ГАҲЕ БО МУЛЛО АБДУЛЛО, ГАҲЕ ДАР ЗИНДОН
Фатҳулло Хайриддинов-мулаққаб ба "эшони Дароз", аз собиқ фармондеҳони ИНОТ, моҳи гузашта аз зиндон озод шудааст. Cӯҳбати мо бо эшони Дароз дар манзили зисти ӯ ва сари як пиёла чой баргузор шуд. Ва сӯҳбатро бо муборакбодии раҳоии Эшони Дароз оғоз карда нахуст аз ӯ пурсидам, ки чанд соли худро дар зиндон пушти сар кардааст?
-Се солу нӯҳ моҳ дар зиндон ба сар бурдам.
-Дар зиндон шароити буду бош ва зиндагиатон чӣ гуна буд?
-Шукри Худо, нағз буд, бад набуд, як хел, мисли ҳамаи зиндониён буд. Шароити ҳамаи маҳбусу маҳбасҳо як хел аст. Танқисӣ намекашидем.
-Дар масъалаи таъминоти ғизо, хӯрду хӯрок ва барои мисол дастурӯшустан кадом мушкилие надоштед? Оё дуруст аст, ки ғизои маҳбусонро аз берун пайвандонашон таъмин мекардаанд?
-Хурду хӯрок дар дохил ҳам буд, аз берун ҳам хешу таборҳо меоварданд. Шароити дастурӯшӯӣ ва пухту пази таом ба дараҷаи бисёр ҳам хуб буд. Шояд дар берун, дар бисёр ҷоҳо ҳамон шароите, ки дар маҳбас буд, набошад. Ҳамаи шароит фароҳам буд-ҳоҷатхона, таҳоратхона, ҳаммом, ки ҳамааш доим кор мекард. Оби гарм, оби сард мушкилӣ надошт.
ҲАМРОҲ БО ИСКАНДАРОВ, ҲОМИДОВ.....
-Ҳамроҳ бо Шумо аз нафароне, ки мардум мешиносанд, киҳо буданд?
-Дар он маҳбас Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёрмаҳмадов Назаралӣ, раҳматӣ Абдуҷалил Ҳомидов-раиси собиқи вилояти Суғд буд, ки дар маҳбас гузашта шуд, генерал Бекматов аз Гвардияи президентӣ аз шумори маҳкумшудаҳо ҳастанд. Нафарҳо зиёданд онҷо.
-Ба ҳар сурат шумо пеш аз анҷоми мӯҳлат ҷазо ба озодӣ баромадед. Чӣ боис шуд, ки шуморо зудтар раҳо кунанд?
-Нӯҳ сол буд мӯҳлати ҷазои ман. Се сол дар афви аввал- дар афви соли 2007 ин мӯҳлат кам карда шуд ва дар афви дуввум- дар соли 2009, боз аз ин мӯҳлат як солу ду моҳи дигар коҳиш дода шуд. Режими нигаҳдории ман пурзӯр буд ва азбаски ман аз се як ҳиссаашро ба анҷом расонидам раёсати корҳои ислоҳӣ пешниҳод кард ба муассисаи сукунатӣ. Пешниҳод кардан ба “волний поселенка” ва ҳамин тавр озод шудам.
-Шумо аз он, ки зиндонӣ шудед ва чанд соли умратон дар маҳбас гузашт, пушаймон ҳастед ва ё ин ки ҳисоб мекунед нодуруст маҳкум шудед.
-Акнун хатоии мо ҳам буд. Баъзан мавридҳое мешавад, ки инсон хато мекунад. Баъзе хатоиҳову камбудиҳо буд ва онҳо сабаб шуданд, ки рафтем ба зиндон. Шукри Худо, ки раҳо шудам. Худо хоҳад боз хубтар мешавад. Баъд аз зиндон рафтору кирдор беҳтар мешавад, иншооллоҳ.
МАҚОМОТ АЗ РАЗМАНДАГОНИ СОБИҚ КӮМАК ХОСТАНД?
-Мегӯянд, ки бархе аз мақомоти расмӣ бо фармондеҳону размандагони собиқи дар зиндон буда дар бораи вазъи шарқи кишвар мулоқотҳо доир кардаанд.
-Не. Ин гуна сӯҳбатҳо набуд. Вале мақомот вохӯрданду аз шароити зиндагиамон пурсиданд. Вазири мудофиа омада буд. Сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия низ ҳамроҳаш буд. Ҳамин қадар медонам, ки сӯҳбат карданд ва пурсиданд аз шароити зиндагӣ дар маҳбас. Ва сӯҳбат ҳам дар бораи он буд, ки шароит барои маҳбусҳо ва маҳкумшудаҳо сабуктар шавад. Ба ҳамин хотир буд сӯҳбатҳояшон.
-Ҳозир барои дифоъ аз давлат зарурат пеш ояд, силоҳ ба даст мегиред, масалан агар, ки давлат аз Шумо бихоҳад дар ин ё он амалиёт иштирок кунед, чи мекардед?
-Ҳозир дар ин бора ягон фикр накардаам. Чуноне гуфтам саломатиам ҳам хуб нест. Ҷавоби аниқ дода наметавонам.
"БО МАН ЧУНИН СӮҲБАТ СУРАТ НАГИРИФТААСТ"
-То ҷое хабарҳо мерасанд на танҳо бо шумо, балки бо баъзе аз собиқ фармондеҳони дигар низ сӯҳбатҳо сурат гирифтааст.
-Шахсан бо ман чунин сӯҳбатҳо доир нашудааст. Аз ингуна сӯҳбатҳо ҳам хабар надорам. Дар онҷо ба таври умумӣ сӯҳбат карда буданд. Ин хел дар танҳоӣ сӯҳбат набуд. Аз вазорати мудофиа буд, аз дигар соҳаҳо низ намояндаҳояшон ширкат доштанд. Сӯҳбати умумӣ бо ҳамаи зиндониҳо буд. Онҳо барои аз назаргузаронӣ омада буданд.
-Ин мулоқот ба наздикиҳо сурат гирифт?
-Ба наздикиҳо буд. Вазири мудофиа худро ҳамчун намояндаи ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ кард. Маҳбусҳо ба он кас талабу дархости худро расониданд. Онҳо барои сабуктар кардани мӯҳлати ҷазо хоҳиши зиёд карданд. Хоҳиш карданд аз сардори давлат, ки барояшон як афв ва сабукиҳо диҳад.
-Инҷо шумо дар бораи талабу дархости маҳбусон барои афву бахшиш сӯҳбат кардед. Фикр мекунед онҳое, ки ҳоло аз шумори размандагону фармондеҳони мухолифин ва Фронти халқӣ дар маҳбасҳо ба сар мебаранд пушаймонанд ва дар ҳолати афв дигар ором хоҳанд буд ва ба аъмоле даст намезананд, ки боиси нигаронӣ бишавад?
-Оне, ки фикраш хароб аст, чи миқдор мӯҳлате, ки нишинад ӯ дар ҳамон фикр мемонад. Вай дигар намешавад, ислоҳ намешавад. Оне, ки дар пайи ислоҳ буд, беҳтар буд, хубтар буд, фикру ақидааш рӯшантар мешавад. Вай дар замони дар озодӣ буданаш ҳам ҳамин тавр буд ва дар чунин фикр буд вале хуб гоҳо, хатову камбуд мешавад дар инсон. Лекин дубора ба чунин кирдорҳо раҳ намедиҳад ва фаҳмишаш васеътар ва рӯшантар мешавад.
Аммо касе, ки фикру ақидаи хуб надошт дар ҳамон фикру ақидааш мемонад, чи қадаре ҳам ки бишинад. Ислоҳ намешавад дар мӯҳлати иҷрои ҷазо. 10 сол ё 20 сол шинад ҳам фарқ надорад. Вай кадом вақте набошад боз такрор мекунад. Ин роҳи ислоҳ нест. Шароит дигар мешавад шояд аз ин ҳисоб камтар иваз шаванд.
ЗАМОНЕ БО МУЛЛО АБДУЛЛО...
-Замони муқовиматҳои мусаллаҳона дар кадом ҷабҳа фаъолият доштед?
-Дар даврони мубориза мо дар ҷабҳаи ноҳияи Нуробод будем.
-Ҳамроҳ бо Мулло Абдулло?
-Мо дар онҷо якҷоя будем
-Дуруст аст, ки шуморо Мулло Абдулло сахт эҳтиром дошта ва ҳатто ба ҳайси бачахонд пазируфтааст ва шумо ба ӯ хеле наздик будаед?
-Ӯ яке аз фармондеҳони Наҳзати исломӣ буд. Мо ҳам, ки бошем намоянда ва аз шахсиятҳои Наҳзати исломӣ будем ва аз ҳамин ҳисоб бисёр наздик будем, эҳтироми мо зиёдтар буд.
"БО ИРОДАИ ХУД БА МУБОРИЗА ПАЙВАСТАМ"
-Чи гуна пайвастед. Бо иродаи худ ва ё ташвиқи касе?
Аслан падарам ва бародарам бо ин ҳаракатҳо шарик буданд. Вақте ин ҳодисаҳо ба вуқӯъ пайваст падарам бо мо хайрухуш карда ва ба тарафи Афғонистон ҳиҷрат карданд. Вале дар ёдам ҳаст, ки ҳанӯз падарам норафта буданд, ки ман ҳамон вақт ирода ба мубориза карда будам, гарчанде падарам маро таъкид карда буд, ки ягонҷо наравам ва саробони апаву хоҳарҳоям бишавам. Раҳматии бародарам калонтар буд ва дар ин чизҳо боз беҳтару хубтар сарфаҳм мераф.
Падарам гуфт, ки вай дар ин муборизаҳо мераваду ман бояд онҳоро нигоҳ кунам. Лекин мо ҳам фарзандашон ҳастем. Бача будем. Мард будем. Вақти хайрухуш ва видоъ бо падар, ба ман бисёр сахт таъсир кард. Ҳамон ҷо ӯ норафта буд, ки ман дар дилам қарор гузошта тасдиқ карда будам, ки то вақти омадани Шумо, мо иншооллоҳ ҳамроҳ мешавем ва муборизаро пеш мебарем.
Рафтанду мо ҳам рафтем. Боз дар шоҳидии худо дар дараи Ҳакимӣ, дигар касе набуд, дар тобистони соли 1993 ҳамин гуна аҳд карда будам. То вақте зиндаем дигар ягонҷо намеравем аз Тоҷикистон. Дар ҳаминҷо ҳастем ва дигар муборизаро давом додем то замоне, ки сулҳу оштӣ ба даст омад
"СУЛҲРО БА ҶОНУ ДИЛ ҚАБУЛ КАРДАМ"
-Сулҳро чӣ хел қабул кардед?
-Раҳбарияти Наҳзати исломӣ, ки қабул кард мо низ бо ҷону дил қабул кардем ва дигар супоришро иҷро кардем.
Вақте сулҳ шуд чӣ вазифа доштед?
-Аввал дар вазорати мудофиа командири рота, баъд дар ин вазорат ҷонишини командири баталион, ки то 2001 идома дошт ва баъд командири СОБР-и МВД таъин шудам ва то моҳи феврлаи соли 2007 агар хато накунам, кор кардам.
ЧАРО МУЛЛО АБДУЛЛО СУЛҲРО НАПАЗИРУФТ?
-Чаро Мулло Абдулло сулҳро напазируфт?
-Вай бештар дар ин фикр буд, ки оянда фиреб медиҳанд ва равонаи зиндон месозанд. Ин суханҳо ва сӯҳбатҳояш ҳамеша буданд.
-Яъне ӯ эътимод ва эътиқод надошт, ки ин сулҳ сулҳи воқеӣ аст?
-Бале, ҳамон вақт ӯ бовар намекард, қабул надошт, ки ин сулҳи дуруст аст. Ба ҳамин хотир вай қабул накард. Мо бисёр кӯшиш кардем, ки ӯ ҳам дар ин ҷараён бошад аммо қабул накард. Ҳама вақт фикраш ҳамин буд, ки мо фиреб мехӯрем
-Шумо кай ойила барпо кардед?
-Соли 1995 дар дараи Ҳакимӣ хонадор шудам. Ҳозир шукри Худованд шаш фарзанд дорам.
ЧИГУНА ФАТҲУЛЛО "ЭШОНИ ДАРОЗ ШУД"?
-Чаро шуморо эшони Дароз мегӯянд?
-Ин тахаллусро ба ман дар даврони мубориза доданд. “Эшон” гуфтанашон аз ҳисоби худораҳматии бобоям- эшони Тоҷ ва Дарозро изофа кардан аз ҳисоби қоматбаландӣ, баландии қад. Исмамро қариб, ки намедонистанд. Дар онҷое, ки зиндагӣ мекардам ин тахаллус номи аслиамро аз байн бурд. Дигар шудем эшони Дароз ва ҳамин тавр номи аслиам фаромӯш шуд.
"МЕДОНИСТЕМ РОҲАМОН МУБОРИЗА АСТ..."
-Инҷо дар сӯҳбат гуфтед, маъмурони маҳбас гумон кардаанд, ки Шумо барои он даст ба муборизаи низомӣ задед, ки хонаҳоятонро сӯзониданд. Дар воқеъ ҳамин тавр буд?
-Дар маҳбас тибқи маъмул роҳбарон ва масъулини зиндон бо ҳар яке аз маҳкумшудаҳо, ки ба зиндон оварда мешаванд, сӯҳбатҳо доир мекунанд. Дар яке аз чунин сӯҳбатҳо дар ин бора саволу ҷавоб шуда буд ва маро ҳам аз солҳои аввали мубориза ва дигар чизҳо пурсида буданд. Гуфтанд, ки кай ва кӣ хонаҳоямонро алов зад?
Гуфтам, ки Кофарниҳон омаданд, хонаҳоямонро алов заданд вале мо баъдтар ва аз ноҳияи Нуробод ба мубориза шарик шудем. Якҷо шудем бо муборизони Наҳзати исломӣ. Онҳо фикру андешаашон ин буд, ки ман барои хонаҳоямонро алов задан, ба ҳамин хотир ба мубориза рафтаам. Ман гуфтам, ки на. Ин хонаҳоро барои ман не, барои падару бародарам алов зада буданд. Вале мо медонистем, ки роҳамон мубориза аст ва баъди ҳиҷрати падар, мо пайвастем бо муборизони Наҳзати исломӣ. Ин пурсишро вақте, ки маро аз Сизо ба маҳбас мебурданд онҷо дода буданд.
-Гуфтед, ки Шералӣ Хайруллоев бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳам сӯҳбат кардааст? Дар чӣ бора буд ин сӯҳбат?
-Искандаровро пурсиданд, ки кадом саволу дархосте дорад ё на? Вай гуфт савол надорад. На савол дод ва на дархост кард.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»