15:29:02 03-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ПОПОВ БА МАСКАВ. ВА ҲАНГОМАҶӮИҲОИ РАСОНАҲОИ РУСӢ

Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон барои машварат бо мақомоти кишвараш озими Маскав шудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, сафири Русия рӯзи гузашта бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намудааст.

/images/stories/2011/11/12_safir-popov_2011.jpgМавзуи ҳалли қазияи ду халабони як ширкати русӣ, ки бо ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа ба 8,5 сол равонаи зиндон шуданд, мавзуи меҳварии гуфтугӣ миёни сафири Русия ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо гузориш медиҳанд, ки гуфтугӯҳо миёни мақомоти Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин қазия идома дорад.

Аз ҷумла  Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, ки дар парвандаи ин ду нафар бознигарӣ сурат бигирад. Ҳамзамон Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамроҳхон Зарифӣ, аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи ду халабони рус кишвараш изҳорӣ нигаронӣ карда хостори ҳалли ин мушкил шудааст.

Пештар аз ин Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки онҳо мунтазири посухи расмии ҳукумати кишваре мемонанд, ки бо он  ҳампаймонӣ доранд ва баъди он тасмим мегиранд. Аз ҷониби дигар, расонаҳои русӣ дар идомаи ҳангомаҳои худ, ишорае ба таърихи  ширкати “Ролкан”, ки ҳавопаймоҳои Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба он тааллуқ доранд, намудаанд, ки се сол пеш ба ширкати "Аэрспэйс консорциум" иҷора дода шудааст.

Ба навиштаи ин расонаҳо ин ширкат дар Имороти Муттаҳидаи Араб сабти ном доштааст. Молики ширкати "Аэрспэйс консорциум" ҳиндуе бо номи Ҷигиб будааст, ки вайро чун найрагбогзи байналмиллалӣ мешиносанд. Ширкати Ҷигиб бо мақомоти Тоҷикистон ҳадафмандона вориди гуфтугӯ шудааст, то ҳавопаймоҳои русиро бигиранд. Матбуоти Русия менависад, дар ин амалиёт ҳам Ҷигиб, ҳам тоҷикон ва ҳам русҳо даст доштаанд. Гӯё Ҷигиб бо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати дифои Тоҷикистон муносибати хуб доштааст.

Расонаҳои русӣ ҳамчунин ба манфиатдор будани хонаводаи раиси ҷумҳур  ба табдил кардани наздиконашон, ки дар дар зиндонҳои Русия ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба сар мебаранд, ишорат мекунанд. Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 7 ноябр Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ва халабонҳои ширкати русии “Ролкан Инвестмент”-ро бо гуноҳи қочоқ ва убури ғайриқонунии марз ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 13.11.2011 21:21
Наш Русский посол ПОПОВ так держать ты прав Пасол Русский всё по чиснаку! Маскваа ты отдыхай ! если тебя Папов снимут с работы то приходи к нам в Таджикистан будеш Послом Мира и по Правам Маленких Республик от стран СНГ ! Окей Мы Стобой Попов не хварай !
 
 
+1 #1 Guest 12.11.2011 23:48
Россия в очередной раз доказала что она ни когда не была Таджикистану другом и не будет ни когда! еще доказала свое долгое лицемерие. Раньше об этом знала меньшинство Таджиков, зато теперь об этом знает все Таджики. Россия поступила, подла с Таджикистаном «не по-мужски». Но мы НЕ боимся массовой депортации, мы боимся только великому «ОЛЛОХУ». Нас покормит наша земля: Мы с тобой ЭМОМАЛИ держись! Еще хочу, заметит, что депортируют не только не легальных и легальных тоже! Обращаюсь к тем родителям, которые потеряли своих близких, из рук Русских нацистов соберитесь тоже около посольство России (как русские НЕ СПРАВЕДЛЕВА, НЕ ЗАККОНА, БЕЗСТИДА и ГРУБО этого делают около нашей посольстве)!!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854