05:01:11 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 24 25
26 27 28 29 30    

ҲАМОИШИ МАҚОМҲОИ МАРЗБОНИИ ОСИЁИ МИЁНА ВА РУСИЯ ДАР ДУШАНБЕ

Дар сурати бурузи таҳдидҳои амниятӣ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ аз Афғонистон дар минтақа гурӯҳҳои вижаи сареъ барои муқобала бо ин гуна таҳдидҳо таъсис хоҳанд ёфт.

biorder meeting

Ин нукта рӯзи сешанбеи 28 феврал баъд аз анҷоми ҷаласаи мақомҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна дар як нишасти матбуъотӣ матраҳ шуд. Ба гуфтаи мақомҳои марзбонии ин кишварҳо, гурӯҳҳои вокуниши сареъ, ки барои таъсиси онҳо сарони кишварҳои минтақа ба тавофуқ расидаанд, барои баргузории амалиётҳои вижа дар минтақа худро омода месозанд.

Дар ҷараёни ҳамоиши дурӯзаи марзбонони минтақа мақомҳои марзбонии Русия гуфтаанд, ки ин кишвар дар оянда ба ҷуз аз кумакҳои машваратӣ, кумакҳои фанниро низ ба марзбонони тоҷик ироа хоҳад кард. Ширкаткунандагони ин нишаст прутукули пешниҳодҳои ҳамкориҳои марзбононро барои баррасӣ дар нишасти фармондеҳони марзбонони ин кишварҳо дар Олмотӣ, ки қарор аст 26 апрели соли равон баргузор шавад, имзо карданд.

Дар ҳамоиши марзбонон ба ҷуз аз Туркманистон мақомоти марзбонии тамоми кишварҳои минтақа ширкат доштанд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш дурнамои ҳамкориҳои марзбонони минтақа ва Русияро дар заминаи муқобала бо гурӯҳҳои ҷинояткори фаромарзӣ матраҳ карданд.

Владимир Проничев, раҳбари идораи умури марзбонӣ ва муъовини раиси Сервиси Федероли Амниятии Русия, дар нишасти матбуъотӣ дар ҳоле ки бештар аз ҳамтоёни дигари худ ба саволҳои хабарнигорон посух медод, гуфт, ки кишварҳои минтақа омодаанд ҳар гуна ҳамалоти ногаҳонии эҳтимолӣ ба қаламрави ин кишварҳоро дафъ кунанд.

Ба гуфтаи вай, истифода аз нерӯ барои муқобала бо ҳуҷуми гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба Осиёи Миёна дар чорчӯби санадҳои мавҷуда, аз ҷумла тавофуқи сарони кишварҳо дар ин маврид ва мувофиқатномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сурат хоҳад гирифт.

Оқои Проничев афзуд: "Мо дар сурати ташаннуҷи авзоъ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Миёна бо кишварҳои хориҷӣ дар чорчӯби тавофуқоти мавҷудаи раҳбарони ин кишварҳо амал мекунем. Сарони кишварҳо ба мо иҷоза додаанд, ки гурӯҳҳои вижаи сареъи муваққатиро барои муқобала бо ҳар гуна таҳоҷум ва ҳамла ба қаламрави ин кишварҳо таъсис диҳем."

Ба гуфтаи вай, бо дарназардошти чигунагии гурӯҳҳои хатир ва шеваи таҳоҷуми онҳо ба хоки ин кишварҳо шеваи омода шудани гурӯҳҳои сареъ дар назар гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд: "Агар (муҳоҷимон) гурӯҳи созмонёфтаи ҷинояткор бошанд, пас гурӯҳи сареъ аз ҷумлаи кормандони ниҳодҳои интизомии кишварҳо таъсис хоҳад ёфт ва ин ниҳод барои марзбонон иттилоъоти заруриро дарёфт мекунад, ки бар асоси он кишварҳои минтақа амалиётҳои вижаеро роҳандозӣ мекунанд."

Муъовини раиси Сервиси Федероли Амниятии Русия ҳамчунин гуфт, ки қарор аст дар ояндаи наздик кишвараш ба марзбонони Тоҷикистон ба ҷуз аз кумакҳои машваратӣ, кумакҳои фаннӣ низ ироа бидиҳад, вале вай ҷузъиёти бештаре дар ин замина дар ихтиёри хабарнигорон нагузошт.

Аз сӯйи дигар, ҳафтаи гузашта Шӯрои Федеросиюн ё маҷлиси улёи порлумони Русия мувофиқатномаи миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар масоили ҳамкориҳои марзиро тасвиб кард. Бар асоси ин санад, Русия ба марзбонии Тоҷикистон дар муроқибат аз марз мусоъидат мекунад ва барои мубориза бо терурисм, бунёдгароии мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷароими фаромарзӣ бо ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард. Қарор аст, ки дар ояндаи наздик намояндагони порлумони Тоҷикистон низ ин санадро тасвиб кунанд.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, ки интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои минтақа ба унвони мушкили аслии мавҷуд дар марзҳои муштарак пас аз хурӯҷи нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ аз Афғонистон боқӣ хоҳад монд.

Бархе аз мақомоти Русия аз марзбонони тоҷик барои "ҷилавгирии нокофӣ" аз интиқоди маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба Русия ҳамвора интиқод мекунанд аз ва баъид намедонанд, ки бархе аз марзбонон бо қочоқчиёни ин маводд ҳамдастӣ доранд.

Дар сутуҳи мухталифи давлати Русия ҳамчунин аз хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2005 низ интиқод шуда ва бархе аз мақомоти рус хостори бозгардондани онҳо ба ин марз шудаанд. Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Душанбе нишасти дигаре низ, ки ба масоили марзӣ байни Тоҷикистону Афғонистон марбут аст, ба ибтикори Жопун ва Иттиҳодияи Урупо доир шудааст.

Ин ҳамоиши дурӯза ба ҳамкориҳои марзбонони Тоҷикистону Афғонистон бахшида шуда ва дар он намояндагони бархе аз ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд. Дар ин ҳамоиш, ки фардо низ идома хоҳад дошт, ба ҷуз аз мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва амнияти марзҳо, ҳамчунин рушди тиҷорати марзӣ ва беҳтар кардани муқаррароти гумрукӣ баррасӣ мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi