10:33:47 24-уми Майи 2025 сол

АҲЗОБИ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТИ МИНТАҚА МУТТАҲИД МЕШАВАНД

Аҳзоби сотсиал-демократикишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтаанд иттиҳодияеро ташкил диҳанд. Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ки раёсати ҳизбаш тасмим гирифтааст ба ин иттиҳодия бипайвандад.

 

zoirovБа эътиқоди оқои Зойиров, таъсиси ин иттиҳодия шароитро барои табодули таҷруба ва донишҳои сиёсӣ дар заминаи тавсеъаи ҳаракати сусиёл-демукротик фароҳам мекунад. Вай гуфт, ки ахиран дар шаҳри Олмотии Қазоқистон ба ибтикори Анҷумани аҳзоби сусиёл-демукрот дар порлумони Иттиҳодияи Урупо ҳамоише барои тақвияти ҷойгоҳи ҳаракатҳои сусиёл-демукротик дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи вай, дар ҳошияи ин ҳамоиш ба ибтикори чанде аз ширкаткунандагон, аз ҷумла аз сӯйи намояндагони Тоҷикистон, пешниҳод шудааст, ки як иттиҳодияи аҳзоби сотсиал-демократи кишварҳои минтақа таъсис шавад.

 

Оқои Зойиров афзуд, ки дар ин ҳамоиш масъулони аҳзоби сусиёл-демукрот аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин, коршиносон аз Ӯзбакистон ва Туркманистон ширкат доштанд. Масъулони аҳзоби сусиёл-демукрот аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди ташкили чунин иттиҳодияе тавофуқ карда ва як гурӯҳи корӣ барои таҳияи асноди зарурӣ дар ин замина таъсис додаанд. Аз ҷумла, ҳизбҳои сусиёл-демукрот ва ҳизби “Азад” аз Қазоқистон, ҳизбҳои сусиёлист ва “Ата-мекен” аз Қирғизистон ва ҳизби сотсиал-демократиТоҷикистон барои узвияти худ дар ин иттиҳодия ибрози омодагӣ кардаанд.

 

Аз куллияи ин аҳзоб дар кишварҳои худ ба унвони аҳзоби умдаи мухолиф ном бурда мешавад. Ҳарчанд, ҳизбҳои сотсиалист ва “Атмакен” аз Қирғизистон ахиран дар пайи интихобот шуморе аз курсиҳои порлумони ин кишварро ишғол кардаанд. Раҳматулло Зойиров мегӯяд, ки ҳадафи аслии таъсиси чунин иттиҳодия табодули таҷруба ва омӯзиши афкори сусиёл-демукротик аст. Дар посух ба ин суол, ки оё ҳизби сотсиал-демократиТоҷикистон дар пайи пайвастан ба ин иттиҳодия метавонад дарёфти кумакеро аз ҳамтоёни худ интизор дошта бошад, вай гуфт, ки ин амр ғайримумкин аст.

 

Оқои Зойиров афзуд: "Муқаррароти қавонини Тоҷикистон ин аст, ки аҳзоби сиёсӣ ҳақ надоранд аз хориҷи кишвар кумаке дарёфт кунанд. Ва пайвастани мо ба ин иттиҳодия чунин ҳадаферо дунбол намекунад. Муҳим ин аст, ки мо аз таҷрубаи ҳамдигар баҳравар мешавем."

 

Ба гуфтаи раҳбари сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон, интизор меравад то авоили соли ҷадиди мелодӣ тадорукот барои таъсиси Иттиҳодияи аҳзоби сотсиал-демократикишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёбад ва сипас, кунфронси муассисони он баргузор хоҳад шуд. Се сол қабл дар Утриш гурӯҳе аз сиёсатмадорони мухолиф дар бораи таъсиси як иттиҳодияи нерӯҳои мухолифи кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буданд.

 

Аммо ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, мубтакирони ин иқдом натавонистаанд ба ин ҳадафи худ бирасанд. Зеро ба гуфтаи вай, ба ин иттиҳодия умдатан нерӯҳои ғайрирасмии мухолифи давлат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил шуда буданд. Вале ҳоло, ба гуфтаи вай, иттиҳодияи аҳзоби сотсиал-демократиОсиёи Марказӣ аз сӯйи аҳзоби расмӣ таъсис мешавад. Гузашта аз ин, ба ин иттиҳодия аҳзоби дигаре, ки ҳалли мушкилоти иҷтимоъӣ дар кившарҳои худро дунбол мекунанд, метавонанд шомил шаванд.

 

Вай хабар дод дар ҳамоише, ки ахиран дар Олмотии Қазоқистон баргузор шуд, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, ба намояндагӣ аз демократҳои Тоҷикистон, ширкат кардаанд. Дар ҳамин ҳол, пешниҳод барои таъсиси иттиҳодияи аҳзоби сотсиал-демократиОсиёи Марказӣ танҳо пешниҳоди оқои Зойиров барои муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ нест.

 

Дар авоили пойизи имсол раҳбари ҳизби сотсиал-демократиТоҷикистон аз таъсиси гурӯҳи корие барои ташкили як иттиҳодияи нерӯҳои демократик дар ин кишвар хабар дод. Интизор мерафт нахустин ҷаласаи муассисони ин ниҳод то авоили ин моҳ баргузор шавад. Вале ба гуфтаи оқои Зойиров, ахиран аз кумитаи тадорукоти ин ниҳод чаҳор нафар ба далоили мухталиф истеъфо додаанд. Ба ин далел, тасмим шудааст, ки тибқи муқаррароти қавонини Тоҷикистон кумитаи ҷадиди тадорукот ташкил дода шавад.

 

Вай афзуд: "Ёздаҳ созмони ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо ирсоли номае алоқамандии худро барои таъсиси иттиҳодияи нерӯҳои демукротики Тоҷикистон таъйид карданд ва дар зудтарин фурсат тадорукот барои баргузории ҷаласаи муассисон оғоз хоҳад шуд."

 

Дар ҳамин ҳол, гузориш шуда, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли номае тасмими раёсати ин ҳизб дар мавриди худдорӣ аз мушорикат дар ин иттиҳодияро эълом кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3594-2010-11-17-11-58-33.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ