11:12:37 25-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/20_bahsi_barzu2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/20_bahsi_barzu2147'

ПЕШИ ХУДОВУ МИЛЛАТ ҲАМА БОЯД ТАВБА КУНЕМ

Барзу: Агар таърих такрор шавад пас он барои касе бояд дарси ибрат шавад. Шумо хуб мефаҳмед, ки аз ҳизби Шумо ҳизби ҷабрдидаеро сохта истодаанд. Халқ мазлумонро дӯст медорад. Рафтори онҳое, ки аз ҳизби шумо хӯса тарошиданӣ мешаванд, ба манфиати шумо анҷом мегиранд, зеро ашхосе, ки ин беадолатиҳоро алайҳи ҳизби шумо мебинанду онро қабул намекунанд,онҳо ба шумо мепайванданд. Албатта на ҳама он чизеро ки ман дар дискҳо мебинам, амалҳои ифротианд. Ба хусус,  мусоҳибаҳои шумо, фарҳанги сухангӯии шумо, рафтори шуморо ман дер боз мушоҳида намуда истодам. Мақолаҳои ҷонишинҳои шуморо мехонам. Агар онҳо ба ман писанд оянд, чаро ман ба шумо напайвандам. Шумо фикр намекунед, ки ин ҳамлаҳо алайҳи шумо ба фоида шумо анҷом мегиранд?

 

Кабирӣ: Барзу, ман ин мулоҳиза ва андешаҳои Шуморо қабул дорам. Ва баъзе коршиносон ҳам мегӯянд, ки он овозҳое, ки Шумо дар интихобот гирифтед, яъне мо гирифтем, як қисми зиёдаш овозҳои эътирозӣ ҳаст. Бар зидди дигарон, на барои шумо. Ман инро қабул дорам. Вале бо ин рафторашон овозҳои эътирозии моро боз бештар карда истодаанд. Аз ҳама аҷибаш инаст, ки дигар, баъзе аз ҳамватони мо, ки ин сиёсатҳоро амалӣ карда истодаанд, ҳатто дар чеҳраи мо ҳам як дин ё исломи мӯътадилро намебинанд, мехоҳанд, ки аз мо ҳам як экстримист ё ифротгаро битарошанд.

 

Тоҷикон як мақол доранд, ки шумо одами сиҳату ҳушёрро чил маротиба девона гӯед, дафъаи чилу якум девона мешавад. Воқеан, вақте мегӯянд, ки ман агар, ки девона бошам, ман ку сиҳатам, чаро маро девона мегӯянд, пас бигзор модоме,ки ҳаминаст, бигзор бинанд, ки девона чӣ аст? Вале вазифае мо, ки даъвои мӯътадиливу бофарҳангӣ мекунем, то ҳадалимкон бояд, ки аз ин гуна фитнаҳо ва қавли шумо тӯҳматҳо худро канор бигирем ва асабонӣ нашавем. Албатта, Барзу, бисёр душвораст, асабонӣ нашудан, шумо агар бовар кунед, қабул кунед. Ба мо мактуб омад, ки шумо дар идораи ҳизбатон дигар намоз нахонед.

 

Тасаввур кунед, барои як ҳизби исломӣ дар қароргоҳаш намоз нахондан, ба хусус барои раҳбари ин Ҳизб чӣ мушкилӣ аст, чӣ кор кунам? Мактуби ин дӯсти мансабдори давлатиамро ба инобат бигирам, ки намояндаи Ҳукумату миллат, раҳбарият аст ё фармони Худо ё рисолати як ҳизби диниву сиёсиро. Агар ҳизбе, ки Созишномаро имзо кардааст, миллатро ба сулҳ овардааст, ҳамроҳи ин дӯстон, ин ҳама заҳматҳоро кашидааст, ду рукаат намозашро дар идораи худаш хонда натавонад, пас ман чӣ кор кунам, чӣ бигӯям ба он ҳазорҳо ҷонибдорам, ки аз ин сулҳу аз ин созишномаву аз ин ҳамдигарфаҳмӣ мо чӣ ба даст овардем? Аслан куҷо рафта истодаем?. 

 

Рости гап, шумо тасаввур кунед, ки ман чӣ тасмим бояд, бигирам. Имрӯз ҷаласа доштам, гуфтам, то рӯзи сешанбе фикр кунед. Воқеан, душвор аст, воқеан асабонӣ нашудан, ором нишастан ва роҳи ҳал пайдо кардан барои ин миллату кишвар дар чунин вазъият кори душвор аст. Агар тасаввур кунед, ки ман тасмим гирифтам, ки хоб, билохира ҳарфи ҳукуматро бишнаваму бояд, ки намозро дар онҷо қатъ кунем. Шумо медонед, ки як иддаи зиёде аз пайравони мо шахсияти моро гунаҳкор мекунанд ба тарсӯӣ ва ба фурӯхтани манфиатҳои ислому дин. Шумо фикр мекунед, ба Ҳизби комунист ё Ҳизби халқӣ демократӣ пайваст мешаванд? На, инҳо мераванд сӯроғи ҳамон гурӯҳҳое, ки шумо алон аз онҳо номбар кардед.

 

Барзу: Чӣ амали носавоб. Шумо хуб мефаҳмед, ки агар шумо ба ин кор розӣ шавед, онҳо масъалаи дигареро дар рӯ ба рӯи шумо матраҳ месозанд. Чун бо он ҳам созиш кардед, масъалаи саввум пайдо мешавад. Хулоса, дар пеши шумо интихоби душворе истодааст.

 

Кабирӣ: Шумо агар ба ҷои ман мебудед, чӣ кор мекардед?

 

Барзу: Ба ҳар ҳол мумкин ман намозамро мехондам, ки Худо худаш роҳи ҳалро ба ман нишон диҳад.

 

Кабирӣ: Мо қариб ки як хел фикр мекунем. Ман ҳам имрӯз ба Шӯрои сиёсӣ ҳамин чизро гуфтам. Гуфтам, ки то рӯзи душанбе дар намозҳо дуъо кунед, ки Худо ин мушкили моро осон кунад. Рости гап, дар ин ҷаласа бароям тасмим гирифтан хеле душвор буд. Зеро кадом тасмимеро, ки бигирам, натиҷааш бохти ман хоҳад буд. Агар намозхониро эълон кунам, ки қатъ кунанд, ман ҳамчун як роҳбари ҳизби динӣ рисолатамро баҷо наоварда ҳисоб мешавам. Агар талаби мақомотро баҷо наорам ин ҷо ҳам рафтори ман чандон дуруст нахоҳад буд.

 

Барзу: Дар чунин ҳолатҳои душвор оё шумо аз ҷониби ҳизбҳои дигари палумонӣ дастгирӣ меёбед?

 

Кабирӣ: Маро як чиз камтарак нороҳат мекунад. Дар бисёр масъалаҳо мо ҳамдигарфаҳмӣ дорем. Ду мавқеъ аст, яке мавқеи шахсӣ, ки дар дохили инсон мемонад. Дигаре, мавқеи умумӣ расмие, ки онҳо аксарият маҷбуранд аз он пуштибонӣ кунанд. Бо ман чанд маротиба шуд, ки ҳамин ҳолат рӯх медиҳад. Мегӯянд, ки набояд парлумон мавқеи фарқкунанда аз ҳукумати иҷроия дошта бошад Як масъали дигар ҳам ҳаст, ки ҳеҷ кас намехоҳад, ки «зоғи сафед» бошад.

 

Барзу - Оқои Муҳиддин, Шумо шахси Худотарс ҳастед, аз Худо баҷо шуда наметавонед! Мардум, мардумаст.

 

Кабирӣ: Барои ҳамин шояд, ки он як каме беш мавқеъи фарқкунандае, мо мегирем. Шахсан худам дар Парлумон, шояд, ба ҳамин хотир аст, ки аз ҳад зиёд одам воқеан, азоб мекашад. Ман ҳамагӣ дар тӯли  шаш соле, ки вакили маҷлис ҳастам, шояд, дар панҷ ё шаш маврид, алайҳи панҷ шаш қонун эътироз кардам. Ва ошкор мухолафат кардам. Вале ин қонунҳои буданд, ки воқеан сарнавиштсоз. Ин қонуни дин буд, ки розӣ набудам, чун оқибаташро дида истодаем, ки ҷомеаро ба куҷо бурда истодааст. Ин дар бораи пулакӣ кардани роҳ буд, ки дидам оқибаташ чӣ шуд ва чӣ мешавад.

 

Ин дар бораи ба хариду фурӯш гузштани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин буд, ки хоҷагиҳои деҳқониро муфлис кард. Ва як чанд ҳамин хел масъалаҳои буд, ки барои миллат, барои ҳизби мо не, барои Кабирӣ ҳамчун шаҳрванд не, барои миллату давлат аз нигоҳи мо тақдирсоз буданд, мухолафат кардам. Дар он ҷойҳое, ки воқеан ба нафъи миллат буд, ман ҳамеша ҷонибдорӣ кардам. Вале чӣ кор кунам, ман ҳаққи аз номи дигарон  гап задан надорам. Мову шумо вақте ҳамчун шаҳрванд сӯҳбат мекунем, воқеан баъзан хеле душвораст танҳо будан.

 

Ҳамон тавре, ки шумо гуфтед, вақте, ки одам эҳсоси танҳоӣ мекунад, инро ҳамон касе дарк мекунад, ки худаш дар ҳамон ҳолат буд. Бубинед Барзу, ҳақиқатро бояд гуфт, вале баъзан мешавад, ки ҳақиқатро гуфтан воқеан метавонад оқибатҳо ногувор дошта бошад. Боз ҳам бармегардем ба сари ҳамон масъалаи тарс ва сабр, мо бояд марзи ин дуро муайян кунем, ки дар куҷо ҳастанд.  Куҷо сабр тамом мешавад ва куҷо тарс шурӯъ мешавад. Мо ҳатто барои худ муайян накардем ҳамин масъаларо.

 

Барзу: Шумо сиёсатмадоред, шумо бисёр чизҳоро аз ман зиёдтар медонед, мебинед, мешунавед, одами зиёд назди шумо меояд, қонун месозед ман фикр мекунам, бисёр фикр ҳам мекунед. Шумо панҷ соли ояндаро чи гуна пешбинӣ мекунед?

 

Кабирӣ: Ман фикр мекунам, ки ҳамин шаш моҳи оянда, ҳадди аксар як соли оянда тақдири як панҷ сол ва даҳ солаҳои миллат ва кишвари моро муайян мекунад. Ин шаш моҳ то як соли оянда, ҳадди аксар то як соли оянда, хеле ҳассос ва тақдирсозанд. Агар мо битавонем онро бо ҳамдигарфаҳмӣ сипарӣ кунем, ки хеле душвор аст ҳам барои раҳбарияти кишвар ҳам барои ҳизби мо ва ҳам барои мардум. Агар тавонистем онро сипарӣ карда ва аз ин марҳалаи ҳассос гузаштем, иншоаалоҳ, ки панҷ даҳ сол ё бист соли оянда равшан ва умедворкунанда хоҳад буд.

 

Мутаассифона, дар мо хоҳиши гуфтугӯ кардан, сӯҳбат кардан аз байн рафтааст. Намедонам барои чӣ? Ман муроҷиат кардам чанд маротиба, намегӯям ба кӣ. Дар бораи он, ки мехоҳам ин сӯҳбатҳоро бо мақомот, бо масъулин ошкоро бигӯям, дарди дили моро бишнаванд. Мо онҳоро бишнавем, шояд, ки роҳи ҳал пайдо шавад. Мутаасифона, ҳамсӯҳбате наёфтам. Фақат, забони гуфтугӯи мо таҳдид, таҳқир ва фишор овардан шудааст.

 

Ҳол он, ки мо забони гуфтугӯи дигар дорем, исбот кардем як маротиба. Агар мо ин як сол хуб гузаштем, иншоааллоҳ ояндааш хуб мешавад. Вале намедонам барои чӣ бошад, ҳанӯз ҳам оптимист ҳастам, вале оптимизми ман як каме коста шудааст вақтҳои охир. Вале ҳанӯз ҳам оптимист боқӣ мондаам ва умед дорам, ки мо имкониятҳои охиринро аз даст надодаем барои гуфтугӯ, барои ҳамдигарфаҳмӣ барои ин миллату давлатро наҷот додан. Ман намедонам, дигарон чи гуна фикр мекунанд? Воқеан хастаам, воқеан нигаронам ва воқеан як каме нороҳатам.

 

Барзу: Ман як мақола навишта истодам. Ман онро ба рӯзнома намедиҳам. Ин мақола хеле шадидулаҳн аст, дарднок аст. Ҳангоми навиштанаш гиря мекунам. Азият мекашам. Ман онро ба касе намедиҳам. Зеро медонам, ки онро касе чоп намекунад. Ман ҳам мисли шумо пур аз дардам. Дар ин мақола менависам, ки эҳтимолан мо аз ҳад зиёд гуноҳ кардем, дурӯғ гуфтем, ба ғазаби Худо гирифтор шудаем.

 

Барои ҳамин ҳам пешниҳод мекунам дар як вақти муайян, масалан аз соати фалон то  соати фалони рӯзи фалон ҳама, тамоми миллат, хомӯшона пеши Худо тавба кунем. Чаро ки қалби ман, қалби шумо, қалби дӯстони мо, ҳатто қалби кӯдакони мо аз омадани хатаре болои мо эҳсоси ҳарос мекунанд. Биёед дуъо кунем, ки Худованд балоҳоро аз сари мо дур гардонаду мо битавонем ҳар кас дар ҷойи худ рисолаташро ба ҷо биёрад, то фардо пеши Худову бандагонаш шарманда набошем.

 

Кабирӣ: Чанд сол пеш ман як пешниҳод карда будам. Шумо дар  бораи шаби тавба гуфтед. Ман гуфта будам, ки мо рӯзи Истиқлол дорем, рӯзи Ваҳдат дорем ва боз чанд рӯзҳои дигар дорем, вале рӯзи Тавба надорем. Бояд як рӯзро рӯзи Тавба эълон кунем. Дар он рӯз ҳама эҳсоси гуноҳ кунанд, тавба кунанд. Нагӯянд, ки ман дар ин ҷанг набудам. Ман ҳам дар ин ҷанг дар хориҷ будам. Вале худро гунаҳкор меҳисобам, зеро тоҷикам. Мо ҳамаамон ниёз ба тавба дорем. Дуъо кунем, ки Худо тавбаи моро қабул кунад.

 

Варианти ихтисоршудаи баҳси мазкур дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» рӯзи 17-уми сентябри соли 2010 ба чоп расидааст.

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3158-2010-09-20-04-40-08.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ