05:59:23 01-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/29_babaev_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/29_babaev_2147_1'

"ИРТИБОТ БО РАШТ БА ДАЛОИЛИ АМНИЯТӢ ҚАТЪ ШУДААСТ"

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қатъи иртиботи телефунӣ бо минтақаи Рашт ба далоили амниятӣ сурат гирифтааст. Иртиботи телефунӣ, аз ҷумла иртибот бо телефунҳои ҳамроҳ, бо минтақаи кӯҳистонии Рашт аз рӯзи 21 сентябр, замоне ки нерӯҳои давлатӣ аз оғози амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои ба гуфтаи онҳо "терруристӣ" дар ин минтақа хабар доданд, қатъ шудааст. Ҳамакнун дар бораи вазъи амниятӣ дар водии Рашт иттилоъи дақиқе дар даст нест.

 

Иттилоъоти расида мубҳам ва норӯшан аст ва бисёре аз сокинони Душанбе бо ибрози нигаронӣ аз ин амр мегӯянд, ки онҳо аз бобати пайвандони худ дар ин минтақа нигаронанд ва наметавонанд бо онҳо тамос бигиранд. Ғафур Эркинов, раиси Анҷумани фароҳамгарони хадамоти телефуни ҳамроҳ дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ қатъи иртиботи телефунӣ бо минтақаи Раштро тадбире қонунӣ ва қобили тавҷеҳ хонд.

 

Вай афзуд: "Ин иқдомест, ки дар робита бо бехатарии сохтори давлатӣ анҷом шуда ва асоси қонунӣ дорад. Вақте мавзӯъи амнияти кишвар ва сокинонаш матраҳ аст, ниҳодҳои қудратие, ки тазмини амниятро ба ӯҳда доранд, салоҳият доранд ин гуна тасмим бигиранд. Ва мо, ширкатҳои мобилӣ, ба монанди ҳар сокини равшанфикри кишвар, аз ин сохторҳо пуштибонӣ мекунем, зеро терурисм бояд решакан шавад."

 

Ба гуфтаи оқои Эркинов, иртибот аз тариқи телефунҳои маъмулӣ ва ҳамроҳ пас аз рафъи таҳдидҳои амниятӣ дубора барқарор хоҳад шуд. Аммо Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки иртиботи телефунӣ танҳо бо бархе аз маҳаллоти водии Рашт ва "фақат ба сурати муваққат ва дар мавоқеъи зарурӣ барои амалиёт" қатъу васл мешавад. Вай гуфт: "Иртибот бо аксари навоҳӣ ва маҳаллот (дар водии Рашт) барқарор аст, фақат дар вақтҳои муъайян, дар сурати зарурат, ба далоили амниятӣ қатъ мешавад."

 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки ба хотири набуди иртиботи телефунӣ онҳо наметавонанд аз вазъи пайвандонашон дар минтақаи Рашт огоҳ шаванд. Аҳмадшоҳи Комил, як хабарнигори муқими пойтахти Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз пайвандонаш дар он минтақа ҳамеша хабар надорад ва аз ин амр нигарон аст.

 

Вай афзуд: "Ин як навъ беэътиноӣ ва пушти по задан ба ҳуқуқи мардум аст. Дар телевизиюн мегӯянд, ки ҳама ором ва зери кунтрул аст, пас чаро дар амал телефунҳоро бастаанд ва намегузоранд мардум озодона рафтуомад кунад?"

 

Дар посух ба ин савол, ки оё ширкатҳои мухобиротӣ ба муштариёни худ барои қатъи иртибот дар замони анҷоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашт ҷуброн хоҳанд пардохт ё хайр, Ғафур Эркинов, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мубилӣ гуфт, ки ин мавзӯъ аслан матраҳ нест.

 

Вай гуфт: "Мо дар кишвари мутамаддин зиндагӣ мекунем ва ҳар сокини ин кишвар мехоҳад дар сулҳу субот ба сар бубарад. Бале, набудани иртибот бо бархе минтақаҳо нороҳаткунанда аст, аммо барои ҳар шаҳрванд мавзӯъи субот ва оромӣ муҳиммтар аст."

 

Оқои Эркинов афзуд, ки қатъи иртибот бо водии Рашт "ба нафъи худи муштариён ва, дар маҷмӯъ, сокинони кишвар" сурат гирифтааст. Амалиёти муштараки нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар пайи ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба сутуне аз мошинҳои низомӣ дар дараи Камароб, дар 180-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе, ки 27 кушта ва чандин захмӣ ба ҷо гузошт, оғоз шудааст.

 

Мақомоти Тоҷикистон бархе аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои исломгарои мухолифи давлат, аз ҷумла Абдуллоҳ Раҳимов мулаққаб ба Мулло Абдуллоҳ ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро, ба даст доштан дар ин ҳодиса муттаҳам кардаанд. Ҳамзамон, дар шарқи Тоҷикистон ҷустуҷӯи зиндониёни фирорие, ки дар авохири август пас аз қатли панҷ зиндонбон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар фирор карданд, идома дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3240-q-------q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ