12:25:17 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУАРРИФИИ НИҲОДИ МУСТАҚИЛИ ЗИДДИФАСОД

Муборизаи умумӣ алайҳи фасод дар ҷомеъа ва мушорикати сокинон дар ошкор сохтани мавориди фасоду ришвахорӣ аз роҳҳои ҷадиди муқобала бо фасод дар Тоҷикистон аст.

Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 3 июл зимни ифтитоҳи расмии Маркази таълиму таблиғ алайҳи фасод дар Тоҷикистон, ки нахустин ниҳоди мустақили алайҳи фасод дар ин кишвар маҳсуб мешавад, иброз шуд. Дар ин маросим ба таваҷҷӯҳи бештар ба тавзеҳот дар бораи зиён ва хатароти фасод дар миёни мардум таъкид шуд. Ба эътиқоди Алиакбар Абдуллоев, раиси кулли ин марказ, танҳо аз тариқи тадобири сахтгирона ва истифода аз зӯр аз густариши доманаи фасод дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардан душвор аст.

Гуфта мешавад, то ҳол дар Тоҷикистон ниҳодҳои додситонӣ, интизомию амниятӣ ва ожонси вижа алайҳи фасод ва ришвахорӣ мубориза мекунанд, аммо ҳануз дар заминаи коҳиши мизони фасод дар ин кишвар пешрафти чашмгире ба даст наомадааст.

Тибқи гузориши ахири созмони байналмилалии “Трансперенси Интернешнл” ё “Шаффофияти байналмилалӣ” Тоҷикистон дар феҳристи 10 кишвари фасодзадатарини ҷаҳон шомил аст.

Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршинос ва узви раёсати Маркази таълиму таблиғ алайҳи фасод дар Тоҷикистон гуфт, ки сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва огоҳии мардуми ин кишвар пойин буда ва дар бештари маворид онҳо пардохти ришваро як амри маъмулӣ медонанд. Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи дуктур Умаров, бояд дар мадорису донишгоҳҳо ва маҳаллои таҷаммӯъи мардум мавзӯъи зиёни фасод ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши ин падидаи номатлуб дар ҷомеъа матраҳ шавад.

Афзун бар ин, ба гуфтаи масъулони ин марказ, шаҳрвандонро лозим аст аз тариқи телефуни эътимод дар бораи мавориди фасоду ришвахорӣ ба ин ниҳод ва Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар диҳанд.

Ҳамчунин, дар назар аст бо мусоъидати молии Сандуқи Сорос сойти интернетии Маркази таълиму таблиғ алайҳи фасод роҳандозӣ шуда ва иттилоъоти зарурӣ дар бораи мафҳуми фасод ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши он дар ҷомеъаи Тоҷикистон мунташир шавад.

Ҳамзамон, ин марказ дар садад аст тавассути баргузории мизи гирду кунфронсҳо, чопи матолиб дар нашрияҳои кишвар ва нашри китобчаҳо сокинони Тоҷикистонро бо мафҳуми фасод, қавонин дар бораи мубориза бо фасод ва таҳдиду хатароти ин зуҳуроти номатлуб ошно созад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон дар муассир будани фаъолияти ин ниҳоди мустақил дар мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ибрози тардид карданд.

Ба эътиқоди ин коршиносон, кашфу хунсо кардани мавориди фасод кори душвор буда ва заҳмату фурсати зиёде мехоҳад ва як ниҳоди ғайридавлатӣ, ки теъдоди кормандонаш ҳудуди 20 нафар аст, чи гуна метавонад ин кори сангинро анҷом диҳад?

Алиакбар Абдуллоев, раиси кулли Маркази таълиму таблиғ алайҳи фасоди Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки ҳоло ин ниҳод нахустин гомҳои худро мебардорад ва дар назар аст то авохири соли ҷорӣ бо мусоъидати молии созмонҳои байналмилалӣ теъдоди зиёди довталабон ё волантёрҳоро барои анҷоми корҳои таблиғотию ҷамъоварии иттилоъот дар бораи фасод ҷалб кунад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Табаралӣ Саидзода, як тан аз масъулони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ин ниҳод бо Маркази таълиму таблиғ алайҳи фасоди ин кишвар дар мавриди муборизаи муштарак алайҳи фасод мувофиқатномае имзо кардааст.

Ҳамчунин, интизор меравад ин марказ бо созмони байналмилалии “Трансперенси Интернешнл” ё “Шаффофияти Байналмилалӣ” дар заминаи арзёбии мизони фасод ва роҳҳои муқобала бо он ҳамкорӣ кунад.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi