23:05:40 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗВЕЗДА.РУ ДАР ДОХИЛИ ҲУКУМАТ "ОДАМ" ДОРАД?

Шореҳи ҳафтавори "Коммерсант" гуфт, мақолаи ҷанҷолбарангези "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб"-ро ӯ нанавиштааст.

zvezdaҲафтаи гузашта дар торнамои "Звезда.ру" мақолае зери унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" ба табъ расид, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии барномаи муфассали таъқиби мухолифин муттаҳам мешавад. Афроде, ки мақоларо дар интернет ҷо додаанд, мегӯянд, онҳо ба ҳадафи худ расиданд, зеро шореҳони умури Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва мансабдорони тоҷик аз он огоҳ шудаанд.

Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори “Коммерсант”, чопи Маскав, мегӯяд, ӯ ба мақолаи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб", ки ибтидои моҳи март дар торнамои русзабони "Полярная Звезда" ба табъ расидааст, ҳеҷ иртиботе надорад. Вай гуфт, намедонад, муаллифони воқеӣ бо кадом ҳадаф аз номи ӯ истифода кардаанд.

Строкан афзуд, "мехоҳам расман таъкид кунам, ки ман ба ин мақола ҳеҷ иртиботе надорам. Онро нанавиштаам, таҳрир накардаам ва бо тааҷҷуби зиёд хабар ёфтам, ки касе бо сабабҳои бароям номаълум маро муаллифи ин мақола номбар кардааст. Дар масъалаи мушкилиҳои матраҳ дар ин мақола ман чизе гуфта наметавонам. Таҳлилу хулосаҳои матлаб бар дӯши муаллифи он аст."

Дар мақолае, ки бо имзои хабарнигор Строкан дар сомонаи "Звезда.ру" нашр шудааст, мақомоти Тоҷикистон ба роҳандозии сиёсати фишору зӯроварӣ ба ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ва бозгашт ба мухолифатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Муаллифони мақола дурустии таҳлили худро бо нашри чанд санад, ки гуфта мешавад аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон берун шудааст, тавҷеҳ кардаанд.

Аксуламали ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот бо ин мақола то ҳол дастрас нашудааст. Аммо ба дунболи нашри ин мақола дар торнамои русии "Звезда.ру" дастрасии истифодабарандагони Интернет ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва якчанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла "Звезда.ру" ғайриимкон шудааст.

Қабл аз сӯҳбат бо шореҳи "Коммерсант" Сергей Строкан, мо бо сармуҳаррири сомонаи "Звезда.ру" Дмитрий Родин дар тамос шудем ва ӯ тасдиқ кард, ки муаллифи мақола маҳз Сергей Строкан, шореҳи "Коммерсант" аст. Родин гуфт, ҷамоаи истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз 30 ҳазор нафар бештар нест ва онҳо ба роҳандозии инқилоби шабеҳи кишварҳои арабӣ қодир нестанд.

Вале ин шахс, ки худро сармуҳаррири сомонаи "Звезда.ру" номид, афзуд, аксуламали ҳукумат шаҳодати он аст, ки баъзе мансабдорон аз ҳаёт дур мондаанд: "Худи ҳамин аксуламали ҳукумати Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки санадҳои нашр шуда аслӣ мебошанду хулосаҳои таҳлили сомона воқеият доранд."

Родин илова кард, ки мақолаи онҳоро чандин торнамои дигар дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд ва агар ҳукумат дастрасии комил ба интернетро ҳам мутаваққиф кунад, мақола ба истилоҳ миссияи худро иҷро кард.

Искандари Хоҷа Мирзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi