04:28:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

Сиёсати хориҷӣ баъд аз Зарифӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири муҳимтарин ниҳоди давлатӣ, Вазорати умури хориҷиро аз ҳама охир, дар остонаи баргузории ҷаласаи ҳукумати нав дигар кард.

hamrokhon-zarifi_565656.jpgТағйирот дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъд аз зуҳри 29-уми ноябр, дар остонаи нахустин ҷаласаи ҳукумати нав эълон шуд. Дар ҳоле, ки ҳарфи рафтани Зарифӣ аз ин мақом қабл аз интихобот низ матраҳ буд, вале таъхир дар сабукдӯш кардани ӯ пешгӯиҳоеро ба миён овард, ки эҳтимолан президент ӯро то 1-2 соли дигар нигаҳ медорад.

Аммо тасмим гирифта шуд ва ҳоло доираҳои нуфуз дар ҳукумати кишвар ва сиёсатшиносон тахмин мезананд, ки шеваи кори вазири нав, Сироҷиддин Аслов, намояндаи собиқи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳаид, аз вазири қаблӣ, Ҳамроҳхон Зарифӣ бо чӣ фарқ хоҳад кард.

Таъини Сироҷиддин Аслов ба мақоми вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба андешаи аксари соҳибназарон далелест, ки ҳукумат сиёсати хориҷиашро дигар намекунад. Ҳукумат ҳамон сиёсатеро пеш хоҳад бурд, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ аз соли 2006 ба ин сӯ амалӣ мекард. Дар замони вазирии оқои Зарифӣ ҳукумати Тоҷикистон "сиёсати дарҳои боз"-ро эълон кард ва ба шарикони дуру наздикаш пайғом дод, ки дар пешбурди ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳо аз шеваи баробариву коршарикии мутақобилан судманд кор мегирад ва дар қабули ҳар тасмим аз зовияи манофеи миллӣ амал мекунад.

Дар ҳоле, ки ҳарфи ниҳоӣ дар тасмимҳои вазорати хориҷӣ бо Эмомалӣ Раҳмон аст, аммо аксаран Зарифиро аз муаллифони "сиёсати дарҳои боз" мехонанд. Бо ин сиёсат  Тоҷикистон тавонист пойбандии худро аз Русия то ҳадде коҳиш диҳад ва роҳро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб ва ҷалби cармояи бештар ҳамвор намояд. Коршиносон мегӯянд, Аслов низ аз ҳамин сиёсат пайравӣ мекунад, вале шояд бо шеваҳои дигар.

Абдунабӣ Сатторзода, муовини собиқи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар гузашта бо Сироҷиддин Аслов дар ҳамин вазорат кор кардааст, мегӯяд, бо омадани вазири нав сиёсати хориҷӣ тағйир намеёбад: “Дар татбиқ дигаргунӣ ба вуҷуд хоҳад омад, зеро татбиқи сиёсати хориҷӣ ба шахсияти вазир бисёр вобастагӣ дорад. Шахсияти вазир агар муносибу мувофиқ бошад, дар татбиқи вай осору нақши худашро хоҳад гузошт. Ман боварӣ дорам, ки Сироҷиддин Аслов ҳамингуна вазири муносиб хоҳад буд ва ҳатман  татбиқи сиёсати умури хориҷии Тоҷикистон беҳтару хубтар хоҳад шуд.”

Аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки вазири собиқ Ҳамроҳхон Зарифӣ дар муаррифии кишвар ба ҷаҳони беруна муваффақ буд. Ӯ тавонист таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба марзҳои Тоҷикистон ҷалб кунад ва ин пайғомро ба онҳо бирасонад, ки дар ҷанг бо терроризм ва маводи мухаддир, бо доштани марзи тӯлонӣ бо Афғонистони ноором, Тоҷикистон минтақаи ҳоил ва бештар аз кишварҳои дигар ба ин ду хатар рӯ ба рӯ аст. Аммо дар тӯли солҳои фаъолияти ӯ ба сифати дипломати рақами 1, равобити Тоҷикистон бо ҳамсоякишвари Узбакистон ба сардӣ гаравид ва муносибати Тоҷикистон бо Русия борҳо ба бунбаст ворид шуд, ҳарчанд ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода бад шудани равобити Тоҷикистон бо ин ду кишвар на бо айби Зарифӣ, балки аз тағйири авзоъ дар минтақа ба миён омад.

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов таҳлилгари дигари тоҷик, таъйини Сироҷиддин Аслов ба мақоми вазири умури хориҷӣ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ҳамон сиёсати қаблиаш, яъне муомилаи мутавозин бо Русия ва кишварҳои ғарбиро идома хоҳад дод ва бо чунин бозиҳои дипломатӣ саъй хоҳад кард, агар аз мадори Русия берун ҳам наравад, вале аз он дуртар бошад: “Омадани вазири нав, маънии онро надорад, ки сиёсати хориҷии кишвар дигар мешавад. Метавонам бигуям, ки ҳамкорӣ бо Ғарб густариш меёбад, вале муносибот бо Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ ҳам дар авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ хоҳад буд.”

Ин далел, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ дар тӯли фаъолияташ пайваста ба маъракаҳои ба гуфтаи дипломатҳои тоҷик тарҳрезишуда дар матбуоти Русия рӯ ба рӯ мешуд, баёнгари он аст, ки Маскав аз ҳақшиносии Тоҷикистон хушнуд нест ва ин саркашиҳоро паёмади машваратҳои Зарифӣ медонист. Махсусан тӯл кашидани тамдиди қарордоди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва ҳанӯз ҳам ҳал нашудани сарнавишти пойгоҳи низомии Айнӣ аз масоиле буд, ки мақомоти Маскавро нороҳат мекард.

Собиқаи кории Зарифӣ дар мақомҳои баланди хадамоти амният мояи дигари асабонияти Русия буд. Зеро дар Кремлин низ тарҳрезони сиёсати хориҷӣ собиқ кормандони КГБ буданд ва ҳеҷ бозии пасипардагӣ дар ду кишвар аз назари ҳарду ҷониб пинҳон намемонд. Ба сурати умум Зарифиӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аз вазироне номбар мешуд, ки ба курсии худ сазовор ҳастанд. Аммо баҳси марзӣ бо Чин ва ба ихтиёри ин кишвар гузаштани порае аз хоки Тоҷикистон, ки Зарифи онро пирӯзии дипломатияи тоҷик унвон карда буд, назари ҷомеаро дар бораи ӯ дигар кард.

Самтгирии Сироҷиддин Аслов ҳоло маълум нест. Танҳо ҳамин маълум аст, ки солҳои ахир ӯ бештар бо дипломтаҳои ғарбӣ сару кор дошт. Баъди интихоботи президентӣ ва оғози таъсиси ҳукумати ҷадид, баъзе аз ҳалқаҳои русгаро дар ҳукумати Тоҷикистон интизор доштанд, ки шояд Душанбе ин дафъа вазири хости Маскавро таъйин ва бо ин роҳ Кремлинро ором кунад. Аммо ба гуфтаи Рашид Ғанӣ,  таҳлилгари дигар, таъйини Аслов ба мақоми вазири умури хориҷӣ далели он аст, ки бо вуҷуди таҳдиду пофишориҳои Русия, Тоҷикистон ҳамон роҳеро пеша гирфитааст, ки худаш дуруст мешуморад:

“Ба ҳар ҳол чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи бисёрсамтаи хориҷиаш чизеро кам намекунад, ҳарчанд бисёриҳо фикр мекарданд, ки шояд вазири нав мутаваҷҷеҳи Русияву дигар дигар ҷойҳо  мешавад, яъне вазири нав шахс мешавад, ки бештар дар ин самт кор карда буд. Вале бубинем, ки раиси ҷумҳур боз шахсеро интихоб кард, ки аксаран кору бори дипломатияш бештар марбути муносибатҳо бо кишварҳои ғарб буд.“

Тайи фаъолияти дипломатӣ дар СММ оқои Аслов дар баҳси истифодаи обҳои фаромарзӣ ва бунёди нирӯгоҳи Роғун пайваста аз мавқеи кишвараш пуштибонӣ мекард ва як давра ба ҳайси раиси Бунёди Арал ҳам фаъолият кардааст. Аммо ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯянд, бунёди равобити хуб ва ҳамдигарфаҳмӣ бо Узбакистон дар дасти Тоҷикистон нест ва омадани вазири нав масъаларо дигар намекунад. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон наметавонад Узбакистонро ба зӯр ба оғӯш бикашад, аммо метавонад бо кишварҳои дигари минтақа, ки аз сиёсати ҳамсоягурезии Тошканд хаста шудаанд, бинои эътимод бисозад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi