ҲАМОИШИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ ШИКАНҶА ДАР ТОҶИКИСТОН
сешанбеи 23 ноябр ба ибтикори намояндагии Кумисериёи олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Қирғизистонва идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуд.
Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои интизомӣ аз ҷумлаи раҳбарони бахшҳои вазорати умури дохилии манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва намояндагони соири ниҳодҳои марбут ба низоми додгоҳӣ ва додгустарӣ ширкат доштанд. Лилия Захариева, мушовири СММ дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш боло бурдани иттилоъоти кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳӣ аз ҷузъиёти прутукули муқаддамотии конвенсиюни Сзмони Миллали Муттаҳид (СММ) алайҳи шиканҷа аст.
Хонум Захариева афзуд: “Ҳарчанд Тоҷикистон ба конвенсиюни алайҳи шиканҷа пайвастааст, вале ин кишвар ҳанӯз прутукули муқаддамотиро таъйид накардааст. Қирғистон ва Қазоқистон ин прутукулро тасдиқ кардаанд ва мо гумон мекунем, ки агар давлати Тоҷикистон низ ба онҳо бипайвандад ва прутукулро имзо кунад, ин амр барои аз миён бурдани мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон кумак хоҳад кард.”
Ин чаҳорум ҳамоиш дар робита ба масоли шиканҷа барои кормандони ниҳодҳои зирабт дар Тоҷикистон аст. Се нишасти қаблӣ дар устонҳои ин кишвар доир шуда ва барои ширкат дар онҳо низ кормандони интизомӣ даъват шуда будаанд.
Камбуди иттилоъот аз эъмоли шиканҷа
Сергей Романов, раиси маркази ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯяд, ки баргузории чунин нишастҳо метавонад барои аз миён бурдани эъмоли шиканҷа дар Тоҷикистон нақши созандаеро ифо кунад.
Оқои Романов афзуд: “Фикр мекунам, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мухталифи ҷаҳонӣ, ки шиканҷа ва зӯроварӣ ба ҳангоми кор бо боздоштшудагонро аз системи интизомии худ маҳв кардаанд, метавонем кормандони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро низ барои даст кашидан аз ин шева водор кунем.”
Сергей Романов мегӯяд, ки яке аз мушкилоте, ки дар роҳи мубориза бо ин падидаи номатлуб дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, камбуди омор дар мавриди эъмоли шиканҷа дар ин кишвар будааст. Паём Фурӯғӣ, мушовири мустақил дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, ки чунин ҳамоишҳо таъсири нисбатан мусбате рӯйи кори мақомоти мухталифи кишвар дар заминаи ҷилавгирӣ аз хушунат ва шиканҷа хоҳад дошт.
Аммо вай афзуд: “Нишасти имрӯз ва ҳамоишҳои қаблӣ дар сурате таъсири назаррасе метавонанд рӯйи ҷомеъаи имрӯзӣ бигзоранд, агар дар онҳо намояндагони ҷомеъи маданӣ ва мардум ширкати бештаре кунанд.”
Оқои Фурӯғӣ мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон бо дарназардошти камбуди будҷа ва мушкилоти дигари иҷтимоъӣ масоили шиканҷаро масоили раддаи дувум ва савум медонад.
Шиканҷа дар муассисоти ниҳодҳои интизомӢ
Бархе аз созмонҳои ҳуқуқи башар аз мавриди эъмоли шиканҷа дар муассисоти марбут ба ниҳодҳои интизомии кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон интиқод мекунанд. Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳанӯз дар авоили оғози фаъолияташ дар расонаҳои хабарӣ “дидор аз зиндонҳои кишварро” яке аз авлавиятҳои аслии фаъолияташ унвон карда буд. Вале оқои Ализода, ки ҳамоиши имрӯзро гардонандагӣ мекард бо изҳори таъассуф гуфт, ки то ҳо бо сабаби фаъолиятҳои зиёде дар самтҳои дигар имкони амалӣ кардани ин амрро надоштааст.
Аммо оқои Зарифзода ҳарчанд мавҷудияти мавориди эъмоли шиканҷа дар Тоҷикисторо инкор накард вале вай афзуд: “Ба мо аз сокинони Тоҷикистон шикоят дар мавриди эъмоли шиканҷа ва ё зӯроварӣ дар қиболи онҳо ё пайвандони онҳо то ҳол нарасидааст. Вале дар мавриди дигар аз ҷумла масоили сиёсӣ ва иҷтимоъӣ мо аз бархе аз мардум шикоят дарёфт кардем.”
Вале оқои Ализода ваъда дод, ки дар ояндаи наздик аз зиндонҳои Тоҷикистон дидан ва бо вазъи зиндониён ошно хоҳад шуд.
“Шиканҷа” - шеваи бозпурсӢ дар минтақа
Дар ҳамин ҳол Зарина Нажмуддинова, хонуми Илҳом Исмонов(Исомов), шаҳрванди Русия, ки рӯзи 3-уми ноябр тавассути пулиси устони Суғд боздошт ва ба гуфтаи хонум Нажмуддинова шиканҷа шудааст, гуфт, ки ба ҳамаи ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон аз ҷумла омбудсмен аз эъмоли хушунат алайҳи шавҳараш шикоят бурдааст. Хонуми Нажмуддинова ҳамчунин аз он шикоят кард, ки кормандони бахши вазорати кишвар дар устони Суғд ба вай ва вакили мудофеъ иҷозаи мулоқот бо шавҳарашро намедиҳанд.
Анна Зундер, масъули созмони Афви Байналмиллал дар масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва Туркманистон дар як суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми ноябр гуфт, ки эъмоли шиканҷа ба ҳангоми бозпурсӣ дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомӣва дар зиндонҳои кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон зиёд истифода мешавад.
Бархе аз ҳуқуқдонҳо низ бар ин ақидаанд, ки савияи ҳирфавии бештари кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ва камбуди мутахассисони ҳирфаӣ дар системи ташхиси ҷароим яке аз авоимили аслии афзоиши мавориди шиканҷа ва зӯроварӣ дар Тоҷикистон будааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3650-2010-11-23-19-20-45.html