21:41:33 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ. ФУТБОЛ ОЁ РОҲЕ БА СИЁСАТ АСТ?

 

Писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як маъракаи бидуни алтернатива президенти Федератсияи футбол интихоб шуд. Иддае бо таъкиди дастрасии ӯ ба манобеи молӣ интихобашро барои соҳаи варзиш, махсусан футбол, фоли нек хонданд. Бархе ҳам бо ишора ба мақоли “ҳама роҳҳо ба сӯи Рум мебаранд” таваҷҷӯҳи писари раиси ҷумҳур ба варзишро ҳаваси муваққатӣ ва саранҷом ворид шудани ӯ ба саҳнаи сиёсатро як барномаи тарҳрезишуда унвон карданд.

Рустами ЭмомалиКоршиноси тоҷик Муҳаммадёқуби Нарзулло мегӯяд, бардоштҳои зоҳирии ҷомеа аз болоравиҳои писари раисҷумҳур ва ҳузури васеи ӯ дар давлатдорӣ хеле сатҳӣ ва соддалавҳона аст, зеро роҳе, ки падар паймуд аз ҷодаи ӯ фарқ дорад: «Агар кас писари президент аст, ин маънои онро надорад, ки ӯ президент хоҳад буд. Барои ин ҷомеа ҳам бояд бо чашми сар бубинад, ки ӯ арзанда ҳаст ё не, яъне то ин замон чӣ кор кардааст, ки бояд президент шавад. Ҳар чӣ бошад, Тоҷикистон кишвари демокративу ҳуқуқбунёд аст, на шоҳигарӣ

​​Аммо оқои Нарзулло ҳамчунин гуфт, агар Рустами Эмомалӣ дар соҳаҳои таҳти назари худ муваффақ шавад, ҳақ хоҳад дошт ба ҳар вазифаи шоиста таъйин ё баргузида шавад. Вазифаҳои зиёди ҷамъиятиву ҳукуматии Рустами Эмомалӣ бозгӯи он аст, ки таҳиягарони зинаҳои ҳирфаии ӯ мехоҳанд, писари раиси ҷумҳур дар ҷомеа нақши бештар дошта бошад ва исмаш аз матбуот дур нашавад. Бо он ки писари раиси ҷуҳур 24 сол дорад, аллакай чанд зинаи муҳимеро тай кардааст, ки барои шаҳрвандони оддӣ имконнопазир мебошад.

Ӯ Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, узви Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе буд ва муовини раиси Созмони ҷавонон аст. Созмони ахирӣ ҳақ дорад ба раёсатиҷумҳурӣ низ номзад пешниҳод кунад. Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ то соли гузашта сарвари раёсати соҳибкории хурду миёнаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол буд ва ҳоло сарвари Раёсати мубориза алайҳи қочоқ ва нақзи қавоиди гумрук дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ин воқеият, ки фарзандони мақомоти баландпоя ба осонӣ мақому мансабҳои баландро соҳиб мешаванд ва дар баъзе мавридҳо ҷойи падарро ишғол мекунанд, ба ҷомеаи Тоҷикистон писанд нест. Ҳоло, ки писари раиси ҷумҳур мақоми баландеро дар соҳаи варзиш соҳиб шудааст, мардум суол мегузоранд, ки чаро аз пешравии ӯ дар соҳаҳои дигар, ки то ҳол таҳти назар доштааст, гузорише пахш намешавад.

Як мақоми баландпоя, ки нахост, номаш зикр шавад гуфт, баъд аз таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба мансаби ​​сарвари як бахши муҳими гумруки кишвар, бебандуборӣ дар вуруду хуруҷи молу коло хеле коҳиш ёфт. Ӯ афзуд: ”дар тиҷорати хориҷӣ, бархе афроди ба истилоҳ, «зӯру пуштдор» дар марзҳо молиёт намедоданд ва ҳам зӯри мақомоти гумрук ба онҳо намерасид, аммо бо сари кор омадани писари президент, ин мушкилот рафъ шудаанд.”

Ӯ дар ҳоле ба мақоми президенти ФФТ интихоб шуд, ки соҳаи футболи тоҷик тавону малакаи қаблии худро аз даст дода, клубҳои он бештар бо шеваҳои музофотӣ бозӣ мекунанд. Тими “Истиқлол”, ки Рустами Эмомалӣ аз он пуштибонӣ мекунад, авохири соли гузашта бохтҳои чашмгир дошт ва мухлисони футболро ба ояндаи ин намуди вазиш дар кишвар дилсард кард. Ин дар ҳолест, ки дастаи миллии футболи Тоҷикистон низ асосан аз бозигарони "Истиқлол" таркиб ёфта, бохтҳои паёпаи он бо ҳисобҳои сенсатсионӣ ихлоси бисёре аз мухлисонро шикаст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳар созмону идора дар Тоҷикистон орзу мекунад, ки дар симои писари раиси ҷумҳур “сипар” дошта бошад ва соҳаи таҳти назари худро каме ҳам бошад обод кунад. Аз ин рӯ, сабқат барои ҷалби ӯ ба соҳаҳои мухталиф ҳамеша ҷараён дорад.

​​Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд: «Ин ки Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ба сифати як шахси таъсиргузор шинохта мешавад, ҷои баҳс нест. Аммо ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки дар кадом самт аз ӯ истифода кунанд. Дар кул зарфиятҳои ӯ ҳанӯз барои ҷомеа рӯшан нашудаанд, зеро доираҳои алоҳида мехоҳанд, аз ӯ ба сифати як ҳакам ё шахсе, ки метавонад, баҳсҳои аз назари онҳо мушкилро ҳал кунад, таваққӯъ доранд.»

Коршиносон мегӯянд, таҷрибаи олами араб ин ҳақиқатро собит кардааст, ки бо вуҷуди ҳама тавону имкониятҳо, писарони раҳбарони аввал на ҳамеша ҷойгузини падар шудаанд. Аз давлатҳои собиқ Шӯравӣ танҳо кишваре, ки дар он ҷойгузини падар шуд, Озарбойҷон буд. Аммо Илҳом Алиев, фарзанди Ҳайдар Алиев замоне мақоми раёсатро гирифт, ки дунё дигар буд. На инқилобҳои ранга рӯй додаву на касе ибораи "Баҳори араб” шунида буд.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 07.01.2012 20:24
Салом ба хама. Рости баъд аз хондани ин матлабу тавзехоти бародар zarif ба чунин хулоса омадам, ки Мо умед аз Худованд дорем, ки ба омадани Рустами Эмомали дигаргунихову пешравихо дар самтхое, ки эшон кору фаъолият мекунад, дида шавад. Барои ин ба хар як шахрванди Точикистон лозим аст, ки хама аз як гиребон сар баровардаву барои ободиву гулгуншукуфии мамлакат хизмати бузурге кунем. То Точикистони азиз боз хам хурраму зеботар ва доимо шахри Сулху Вахдат поянда бошад. Боки Худо хофиз...
 
 
0 #1 Guest 07.01.2012 14:31
”дар тиҷорати хориҷӣ, бархе афроди ба истилоҳ, «зӯру пуштдор» дар марзҳо молиёт намедоданд ва ҳам зӯри мақомоти гумрук ба онҳо намерасид, аммо бо сари кор омадани писари президент, ин мушкилот рафъ шудаанд.”
оё дар ҳақиқат ин мушкилот рафъ шуд?
пас чаро мо шоҳид ин нестем?
вақте барои ба даст овардани як мақом ва мансаб бояд доля дод, пас бояд он бандаи худо то охири мӯҳлаташ он пулро ба даст оварад.
бо омадани рустамҷон!!! ҳеҷ мушкил рафъ намешавад ҷонакам. инро худи шумо ҳам ба хубӣ медонед.
мо миллати Тоҷика фиреб надиҳед. ту ҳам ба хотири як нолаи нон ин тавр аз рустамҷон ҷонибдори карда истодаед.
инро ҳам хуб медонем.
дар охир аз сомонаи хуби "Рӯзгор" ташаккур мекунам, ки иҷоза медиҳанд то мо ҳам дар ин баҳсҳо ширкат кунем
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi