14:49:28 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ДАРХОСТИ ИСТИРДОДИ САЛИМЗОДА БА ҚИРҒИЗИСТОН

Додистонии Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон дархост кардааст, ки Муҳаммади Салимзода, як табаъаи маҳкумшудаи қирғизро ба он кишвар мустарад кунад.

Муҳаммади Салимзода, сарҳанги собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ки худ тоҷиктабор аст, 7 майи соли ҷорӣ аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои 29 сол ба зиндон маҳкум шуд. Мақомҳои амниятии Тоҷикистон оқои Салимзодаро дар моҳи августи соли гузашта ба ҳангоми ширкат дар як маросими хусусӣ боздошт ва баъдтар ӯро ба ҷосусӣ ва талош барои тағйири низом дар ин кишвар муттаҳам карда буданд.

Хабаргузории "CANews" аз қавли Маркази матбуъотии Додситонии кулли Қирғизистон хабар додааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон узви қарордоди байналмилалӣ дар бораи табодули маҳкумшудагон барои идомаи иҷрои давраи муҷозот дар зиндонҳои кишвари худ ҳастанд.

Ба ин далел, Додситонии Қирғизистон бар асоси моддаи нӯҳуми ин қарордод, рӯзи 21 июн ба Додситонии кулли Тоҷикистон номае бо шумули асноди зарурӣ фиристода ва дархост кардааст, ки оқои Салимзодаро барои иҷрои давраи маҳкумияташ ба Қирғизистон мустарад кунад.

Ин тасмим баъд аз муроҷеъаи Шоира Салимзода, духтари оқои Салимзода, ба Додситонии Қирғизистон дар бораи мусоъидат ба истирдоди падараш аз Тоҷикистон ба Қирғизистон гирифта шудааст.

Дафтари матбуъотии Додситонии кулли Қирғизистон хабар додааст, ки мунтазири посухи ҷониби Тоҷикистон аст. Вале манобеъи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳануз чунин дархостномае аз ҷониби Қирғизистонро дар ихтиёр надоранд.

Матлуба Абдуллоева, раиси бахши равобити байналмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки эҳтимолан ин дархост ба масъулони додситонӣ ҳануз нарасидааст. Вай афзуд, ки дар сурати расидани ин дархост, мақомоти додситонии Тоҷикистон ин мавзӯъро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Вале манобеъи огоҳ дар додситонӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон воқеъан бар асоси қарордоди байналмилалӣ дар бораи табодули маҳкумон муваззаф аст шаҳрвандони кишварҳои дигари ҳамсудро ба ватанашон мустарад кунад.

Вале дар ин санад шароите низ зикр шуда, ки иҷоза медиҳад кишварҳои узв маҳкумонеро, ки гумон мекунанд, барои амнияташон хатар эҷод мекунанд, ба кишвари дигар мустарад накунанд.

Пештар, Дилбар Мунавварӣ, ҳамсари оқои Салимзода, дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки мақомоти тоҷик далоили қотеъ барои исботи иттиҳоми ҷосусӣ алайҳи шавҳараш дар ихтиёр надоранд.

Ба гуфтаи вай, мақомоти амниятии Тоҷикистон сабти гуфтугӯйе телефунӣ аз оқои Салимзодаро, ки мушаххас нест аз чи роҳ ба даст омадааст, далеле барои таъйиди иттиҳомоти худ медонанд.

Тибқи иттилоъи хабаргузории қирғизии "24kg", Муҳаммад Салимзода, ки 49 сол дорад, зодаи шаҳри Душанбест ва дар соли 1993 бо хонаводааш ба Қирғизистон кӯч баста ва табаъияти он кишварро ба даст овардааст. Вай аз он замон ба баъд дар нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар ифои вазифа мекард.

Тибқи гузоришҳо, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон оқои Салимзодаро дар моҳи августи соли гузашта дар вилояти Суғд дар маросими арӯсии духтараш боздошт кардаанд. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи оқои Салимзодаро Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқ кардааст. Муҳокимаи вай дар додгоҳ дар паси дарҳои баста сурат гирифт.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi