14:07:05 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУ ПУЛА ҒАВҒО

Воситаҳои ахбори оммавии Русия рӯзҳои охир вобаста ба муроҷиати телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 -солагии қабули қонуни нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва муҳокимаи лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шӯру валвала бардоштаанд, ки дар матбуоти мамлакат чоп карда шуд. Вобаста ба шурӯ валвалаи мазкур зарбулмасали машҳури «Ду пула ғавғо» ба хотир меояд. 

Дар робита изҳороти ҷавобии муовини раиси Комиссияи татбиқи Қонун «Дар бораи забон»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуғаффор Ҷӯраев пешкаши хонандагон гардонда мешавад. Аз хонандагони мӯҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки ба номи ин қонунҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

 

Агар қонуни нахустин танҳо ба баъзе ҷиҳатҳо ва вазъияту ҳолати ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забони русӣ дахл дошта бошад, дар лоиҳаи қонуни нав сухан танҳо дар бораи забони давлатӣ меравад. 

Маҳз барои ҳамин дар лоиҳаи қонуни нав мақоми забони русӣ ё забонҳои дигари хориҷӣ ба таври мушаххас зикр карда нашудааст. Бо вуҷуди ин дар қисми дуюми моддаи 4-уми лоиҳаи қонун гуфта мешавад: «Халқҳо ва миллатҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун ҳақ доранд, ки забони модарии худро озодона истифода баранд».

Лоиҳаи қонуни нав вазифа ба миён мегузорад, ки тамоми фаъолияти эҷоди қонунҳо, коргузорӣ, мукотибаи расмӣ бо мақомоти ҳокимият ва идора танҳо бо забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Ин ба ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ, эълону реклама, номгузорӣ ва тағйири номи муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, маҳаллаҳои аҳолинишин, матни мӯҳру штампҳо, бланкҳо, овезаҳо, прейскурантҳо, нархномаҳо ва ғайра дахл дорад. 

Мақоми забони давлатии тоҷикон ҳуқуқи забонҳои дигарро маҳдуд намесозад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки забони давлатӣ чи гуна забон аст? Забони давлатӣ воситаи муомила ва муоширати хаттию шифоҳӣ аст, ки дар мамлакат барои коргузорӣ дар муассисаҳо, мурофиаи судӣ, машғулият дар мактабҳо новобаста ба таркиби аҳолӣ бояд ҳатман риоя карда шавад. 

Аз рӯи таъиноти ЮНЕСКО, ки соли 1953 нашр карда шудааст, «забони давлатӣ-забони идораи давлатӣ, қонунгузорӣ, мурофиаи судӣ, забонест, ки вазифаи ҳамгироиро дар доираи як давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иҷро карда, ҳамчун рамзи давлат истифода карда мешавад».

Бинобар ин масъалаи забони давлатӣ аҳамияти бузурги давлатӣ дорад.Забони давлатӣ ҳамчун парчам, нишони миллӣ ва суруди миллӣ яке аз рукнҳои давлат аст, ки бо он мафҳуми Ватан ифода карда мешавад, забони давлатӣ бояд тамоми халқҳо, миллатҳо ва шаҳрвандони мамлакатро муттаҳид созад. 

Сиёсати давлат оид ба забон маҳаки асосии сиёсати миллии ҳар гунна давлат аст. Оё дар худи Русия бе донистани забони давлатии ин мамлакат кору зиндагӣ кардан мумкин аст? Дар ИМА, Британия Кабир, Фаронса, Олмон ва Хитой чӣ? Дуруст аст, ки дар Иёлоти Муттаҳида забони ягонаи давлатӣ вуҷуд надорад, зеро забони англисӣ ба муқаррар намудани мақоми расмиаш мӯҳтоҷ нест. 

Мақоми забони русӣ дар Русия низ ба ҳамагон фаҳмост, дар ин ҷо барои муайян намудани мақоми забони русӣ андешидани чораҳо шарт нест, ҳол он ки соли 2005 дар ин ҷо низ «Дар бораи забони давлатии Федератсияи Русия» қонун қабул шуда буд. 

Вале забони тоҷикӣ ба чунин мақом ва ҳимояи давлат эҳтиёҷи калон дорад. Дар робита ҳамаи мо бояд ба моҳияти сиёсати давлатамон дар масъалаи забон амиқтар сарфаҳм равем. Давлати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз оҳанги сиёсӣ додан ба ин масъала сарфи назар карда, проблемаи забонро бо усулҳои мутамаддин бо назардошти эҳтиёҷоти аҳолии мамлакат ба истифодаи забони миллӣ ҳаллу фасл намояд. 

Маълум аст, ки қонуни аввалии забон дар мамлакати мо 20 сол пеш қабул шуда буд, вале ҳанӯз ҳам коргузорӣ ва мукотибаи расмӣ на дар ҳамаи корхонаю муассисаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар робита зарурати андешидани тадбирҳо бо мақсади ҳифзи забони давлатӣ ба миён гузошта мешавад. Шаҳрвандони мо бояд забони давлатиро донанд ва бо забони давлатӣ сӯҳбат кунанд. 

Таҷрибаи таърихии ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён андӯхташуда шаҳодат медиҳад, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони ширин, хушоҳанг, латиф ва шеъру суруд дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат дошт ва забони давлатии қисми зиёди мамлакатҳои қитъаи Осиё буд! Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар давраи пешрафти бо суръати техникӣ ва истифодаи технология ҳозиразамон забони мо ба дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза мувофиқ гардида, онҳоро бо назардошти табиату имкониятҳояш қабул намояд. 

Барои таъмини рушди самарабахши забони адабӣ ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳия намудани барномаи давлатии ташаккул ва рушди забони миллӣ зарур аст. Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муроҷиаташ ба мардуми кишвар ба муносибати 20-солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» маҳз дар ҳамин хусус сухан ронд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз бо ҳамин мақсад барои муҳокима ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

Воситаҳои ахбори оммавии Русия дар ин масъала ҳар чизи ба хаёлашон омадаро баҳудаю беҳуда чоп мекунанд. Раиси Кумитаи масъалаҳои ИДМ ва робита бо ҳамдиёрони Думаи давлатии Федератсияи Русия Алексей Островский 23 июл зимни сӯҳбат бо мухбири Агентии иттилоотии «Регниум» изҳор намуд: 

«Амалӣ сохтани қонуни нави забон дар Тоҷикистон, ки мувофиқи он забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо буданашро аз даст медиҳад, сабаби ба миён омадани шӯру исён дар ҷумҳурӣ хоҳад гашт». Мо дар ҷавоб изҳор карданием, ки ин суханони ҷаноби Островский ягон асоси воқеӣ надорад. Мардуми Тоҷикистон дар ҷавоби ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмаон дар бобати ҳимояи ҳуқуқи истифодаи забони ҳамаи миллатҳои сокини мамлакатамон тамоми кӯшишҳои ӯро пурра дастгирӣ менамоянд, ки ба рушду нумӯи минбаъдаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва ба сатҳи баландтар баровардани нақши он равона шудааст. 

Мо ба ҷаноби Островский Фармони Президенти ҶТ-ро «Дар бораи беҳтар намудани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 апрели соли 2003 хотиррасон менамоем. Дар доираи фармони мазкур Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2003 ва барномаи давлатии беҳтар сохтани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар давоми солҳои 2004-2014 қабул шуд. Дар он вазъияту ҳолати забони русӣ дар ҷумҳурӣ дар шароити имрӯза таҳлил намуда, вазифаҳои имрӯзаи олимон ба таври зайл муқаррар карда мешаванд:

-ташаккули забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байни миллатҳои давлатҳои ИДМ, мамлакатҳои соҳили Балтика ва халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҷорӣ намудани омӯзиши муттасили забони русӣ дар ҳамаи мактабҳои маълумоти умумӣ аз ҷумла дар муассисаҳои томактабӣ;

-омода сохтан ва бозомӯзии мақсадноки омӯзгорони забони русӣ аз ҳисоби кадрҳои миллӣ;

-тартиб додани барномаҳои таълимии омӯзиши забони русӣ барои тамоми табақаҳои ҷомеа;

-бунёди заминаи дахлдори моддию техникӣ барои омӯзиши забони русӣ ва ғайра.

Бисёр воситаҳои ахбори оммавии Русия аз ҷумла РИА «Новости», «Комерсант», «Время новостей», Радиои «Эхо Москвы» ва сайти интернетии «Фарғона.ру» даъво доранд, ки гӯё Тоҷикистон аз забони русӣ ва нақши он ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо даст мекашад. Мо хотири онҳоро ҷамъ карда, хабар медиҳем, ки алҳол ҳеҷ кас моддаи 2-юми Конститутсияи мамлакати моро бе кор накардааст. Дар он равшану фаҳмо гуфта мешавад, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо истифода карда мешавад…»

Радиои «Эхо Москвы» рӯирост изҳор менамояд: «Шояд ин ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон ба сафари Д. Медведев ба Тоҷикистон муносибати бевосита дошта бошад….». Аниқтараш, ба радиои мазкур ва воситаҳои дигари ахбори оммавии Русия зарур бошад, ки байни ин масъалаҳо муносибати бевоситаро муқаррар кардан хоҳанд. Вале хоҳиши онҳо дигар асту ҳақиқати воқеӣ дигар.

Агар ҳаминро ба назар гирем, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз дар парлумоти мамлакат муҳокима карда нашудааст, тамоми ин шӯру валвала ва ҳангома мазҳакаи машҳури Вилям Шекспир «Ду пула ғавғо»-ро ба хотир меорад, ки чанд сол пеш дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба саҳна гузошта шуда буд. 

Агар тамошобинони мӯҳтарам фаромӯш накарда бошанд, қаҳрамонони ҷавони ин асари саҳнавӣ- Геро ва Клаудио ба ҳамдигар дӯсту рафиқ мешаванд, вале дар ҷараёни намоиш деви бадхоҳ бо номи Ҷон пайдо мешавад, ки дӯстии қаҳрамонони асарро барбод додан мехоҳад. Вай бо ин мақсад Героро ба бевафоӣ гунаҳкор месозад. 

Дар намоиш қаҳрамонони асар ба мақсад намерасанд, вале хушбахтона ҳамаи ин танҳо шурӯ ғавғо ва валвалаи беҳуда мебошад. Қаҳрамони манфии асар мехоҳад «аз пашша фил сохта» ба ҳадафҳои нопоки худ расад, вале ин дар ҳақиқат, танҳо амри маҳол асту халос.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi