00:11:31 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

РАҲМОН ВА СОЛЕҲӢ. АЗ ҲАМКОРИҲО ТО СУБОТИ МИНТАҚА

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эронро ба ҳузур пазируфт. Бино ба хабари торнамои раисиҷумҳур, зимни гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити миёни ду кишвари ҳамзабон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

solehi-rahmonДар идомаи ин хабар омадааст, "аз мӯҳтавои ҳамгироиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва хусусан дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки пас аз анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба эъмори нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон шурӯъ намудани ҷониби Эрон қадами устувори навбатии ду кишвари дӯсту ҳамзабон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои судбахш хоҳад буд."

Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба масоили минтақавию байналмилалӣ, мусоидат ба бозсозӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя гуфтугӯ сурат гирифтааст. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи Эрон, ки бо як сафари расмии серӯза вориди Тоҷикистон шудааст, рӯзи гузашта пас аз мулоқот бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш рӯи масоили минтақавӣ ва байнулмилалӣ ба таври умум сӯҳбат карда ва баррасиҳо бештар сари истифодаи муассири "имконият"-ҳои Тоҷикистон тариқи "тавоноӣ"-ҳои Эрон барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифтааст.

Ҷаноби Солеҳӣ афзуд, "муҳимтарин баҳс баҳси транзит аст. Умедворем, ки бо роҳандозии роҳи оҳани Эрон - Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Чин корҳои хубе карда бошем. Транзит бисёр амри муҳим аст. Баҳси интиқоли барқу энержӣ ва дигар мавридҳо ҳастанд, ки бояд мутолиа шаванд."

Эрон яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол” тарҳҳои бузургтарини муштараки ду кишвар ба шумор мераванд. Эрон ҳамчунин сармоягузории сохтмони неругоҳи “Айнӣ” рӯи рӯдхонаи Зарафшонро ба зимма гирифтааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият доранд.

Сафари серӯзаи вазири корҳои хориҷии Эронро як гуна заминасозиҳои қаблӣ барои ҷашни байнулмилалии Наврӯз ва конфронси минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон унвон мекунанд, ки даҳаи сеюми моҳи равон дар Душанбе баргузор мешаванд. Дар ҷашни байнулмилалии Наврӯз як қатор сарони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба таъйиди вазири корҳои хориҷии Эрон, раисҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод низ ширкат хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi