РАҲМОН: "ҶОСУСОНИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛАНД"
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфтааст, ки ҷосусони хориҷӣ дар ин кишвар ба таври густарда фаъолият мекунанд. Вай ин суханонро рӯзи чаҳоршанбеи 25 август дар мулоқот бо иҷтимоъе аз мардуми маҳаллӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, эрод кард. Суханронии ӯ дар ин ҳамоиш шаби гузашта дар телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд. Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфт: "Баъзан..., чи гӯям, ҷосусони кишварҳои хориҷӣ кор карда истодаанд. Бо муллоҳомон ҳам кор карда истодаанд, бо фарзандонамон ҳам кор карда истодаанд. Мо дасткиса мегардем, тамошобин ҳастем. Ин (гӯё) вазифаи давлат аст, роҳбари давлат аст. Хато мекунетон."
Вай ҳамчунин аз бархе рӯҳониён интиқод кард ва онҳоро дар таҳрики ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 муқассир донист. Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфт: "Муллоҳои муҳтарам, боз як бори дигар такрор мекунам, ки зиёдаравӣ накунед. Шумо медонед, ки мо як бор бо ин фоҷеъа рӯбарӯ шудем. Яке аз сабабҳои аслии ҷанги дохилӣ ин буд, ки қозиҳо аз аҳкоми шариъат барои маҳкум сохтани мардум истифода мекарданд. Баъзе масҷидҳо ва муллоҳои мо ҳам дар он замон масъул буданд."
Оқои Раҳмон ин суханонро дар ҳоле эрод кард, ки шаби якшанбеи гузашта 25 нафар аз зиндониён пас аз куштани дастикам панҷ тан аз зиндонбонҳо ба таври бесобиқае аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Гуфта мешавад дар миёни зиндониёни фирорӣ, ки ҷустуҷӯйи онҳо тайи се рӯзи гузашта ҳеч натиҷае надодааст, аъзои эҳтимолии Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида ва гурӯҳҳои дигари теруристӣ низ ҳастанд.
Худи оқои Раҳмон то кунун дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз ибрози назаре накардааст. Аммо вай рӯзе қабл зимни мулоқот бо мардуми маҳаллӣ дар ноҳияи Фархор аз онҳо даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси динии кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргардонанд. Вай гуфт, ки ҷавонони тоҷик дар мадорис ва марокизи омӯзишии кишварҳои исломӣ ба ҷойи омӯхтани асосҳои дин "терурист ва эктремист (ифротгаро)" мешаванд.
Нахустин бор нест, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз густариши ифротгароӣ дар қаламрави ин кишвар ва гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои бунёдгаро ва теруристӣ ибрози нигаронӣ мекунад. Вай дар гузашта низ борҳо аз мардум даъват кардааст, ки "ҳушёрии сиёсиро" аз даст надиҳанд ва нагузоранд, ки бархе гурӯҳҳо бо суиистифода аз мабонии ислом оромиши ҷомеъаро ба ҳам зананд.
Аммо мухолифони оқои Раҳмон мӯътақиданд, ки нокомии ӯ дар ҳалли масоили иҷтимоъию иқтисодии мардум, аз ҷумла мубориза бо фақр ва фасоди густарда, мӯҷиб шудааст, ки ақшори фақир ва бебизоъат ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро гароиш пайдо кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2979--q----q.html