«ВОИЗОН, К-ИН ҶИЛВА ДАР МЕҲРОБУ МИНБАР МЕКУНАНД» - Кисмати дуввум
Моро дигар гӯл задан мушкил аст. Мо аллакай дарк мекунем, ки ислом чисту сиёсат чӣ. Мо аллакай мефаҳмем, ки бо кадом мақсадҳои ғаразнок, Шумо мусулмонони тоҷикро ба пайравони санаддори Худо, яъне ҳизбӣ ва мусулмонони беҳуҷҷати ғайриҳизбӣ ҷудо кардаед. Вале хаёли Шумо хом аст. Моро дигар фиреб кардан амрест мушкил.
Агар қаблан симои Президенти ҶТ-ро мо танҳо дар сухану гуфтаҳои Шумо ва як иддаи дигари ба ном «ҳомиён»-и ислом тасаввур мекардем, солҳои охир ӯро чандин дафъа дар шароити хориҷи кишвар аз наздик дидем ва итминон ҳосил кардем, ки ӯ имрӯз пуштибони асили миллати мусулмони тоҷик ва арзишҳои бузургу муқаддаси исломист ва ин муқаддасотро дар ҳамон шакле пос медорад, ки падару аҷдодони мо аз қадимулайём онҳоро эътироф мекарданду парастиш мекарданд, на чун баъзе мазҳабфурӯшони миллат, ки ба кадом кишвари исломие, ки сафар намуданд, ба хотири чанд пайсаи пуччак ба дину оин, мазҳабу макотиби барои тоҷикон бегона мегароянд.
Бузургдошти Имоми Аъзам ҷойгоҳи исломро дар Тоҷикистон барои ҷаҳониён, хусусан барои кишварҳои исломӣ муайян кард. Ва аксари онҳо дар назди Сарвари тоҷикон сари таъзим фуруд оварданд, зеро дар худи ин кишварҳо чунин таваҷҷӯҳе ба бузургони ислом ва аҳли тақво зоҳир нагардидааст. Мутаасифона, аз ҷониби Шумо исломиёни ҳуҷҷатдор мо чунин ташаббусеро алҳол надидаем ва фақат мебинем, ки шумо онро танҳо барои амалӣ намудани манофеъи худ истифода мебаред.
Мӯхтарам Раиси ҲНИТ! Шумо, ки аз тақаллубкориҳо дар интихобот, маҳалгароиҳо дар Ҳукумат ва коррупсия дар сатҳи мақомоти давлатӣ менолед, чаро ҳамчун як сиёсатмадори муосири ҷомеаи тоҷик худатон ба дигарон намуна намешавед. Чаро маблағҳои аз кишварҳои исломӣ барои ҳизб воридшаванда танҳо ба воситаи хушу таборатон интиқол мешаванду дар ихтиёри худатон қарор мегиранд.
Чаро дар сафи номзадҳо ҳамчун вакили Парлумон хоҳару бародару писари амакатон дар баробари худатон қарор доштанд? Умуман, Шумо, ки ҷонибдори роҳ додани танҳо кадрҳои тавоно ва кордон ба Парлумони кишвар мебошед, киро дар рӯйхати ҲНИТ ҳамчун фарди ҷавобгӯ ба ин талаботҳо мебинед? Мо чунин шахсонро дар рӯйхат надидем.
Аслан, мақсад аз навиштани ин мақола ҳуҷум ба Муҳиддин Кабирӣ надоштем. Вале чи илоҷ, ки «Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор». Муҳиддин Кабирӣ, ки худро як сиёсатмадори шинохтаи Тоҷикистони имрӯза меҳисобад, бояд ҳассосияти марҳилаи кунуниро дарк кунад ва ба нафъи душманони миллату миҳани тоҷик хизмат накунад. Ӯ бояд манфиатҳои шахсии худро боло нагузорад ва миёни ҷомеаи тоҷик тафриқа наандозад, чунки дар вазъияти кунунӣ ин иқдом хиёнат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон аст.
Мо медонем, ки хеле ҷавонем ва дар навишти мақола ба эҳсосот дода шудаем, аз ин сабаб ба иштибоҳоти зиёде низ роҳ додаем ва Муҳиддин Кабирӣ бо осонӣ онҳоро ошкор карда ҷавобе ҳам барои мо менависад, вале умедворем, ки агар ӯ дӯстдори ҳақиқии миллату меҳани худ бошад, аз халалдор кардани вазъи сиёсӣ дар ҶТ даст мекашад.
Ба ҳар ҳол, ӯ имкон дорад, ки боз панҷ соли дигар дар пушти курсии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ бурда, барои кишварҳои исломии минтақа дар Тоҷикистон «ҷомеаи исломӣ» ва барои кишварҳои Аврупо «ҷомеаи демократӣ» бисозад.
Як теъдод ҷавонони миллатпарасту Ватандӯсти ҳақиқӣ аз хориҷи кишвар
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1860-l-r.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ