ТАСВИБИ ДУ ҚОНУНИ ҶАДИД ДАР ПОРЛУМОН
Порлумони Тоҷикистон қавонини “Бонки миллӣ” ва “Барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”-ро баррасӣ ва тасвиб кардааст.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 30 март зимни суханронӣ дар иҷлоси порлумон зарурати тасвиби Қонуни ҷадиди “Бонки миллӣ”-ро ба мутобиқ сохтани фаъолияти Бонки миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва иҷрои барномаи иқтисодию молии кишвар барои солҳои 2010-2012 марбут хонд.
Аз сӯйи дигар, Исмоил Талбаков, намояндаи порлумон гуфт, ки ба қонуни қаблии Бонки Миллӣ аз замони тасвибаш дар соли 1996 то ба ҳол, 60 тағйирот ворид шуда ва бар асоси қавонини Тоҷикистон дар сурати беш аз 50 дар сад ислоҳ шудан бояд санади ҳуқуқии ҷадид таҳия шавад.
Тибқи муфоди қонуни ҷадид, Бонки миллӣ муваззаф аст, куллияи даромади худро ба будҷети Тоҷикистон ирсол кунад. Қаблан, ин рақам 70 дар сади даромадро ташкил медод. Ҳамзамон, дар сурати камомад ё хисороти молӣ дар фаъолияти бонк давлати Тоҷикистон онро ҷуброн мекунад.
Ҳамчунин, Бонки миллӣ аз пардохти молиёти ҳадди ақал аз даромад ва оидоти ашхоси ҳуқуқӣ муъоф аст. Шариф Раҳимзода зимни шарҳи ин амр гуфт, ки дар авохири ҳар сол, фаъолияти бонк аудит ё бозрасӣ шуда ва маболиғи даромад ба будҷет мунтақил мешавад. Аз ин лиҳоз, зарурат барои пардохти чунин молиёт боқӣ намемонад.
Тибқи Қонуни “Барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ки ба тасвиб расид акнун чунин ниҳодҳо бояд эъломи варшикастагӣ ё мунҳал шудани худро бо Бонки миллӣ мувофиқа кунанд то натавонанд дар ҷараёни мунҳал сохтани ин ниҳодҳо сармояи худро ба маҳалли дигар интиқол диҳанд.
Раиси Бонки миллӣ гуфт, дар солҳои қаблӣ ин гуна ниҳодҳо довталабона худро мунҳал карда, молиёти мухталиф ё бидеҳиҳои худро пардохт намекарданд ё маболиғи зиёдро ба маҳалли дигар интиқол медоданд.
Би-Би-Си