00:21:37 28-уми Апрели 2025 сол

Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко вохӯрӣ намуданд

10 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, ки бо сафари корӣ барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон – Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

rustami emomal bo valentina matvienko22154Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки Русия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Ҷонибҳо аз раванди рушди муносибатҳои байнипарламентии ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, ба нақши парламентҳои ҳарду давлат ҳамчун воситаи муҳимму боътимоди рушди ҳамкорӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки Форуми байнипарламентии Тоҷикистон-Русия оид ба ҳамкории минтақавӣ на танҳо барои палатаҳои болоии парламентҳо, балки барои намояндагони доираи васеи кории ҳарду давлат майдони босамари муколамаи байнипарламентӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.

Ҳамчунин дар мулоқот дар атрофи масоили байналмилалӣ, аз ҷумла, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор доир шуд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ