09:20:05 26-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БАХИЛӢ ТАНҲО БА ГӮР МЕКАШАД

Ростӣ бухлу ҳасад доман надоштааст. Аз ҳамин ҷо мардум латифаҳо мебофанду якдигарро хушҳол месозанд. Дар ин миён латифаҳо дар мавзӯи муносибати ҳамсояҳо дар радифи авваланд.

 

kaznЧун эътирози мақомоти Ӯзбекистонро алайҳи тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Покистон дар доираи лоиҳаи САSA-1000 хондам, яке аз ин латифаҳо ба хотирам омад: “Ду ҳамсояе будаанд ва бо кадом гуноҳе маҳкум ба марг мегарданд. Қабл аз иҷрои ҳукми қатл, ба маҳкумшудагон ваъда медиҳанд, ки охирин орзуяшонро иҷро хоҳанд кард. Яке мегӯяд, ки  мехоҳам модарамро бубинам. Дуввумӣ дар қалбаш нисбати ҳамсоя он қадар бухлу ҳасад мепарварид, ки дар дами марг ҳам орзуҳои худро аз ёд рабуда мегӯяд, ки орзу дорам ҳамин ҳамсоя модарашро набинад”.

 

Албатта инсон ба латифа ҳеҷ гоҳ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ намедиҳад ва даме бо хушҳолию ханда онро шунида, лаҳзае пас онро ҳамчун шӯхии ғайриҷиддие фаромӯш мекунад. Мушоҳидаю омӯзиши хатти сиёсии Ҷумҳурии ҳамсоя – Ӯзбекистон дар самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин латифаи болоиро ба ёд меорад, вале он орӣ аз хушҳолию ханда буда, саропо олудаи буғзу ҳасад мебошад.

 

Ҳисси нотавонбинии бародарони ӯзбек (сухан дар бораи роҳбарияти сиёсии кишвар меравад, на ин ки мардуми оддӣ) то ҳадде боло гирифтааст, ки одобу таҳаммули дипломатиро нодида гирифта, ба тасмими пешгирифтаи  дигар кишварҳои мустақил “норизоият” баён медоранд. Тошканд бар он аст, ки "мавқеи Ӯзбакистон дар масоили обӣ бо қонунҳо ва меъёрҳои байналмиллалӣ асос ёфтааст. Кишварҳои болооб бояд Созишномаи фаромарзии муҳитзистӣ дар бораи бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обиро риоя намоянд."

 

Аммо чун худ мефаҳманд, ки ин мавқеъ пойдарҳавост ва кишварҳои аврупоӣ низ андешаашонро тағйир дода, ин авохир ҷониби сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни таваҷҷӯҳ доранду дар истифодаи он хатареро барои минтақа намебинанд, кӯшиш дорад бо кадом роҳе набошад, монеъи иҷрои амалии тарҳи САSA-1000 гардад. Зеро ба ҳеҷ минвол рушди иқтисодии ҳамсояро таҳаммул карда наметавонад.

 

Гузашта аз ин, Ӯзбекистон чун медонад даъвоҳояш оиди халал ёфтани Созишномаи фаромарзии муҳитзистӣ, хилофи қавонину меъёрҳои байналмилалӣ будани тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон, хатарҳои эҳтимолии экологӣ ва ғайра беасосанд, Покистонро тарсониданӣ мешавад, ки тарҳи пешниҳоди интиқоли барқи Тоҷикистон ба Покистон, тавассути хоки Афғонистон - ноомнтарин нуқтаи ҷаҳон мегузараду барояш танҳо зиёни иқтисодӣ меорад.

 

Тошкандро ҳисси бахилӣ ончунон ноором сохтааст, ки дигар маърифату назокати маъмулии дипломатиро сарфи назар намуда, мантиқан аз Ҷумҳурии Исломии Покистон тақозо дорад, ки созишномаи бо Тоҷикистон бастаашро бекор намояд. Дар ивазаш ҳатто ваъда медиҳад, ки “якҷоя бо Қазоқистон ва Туркманистон, омодаанд ҷиҳати оғози бунёди се нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори 1315 мегаватт дар дарёи Сувот дар шимоли Покистон кӯмаки молӣ кунанд...”. Ин дар ҳолест, ки Қазоқистону Туркманистон нисбати тарҳи САSA-1000 ҳоло назарашон номаълум аст.

 

Роҳбарияти сиёсии имрӯзаи Тошканд бо ин иқдоми худ бори дигар собит сохт, ки нисбати Тоҷикистон дар қалбаш танҳо бадбиниро мепарварад. Ӯ омода аст, ки ба ҳар қимате набошад дар роҳи пешрафти Тоҷикистон садде эҷод кунад. Магар барои ин кишвар осонтар набуд, ки ваъдаҳои ГЭС-созиро ба Тоҷикистон диҳаду роҳи расидан ба созишро доир ба масоили обӣ-барқӣ бо ҳамсоякишвари худ ҳаллу фасл намояд?

 

Неъ! Масъала дигар аст! Сиёҳии ҳасад ончунон нури чашмонашро тира кардааст, ки бо кадом баҳое набошад омодааст ба чархи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон халалчӯб дарорад. Вале миллати тоҷик танҳо бо  хирадмандию дурандешӣ ба кӯрдилон посух додааст. Тарҳи Роғунро хавфноку таҳдидовар гуфтанд? Гуфтанд! Дар посухаш мо санҷиши байналмилалиро тақозо кардем. Имрӯз, ки мутахассисони хориҷӣ аз бехавф будани ин тарҳ ва эҳтимолияти ширкаташон дар сохтмони нерӯгоҳ сухан гуфтан доранд, хоб аз чашми роҳбарони Ӯзбекистон паридааст.

 

 Ҳамин дирӯз буд, ки вакили порлумони Аврупо аз Шотландия Страун Стевинсон дар асоси супориши раҳбари САҲА масоили обӣ ва ҳамкорӣ дар бахши обии Осиёи Марказиро таҳқиқ намуда, дар 350 саҳифа хулосаи худро пешниҳод кард. Тибқи хулоса дар сарбанди Роғун, ки комилан шабеҳи Норак аст, ҳеҷ мояи нигаронӣ нест ва даъвоҳои Ӯзбекистон дар ин масъала ғалатанд. Акнун Ӯзбекистон бо тарҳи САSA-1000 муқобил баромадааст. Магар бидуни Роғун мо наметавонем нерӯи барқи изофии аз дигар нерӯгоҳоямон истеҳсолшавандаро фурӯшем?

 

Магар раҳбарияти Ӯзбекистон намедонанд, ки мо дар тобистон аз нерӯгоҳҳои мавҷудаамон чӣ қадар нерӯи зиёфа тавлид мекунем? Медонанд! Дида ва пазируфтан наметавонанд ё намехоҳанд. Ҳисси фишори бухлу кина нисбати тоҷик дар шарёнашон он қадар баланд шудааст, ки фардо аз тамоми кишварҳо тақозо хоҳанд кард, ки бо Тоҷикистон тамоми иртиботашонро қатъ созанд. Чунки дигар маърифату назокати дипломатиро ҳам аз даст додаанд. Вале “бахилӣ танҳо ба гӯр мекашад”.

 

Тоҷикистониён нисбати ягон ҳамсоя ҳисси бадбинию ҳасад надоранд ва бадро бо бадӣ посух гуфтанӣ ҳам нестанд, танҳо пайи гирифтани ҳаққи худ дар сарзамини худ талош доранд. Худованд ҳамеша ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Ин бори аввалу охир нест. Зеро гуфтаанд, ки “ҳар, ки ранҷе бинад охир неъматаш ояд ба ком”.

 

Шералӣ Валиев



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi