11:35:43 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБАКИСТОН БАЗУДӢ БЕҲБУД НАХОҲАД ЁФТ”

Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, мегӯяд, ки муносиботи тираи ин кишвар ва Узбакистон базудӣ беҳбуд нахоҳад ёфт. Аммо коршиносони ин марказ эҳтимоли бархӯрди низомӣ миёни ин кишварҳоро баъид медонанд.

ruzgorСайфулло Сафаров, муъовини раиси ин марказ, рӯзи панҷшанбеи 12 январ дар нишасти матбуъотии ин ниҳод гуфт: "Мардуми Тоҷикистон ва Узбакистон аз қарнҳои пеш дӯстӣ ва хешутаборӣ доштанд ва сар задани бархӯрди низомӣ миёни ин кишварҳо имкон надорад."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки раҳбари тозаинтихоби Маркази мутолеъоти истротжики Тоҷикистон сафири собиқи ин кишвар дар Ӯзбакистон аст, пурсиши бештари хабарнигорон дар ин нишаст ба сардии муносиботи ин ду кишвар, яъне Узбакистон ва Тоҷикистон, дар чанд соли ахир марбут буд.

Бархе аз коршиносони Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар посух ба ин суолҳо гуфтанд, ки муносиботи ин ду кишвар дар ояндаи наздик ҳамчунон бетағйир боқӣ хоҳад монд. Мутаваққиф шудани ҳаракати беш аз 300 вогуни ҳомили маводди ғазоӣ ва колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дар моҳҳои ахир мӯҷиби нигаронии сокинони вилояти Хатлон ва мақомоти ин кишвар шудааст.

Ахиран сокинони узбактабори вилояти Хатлон бо ирсоли номае ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, аз вай хостаанд, ки ба азсаргирии ҳаракати қаторҳо аз Узбакистон ба Тоҷикистон кумак кунад. Аммо мақомоти узбак то кунун посухе ба дархостҳои мукаррари ҷониби Тоҷикистон надодаанд.

Бархе аз таҳлилгарон сардии муносиботи Узбакистон бо Тоҷикистонро ба равобити шахсии тираи раҳбарони ду кишвар, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов муртабит медонанд. Вале Абдунабӣ Сатторзода, аз масъулони Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, ин иддаъоро бепоя хонд.

Вай афзуд: “Узбакистон на танҳо бо Тоҷикистон мушкил дорад, балки тамоми чаҳор кишвари дигари минтақа низ бо душвориҳо бо давлати кунунии Узбакистон рӯбарӯ мешаванд. Ин маънии онро надорад, ки Президент Каримов бо тамоми раҳбарони кишварҳои минтақа муносибати нохуб дорад.”

Оқои Сатторзода тасмими Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро аз авомили аслии сард шудани равобити ду кишвар хонд: “Узбакистон мехоҳад, ки дар минтақа ҳукмаш раво бошад ва ҳама ба даҳони раҳбари ин кишвар нигоҳ кунанд. Хушбахтона ин тавр нест. Яъне истиқлолу рушди Тоҷикистонро на ҳама хушбинона қабул доранд.”

Ин коршиноси умури минтақа мегӯяд, ки дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи “Роғун” таносуби қуво ва мақоми кишварҳо дар Осиёи Марказӣ дигар хоҳад шуд.

Зимнан, дар нишасти матбуъотии Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар Узбакистон буд, худро ба унвони раҳбари ҷадиди ин марказ муъаррифӣ кард.

Оқои Маҳмадов дар ин симат ҷойгузини Сӯҳроб Шарифов шуд, ки чанде пеш узви порлумон шуд. Оқои Маҳмадов қабл аз даврони сафораташ дар Ӯзбакистон солҳои зиёде раҳбарии вазорати фарҳанги Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 19.01.2012 12:13
Ман хамчун шахрванди Точикистон, расман геноциди халки узбакро нисбати миллати точик дар саддаи бистум эътироф мекунам.Оё хаст он шахсони миллатдустдори точик, ки ин казияи маро эътирофу дастгири намояд?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi