ИСТИФОДА АЗ НЕРӮИ СПАД ДАР МАВОРИДИ БӮҲРОНӢ
Дабири кулли Созмони Паймони амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) гуфтааст дар сурати бурузи вазъияти бӯҳронӣ, ки ба тамомияти арзӣ ва суботи кишварҳои узви ин созмон таҳдид мекунад, нерӯҳои низомии ин созмон истифода хоҳад шуд.
Женерол Николай Бордюжа, Дабири кулли Созмони Амнияти Дастҷамъии Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ (СПАД) баъд аз зӯҳри панҷшанбеи 17 март дар поёни ҷаласаи гурӯҳи кории ин созмон дар масоили Афғонистон гуфт, ки барои анҷоми ин амал заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шудааст. Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як созмони амниятӣ аст, ки дар он Русия нақши меҳварӣ дошта ва чаҳор кишвари Осиёи Миёна ва кишварҳои Арманистон ва Белорус низ аъзои он ҳастанд.
Ба гуфтаи оқои Бордюжа, дар замони даргириҳо дар ҷануби Қирғизистон дар тобистони соли гузашта барои вуруди нерӯҳои ин созмон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам набуд ва дар моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастҷамъӣ дар шаҳри Маскав асноди ҳуқуқӣ дар ин замина ислоҳ шудааст.
Вай таъкид кард, ҳамакнун дар канори заминаи ҳуқуқӣ барои истифодаи нерӯ СПАД 4,5 ҳазор нерӯи посдори сулҳ ва воҳидҳои воканиши сареъ дар ихтиёр дорад, ки ба ҳангоми бурузи таҳдиди низомӣ ё ҳамалоти гурӯҳҳои терруристӣ ба кишварҳои узви ин созмон аз ин нерӯҳо истифода хоҳад шуд. Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ вазъи амниятии марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ноором арзёбӣ карда ва гуфт, ки СПАД омода аст барои тақвияти ин марз ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кумак кунад.
Женерол Шараф Файзуллоев, муъовини аввали Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва раиси Ситоди ин нерӯҳо ба навбаи худ гуфт, ки дар шароити феълӣ марзбонони тоҷик ба кумакҳои низомию фаннӣ, бахусус, силоҳҳои мудерн ва ҳеликоптарҳои низомӣ ниёз доранд.
Дар ҳоле ки Женерол Николай Бордюжа, Дабири кулли Созмони Амнияти Дастҷамъии Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ (СПАД) ва Амирқул Азимов, Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон, аз ҷумла дар шимоли ин кишвар таъкид доштанд, Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон вазъияти манотиқи шимоли ин кишварро босубот арзёбӣ кард.
Оқои Имомов, ки субҳи панҷшанбеи 17 март дар ҷаласаи гурӯҳи кории СПАД дар шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, гуфт: “Нерӯҳои давлати Афғонистон дар соли гузашта ва авоили соли ҷорӣ аз токтики зарбаҳои нуқтаӣ истифода карда ва манотиқи шимоли кишварро аз гурӯҳҳои Толибон ва терруристҳои байналмилалӣ поксозӣ кардаанд.”
Бад ин тартиб, ба гуфтаи вай, ҳоло дар вилоятҳои Тахор, Қундуз ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, гурӯҳҳои террурист, пойгоҳҳо ва анбори аслиҳаи онҳо комилан нобуд шудаанд. Аммо Акрам Аминов, муъовини Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон ин иттилоъро рад карда ва гуфт, бар асоси иттилоъи манобеъи иттилоъотии низомии Тоҷикистон дар манотиқи шимоли Афғонистон дар канори гурӯҳи Толибон гурӯҳҳои терруристии байналмилалӣ низ ҳузур доранд.
Аз сӯйи дигар, женерол Николай Бордюжа гуфт, ки дар нимаи дуюми соли гузашта як гурӯҳи терруристу бунёдгаро аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда ва дар ҳаводиси водии Рашти ин кишвар ширкат кардаанд. Женерол Бордюжа гуфт, ҳоло низ мавориди тирборон кардани посгоҳҳои марзии Тоҷикистон аз самти Афғонистон, убури ғайриқонунии қочоқбарони афғон аз марз ва вуруди афроди Толибон ба ҷазоири рудхонаи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сабт шудааст.
Дар ҷаласаи гурӯҳи кории Созмони Амнияти Дастҷамъии Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ (СПАД) дар канори тадобири низомӣ ҳамкориҳои иқтисодии миёни навоҳии марзӣ ва тавсеъаи тиҷорати марзӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро аз дигар аз роҳҳои таъмини субот дар марз унвон шуд. Аз ҷумла, Растислав Вербенскӣ, раҳбари Дафтари Барномаи Тавсеъаи СММ дар Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун тарҳи коҳиши мизони фақр дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон таҳия шудааст.
Ба гуфтаи оқои Вербенскӣ, ҳазинаи 5 милюндулории ин тарҳ аз ҷониби давлати Жопун таъмин шуда ва дар навоҳии Қумсангир, Ҷилликӯл, Қубодиён, Фархор, Ҳамадонӣ ва Шӯрободи Тоҷикистон ва Имом Соҳиб, Чордара, Арчӣ, Кундуз ва Қалъаи Золи Афғонистон роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, дар чаҳорчӯби ин тарҳ ба навоҳии марзии ин ду кишвар дар густариши ҳамкориҳои байнимарзии ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ниҳодҳои манотиқи озоди иқтисодӣ мусоъидат сурат бигирад.
Би-Би-Си