22:22:30 24-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ВАЗИРИ ТОҶИКТАБОРИ ҲУКУМАТИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ИТТИҲОМИ ПОРАГИРӢ БОЗДОШТ ШУД

Имрӯз Равшан Собировро ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ интиқол доданд. Вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон Равшан Собиров бо иттиҳоми гирифтани пора ба миқдори калон боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон интиқол дода шудааст. Президенти ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ” декабри соли гузашта ба ҳайати ҳукумати нави Қирғизистон шомил шуда буд.

/images/stories/2012/07/05_vaziri-tijiktabor-2012.jpgДар иттилоияи расмии КДАМ гуфта мешавад, ки боздошти вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон Равшан Собиров бар пояи баёноти ёвари худ  сурат гирифтааст, ки рӯзи 30 июн ба ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор доллар  боздошт шуда буд. Дар ҷараёни бозпурсӣ, ёвари вазир гуфтааст, ки бо “дастури мустақими” раҳбараш Равшан Собиров пора меситонид. Дар сӯҳбат бо мо котиби матбуотии КДАМ гуфт, ки ёвари вазир дар баёноташ таъкид кардааст, ки дар гузашта мизони пора 5 ҳазор доллар буд, вале баъдан то 10 ҳазор доллар афзоиш ёфт.

Ёвари вазир ҳангоми гирифтани пора аз як ширкати хориҷӣ боздошт шудааст. Дар ҳамин ҳол, хоҳари вазири рушди иҷтимоӣ Барно Собирова дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки бародарашро рӯзи панҷшанбе дар соатҳое боздошт карданд, ки ӯ ба унвони шоҳид дар қазияи ёвараш  барои додани баёнот ба КДАМ рафта буд. Вай гуфт, ки   бародарашро рӯзи панҷшанбе ба мӯҳлати 48 соат боздошт кардаанд. Барно Собирова дар сӯҳбати телефонӣ аз Бишкек ба мо гуфт:

- Вақте ки хонаи ӯро дирӯз кофтукоб карданд, ман ҳам он ҷо ҳузур доштам. 4 июл баъд аз зӯҳр дар дохили утоқи кории вай, дар дохили мошин ва баъдан дар манзилаш хеле муфассал, ду-се соат дар ҳузури  бародарам ва мо хонаро кормандони Кумитаи амнияти миллӣ  кофтукоб карданд. Онҳо чизе пайдо накарданд.

Равшан Собирови 41-сола узви ҳизби «Ота Макон» декабри соли 2011  аз ҷониби парлумон ба  ҳукумати нахуствазир Омурбек Бабанов шомил  шуд ва нахустин тоҷике шуд, ки дар ҳукумати Қирғизистон ба вазифаи баланде соҳиб шудааст.  Ӯро аз ин пеш чун президенти ҷамъияти тоҷикон ва ҳам як  фаъоли ҷамъиятӣ мешинохтанд, ки дар Қирғизистон таваллуд ва бузург шудааст.  Бо ихтисоси  иқтисодчӣ ва ҳам ҳуқуқшинос дар Академияи  дипломатии вазорати хориҷаи ин кившар таҳсил мекунад. Соҳиби панҷ фарзад аст.

Барно Собирова мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бовар намекунад, ки бародараш пора мегирифт: - Мо ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои марбут ба кори ӯ ва ҳамкоронаш дахолат намекардем. Ман чизи зиёд гуфта наметавонам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки вақте вазир шуд, ягон муовин ё коргари пешинаро нав накард. Вай мехост бо ҳамаи онҳо кор кунад.

Ба саволи мо оид ба ин ки шояд ин иттиҳом кори дасти душманонаш бошад, хонум Барно танҳо гуфт, “эҳтимол, ин ҳам буда метавонад”. Вай гуфт, ба ҳангоми кофтукоби манзил  ҳарчанд барои  сӯҳбат бо бародараш фурсате набуд, вале рафтори ӯ хеле оддӣ ва муназзам буд. “Вай ҳаросе надошт, чунки мояе барои ҳаросу тарс надорад, вай пора нагирифтааст”, гуфт хоҳараш. Барои дифоъ аз ҳуқуқи худ Равшан Собиров  як вакили дифоъ гирифтааст.

23 декабри порсол баъди таъиноташ Равшан Собиров дар як сӯҳбати телефонӣ бо мо гуфт, ифтихор дорад, ки чун танҳо депутати тоҷик дар ҳукумати нави Қирғизистон соҳиби вазифа шуд ва талош мекунад, ки барои кӯмак ба мардуми нодору ниёзманди ин кишвар, садҳо ҳазор ятимону нафақахӯрон  хизмат кунад.

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi