ПОЁНИ ИҶЛОСИ НАХУСТВАЗИРОНИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ
Ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар шаҳри Душанбе бо имзои ду санад анҷом ёфт. Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар поёни ин нишаст санаде дар бораи тасвиби гузориш аз фаъолияти ин созмон ва тарҳи буҷети СҲШ барои соли оянда имзо шудааст.
Нахуствазири Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки раҳбарони ҳайъатҳои узви ин созмон тасмим гирифтаанд фаъолиятҳои худро барои ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангӣ тақвият бахшанд. Ба гуфтаи вай, нахуствазирони СҲШ бар ин назаранд, ки барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бояд иқдомоти муштараке анҷом диҳанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи Оқил Оқилов, дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон барои таъмини амният дар минтақа тавофуқ шудааст.
Дар ҷаласа тасмим шудааст, ки раёсати Шӯрои нахуствазирони СҲШ, ки дувумин ниҳоди умдаи ин созмон маҳсуб мешавад, дар соли 2011 таҳти раҳбарии Русия сурат мегирад. Владимир Путин, нахуствазири Русия, ки низ дар ин ҷаласа ширкат дошт, ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки бояд дурнамои рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон барои даҳ соли оянда таҳия шавад.
Зимни изҳори назар дар мавриди вазъи амниятии минтақа, оқои Путин ба вуҷуди хатароти амниятӣ дар Афғонистон ишора карда ва ба ироаи кумакҳо ба Қирғизистон дар заминаи рафъи мушкилоти ин кишвар даъват кард. Владимир Путин куллияи кишварҳои узви ин созмон ва кишварҳои нозир дар СҲШ-ро ба ҷаласаи оянда ба Маскав даъват кард.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадризо Раҳимӣ, муъовини раиси ҷумҳурии Эрон, ки дар ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ ба унвони нозир ширкат дошт, дар мусоҳиба бо расонаҳои гурӯҳии кишвараш дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки иҷрои ҳадафҳои ин созмон, бавижа дар заминаи ҳамлу нақл ва тронзит бидуни узвияти Эрон душвор аст.
Вай афзудааст, ки дар нишасти Маскав, кишвараш мавзӯъи дарёфти узвият дар ин созмонро матраҳ хоҳад кард ва дар сурати радди ин дархост, дигар ба ҳамкорӣ бо ин созмон алоқаманд нахоҳад буд. Зимнан, дар чорчӯби ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе мулоқоти дуҷонибаи раҳбарони ҳайъатҳо низ баргузор шуд.
Аз ҷумла, Владимир Путин бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ва Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, дидор ва гуфтугӯ кард. Аммо ҷузъиёти ин дидорҳо мунташир нашудааст. Баъд аз нимарӯзии 25 ноябр дидори Президент Раҳмон бо нахуствазири Русия дар назар аст. Вай субҳи имрӯз бо Вен Ҷибао, нахуствазир Чин, низ мулоқот кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3667-2010-11-25-10-56-46.html