16:04:40 03-уми Июни 2025 сол

ПРЕЗИДЕНТ: “ПАРЧАМИ МИЛЛИРО ЭҲТИРОМ КУНЕД”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сокинони кишварро ба эҳтирому арҷгузорӣ ба парчами миллӣ даъват намуд. Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионии худ гуфт, “парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи мардуми Тоҷикистон аст.” Оқои Раҳмон ба муҳаббату арҷгузорӣ ба парчами миллии Тоҷикистон ҳам таъкид кард ва гуфт, ки “эҳтирому арҷгузорӣ ба парчами миллӣ бояд қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.”

/images/stories/2011/11/24_parchamitojikiston-24112011.jpgСоли дуввум аст, ки сокинони Тоҷикистон аз рӯзи парчами миллӣ таҷлил мекунанд. Вакилони порлумони кишвар соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ таҷлил мешавад. Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст.

Вале имсол ҷашни парчами миллӣ дар ҳоле таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон бо ифтитоҳи баландтарин парчам вориди китоби рекордҳои Гиннес шудааст. Баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, тобистони соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Душанбе барафрохта шуд.

Дарозии матои ин парчам, ки аз ҳар кунҷу канори пойтахти Тоҷикистон намудор аст, 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, шаҳрдори Душанбе дарозтарин парчами миллиро таҳия кардааст, ки он се ҳазор метр тӯл дошта, дар ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Вале соҳибназарони тоҷик мегӯянд, дар ҳоле ки ниме аз мардуми Тоҷикистон дар ҳоли фақру тангдастӣ рӯзи худро мегузаронанд, на парчами баландтарин ва на парчами дарозтарин ба ифтихори онҳо нахоҳад афзуд. Бештари ин соҳибназарон мегӯянд, мақомот ба ивази харҷе, ки барои бунёди парчами баландтарин харҷ кардаанд, бояд як корхонаи хурде месохтанд, ки ҳадди ақал ба чанд нафари бекор ҷои кору маош медод. 

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин парчам ҳанӯз19 сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои олии Тоҷикистон қабул шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854