ИНТИҚОДИ РАҲМОН АЗ КИШВАРҲОИ ПОЁНОБИ МИНТАҚА
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалии "Об барои ҳаёт" аз системи нокоромади истифода аз захоири об дар Осиёи Миёна башиддат интиқод кард. Вай нахуст ба фаровонии захоири об дар Тоҷикистон ишора кард ва гуфт, ки 64 милёрд метри мукаъаб ё беш аз 60 дарсади захоири оби ҳавзаи дарёчаи Орол аз кӯҳсори Тоҷикистон маншаъ мегирад.
Аммо ба гуфтаи вай, Тоҷикистон танҳо ҳудуди 10 дарсад аз захоири оби худро масраф мекунад ва "боқӣ ҳама ба кишварҳои поёноб меравад, ки дар он ҷо асосон барои обёрии заминҳои кишт сарф мекунанд." Оқои Раҳмон дар ҳамоиш байналмилалии об гуфт, ки бо вуҷуди фаровонии захоири об дар Тоҷикистон беш аз 40 дарсади ҷамъияти ин кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва таъмини об барои ноҳияҳои дурдаст душвор аст.
Ихтилофоти обӢ
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон илова кард, ки вуқӯъи ҳаводиси табиъии зиёнбор, камбуди нерӯи барқ ва набуди маблағи кофӣ барои истифода аз об ҳамасола бар ҷараёни пешрафти иқтисодии Тоҷикистон асароти номатлубе мегузорад. Ба ҳамин далел, ҳалли масоили марбут ба об ҷузви барномаҳо ва истротежиҳои тавсеъа ва коҳиши фақр дар Тоҷикистон будааст.
Оқои Раҳмон бо ишора ба ихтилофоти кишварҳои минтақа бар сари об (ҳарчанд аз ҳеч кишваре ном набурд), иброз дошт, ки Тоҷикистон барои ягон кишвари дигари минтақа дар ҳеч заминае "проблема (мушкилот) ба миён наоварда ва оварданӣ ҳам нест."
Вай гуфт, ки дар 19 соли гузашта Тоҷикистон танҳо аз як соли камобӣ ранҷ бурда ва масалан "имсол соле сероб" аст. Ба гуфтаи вай, бархе аз кишварҳои поёноб имсол аз Тоҷикистон хостаанд, ки обро дар обанборҳо ҷамъ кунад, вале ба гуфтаи оқои Раҳмон "аз лиҳози техникӣ обанбор наметавонад дар шабонарӯз беш аз 50 сонтиметр бештар" обро ҷамъ оварад.
Бо ишора ба ин мушкил, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳҳои бузургро қобили тавҷеҳ хонд ва гуфт, ки Тоҷикистон метавонад ба василаи ин нерӯгоҳҳо обро дар зимистон ғун кунад ва дар тобистон ба кишварҳои ҳамсоя ва поёноб "тақдим" кунад.
Ҳарчанд оқои Раҳмон аз ҳеч кишвари поёноб мушаххасан ном набурд, аммо ишораи вай бештар ба кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон аст, ки аз лиҳози ҷамъият ва ҳаҷми заминҳои обёришуда бузургтарин кишвари минтақа маҳсуб мешавад.
Тоҷикистону Ӯзбакистон бар сари масоили обу энержӣ ихтилофоти шадиде доранд. Тоҷикистон мехоҳад бо бунёди нерӯгоҳҳои бузург, монанди "Роғун", аз захоири энержии обиаш истифода кунад ва бахше аз энержии тавлидотиро ба кишварҳои дигар фурӯшад. Вале Ӯзбакистон бо ин тарҳ башиддат мухолифат карда ва онро барои вазъи муҳисти зист ва арсаи кишоварзияш зиёнбор медонад.
Тавсеъаи заминҳои обёришуда
Оқои Раҳмон ҳамчунин ба ниёзҳои Тоҷикистон барои таъмини оби тоза ишора кард ва гуфт, ки ин кишвар то соли 2015 барои таъмини оби тоза ба як миёрд дулор ниёз дорад. Вай афзуд, ки дар панҷ соли ахир беш аз 1,2 милюн нафар дар Тоҷикистон ба оби тоза дастрасӣ ёфтаанд, дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ бисёре аз мардум, ҳатто дар шаҳри Душанбе ба оби тоза дастрасӣ надоштаанд. Вай афзуд: "Дар солҳои истиқлол мо қариб 80 млн дулор танҳо барои таъмини оби тоза барои сокинони пойтахт сарф кардем."
Ба гуфтаи вай, ҳоло ба маблағи беш аз 500 милюн дулор барномаҳо ва тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон дар заминаи обу обрасонӣ иҷро мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба паёмадҳои ҳаводиси табиъӣ гуфт, ки ҳамасола ин ҳаводис бар буҷети мамлакат таъсироти баде мерасонанд.
Вай бо ишора ба хушк шудани дарёчаи Орол гуфт, ки обёрии заминҳои тоза дар Осиёи Миёна сабаби аслии ин ҳодиса будааст. Вай гуфт аз чаҳор милюн ҳектор заминҳои обӣ дар гузашта ҳоло заминҳои обёришуда ба 9 милюн ҳектор расидааст, ки танҳо 600 ҳазор ҳектор ба Тоҷикистон мутаъаллиқ аст. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар кишварҳои поёноб дар панҷоҳ соли ахир 100 обанбор сохта шудаанд, ки оби ҷамъшуда дар онҳо аз масоҳати дарёчаи Орол яку ним баробар бештар аст.
Афзоиши ҷамъияти минтақа, ба гуфтаи вай аз сабабҳои дигари хушкшавии дарёчаи Орол аст. Мардуми минтақа аз 20 милюн нафар дар соли 1956 ба 63 милюн нафар расида ва се баробар афзудааст. Дар натиҷаи таъмини ниёзҳои ин мардум ҳаҷми дарёчаи Орол даҳ баробар коҳиш ёфтааст.
Танзими об
Оқои Раҳмон танзими обро омили асосии таъмини амнияти об дар минтақа донист. Вай гуфт яке аз вижагиҳои Осиёи Миёна ин аст, ки тақсими об дар минтақа нобаробар аст. Ба гуфтаи вай, беш аз 80 дарсади обе, ки ба Орол ҷорӣ мешавад, дар кишварҳои болооб ташаккул меёбанд ва беш аз 85 дарсади он дар кишварҳои поёноб истифода мешавад.
Вай системи истифода аз обро ғайримуассир ва нокоромад хонд ва гуфт, ки барои ҳалли ин масъала созишномаҳои дарозмуддат миёни кишварҳои минтақа лозим аст. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки ба масъалаҳои "танзими оби кишоварзӣ ва тронзити кафолатноки он ба дарёчаи Орол" таваҷҷуҳ шавад.
Оқои Раҳмон ба системи нокоромади истифода аз об дар минтақа ишора карда ва гуфт, ки имрӯзҳо аз 30 то 60 дарсади об дар минтақа талаф мешавад. Вай гуфт Тоҷикистон масоҳати заминҳои панбаро 30 дарсад кам карда ва ҳамсоягонашро низ тавсия медиҳад, ки чунин кунанд ва ба ҷойи панба сабзиҷоту зироъатҳое парвариш кунанд, ки оби камтаре металабад.
Вай афзуд: "Бо таассуф изҳор мекунам, ки бархе аз давлатҳои минтақа ба ҷойи ҳалли масоили кӯли Орол бо ҳар восита мехоҳанд ҳақиқати ҳолро таҳриф карда ва таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро аз масоили аслӣ дур кунанд... Ба ақидаи мо, маънидоди яктарафи далелу арқом ба манфиъати ҳалли проблема нест."
Вай ба бунёди Орол ишора кард, ки тавассути панҷ кишвари минтақа таъсис шуда буд ва афзуд роҳи расидан ба аҳдофи ин бунёд эҳё ва бозсозии шабакаҳои обрасонии куҳна аст. Дар ҳамоиши байналмилалии об дар шаҳри Душанбе, ки ду рӯз идома хоҳад дошт, намояндагони беш аз 70 кишвари дунё ва беш аз 65 созмони байналмилалӣ, диплумотҳо, коршиносону донишмандони масоили об ширкат мекунанд.
Пешниҳодҳои Раҳмон
Дар поёни суханронии худ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳое барои нимаи дувуми Даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" ироа кард. Вай аз ҷумла хостори ҳамлу нақли бемаомеъати колоҳо "барои ҳалли масоили камбизоъатӣ, рафъи авоқиби ҳаводиси табиъӣ, ҳимоят аз беҳдошти умумӣ, маъориф ва ғайра" шуд - мушкиле ки ахиран худи Тоҷикистон низ бо он рӯбарӯст.
Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, тайи чаҳор моҳи ахир Ӯзбакистон садҳо вогуни бории Тоҷикистонро, ки ҳомили маводди мухталиф, аз ҷумла маводди ғизоӣ ва сӯхтӣ ҳастанд, дар қаламрави худ мутаваққиф карда ва ин иқдом бар вазъи иқтисоди Тоҷикистон асароти ногуворе барҷой гузоштааст. Оқои Раҳмон ҳамчунин хостори "кам кардани маблағи қарзи кишварҳои камбизоъат" ва "бахшидани қарзҳои расмии дуҷониба" ва "кумакҳои бештар ба кишварҳои фақир шудааст.
Вай ҳамчунин бо ишора ба паёмадҳои тағйироти иқлимӣ гуфт: "Тоҷикистон ҳамчун мубтакири Даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" дар давраи солҳои 2005-2015 пешниҳод менамояд, ки нимаи дуюми даҳсола ба иҷрои тадбирҳои мушаххасе дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақаӣ оид ба таъмини оби нӯшиданӣ барои табақаҳои камбизоъат бахшида шавад."
Вай бо ишора ба Паймони байналхалқии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ истифода аз захоири обӣ ва сарватҳои дигарро ҳаққи ҳалоли мардуми ҳар кишваре хонд ва гуфт, ки "агар захираҳои об барои пешрафт ва коҳиши фақр... вобаста аст, пас дар ин ҳолат низ бояд ҳуқуқи инсон ва кишварҳо ба истифода аз захираҳои обӣ эҳтиром карда шаванд."
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хостори ҳамкориҳои густардаи байналмилалӣ барои ҳалли масоили об шуд ва пешниҳод кард, ки соли 2010 "Соли байналмилалии диплумосии обӣ" эълом карда шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2445-2010-06-08-17-35-06.html