18:08:04 02-уми Июни 2025 сол

САФИРИ АМРИКО ДАР ЛИБИЯ КУШТА ШУД

Дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар шаҳри Бенғозӣ чор нафар, аз ҷумла сафири Амрико дар ин кишвар, Кристофер Стивенс, ба ҳалокат расидаанд.

/images/stories/2012/09/12_kristofer-120912.jpgСилоҳбадастон болои консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри шарқии Бенғозии Либия ҳамла карда, биноро ба коми оташ кашиданд. Ба қавли мақомоти Либия дар пайи ҳамла сафир савори мошин шуда, мебоист ба ҷои амн интиқол ёбад, аммо дар роҳ ҳадафи ҳамлаи мушакии силоҳбастон қарор гирифт. Сафир ва се ҳамроҳаш ба ҳалокат расиданд.

Пеш аз ин, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бенғозӣ як мақоми вазорати умури дохилии Либия Ванис аш-Шариф гуфта буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи шаби сешанбе ҳадди ақал як корманди консулгарӣ кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Виктория Нуланд, сухангӯи департаменти давлатии Амрико, иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳида бо лаҳни шадидтарин ҳамларо маҳкум мекунад.

Ӯ афзуд, мақомоти Амрико бо нерӯҳои амниятии Либия ҳамкорӣ доранд, то амнияти маҷмӯаи биноҳои сафорати Амрико дар Бенғозӣ таъмин бошад. Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон тасдиқ кард, ки бар асари ҳамла ба консулгарӣ як ходими он ҳалок шуд.

Як сокини шаҳри Бенғозӣ дар назди консулгарии тахрибшуда гуфтааст, ин ҳамла эътироз ба як филми камхароҷот аст, ки дар он ба гуфтви онҳо пайғамбар Муҳаммад мавриди тавҳин қарор гирифтааст: “Мардуми Либия дӯст намедоранд, ки касе дар бораи пайғамбарашон ҳарф бад занад. Ин пайғамбар Муҳаммад аст. Ин Усома бин Лодин нест. Каси дигаре нест. Ӯ паймғамбари мост!”

Дар бораи филм хабарҳои мухталиф зиёд аст, вале гуфта мешавад, ки он дар Амрико тавлид шудааст. Рӯзи сешанбе дар назди сафорати Амрико дар шаҳри Қоҳираи Миср ҳам гирдиҳамоии эътирозӣ доир шуда буд. Эътирозгарон дар Қоҳира ҳам аз истеҳсоли филме бо номи “Бегуноҳии мусулмонон” ба ғазаб омада буданд. Ин филмро як насронии зиддиисломии мисрӣ дар ИМА ташвиқу тарғиб мекунад.

Дар шабакаи YouTube пораҳои тарғиботии ин филм ба лаҳҷаи мисрии забони арабӣ ҷой дода шудаанд. Дар Қоҳира эътирозгарон парчами сафоратро поин фароварда, ба ҷои он як шиори исломиро боло бардоштанд. Дар назди бинои сафорати ИМА дар Қоҳира Ҳусам Юсуф Исмоил ном эътирозгаре танқиди пайғамбар Муҳаммадро маҳкум кард ва гуфт, озодии сухан набояд барои тавҳини ислом истифода шавад:

“Фард ҳақ надорад, ҳар кори ба сараш меомадаро иҷро кунад. Ин амал бар зидди манфиатҳои ҳамон фард аст. Озодӣ бемаҳдудият нест. Ҳатто озодӣ сарҳад дорад. Асоси имони динӣ бояд аз тарафи ҳар фарди рӯи олам эҳтиром шавад. Мо бар зидди ин филм ҳастем, зеро шунидаам, ки дар он тавҳин ба ҳазрати Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳӣ ва саллам, ҷой дорад. Шахсан ин филмро надидаам. Мо, ҳамчун мусулмонон, мехоҳем ба аҳли олам паёме фиристем, ки мо хатти сурхе дорем, ки набояд убур шавад ва мо ҳамчунон имон дорем. Сарфи назар аз он ки расонаҳо чӣ мехоҳанд, мо аз имонамон дур намешавем.”

Дар ин байн сафорати Амрико “кӯшишҳои афроди раҳгумзадаро, ки эҳсоси мусулмонон ва пайравони ҳар дини дигарро таҳқир мекунанд", маҳкум намудааст.

Сем Басил, як соҳибкори амрикоии яҳудитабор аз иёлати Калифорния, иддао дорад, ки ин филмро ӯ наворгириву танзим кардааст. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз Басил иқтибос овардааст, ки ӯ мехост, ба ин восита таъқиби коптҳои насронии Мисрро нишон диҳад. Қаблан мегуфтанд, ки филмро коптҳои насронии мисрӣ, ки ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебаранд, ба навор гирифтаанд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
-1 #1 dehkon 12.09.2012 22:32
bo ehsosoti musalmonon bozi mekunand. dinu paygambari musalmonora be hurmati mekunand. boz mexohand musalmono amrikoihoro rui sar biguzorand? xub shud kushtanash.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854