ЧАРО АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ НАТО МУҲИМ АСТ?
Дар ҳоле ки либосҳои нави низомии худро ба рангҳои зарду сабз бар тан кардаанд, ба фармондеҳи худ, женерол Насрулло Ҷӯраев, салом медиҳанд. Инҳо донишҷӯёни Омӯзишгоҳи марзбонии Тоҷикистон ҳастанд, ки ахиран тармим шудааст.
Женерол Ҷӯраев, ки аз таҷрубаи набардҳо дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 обутоб ёфтааст, чанд сол мешавад, ки раёсати омӯзишгоҳи марзбониро ба ӯҳда дорад. Даврони вай ба унвони як афсари фармондеҳ дар омӯзишгоҳи марзбонӣ ба хотири тармим ва бозсозии бинои ин омӯзишгоҳ дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд. Ин бинои вайрона, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос монда буд, бо сармояи давлати Амрико ба як бунгоҳи омӯзишии ҷадиде табдил шудааст.
Омӯзиши марзбонон бисёр муҳим аст. Тоҷикистон тақрибан дар имтидоди 1400 килуметр бо Афғонистон марзи муштарак дорад, ки бештари онро манотиқи кӯҳистонӣ ва душвор ташкил медиҳанд. То соли 2005 ҳомии собиқи давлати Тоҷикистон, Русия, ба муроқибат аз марз кумак мекард.
Вале баъд аз он ки русҳо марзро раҳо карданд, Амрико ба ёрии марзбонони тоҷик шитофт. Соли гузашта Вошингтун маблағи 15 милюн дулор дар тарҳҳои мухталиф, аз омӯзиши марзбонон гирифта то фароҳамсозии таҷҳизоти нав барои посгоҳҳои марзӣ, сармоя гузоштааст. Кеннет Грос, сафири Амрико дар Душанбе, мегӯяд: "Имкон дорад маводди мухаддир, аслиҳа ва теруристҳо аз марз гузаранд."
Ҳамалоти паёпай
Оқои Гросс меафзояд: "Мо талош мекунем ба ҳимоят аз марзбонон дар сатҳи нисбатан болотаре идома диҳем, то мутмаин шавем, ки он метавонанд аз марз муроқибат кунанд."
Яке аз далоили сармоягузории Амрико дар Тоҷикистон ин аст, ки ин кишвари Осиёи Миёна дар масири тозаи интиқоли тадорукот ба нерӯҳои Амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон қарор дорад. Амрико аз қаламрави Тоҷикистон барои интиқоли маводди ғайринизомӣ ба Афғонистон истифода мекунад.
Ин масир бо номи Шабакаи шимолии интиқоли тадорукот (NDN - Northern Distribution Network) маъруф аст. Ин шабака аз маҷмӯъи иртибототи роҳи оҳан, роҳҳои обӣ ва заминие иборат аст, ки аз тариқи Русия, Қафқоз ва Осиёи Миёна мегузаранд ва бо он мавод ва колоҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва дорӯ ба нерӯҳои Амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон интиқол дода мешаванд.
Шабакаи шимолӣ гузинаи дигаре дар баробари масири аслии тадорукот барои нерӯҳои Амрикоӣ ва НАТО аз тариқи Покистон аст, ки дар ин авохир ҳадафи ҳамалоти паёпайи Толибон қарор гирифтааст. Тибқи иттилоъи Фармондеҳии нерӯи ҳамлу нақли артиши Амрико, 40 дарсади тадорукот барои нерӯҳои Амрикоӣ ва НАТО аз тариқи масири шимолӣ мунтақил мешавад.
Оқои Грос дар бораи ин масир мегӯяд: "Шабакаи шимолии интиқоли тадорукот имкон медиҳад, ки мо аз нерӯҳоямон дар Афғонистон ва аз талошҳоямон барои тавсеъа ва ободии он кишвар ба таври фарогир ҳимоят кунем ва танҳо вобастаи як масир набошем."
Амрико ҳадафи дарозмуддатеро барои рушди тиҷорат байни Афғонистон ва ҳамсоягони шимолии он дар Осиёи Миёна дунбол мекунад. Ба ин манзур, дар соли 2007 ин кишвар пули иртиботии бузурге бар фарози рӯдхонаи Панҷ бунёд кард, ки Афғонистону Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад. Ҳарчанд бештари маҳмулаҳои маводди ғайринизомӣ ба нерӯҳои Амрикоӣ дар Афғонистон аз тариқи Ӯзбакистон фиристода мешаванд, аммо пули воқеъ дар Панҷи Поён ҳам ба унвони нуқтаи иртиботии муҳимме дар ин масир хидмат мекунад.
Мошинҳое, ки бору колоҳо барои нерӯҳои Амрикоӣ ва НАТО-ро мекашонанд, ба далоили маълум ҳеч гуна нишонаҳое бо худ надоранд. Зеро мумкин аст онҳо дар қаламрави Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор бигиранд. Ҳарчанд ҳеч мавриди ҳамла ба комюнҳои ҳомили ин мавод дар масири шимолӣ то кунун сабт нашудааст, вале ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки мумкин аст вазъият дар оянда тағйир кунад.
Тоҷикистон аз ҳамин ҳоло бо чолишҳои умдаи амниятӣ рӯбарӯст ва гузоришҳое аз юриши гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари маводди мухаддир ба қаламрави ин кишвар мунташир шудаанд. Дар моҳи сентябр давлат иддаъо кард, ки 20 нафар аз шӯришиёни Толибонро, ки мехостанд аз марз вориди Тоҷикистон шаванд, нобуд кардааст. Афзоиши хушунат дар шимоли Афғонистон ҳам бар нигарониҳои амниятии Душанбе афзудааст.
Хушнуд Раҳтматуллоев, сухангӯйи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд: "Шумори зиёде аз ҷангиёни Толибон таҳти фишори нерӯҳои байналмилалӣ ба шимоли Афғонистон ақаб нишастаанд ва амнияти кишвари моро таҳдид мекунанд. Аммо Тоҷикистон омода аст бо онҳо муқобала кунад."
Таҳдидҳои дохилӢ
Гузашта аз юришҳои эҳтимолии Толибон, амнияти дохилӣ дар Тоҷикистон низ рӯ ба таназзул ниҳодааст. Беш аз 60 сарбоз ва нерӯи вижаи давлатӣ дар ҳаводиси тирамоҳи имсол дар ин кишвар кушта шуданд. Як мошини ҳомили сарбозон дар шарқи ин кишвар ҳадафи ҳамлаи ғофилгиронаи пайкорҷӯёни мусаллаҳ қарор гирифт ва чархболе низомӣ дар шароити машкук ва мубҳам суқут кард.
Нахустин мавриди ҳамлаи интиҳорӣ ё худкушона ба як идораи пулис дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи сентябр низ Тоҷикистонро ба ларза даровард. Дар ин ҳодиса ду афсари пулис кушта шуданд. Давлат ифротгароёни мазҳабиро масъули ин хушунатҳо хонда ва ахиран корзореро барои бозгардондани ҷавонони тоҷик аз мадориси динии кишварҳои хориҷӣ ба роҳ андохтааст.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ ба мардум гуфт, ки бисёре аз муҳассилони мадориси динии хориҷӣ ба Тоҷикистон "теруристу ифротгаро" шуда бармегарданд. Саймудин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Душанбе, мегӯяд: "Рӯйдодҳои ахир дар ин ҷо баёнгари як бӯҳрони дохилии қудрат аст. Ҳамаи сохторҳои давлатӣ заъифанд. Ҳамаи он чи то кунун анҷом шуда, яъне он чи ба истилоҳ "бунёди давлатдории миллӣ" мехонанд, ноком аз об даромадааст."
Раҳбарони НАТО ва Амрико намехоҳанд, ки мушкилоти Афғонистон ба Тоҷикистон сироят кунад. Аммо амнияти ин кишвари кӯчак ба оромиши дохилӣ низ сахт бастагӣ дорад. Суқут ё вомондагии Тоҷикистон паёмадҳое барои минтақаи фарохтари Осиёи Миёна ба дунбол хоҳад дошт.
Райҳон Димитрӣ BBC News, Тоҷикистон
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3649-2010-11-23-19-17-18.html