02:16:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Аббосалӣ Карим-оғлу: «Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон корҳоеро анҷом дод, ки Ҳайдар Алиев дар Озарбойҷон»

Мусоҳиба бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим-оғлу Ҳасанов.

-Пеш аз ҳама, сипоси мардуми Тоҷикистонро ба Озарбойҷони дӯсту бародар барои дасти кумак дароз кардан ба аҳолии аз заминларзаи 7 уми декабри соли 2015 осебдидаи вилояти Бадахшон ба Шумо мерасонем. Бояд гуфт, чунин дастгириҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд ва метавонанд омили таҳкими бештари дӯстӣ ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд бошанд.

hasanov 549451212

-Ташаккур. Бояд бигӯям мардуми Озарбойҷон бо мардуми Тоҷикистон таърихи дерина доранд. Ин равобит дар даврони истиқлолияти давлатии ду кишвар ба вуҷуд наомадааст, балки собиқаи бисёр қадимӣ дорад. Дар тӯли таърих байни ду миллат равобити ҳасанаи дӯстӣ ва бародарона вуҷуд дошт. Аз як тараф, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ мо бо ҳамдигар фосилаи зиёде дорем — дар фосилаи беш аз ду ҳазору панҷсад километр аз ҳамдигар қарор дорем, аз тарафи дигар, фосилаи маънавӣ, фосилаи дӯстӣ миёни мардумони кишвари мо ҳеҷ гоҳ дур набуд. Бинобар ҳамин вақте бародарон ва хоҳарони тоҷикӣ аз зилзила осеб диданд, миллат ва давлати Озарбойҷон наметавонист дар канор бошанд.

Бо дастури президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев кӯмаки инсондӯстона ба маблағи 800 ҳазор манати Озарбойҷонӣ, ба вазни 200 тонна дар 11 мошини боркаш ба вилояти Бадахшон расонида шуд. Ин амал як бори дигар нишон медиҳад, ки мардуми Озарбойҷон, давлати Озарбойҷон ҳамеша ба дӯстӣ ва бародарӣ содиқҳастанд. Ин кӯмак кӯмаки аввалин нест. Дар зимистони шадиди соли 2007 низ Ҷумҳурии Озарбойҷон ба мардуми Тоҷикистон ба маблағи 1 милллион манати Озарбойҷон, ки он замон баробар ба 1 милл. 200 ҳазор доллари ИМА буд, дасти кӯмак дароз кардааст. Аз Худо талаб дорам, ки ин ҳодисаи бад дар сарзамини Тоҷикистон дигар ҳеҷ вақт пеш наояд ва мардуми Тоҷикистон дар шароити сулҳу субот ва оромиш зиндагӣ дошта бошанд.

-Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон давоми 23 соли муносибатҳои дипломатӣ зиёда аз 35 санади ҳуқуқӣ-қарордодӣ ба имзо расидааст, ки муҳимтарини онҳо Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад. Заминаҳои таърихӣ, паҳлӯҳои сиёсии муносибатҳои ду кишварро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ дар кадом сатҳқарор дорад? Оё ҳамаи имкониятҳои мавҷуда барои рушди муносибатҳои судбахши дуҷониба, ки заминаи чунин муносибатҳоро сарварони ҳар ду мамлакат гузоштаанд, пурра истифода мешаванд?

-Воқеан ҳам равобити дӯстонаи ду кишвар Тоҷикистону Озарбойҷон 23 сол аст идома дорад. Ин равобит аз тарафи ду шахси бузург Пешвои миллати тоҷик раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари умумимиллии мардуми Озарбойҷон муҳтарам Ҳайдар Алиев гузошта шуд. Равобити давлатии ду мамлакат пояи маҳкаму қавӣ дорад. Солҳои минбаъда ва ҳоло ҳам аз тарафи Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин равобити дӯстона ба хубӣ идома дода мешаванд.

Мо ҳанӯз заминаҳое, ки дар равобитамон вуҷуд дорад, наметавонам бигӯям, ки  сад дар сад истифода бурдаем. Имкониятҳои мавҷударо бисёр кам истифода кардаем. Ин далоил дорад. Албатта мо дар дараҷаи аввал ниёз дорем, ки ду кишвар бо ҳам иртибот, имкони тамосу рафтуомад дошта бошанд. Барои ин ҳатман парвози ҳавопаймоӣ лозим аст. Як муддати кӯтоҳи соли 2012 ва давоми соли 2013 аниқтараш аз 7-уми марти соли 2013 то 22-юми октябри соли 2013 парвозҳои доимӣ доштем.

Тӯли он муддат хеле корҳо ба сомон расонида шуданд, равобити фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ равнақ пайдо карданд. Агар иртибот, рафтуомад набошад, корҳои амалӣ кам анҷом мегиранд. Ҳоло ин аз бузургтарин далоилест, ки хоҳ-нохоҳ барои тавсияи равобити амалӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, саноӣ мамоният эҷод мекунад. Ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо ҳамдигар қарордод имзо карданд ва қарор буд соли 2015 ин парвозҳо шурӯъ бишаванд. Аммо ин парвозҳо ҳанӯз шурӯъ нашудаанд. Умед дорем, ки дар соли 2016 ин парвозҳо оғоз шаванд.

-Яке аз нақшаҳои неки ҷонибҳо аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани роҳҳои обӣ ва оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон барои боркашонӣ буд. Ин нақша то чӣ андоза мавриди амал қарор дорад?

-Давлати Тоҷикистон ва давлати Озарбойҷон ҳамеша дунболи ин ҳастанд, ки иртиботи амалиро бештар кунанд, роҳро боз намоянд, рафтуомад бештар бошад. Ба унвони мисол мегӯям, ширкати ТалКо-и Тоҷикистон бо корхонаи алюминиуми шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон ҳамкорӣ дорад, баъзе маводи хом аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон оварда мешаванд ва аз ин ҷо алюминиум фиристода мешавад ба Озарбойҷон. Ин маҳсулоти хом ва аввалия бо мошинҳои калонҳаҷм интиқол меёбанд. Дар ин ҳолат маҳсулот аз хоки чанд давлат мегузарад, ҳазина бештар ва вақт бисёр меравад. Вале агар ин кор тавассути роҳи оҳан анҷом ёбад, манифати иқтисодӣ чанд баробар бештар мешавад.

Озарбойҷон дар минтақаи Қафқоз мавқеи хеле хуб дорад ва талош дорад, ки бо истифода аз мавқеи ҷойгиршавӣ пуле бошад байни кишварҳои Аврупо ва Осиё. Барои амалӣ кардани ин нақшаи бузург Озарбойҷон лоиҳаи роҳи оҳани Боку-Тифлис-Корсро амалӣ кардааст. Корс шаҳрест дар Туркия. Лоиҳаи роҳи оҳани мазкур аллакай анҷом ёфта, маросими расмии кушодашавии он рӯзҳои наздик баргузор мешавад. Озарбойҷон барои ин лоиҳа 800 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардааст. Аз Корс то дуртарин шаҳрҳои ҷаҳон роҳи оҳан вуҷуд дорад.

Аз Боку ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо хатсайрҳои Боку-Туркманбошӣ ва Боку-Актов (Қазоқистон) имкони ҳаракати қатораҳо бо истифода аз киштӣ (паром) вуҷуд дорад. Аллакай ҳаракати қатора ба сурати озмоишӣ аз Чин ба Қазоқистон, аз Қазоқистон ба Боку, аз Боку ба Туркия ва аз Туркия ба кишварҳои Аврупо муваффақона анҷом гирифт. Бояд гуфт дар минтақае, ки Тоҷикистон ҷойгир аст, як лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст: роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон. Бо ба истифода додани лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон кишвари шумо ҳам қатораҳои мусофирбарӣ ва ҳам қатораҳои борбарии худро метавонад тавассути роҳҳои мавҷудаи Озарбойҷон то дуртарин нуқоти Аврупо интиқол диҳад.

-Тасмим буд, ки ширкати давлатии нафти Озарбойҷон (ГНКАР) дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт бунёд мекунад. Корҳо дар ин самт дар кадом марҳала қарор доранд?

-Полоишгоҳи нафт бояд бунёд мешуд. Вале мавзӯъ ин буд, ки коргоҳро бо кадом маҳсулоти хом, яъне нафт таъмин бояд кард? Маҳсулоти нафти хом худаш як мавзӯъест: аз куҷо ин маводи хом бояд оварда шавад? Аз Озарбойҷон агар оварда шавад фосила хеле дур аст, роҳи оҳан мавҷуд нест. Агар бо мошинҳои борбари калонҳаҷм биёранд он гоҳ нархи маҳсулоти нафтиро қиматаш хеле боло меравад. Яъне бунёди ин полоишгоҳ аз ҷиҳати иқтисодӣ на судовар, балки баръакси он мешуд. Фикр мекунам, вақте роҳи оҳан бунёд шуда, мавриди баҳрабардорӣқарор гирад, ин лоиҳа ва аз ин лоиҳаи бузургтар ҳам дар Тоҷикистон амалӣ шавад.

-Оё вақти он нарасидааст, ки соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Озарбойҷон бо истифода аз муносибатҳои дӯстонаи ду давлат тиҷоратро дар кишварҳои ҳамдигар роҳандозӣ намоянд?

-Вақташ хеле боз расидааст. Ман пештар гуфтам, барои ин рафтуомад бояд бошад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд донанд, ки парвози мустақим байни Душанбе ва Боку чӣқадар суд меорад ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Озарбойҷон. Зеро Озарбойҷон кишвари транзитӣ мебошад. Аз ин ҷо метавон ба кишварҳои Аврупо, ба Амрико, кишварҳои Осиё, кишварҳои арабӣ ва Русия бо нархҳои арзон ва дар муддати кӯтоҳ парвоз кард. Барои мисол, аз Боку ба Амрико рафту баргашт баробар ба 650 доллари ИМА мебошад. Агар парвоз байни Душанбе ва Боку шурӯъ шавад, мусофирон метавонанд бароҳат аз Боку ба дигар кишварҳои Аврупо парвоз кунанд.

Сайёҳони хориҷӣ низ метавонанд ба Душанбе ба сайру сайёҳат биёянд. Тоҷикистон худ кишвари зебост, чашмаҳои Тоҷикистон кайҳо диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст. Худи оби Шоҳамбарӣ доруст. Бинобар ҳамин сайёҳон роҳи наздиктар меҷӯянд то ба Тоҷикистон биоянд ва бо зебогиҳои табиати он аз наздик ошно шаванд, аз обҳои ширинаш лаззат баранд. Тоҷикон низ метавонанд озодона барои истироҳат ба соҳилҳои баҳри Хазар раванд. Тавре ки медонед, имрӯз бӯҳрони молиявӣ тамоми оламро фаро гирифтааст. Мо бояд интизор нашинем, ки кай он тамом мешавад? На! Моро, тоҷирони моро мебояд бо ташаббуси худ роҳҳое пайдо кунанд, ки байни ду кишвар равобити тиҷоратӣ рушд дода шавад.

Ҳатто кучактарин иқдом дар ин самт бояд дастгирӣ шавад. Ба унвони мисол, ман метавонам бигӯям агар ду ширкат дар ҳамкорӣ барои интиқоли ширинбия – ин доруи бисёр арзандаест, ки дар дорусозӣ ва ороишӣ- зебосозӣ истифода мешавад, бигузор дар ҳудуди 200 ҳазор доллар, бо ҳам созиш кунанд. Шояд баъзеҳо гӯянд 200 ҳазор доллар чизе нест. Аммо ин амал оғози кор мегардад, барои буҷаи ҳар ду давлат суд меорад, ҷойи кор барои иддае аз мардум пайдо мешавад, гумруку молиёт ба давлат супорида мешавад. Ба ибораи тоҷикӣқатра-қатра зам шавад, дарё шавад.

-Ҳар мавзӯъ ки гуфтем, сари набудани равобит ва ё парвозҳои ҳавоӣ ист карда шуд. Кадом омилҳо намегузоранд, ки парвозҳои ҳавоӣ оғоз гарданд?

-Ширкатҳои ҳавонавардӣ мустақил ҳастанд. Вале фикр мекунам онҳо бояд мадди назар гиранд, ки парвозҳо зарар нахоҳанд дошт, судманд хоҳанд шуд. Агар ҳафтае се-чор парвоз бошад ҳудудан то 80-90 фоиз тайёраҳо пур хоҳанд шуд. Мусофирони транзитӣ аз он бештар истифода мекунанд. Бояд рақобати солим бошад, агар рақобат бошад қимати парвоз поин меравад. Суде ки барои ҳар ду давлат эҷод мешавад садҳо миллион метавонад бошад.

-Хатарҳои муосир аз қабили терроризм, ифротгароӣ, коҷоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳи оташфишон,  фаъолияти созмонҳои иғвобарангез ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гаштааст. Тоҷикистону Озарбойҷон дар самти мубориза бо хатарҳои зикршуда кадом тадбирҳоро бояд амалӣ намоянд, то истиқлолияти давлатӣ ва марзу буми ҳар ду кишвар дар амон нигоҳ дошта шаванд?   

-Ин хатарҳое, ки гуфтед, ҳамагӣ бало ҳастанд. Балои бузургест барои башарият, барои тамоми кишварҳо, барои тамоми миллатҳо. Қарни 20 давроне буд, ки суботи нисбӣ дар дунё таъмин гардида буд. Баъд аз он ки дунё якқутба шуд, хатарот бештар шуд. Дуқутбӣ будани дунё тавозунро нигоҳ медошт, аз балоҳое, ки имрӯз зиёд шудаанд ҷилавгирӣ мекард. Алъон ин балоҳо хеле тавсиа пайдо кардаанд. Кишварҳову давлатҳоро мебояд дар ин замина бештар ҳамкорӣ бикунанд. Ба хусус кишварҳое, ки тоза истиқлолият ба даст оварданд, бештар бояд дар фикри суботу амният бошанд. Байни вазорату мақомоти марбутаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар ин самт робитаҳо ҳастанд.

Ҳар ду тараф моил ҳастанд, ки дар ин замина ҳамкорӣқавитару маҳкамтар бошад ва асароти беҳтаре дошта бошад. Тӯли ин солҳо дар ин самт корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд. Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки Озарбойҷон бо Тоҷикистон ҳаммарз нест ва чӣ лозим ҳамкорӣ дар ин самт. На, чунин нест, барои амният, барои мубориза бо ин балоҳое, ки гуфтем, барои мубориза бо қоҷоки маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмондодашуда, хатари бузург доранд. Ин аст, ки байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории дар бахши таъмини амнияту субот ҳаст. Баъзе корҳое анҷом ёфтанд, ки барои матбуот салоҳ нест гуфтани онҳо, фақат метавон гуфт, ки ҳамкории хуб роҳандозӣ шудааст.

-Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ, созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ чӣ гуна сурат мегирад? Нақши Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҳалли муноқишаҳои минтақавӣ, таъмини амнияту суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Хазар аз назари Шумо?

-Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сатҳи олӣқарор доранд. Вақте ки равобити сиёсӣ дар сатҳи олӣ хуб ба роҳ монда шуда бошад, хоҳ-нохоҳ муносибату дастгириҳо дар дигар бахшҳо заминаи нек пайдо мекунанд. Дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ маъмулан мо аз ҳамдигар ҳамеша ҳимоят мекунем. Метавон гуфт, ки одат шуда, ки Тоҷикистону Озарбойҷон аз мавқеи ҳамдигар ҳимоят мекунанд. Баъзе созмонҳои байналмилалӣҳастанд, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Озарбойҷон аъзои он созмонҳо мебошанд. Ба унвони мисол, ҳар ду кишвар узви Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд ва ҳамеша аз мавқеъи ҳамдигар дар ин созмон ҳимоят мекунанд.

Ё ин ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ЭКО, дар ин созмон даҳ кишвар Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон,  Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон аъзо ҳастанд. Кишварҳои мо дар ин созмон аз мавқеи ҳамдигар дифоъ мекунанд. Созмони ҳамкории Шанхай, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он ва Озарбойҷон дар он мақоми шарикӣ оид ба муколомаро дорад, дигар аз майдони сиёсати байналмилалӣ мебошад, ки дар он ҷо низ ҳар ду кишвар мавқеи якдигарро ҳимоят мекунанд. Ба ин тартиб дар ҳама созмонҳои байналмилалӣ мо ҳеҷ гуна мушкил надорем.

Агар ба ҳавзаи Хазар ва Осиёи Миёна аз нуқтаи ҷуғрофӣ бингарем, дармеёбем, ки ин ду минтақа бо ҳам ҳамсоя ҳастанд. Давлатҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар фикри ҳамкории амниятӣҳастанд, зеро қарни бисту як марҳалаи таърихиест, ки тамоми давлатҳо барои таъмини субот дар минтақаҳо бештар талош мекунанд. Имрӯз дар ҷаҳон беназмӣ эҷод шудааст. Ҳоло бубинед дар кишварҳои минтақаи Ховари Миёна ба шумули Сурия, Ироқ, Ливия чӣҳодисаҳо мегузарад.

Ин бенизомӣ хоҳ-нохоҳ барои тамоми давлатҳо мушкил эҷод мекунад. Муҳоҷирин аз он манотиқе, ки ҷанг ҳаст барои наҷоти ҷони худашон, барои наҷоти фарзандону аҳли хонадони худ рафтанд ба кишварҳои аврупоӣ ва акнун дар ин кишварҳо мушкилоти бузург пайдо шуд. Бинобар ҳамин мехоҳам таъкид кунам, ки субот дар дунё бисёр муҳим аст. Бо таҳия ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои иқтисодӣ бояд коре кард, ки зимнан сулҳу субот таъмин шавад ва ноамнӣ ба минтақаҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣҳаргиз ба ҳеҷ сурат роҳ наёбад.

-Дар фароварди суҳбат як суол доир ба нақши шахсият чун пешвои миллӣ дар ташкил, таҳким ва рушди давлатдорӣ. Маълум аст, ки дар Озарбойҷон институти Пешвои миллат фаъол аст ва нахустпрезиденти Озарбойҷони соҳибистиқлол чун Пешвои Миллат эътирофу эълон шудааст ва мавриди арҷгузорӣқарор дорад. Андешаи Шумо доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва пешвоии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон?

-Ба назари ман барои хушбахтии воқеии як миллат, барои пешрафти як давлат дар дараҷаи аввал мавҷуд будани як раҳбари қавӣ шарт аст. Хуш ба ҳоли он миллатҳо, он кишварҳое, ки раҳбари хубе доранд, зеро нақши раҳбар хеле муҳим аст. Мардум ва миллати ҳар кишвари дунё, баҳогузорӣ ва санҷише, ки мекунанд он баҳогузорӣ ва санҷиши мардумӣ мисли тарозуст, яъне  дақиқи дақиқ аст. Миллат худаш интихоб мекунад, ки ба фалонӣ унвони Пешво (дар Тоҷикистон) ва ё раҳбари умумимилӣ (дар Озарбойҷон) дода шавад ё не? Яъне миллат худаш ташхис медиҳад, ба ҳар касе, ки рост омад намедиҳанд ин унвонро, ба касе медиҳанд, ки лоиқу арзандаву шоиста аст. Касе, ки барои миллат, барои давлат хизмат кардааст, он шахсро Пешво мегӯянд.

Агар таърихи Тоҷикистон ва Озарбойҷонро муқоиса бикунем, манзурам даврони 25 соли охир аст, пас мебинем, ки хеле чизҳо мушобеҳи ҳамдигаранд. Баъд аз фурӯпошии Шуравӣҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Озарбойҷон ҷанги дохилӣ шурӯъ шуд. Метавонам бигӯям, ки ҷанги дохилиро дигарон таҳмил карданд. Ҷанги дохилӣ хатарноктарин ҷанг аст, зеро бародар душман ба бародари худ мешавад. Ҷанги дохилӣ дар Озарбойҷон агар Ҳайдар Алиев намебуд, ҳеҷ касе дигар наметавонист, ҷилави онро ба зудӣ бигирад. Соли 1993 вақте мардум аз Ҳайдар Алиев даъват карданд, эшон омаданд ва ҷилави ҷанги хеле даҳшатнокро гирифтанд. Баъд аз он, ки Ҳайдар Алиев ба Озарбойҷон омад ва ҷанги дохилиро хомӯш кард, буҷа ҳамагӣ 800 миллион доллар дошт, корхонаҳо аз кор монда буданд, беназмӣ ва фақр ҷорӣ буд.

Мардум моҳҳо маош гирифта наметавонистанд, ҳаҷми маош кам буд, барои пайдо кардани як нон се-чор соат одамон сарсон мегаштанд ва агар ноне ҳам пайдо мекарданд, сифаташ, маззааш, лаззаташ хуб набуд. Ҳайдар Алиев кишварро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод, ба мардум суботу амну осоиштагӣ ва рушди иқтисодиро овард. Ба ин далел мардум ӯро Роҳбари умумии миллати Озарбойҷон эълон карданд. Ҳоло дар Тоҷикистон мардум Эмомалӣ Раҳмонро эълон карданд ба унвони Пешвои миллат. Пешво Эмомалӣ Раҳмон дар сахттарин лаҳозот омаданд ва муваффақ шуданд, ки ҷанги дохилиро анҷом диҳанд.

Оштии миллӣ эҷод карданд, ваҳдати миллӣ эҷод карданд, ки ин хеле муҳим аст, зеро минтақае, ки Тоҷикистон ҷойгир аст, наметавон гуфт, ки бисёр собит аст. Дар чунин шароити сахт ва минтақаи мураккаб ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар Тоҷикистон субот эҷод бикунанд. Раиси ҷумҳурии шумо суботро дар кишвар таъмин карданд. Худоро шукр, ки ин сулҳу субот рӯз ба рӯз сол ба сол устувору қавӣ ва бебозгашт гардид. Ҳамчунин имрӯз рушду нумӯи иқтисоду саноату кишоварзии кишваратон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Нақши шахсият дар рушду пешрафти давлат ва миллат хеле муассир аст. Раҳбар аввал бояд меҳанашро дӯст дошта бошад, бояд миллати худашро дӯст дошта бошад, бояд ҷаҳонбинии хеле қавӣ дошта бошад, бояд ҷасорат дошта бошад, ки дар мавориди хеле муҳим боҷасорат тасмим бигирад. Ба ҳамин далел миллатҳо ин тавр шахсонро барои худашон Пешво меноманд. Агар мехоҳем, ки давлати қавӣ дошта бошем, миллат бояд дар атрофи пешвояш муттаҳид бошад.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi