13:38:12 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МОҶАРОИ ФЕЙСБУК. АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУБОТИ КИШВАР ВА АХЛОҚ?

Нуриддин Шамсов дар изҳороти худ гуфтааст, матбуоту Интернет бояд барои оқибатҳои аъмолашон посухгӯ бошанд. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов дар изҳороте ба баёнияи  Дания -- раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо ва баёнияи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди озодии Интернет ва матбуоти Тоҷикистон посух гуфт.

nuriddin-shamsovӮ дар ин изҳороти худ баён дошт, ки Тоҷикистон “дастрасӣ ба иттилоъро ҳаққи бунёдӣ ва таҳкурсии ҷомеаи озод ва демократӣ” мешуморад, аммо мӯътақид аст, ки ҳар кишвари узви САҲА дар “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол ва ҳамчунин ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ нақши қонунӣ дорад.”

Дар изҳороти сафири Тоҷикистон инчунин гуфта мешавад, ки матбуот ва Интернет дар ҷомеаи демократӣ бояд барои оқибатҳои аъмоли худ посухгӯ бошанд ва ба меъёрҳои баландтарини ахлоқию ҳирфаӣ арҷ гузоранд.

Пеш аз ин, Дуня Миятович, масъули бахши озодии баён дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда буд, ки дастури бастани шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва чаҳор торнамои дигарро бекор кунанд. Хонум Миятович гуфт, ӯ дар номааш ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар рӯзи 5-уми март низ таъкид кардааст, “Интернет, ҳамон гуна ки дар Эъломияи Умумии Ҳуқуқи Башар зикр ёфтааст, бояд ба ҳайси майдони баҳси озоди мардум ва изҳори ақидаи онҳо боқӣ бимонад."

Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон низ аз бастани баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон шадидан интиқод кардааст.

Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон аз рӯзи дуюми март ба ин сӯ дастрасӣ ба шабакаи Facebook ва торнамоҳои  tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru-ро қатъ кардаанд. Маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чаҳор торнамои дигар дар пайи як номаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Аммо Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанде дигар аз торнамоҳо "мушкили фаннӣ" аст ва ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Ҷаноби Зуҳуров ҳамзамон аз он изҳори ташвиш кард, ки як гурӯҳ Интернетро ба "бозори сиёҳ" табдил додаанд.

Бо ин ҳол, Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи Интернет дар Тоҷикистон аз ин амали ба гуфтаи онҳо "ғайриҳирфаӣ" изҳори нигаронӣ кард. Ин анҷуман дар номаи худ ба унвонии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон навишт, ки "чунин бархӯрди беасос ва ғайриҳуқуқӣ ба имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байнуламилалӣ латма зада, ҳамчунин ба амнияти иттилоотии кишвар хатар дорад."

Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи Интернет дар Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки "таҷрубаи солҳои қаблӣ нишон доданд, чунин иқдомот барои маҳдуд кардани пойгоҳҳои иттилоотӣ муассир нестанд. Одатан ин маҳдудиятҳо сабаби маъруфтар шудани сомонаҳо дар миёни ҷомеа мегарданд." Номае, ки ҳанӯз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон посухи онро надодааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi