҳудуди ҳафтод соли таърихи навини мо ба замони ҳукумати шӯравӣ рост омад, ки баробарсозӣ ва умумиятбахшӣ яке аз хусусиятҳои аслии он ҷомеа буд. Низоми Шӯравӣ даҳсолаҳо талош карда буд, ки мардум дар атрофи арзишҳои якхела муттаҳид шуда, як хел фикр кунанд, як хел рафтор намоянд, як хел сухан гӯянд, дар як сатҳ зиндагӣ намоянд, як хел либос пӯшанд, як хел хӯрок хӯранд ва ғ.

«Тарзи ҳаёти сотсиалистӣ» на танҳо якнавохтии фикрҳо ва сатҳҳо, балки ҳатто якнавохтии имкониятҳо ва баробарии музди маоши кормандонро талаб мекард. Дар ҷанбаи фикрӣ бошад, худи доштани мавқеи дигар ё дигарандешию диссидентӣ ҳатто навъе ҷиноят ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тавр, дар аксари мавридҳо «шахс» қурбони «ҷомеа» мешуд ва «фард» дар «ҷамъ» маҳв мегашт.

Аз ҳамин рӯ, имрӯз ҳам дар зеҳни ҷомеаи мо мафҳумҳои «ба тартиб овардан» ва «танзим намудан» бештар ба маънои якранг ва якнавохт сохтани тарзи зиндагӣ ва тарзи фаъолияти афроди ҷомеа фаҳмида мешаванд.

Омили дуюм, ба шароити таърихии солҳои аввали истиқлолияти кишвар рабт дорад, ки даврони пур аз низоъҳои сиёсӣ, ақидатӣ, маҳаллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ, шахсӣ ва ғ. буданд. Ҷомеаи мо ҷанги хунини дохилиро аз сар гузаронид, ки азобу даҳшати он ба ҷаҳонбинӣ ва равони мардум ва элитаи сиёсии кишвар таъсири амиқ гузошт. Ин низоъ худи миллат ва давлатдории навтаъсиси миллиро ба остонаи нобудӣ бурда, то чӣ ҳад фоҷеабор будани ихтилофу ноамниро барои ҷомеа ба таври возеҳ нишон дод.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, дар ҷомеаи мо ду ҳолати зерин пеш омад:

1.Фурсати тағйири тадриҷии тафаккури пешин ва шароити пушти сар гузоштани ҷаҳонбинии якрангсозию умумиятбахшӣ фароҳам наомад.

2.Масъалаи зарурати ваҳдату ҳамарзишии мардум ва зарурати ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ҳассосияти хосса касб карда, ба садри масъалаҳои миллӣ баромад.

Дар чунин вазъият, ҷомеаи мо ҳам зери таъсири шадиди тафаккури умумиятбахши замони тоистиқлолӣ ва ҳам зери фишори зарурати таъмини ваҳдату амнияти миллӣ ҳамчунон ҷомеаи умумиятгаро ва  якнавохтсоз боқӣ монд. Дар баъзе мавридҳо ин омил хусусияти боз ҳам қавитар низ гирифт. Ин аст, ки мо имрӯз ҳам бар умумиятҳо, якрангиҳо ва шабеҳсозиҳо нисбат ба вижагиҳо, хоссиятҳо ва фарқиятҳо бештар арзиш қоил ҳастем.

Дар чунин вазъият «хусусият» зери фишори қавии «умумият» қарор дошта, имкон намедиҳад, ки он ба таври мушаххас ва бориз зоҳир гардад. Яъне, таъкиди беш аз ҳад бар зарурати умумӣ ва якранг ва якнавохт будан, ба инсон, хусусан, ба насле, ки дар марҳилаи ташаккули шахсият қарор дорад, имкон намедиҳад, ки ҳамчун «фард» худро шиносад, зоҳир кунад, ташаккул диҳад. Дар чунин вазъият баъзе истеъдодҳои фитрӣ, истисноҳои бориз ва нубуғҳои нодир қурбонии фишори муҳити якрангталаб ва умумиятбахш мегарданд.

Дар шароити якранггароии ифротӣ ҳатто масъалаҳои ҷузъию зоҳирие чун умумияти либос низ метавонад бар сарнавишти як истеъдод таъсири худро гузорад. Масалан, вақте мо бар либоси ягонаи расмӣ дар мактабу донишгоҳҳо, марказҳои илмию пажӯҳишӣ ва идораю корхонаҳо таъкиди аввалиндараҷа мекунем ва онро шарти аслии ҳузуру иштироки як инсон медонем, шояд бисёр истеъдодҳо ба сабаби мутобиқат надоштани тарзи либосашон аз таҳсил ва рушд дур монанд. Ба фарз, метавон тасаввур кард, ки шояд бузургтарин физики ҷаҳонӣ А.Энштейн, ки ҳамеша бо либоси рангаву ноҳамвору бетартиб ва мӯи сари дарозу жӯлида мегаштааст, бо ин намуди зоҳирии худ ҳуқуқи фаъолият дар ҳеҷ донишгоҳи моро намедошт…

Вале якнавохтию умумиятталабӣ дар масъалаҳои фикрию эҷодӣ таъсиру пайомадҳои боз ҳам амиқтар дорад, зеро он ба рушди фарди қавӣ, парвариши истеъдодҳои офаранда ва тавлиди фикри наву пешбарандаи ҷомеа монеъ мегардад. Муҳити фикрии зери таъсири чунин рӯҳия аксари андешаҳои нав, тарҳҳои ғайриқолабӣ ва пешниҳодҳои ҷаҳиширо радд мекунад; афроди дорои назари фарқкунанда, шахсони дорои диди нав ва инсонҳои соҳиби тарҳу пешниҳодҳои тозаро аксаран қабул надошта, онҳоро гоҳо зери фишор мегузорад, гоҳо радду маҳкум месозад ва гоҳо бо нописандию бетафовутӣ ба ҳошияву инзиво мефиристад… Ҳамин тавр, ифроту зиёдаравӣ дар ҷамъгароию якнавохтсозии ҷомеа монеи пайдоиш, ташаккул ва рушди фикру андешаҳои тоза ва фарду шахсиятҳои қавӣ мегардад. Ба ин восита, ин рӯҳия боиси рукуду сарбастагӣ ва монеи рушди худи ҷомеа мешавад.

Печидагии вазъият дар он аст, ки ҷомеаи мо аз як сӯ, ба муттаҳидии мардум дар атрофи арзишҳои умумӣ ва ҳифзи ваҳдати миллӣ шадидан ниёзманд аст, вале дар айни замон, ба парвариши фардҳои ҷиддӣ ва истеъдодҳои хосса низ эҳтиёҷи ҷиддӣ дорад. Ҳамзамон бо ин, як ҷомеаи солим наметавонад беохир дар банди тафаккури фардкуши ҷамъгароию коллективизм бимонад ва ё якбора онро тарк карда, ба тафаккури ҷамънописанду фардгароии мутлақ рӯ оварад. Ифрот дар ҳар яке аз ин самтҳо муфид нест, зеро ҳам «ҷамъ»-и холӣ аз «фард»-ҳои қавӣ ва ҳам «фард»-ҳои орӣ аз ҳадафу арзишҳои умумӣ наметавонанд рушди солими ҷомеаро таъмин намоянд.

Аз ин рӯ, дар масъалаи ҳифзи истиқлолу худии «фард» ва таъмини ваҳдату умумияти «ҷамъ» бояд ба таври огоҳона як мавқеи ақлонӣ ва мӯътадил ба даст оварда шавад. Комёбӣ дар ин масъала имкон медиҳад, ки ҳам миллат сарҷамъ бимонад ва ҳам имкони рушди фардҳо ва ташаккули афроди қавӣ фароҳам гардад. Зеро як ҷамъияти қавӣ аз ҷамъи афроди қавӣ иборат мебошад ва як миллати бузург аз ҷамъи шахсиятҳои бузург фароҳам мешавад.

7. Зарурати ташаккули сиёсатшиносии касбӣ

Падидаи дигари муҳити фикриву сиёсии ҷомеаи моро шояд «сиёсатшиносии фолклорӣ» номидан дуруст бошад. Ин истилоҳ ба вазъияте ишора дорад, ки дар он сиёсатшиносӣ ва таҳлилгарии сиёсӣ хусусияти бисёр ибтидоӣ, ғайрикасбӣ ва умумӣ гирифта, бисёр касоне, ки ба ин илм ва ба ин соҳа на аз диди назарию таҳсилӣ ва на аз диди корию таҷрибӣ нисбате надоранд, дар бораи сиёсат ва равандҳои сиёсӣ сӯҳбат карда, дар расонаҳои мо бе ҳеҷ хиҷолат ҳамчун «сиёсатшинос» ё «таҳлилгари сиёсӣ» муаррифӣ мешаванд.

Ба ин восита, метавон гуфт, ки имрӯз дар ҷомеаи мо сиёсатшиносӣ ва таҳлилгарии сиёсӣ ба як «шаҳри бедарвоза» ва ба яке аз дастрастарин пешаҳо табдил шуда, то ҷое хусусияти «эҷодиёти даҳанакии халқ» ё моҳияти фолклориро гирифтааст. Хусусияти дигари «сиёсатшиносии фолклорӣ» дар он аст, ки гоҳо дар асоси як овоза ва ё як гумон мавқеъгирии сиёсӣ сурат мегирад, гоҳо фикрҳои хаёлӣ ҳамчун таҳлили сиёсӣ пешниҳод мешаванд ва гоҳо бар пояи онҳо тасмими сиёсӣ қабул мегардад.

Масалан, чанде пеш дар матбуоти даврӣ аз яке аз адибони бисёр маҳбубу машҳӯри кишвар, ки аз сари эҳтироми комил ном намебарем, дар бораи пайомадҳои сиёсии баста шудани масҷидҳо савол шуда буд ва эшон мазмунан, чунин посух додаанд, ки чун масҷидҳо чизе истеҳсол намекунанд, бастани онҳо ба ҳаёти ҷомеаи ҳеҷ таъсири манфие намерасонад. Ё моҳи гузашта дар ҳафтаномаи бонуфӯзе дар мавриди ояндаи хурӯҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон ва эҳтимоли наздикшавии «Толибон» ба марзҳои мо аз коршиносон назар пурсида шуда буд.

Яке аз устодони маҳбубу шинохтаи соҳаи адабиёт, ки аз эҳтиром номашонро намеорам, чораро дар он дидаанд, ки пулҳоеро, ки солҳои охир рӯи дарёи Панҷ ва Омӯ сохтаем, бояд саривақт битарконем, то аз ҳуҷуми «Толибон» эмин бимонем. Албатта, дар умум, ҳар кас дар изҳори назар комилан озод аст ва назари ҳар шаҳрванд қобили эҳтиром аст, вале баҳси ҳозир дар мавзӯи ҳанӯз касбӣ ва тахассусӣ нашудани сиёсатшиносии мост. Яъне ҳолате, ки тафаккури сиёсӣ ва соҳаи сиёсатшиносӣ ҳанӯз бисёр ғайрикасбӣ ва умумист, ҳанӯз ба дониши соҳавӣ ва ихтисосӣ табдил нашудааст.

Дар ҳоле, ки дар ҷомеаҳои муосиршуда сиёсатшиносӣ низ як ихтисоси бисёр ҷиддӣ ва печидааст, ки таҳсилоти муносиб ё таҷрибаи амалии кофиро талаб дорад. Шояд он зоҳиран ба баъзе илмҳои ҷамъиятӣ наздик намояд, вале ҳамон гуна, ки табиби дандон (гарчӣ табиб аст) меъдаро ҷарроҳӣ намекунад, барои мутахассиси соҳаҳои дигар низ бисёр мушкил аст, ки бе доштани таҳсилоти соҳавӣ ё бе доштани таҷрибаи кофии амалӣ, таҳлилу назари дурусти сиёсатшиносӣ бидиҳад. Вале дар муҳити ғайрикасбӣ ва дар фазои «сиёсатшиносии фолклорӣ» ҳар касе нақши таҳлилгари сиёсиро мегирад. Ин низ марҳилаест, ки бояд бо ташаккули мактаби сиёсатшиносии касбии миллӣ ва насли сиёсатшиносони касбии тоҷик пушти сар гузошта шавад.

Зарурати ташаккули сиёсатшиносии касбӣ дар чист? Чун дар ҷаҳони муосир ҷомеаҳо бисёр печида шуда, кори давлатдориву ҳукуматронӣ ва иҷрои дурусти вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бисёр печидатар гаштаанд, дигар бо донишҳои умумӣ, ибтидоӣ ва ғайрисоҳавӣ дастёбӣ ба ҳалли онҳо имконпазир намебошад. Худи дарки равандҳои сиёсӣ, худи ташаккули афкори умумӣ, худи иштироки муваффақ дар раванди сиёсӣ ва муҳимтар аз ҳама, худи идоракунии сиёсии ҷомеа акнун ба як илм ва ба як соҳаи бисёр мураккаби тахассусталаб табдил шудааст.

Акнун барои идораи як ҷомеаи муосир ва хусусан, барои таъмини рушд ва зиндагии сазовори он, фақат доштани «қудрати маҳз» кофӣ нест. Яъне, дар ҷаҳони имрӯз ҳамон гуна, ки дар бахши тибб, дар бахши иқтисод ва дар бахши технологию муҳандисӣ ба донишу назари тахассусии мутахассисон такя мешавад, дар сиёсат ва дар дарку идоракунии равандҳои сиёсӣ низ ба дониши тахассусии мутахассисон ва таҷрибаи соҳавии онҳо такя мешавад.

Албатта, баъзан чеҳраҳои сиёсию рамзии роҳбарӣ ва роҳбарони бонуфӯзи харизматикӣ метавонанд ихтисоси дигар дошта бошанд, вале онҳо низ фақат дар сурате муваффақ мешаванд, ки дар атрофи худ командаи мутахассисони босалоҳиятро ҷамъ оварда, дар масъалаҳои тахассусии соҳавӣ, аз ҷумла соҳаи сиёсӣ, тибқи хулосаҳои касбии мутахассисон амал намоянд. Асрори нокомии бисёре аз роҳбарони дар ибтидо бонуфӯз низ дар он будааст, ки онҳо хоҳиш ва назари худро аз назари мутахассисони босалоҳияти соҳавӣ боло гузоштаанд.

Ҳамин тавр, ташаккули сиёсатшиносии касбӣ ва ба даст овардани дониши касбии сиёсӣ як масъалаи ҷиддии миллӣ буда, дар муҳити печидаи ҷаҳони муосир, ҳатто ояндаи масъалаҳои усулие чун ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар низ ба ин масъала вобаста хоҳад буд.

8. Ҷудо мондани нирӯи идорӣ аз нирӯи зеҳнӣ

Масъалаи дигар, ки шояд навъе идомаи нуктаи пешин бошад, дар ҷомеаи мо ҳанӯз фарҳанг нашудани кор бо таҳлили илмӣ ва дар идоракунии сиёсӣ фарҳанг нашудани ба эътибор гирифтани таҳлилҳои илмӣ мебошад. Албатта, бахше аз ин масъала ба хусусияти умумӣ, ибтидоӣ ва ғайрикасбӣ гирифтани таҳлилҳои илмию сиёсӣ марбут аст, ки дар ҳақиқат, истифодаи баъзе аз онҳо ҳеҷ суде надорад. Вале, дар айни замон, дар амалияи идорию сиёсӣ мо таҳлилҳои касбӣ ва тахассусии мутахассисони воқеӣ ва коршиносони ҷиддиро низ чандон ба назар намегирем.

/images/stories/2012/04/29_abdulla-rahnama_29412-2.jpgИн мушкила ҳам дар фазои идоракунии иқтисодию иҷтимоӣ, ҳам дар фазои мудирияти фарҳанг ва умури динӣ, ҳам дар фазои идоракунии сиёсӣ ва ҳам дар фазои таъмини суботу амнияти кишвар қобили мушоҳида мебошад. Гоҳо мушоҳида мешавад, ки оддитарин кормандони идорӣ назари худро болотар аз ҳам гуна таҳлилу баррасии коршиносони касбӣ ва ботаҷрибаи соҳавӣ мегузорад ва гоҳо ба назарҳои илмию таҳлилӣ на танҳо нописандона, балки ҳатто бо диди манфӣ менигарад.

Яъне, гоҳо як таҳлилгар аз сабаби он, ки ба соҳаи мо ва ба кори мо «дахолат» кардааст, дар назари мо чун рақиб ва чун мухолиф менамояд. Ин вазъият боис мегардад, ки дар аксари мавридҳо нирӯи зеҳнӣ ва нирӯи идории ҷомеаи мо дар пайвастагӣ бо ҳам кор намекунад ва дар ду фазои ҷудо аз ҳам амал мекунанд.

Вале дар як ҷомеаи донишбунёд бояд таҳқиқу омӯзиш ва таҳлилу баррасии коршиносона пояи аслӣ ва муқаддимаи ҳар як амал ва ҳар як барномаи идорию иҷроӣ бошад. Дар ҷомеаи донишбунёд ҳеҷ як амал ва барнома бе таҳқиқи пешакии илмию таҳлилӣ рӯи даст гирифта намешавад. Аз ин рӯ, бисёр зарур аст, ки дар назди ниҳодҳои масъули давлатии мо марказҳои ҷиддии таҳлилӣ амал кунанд ва ниҳодҳои идории мо бо марказҳои илмии берунӣ, донишгоҳу кафедраҳои соҳавӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ ҳамкории наздиктарин дошта бошанд.

Ба таври мисол, ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвари ИМА вазорату идораҳои соҳавии давлатӣ собиқаи тӯлонии ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо, марказҳои тадқиқотӣ ва коршиносони аршади соҳавӣ дошта, бо онҳо қарордодҳои расмии ҳамкорӣ мебанданд. Ҳатто ҳангоми таҳияи консепсияҳои сиёсати хориҷии ИМА, тарҳҳои таъмини амнияти миллии ИМА, муайян намудани мавқеи ин кишвар дар ин ё он бӯҳрон ё ҳодисаи ҷаҳонӣ ва ғайра аз марказҳои илмӣ ва мутахассисони барҷастаи соҳа таҳлилҳо пурсида шуда, назару пешниҳодҳои онҳо омӯхта ва ба эътибор гирифта мешавад. Илова бар ин, дар чунин ҷомеаҳои донишбунёд муносибат бо коршиносу мутахассисон бисёр мӯҳтарамона буда, меҳнати онҳо ҳам аз назари маънавӣ ва ҳам аз назари моддӣ бисёр баланд қадрдонӣ мешавад.

Дар чунин муҳит, коршиносон низ худро бахше аз фазои миллӣ, саҳмгузори рушди ҷомеа ва иштирокчии раванди таъмини манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ медонанд. Ин ҳолат барои онҳо ҳам ифтихори бузург ва ҳам масъулияти азимро дорад. Ва тибқи бисёр таҳлилҳо, яке аз розҳои асосии қудрати давлатдории ИМА маҳз дар ҳамин пайванди дониши таҳлилӣ ва таҷрибаи идорӣ, пайванди доираҳои илмӣ ва мақомоти сиёсӣ ва дар як самт ҷамъ омадани нерӯи зеҳнӣ ва нирӯи идории ҷомеа мебошад.

Вале агар боз пайи мисолҳо равем, мо даҳҳо коршиносони соҳибназар ва баландихтисоси ватание дорем, ки ҳамчун мутахассиси бисёр мӯътабар ҳамасола барои изҳори назар ба даҳҳо семинару конфронсҳои хориҷӣ даъват мешаванд ва барои пешниҳоди таҳлилу ояндабинӣ аз тарафи даҳҳо ниҳоди давлатию ғайридавлатии кишварҳои хориҷӣ расман даъват мешаванд, вале бисёр нодир аст, ки идораву вазорату ниҳодҳои ватании худи мо ба онҳо муроҷиат кунанд ва ё онҳоро шарофатмандона даъват намоянд ва аз назару имкониятҳои зеҳнии онҳо истифодаи шоиста бикунанд.

Ҳамин тавр, набудани фарҳанги истифода аз таҳлилҳои илмию коршиносӣ, набудани фарҳанги ҳамкории шарофатмандона бо коршиносону таҳлилгарон ва дар натиҷа, ҷудо мондани фазои коршиносию таҳлилӣ аз фазои идорию тасмимгирӣ яке аз масъалаҳои ҷидии фазои фикрӣ ва сиёсии кишвари мост, ки низ бояд огоҳона пушти сар гардад. Маҳз рафъи ин вазъият имкон медиҳад, ки нирӯи зеҳнӣ ва нирӯи идории ҷомеаи мо дар як самт омезиш ёбанд ва дар натиҷа, нирӯи миллии мо ду баробар ё чанд баробар шавад…

9.Масъалаи «амнияти миллӣ» дар муҳити фикрӣ

Садди дигаре, ки дар роҳи ташаккули мавқеи миллӣ ба назар мерасад, ҳифз шудани навъе фосила ва ҳароси муҳити фикрии мо аз дастгоҳҳои таъмини амнияти миллӣ ва дар кулл, дар ин муҳит хиҷолат пиндоштани ҳамкорӣ бо онҳост. Ин тафаккур то ҷое доман паҳн намудааст, ки то ҳол тамғаи «амниятӣ» ё ҳамкорӣ бо «амният» чӣ дар ҷомеа ва чӣ байни нухбагони фикрию сиёсию фарҳангӣ ҳамчун силоҳ ва тӯҳмат барои «сиёҳ» кардани ҳамдигар истифода мешавад. Ин ҳаросу фосила дар муҳити фикрии мо навъе эҳтиёту худсаркубии доимиеро ба вуҷуд оварда, аз як сӯ, имкони рушди фикрии фардро кушта, аз сӯи дигар, ваҳдати фикрии афродро нобуд месозад.

Чаро чунин аст ва оё бояд чунин бошад? Сабабҳои таърихӣ ва сиёсии пеш омадани чунин нигоҳи носолим дар чист? Фаҳмишу таърифи амнияти миллӣ дар шароити давлатдории миллӣ бояд чӣ гуна бошад ва муносибати мутақобилаи мақомоти давлатии таъмини амният ва мардуми кишвар бояд чӣ гуна шакл гиранд? Ин ва дигар паҳлӯҳои ин масъалаи усулӣ аз сӯи муаллиф дар китоби алоҳидае бо номи «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе: «Ирфон», 2011) ба таври муфассал баррасӣ гаштааст.

Вале чун ёдоварии ин мушкила дар канори баҳси мушкилоти роҳи ташаккули мавқеи миллӣ зарур аст, ин ҷо ба ҷузъиёти ин мавзӯъ напардохта, ҳамин нуктаро шарҳ менамоем, ки дар шароити истиқлолияти миллӣ бояд дарки навине аз мафҳуми амнияти миллӣ ва мафҳуми ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии кишвар ба даст ояд, ки он ҷавобгӯи вазифаҳои таърихии давлат ва миллати мо дар марҳилаи феълии рушди худ бошад.

Яъне, дар даврони истиқлолият ҳам мафҳуми амнияти миллии мо, ҳам нишондиҳандаҳо, ҳам омилҳо ва ҳам роҳҳои ҳифзи он комилан тағйир ёфтаанд ва акнун моҳият ва вазифаи дастгоҳи амниятии Тоҷикистон комилан дигар буда, ҳадафи ин ниҳод ҳимоят ва посдории манфиатҳо ва арзишҳои давлатӣ, миллӣ ва динии худи мардуми Тоҷикистон аст.

Ин таҳаввули бисёр муҳим бояд ҳам дар зеҳни худи хизматчиёни ниҳоди амниятӣ ва ҳам дар зеҳни ҳар олиму зиёию фарҳангӣ ва дар зеҳни ҳар шаҳрванди кишвар ба вуҷуд омада бошад. Аз ин рӯ, ҳар касе, ки имрӯз давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои олии миллии Тоҷикистонро арзишҳо ва муқаддасоти худ меҳисобад, ниҳоди амниятии Тоҷикистонро низ ниҳоди наздик ва ҳамсӯи худ ва ҳомии арзишҳои худ мебинад.

Дар чунин шароит кор ё ҳамкории як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънии комилан мусбат дошта, на танҳо хиҷолат нест, балки масъулият ва зарурат аст. Ба ҳар ҳол, агар ба ин мавзӯъ аз мавқеи миллӣ нигарем, маҳз чунин аст. Дар ҳолати дастёбии ҷомеа ба ин тарзи нигоҳ роҳи мо барои расидан ба мавқеи миллӣ ҳамвортар мегардад.

10. Маҳал ва миллат

Ҳангоме ки аз осебу мушкилаҳои муҳити фикрию сиёсии Тоҷикистони муосир ва аз монеаҳои аслии ташаккули мавқеи миллӣ сухан меравад, зикр накардани мушкилаи маҳалл ва маҳалгароӣ номумкин аст. Маҳалгароӣ ба он маъност, ки инсон ҳангоми муносибат бо дигарон ва ҳангоми мавқеъгирӣ нисбати дигарон пеш аз ҳама аз кадом маҳалл ва зодаи кадом қисмати кишвар будани ӯро меъёр қарор медиҳад.

Ва агар ин шахс ҳаммаҳалли ӯ, ҳамшаҳрии ӯ ва аз минтақаи худи ӯ бошад, новобаста аз истеъдоду шоистагӣ ва сатҳи донишу салоҳияташ ӯро дастгирӣ менамояд. Вале агар ин шахс ҳаммаҳалли ӯ ва аз минтақаи ӯ набошад, бо вуҷуди шоистагию истеъдодаш ӯро дастгирӣ намекунад. Ин навъи тафаккур ҳам дар доираҳои илмию донишгоҳӣ, ҳам дар доираҳои сиёсию ҷамъиятӣ, ҳам дар доираҳои ҳунарию фарҳангӣ ва ҳам дар доираҳои иқтисодию тиҷории мо ба рӯшанӣ мушоҳида мешавад ва шояд ҳар яки мо ҳамрӯза онро мебинем.

Чун падидаи маҳалгароӣ падидаи собиқадори ҷомеаи мо буда, дар мавриди он бисёр гуфтаву навишта шудааст, дар ин ҷо ба баррасии муфассали ин мавзӯъ напардохта, фақат чанд нуктаи хулосавие, ки ба баҳси ташаккули мавқеи миллӣ марбут аст, зикр мешавад:

1.Аз назари рушди миллӣ, то замоне, ки маҳалгароӣ ва андешаи маҳаллӣ андешаи муайянкунандаи муносибати мо бо атрофиён бошад, мо наметавонем ба сатҳи тафаккури шоистасолорӣ бирасем ва зарфияту потенсиали умумии миллиро ба вуҷуд оварем. Ин вазъият имкон намедиҳад, ки истеъдодҳои шоистаи миллӣ, зарфиятҳои миллӣ, мағзҳои миллӣ ва захираҳои зотию кадрии миллӣ дар сатҳи лозимӣ ба кор гирфита шавад. Ба ин восита, маҳалгароӣ бахши бузурге аз нирӯи зеҳнии миллиро дар ҳолати масрафношуда мегузорад ва талаф мекунад. Аз ин назар, маҳалгароӣ боиси парокандагӣ ва заифии потенсиали миллӣ мегардад, ки он ба рушди умумии кишвар зарбаи шадид мезанад.

2.Аз назари раванди миллатсозӣ, то замоне, ки ҳувияти маҳаллӣ ҳувияти аслӣ ва муайянкунандаи мавқеи мо бошад, ба сатҳи миллати ягонаи муосир ташаккул ёфтани миллати мо ва ташаккули мавқеи миллӣ дар қишрҳои сиёсӣ ва фикрии мо худ зери савол қарор мегирад. Аз ин рӯ, гузаштан аз маҳалгароӣ ва гузаштан аз сатҳи ҳуввияти маҳаллӣ яке аз заруратҳои ҳатмии ташаккули ниҳоии худи миллат, ташаккули сатҳи миллӣ ва мавқеи миллӣ мебошад.

3.Аз назари ваҳдати миллӣ ва устувории низоми сиёсӣ, то замоне, ки ҳар шаҳрванд боварии қатъӣ надошта бошад, ки новобаста аз маҳалл ва ҷои таваллудаш истеъдоди ӯ дар ҷомеа ва давлатдории миллии мо қадр хоҳад шуд, ваҳдати воқеии миллӣ ва устувории низоми сиёсии мо ба даст намеояд. Зеро, агар дар раванди ташаккули ҳокимияти сиёсӣ омили маҳалл нақши таъйинкунанда пайдо кунад, намояндагони маҳалҳои дигар ба он эътимоди воқеӣ накарда, нисбат ба он ҳисси бегонагӣ намуда, дар таҳкиму рушди он саҳми самимӣ намегузоранд. Ин вазъият ҳокимияти сиёсиро аз имкони умумимиллӣ шудан маҳрум нигоҳ дошта, ба заифӣ ва ноустувории ҳамешагӣ рӯбарӯ мекунад. Аз ин сабаб, маҳалгароӣ яке аз мушкилаҳои аслии ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меояд.

Ҳамин тавр, метавон дид, ки маҳалгароӣ яке аз монеаҳои ҷиддии раванди ташаккули ниҳоии миллат, давлати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва сатҳи миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар масири ташаккули мавқеи миллӣ гузаштан аз он ва канор гузоштани он  як зарурати ҳатмист.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi