00:04:24 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зарурат ба муколимаи давомдори умумимиллӣ дорем!

Дар маҳфили ҳармоҳаи профессор Иброҳим Усмонов "Гуфтугӯи тамаддунҳо" ин дафъа - моҳи март Сайфуллоҳ Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Муколимаи сулҳи тоҷикон- ҳамчун падидаи таърихӣ" суҳбат кард. Бояд гуфт, ки Муколимаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи конфронси Дортмут ҳанӯз моҳи марти соли 1993, яъне расо 13 моҳ қабл аз оғози Гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон дар Маскав ба фаъолият шуруъ карда буд.

sayfullo-safarov00023Иштирокчиёни ин муколима ҳамчун шахсиятҳои алоҳида дар 19 даври муколимаҳои  маъмулан серӯза фикру андешаҳои фардии хешро ҳамчун коршинос дар масоили мубрами ҷангу сулҳи тоҷикон, сабабҳои сар задани ин ҷанг, роҳҳои барқарории сулҳу субот дар кишвар иброз медоштанд. Ташаббускори ба роҳ мондани чунин як муколима дар байни коршиносони тоҷик ИМА ва Русия буданд, ки баъдан Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба онҳо ҳамроҳ шуд. Дар ин муколима олимону коршиносони масоили сиёсии тоҷик, аз қабили профессорон Раҳим Ҳошимов, Абдунабӣ Сатторзода, Тағай Раҳмонов, Зайд Самидов, Атобеки Амирбек, Дӯстмуҳаммади Дӯст, Азиз Хошоков, Муҳиддин Кабирӣ, Саидқосим Қиёмпур, Сайфуллоҳ Сафаров, Асадуллоҳ Валиев ва дигарон мубодилаи нуқтаи назар мекарданд.

Сайфуллоҳ Сайфаров дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" он рӯзҳоро ба ёд оварда аз ҷумла дар бораи ширкати худ  дар ин баҳсу мунозираҳо чунин гуфт: "Ман дар муколимаҳои сулҳи тоҷикон ҳамчун намояндаи Дастгоҳи Президент иштирок доштам. Дар ин муколимаҳо мо аз мавқеи шахсии худ баромад мекардем. Мо ҳақ надоштем, ки аз номи давлат сухан кунем. Мо фикрамонро ҳамчун шаҳрванд ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа иброз медоштем. Мо дар ин муколимаҳо аз ҳамаи сохторҳо будем. Аз ин сабаб, ин муколимаро муколимаи давомдори минтақавӣ ҳам мегуфтанд, чунки намояндагони минтақаҳо - Кӯлоб Бадахшон, Хуҷанд ва ғайра дар он ҷо ҳузур доштанд".

Ба гуфтаи Сайфуллоҳ Сафаров яке аз хусусиятҳои хоси муколимаи тоҷикон ин буд, ки "онҳо паси дарҳои баста мегузаштанд ва мазмуни он овоза карда намешуду журналистон ба ин муколимаҳо роҳ дода намешуданд ва шарҳи ин масъалаҳо умуман ба берун намебаромад". Сайфуллоҳ Сафаров дар идома иброз дошт, ки "дар муколимаҳое, ки хориҷ аз кишвар мегузаштанд, олимону коршиносон ва сиёсатмадорони тоҷик, қабл аз ҳама бо кӯмаки хориҷиён ва истифода аз таҷрибаи онҳо фарҳанги муколимаро меомӯхтанд.

Яъне чи гуна сухани якдигарро гӯш карда тавонистан ва таҳаммулпазир будан нисбати фикру андешаи ҳамсуҳбат ва ба ҳамин монанд донишу малакаҳоро омухта мешуданд. Баъдтар мо дар асоси ин муколамаҳо як кумитаи ҷамъиятӣ созмон додем. Ин кумитаи ҷамъиятӣ тамоми корро мекард, то ин ки ин муколама берун аз кишвар неву дар дохили Тоҷикистон баргузор гардад. Чунки мо намехостем, бисёре аз баҳсҳову фикрҳои мо бурун аз кишвар ба дасти онҳое, ки метавонанд фикри моро бар зидди кишвари мо истифода кунанд, бирасад. Бинобар ин минбаъд ин муколамаро мо дар дохили Тоҷикистон гузаронидем.

Аввал ин муколама бе мавзӯъ баргузор мешуд. Мо мавзӯъро пешакӣ омода намекардем. Мавзӯъро мо худамон каме пеш аз оғози муколама интихоб мекардем ва ҳеч кас ба сари мо кадом як мавзӯъро бор намекард. Мо он чизҳое ки дар ҳамон шабу рӯз барои тоҷикон лозим буд, баррасӣ мекардем. Мавзӯъҳои аввалине, ки мо барои баҳс гузоштем ин: соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатӣ, нақши анъанот дар таҳкими равандҳои демократӣ, давлат ва дин, худшиносии миллӣ ва худшиносии динӣ, озодии виҷдон ва амниятӣ миллӣ ва ғайраҳо буд.

Баъд аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ, интихоботи президентӣ, қабули қонуни асосии кишвар, ин гуфтушунидҳо мазмунашон дигар шуд. Ҳукумат ба шакли дигари корӣ гузашт. Дар баҳсҳои сиёсие, ки баргузор мешаванд, чӣ қадар мавқеъҳо дақиқтар бошанд, ҳамон қадар натиҷаи умумӣ хуб мешавад. Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи "Наҷот" як мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо ҷавонон бо номи "Ҳувияти миллиро тақсим накунед" чоп шуд, ки дар он ҷо нисбати дигар кардани номҳо сухан мерафт. Муҳиддин Кабирӣ як фикри хуб гуфтааст: "Ман ба русҳо (русҳое, ки мусалмон шудаан)  дар Истамбул гуфтам, ки Шумо метавонед номҳоятонро  бетағйир гузоред. Бигзор Александр ё Дмитрий ҳам мусалмон бошанд, чунки ҳамин Михаил ҳамон Микоил аст, ки фарқе надорад. Ин номҳо таърихӣ буданд, ки бо гузашти вақт тағйир ёфтанд".

Ин гуфтаи Муҳиддин шояд таъсири ҳамон муколима буд, ки ёфтани ҷиҳатҳои хуби ба ҳам овардани миллатро таҷассум мекунад. Он гуфтугӯе, ки мо доштем, онро метавон таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ном бурд. Вақте ки моро ба Амрико, шаҳри Дортмут даъват карданд, вазири маорифи Амрико Метюз гуфт, ки "мо инҳоро на барои он даъват кардем, ки ҳисобот диҳанд, ки дар кишварашон чи гап аст, мо инҳоро ба он хотир даъват кардем, ки инҳо устоди ин коранд. Дӯстони тоҷик бояд вазифаҳоро тақсим намуда, чун устод оид ба таҷрибаи ҳар давраи гуфтушунид ва муколамаҳо ба кишварҳои дигар маълумот диҳанд".

00010201253552100Сайфуллоҳ Сафаров талош кард, ки ба ҳозирин бифаҳмонад муколимае, ки дар дохил сурат мегирифт аз муколимае, ки чанде пештар дар Амрикову Русия гузаронида мешуд, чи тафовут дошт. "Дар ҳақиқат, муколимаҳои мо аз он муколимаҳое, ки дар Амрико мегузаштанд, фарқ мекарданд, ки аз ин ҷиҳат нодиранд. Гарчанде усули гузаронидани муколимаҳо умумият доранд: журналистон иштирок накунанд, суханҳо шарҳ дода нашаванд, дар муколама намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ва ҳизбҳои мухолиф иштирок дошта бошанд ва дигарҳо.

Дар Амрико ҳадафи асосии гуфтугӯи давомдор ин тағйир додани низоъҳои нажодӣ, қавмӣ ва ҳалли масоили иҷтимоӣ будааст. Аммо дар Тоҷикистон бошад, ҳадафи гуфтугӯи давомдор ёфтани шакли созиш оид ба масоили тезу тунди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғоявӣ (дину фарҳанг) мебошад. Яъне ки аз низоъ берун кашидани ҷомеа лозим аст. Дар кишвари мусалмоние, ки гузаштаи коммунистӣ дорад, навобаста аз хоҳиши одамони алоҳида масъалаи ба ҳам мувофиқ омадани чунин идеологияҳои ба ҳам муқобил ва хислатҳои иҷтимоӣ - тоталитарӣ ё мазҳабӣ-тоталитарӣ дошта дар радифи аввал қарор мегирад".

Сайфуллоҳ Сафаров лозим медонад, ки муколимаҳо дар ҳаёти имрӯзаи мо пайваста ва давомдор бошанд: "Барои мо тоҷикон гуфтугӯ ва баҳсҳои ҷамъиятии бардавом аз рӯи чанд сабаб хеле аҳмиятнок мебошад: ба иштирокчиёни расмии музокироти расмии тоҷикон, аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, ҳукумати Амрико, Федератсияи Русия, бо тарафи иттиҳоди мухолифин таъсири гуфтушуниди байни тоҷикон, эҳсос карда мешуд; новобаста аз мавқеи ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик таҳлилгарон ва иштирокчиёни гуфтушунид дар натиҷаи баҳсҳои чандрӯза дар охири созиш ба вазъияти иҷтимоӣ, сиёсии Тоҷикистон баҳои объективӣ дода, муваффақият ва камбудҳои равандҳои демократикунонӣ, амали шудани қонунҳо, озодии сухан ва матбуот, низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандеширо дар ҷомеа баҳо дода, ба ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон роҳҳои бартараф намудани онҳоро дар шакли меморандум пешниҳод менамуданд.

Имрӯз барои мо ҳамин чиз намерасад; созиш дар гуфтугӯ, осонтарин ва арзонтарин шаклу шеваи амал мебошад. Чун ба заминаи қарорҳои ҷиддии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ метавонад хизмат кунад; шаҳрвандоне, ки барои онҳо тақдири давлат арзиши воло дорад, дар доираи қонуни асосӣ фаъолият мебаранд, эхсос мекунанд, ки принсипи гуногунандешӣ дар асоси ҳуқуқҳои баробар амалӣ мегардад; ҳар як минтақаи Тоҷикистон масоили иҷтимоӣ-сиёсӣ ва минталитети ба хад хос дорад. Барои ҳамин мо гуфтушниди давомдори миллиро ба гуфтушуниди давомдори минтақавӣ табдил додем ва дар Суғду Кӯлобу Қӯрғонтеппа баҳсҳоро идома медодем. Мардумро гӯш мекардем ва суханони онҳоро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекардем.

Дар гуфтугӯҳои давомдор тарсу ҳарос, нобоварӣ, нофаҳмӣ шубҳа ва ғайраҳо дар байни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъият ва ҳукумат аз байн бардошта шуда буд. Дар хотимаи суҳбати Сайфуллоҳ Сафаров иштироккунандагони маҳфил нуктаҳои ироашударо ба баҳс кашиданд. Азҷумла профессор Абдунабӣ Сатторзода иброз дошт, ки "Бисёр масъалҳое ки дар муколамаи сулҳ буд, дар музокироти сулҳ ба миён гузошта шуд. Масалан, чор зеркомиссияе, ки дар Комиссияи Оштии Миллӣ амал карданд, аввалан идеяашон дар муколимаи сулҳ буд. Ин муколима дар вақташ нақшашро иҷро кард. Ҳадафи хориҷиҳо омӯзонидани фарҳанги муколима буд, ки мутаассифона мо ёд нагирифтем. Барои он мо фарҳанги муколимаро наомӯхтем, ки мо ҳар корамон нотамом боқӣ мемонд. Масалан муколимаи миллӣ ташкил шуд, аммо нотамом монд.

Имрӯз зарурат ба ҳамин муколима вуҷуд дорад. Лекин мо бояд интизор нашавем, ки кай боз хориҷиҳо пул ҷудо мекунанду мо муколимаро созмон медиҳем. Мо бояд худамон ин корро ташкил кунем. Аммо мо фарҳанги муколимаро ёд нагирифтем. Агар мехоҳем, ки ҷомеаамон ором бошад, мо бояд ҳақиқатан ин фарҳанги гуфтугӯро, таҳамулпазирӣ, эҳтиром карданро ёд гирем. Дар сатҳи танг не. Дар ҷомеа мо бояд ин амалро роҳандозӣ намоем. Он вақт мушкилиҳои мо ҳал хоҳад шуд. Мо бояд доираи муколмаи сулҳи тоҷиконро мушаххас кунам. Масалан, муколамаи сулҳи тоҷикон аз соли 1993 то 2000-ум давом кард. Вай рисолаташро анҷом дод. Идомааш дигар аст".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi