22:18:26 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ХАБАРИ БОЗДОШТИ СНАЙПЕРҲОИ ЭРОНӢ ДАР СУРИЯ

Расонаҳои арабӣ мегӯянд, шӯришиёни Сурия дар Ҳумс панҷ тирандози эрониро асир гирифтаанд. Намояндаи гурӯҳи мусаллаҳи шӯришиёни Сурия бо номи Артиши Сурияи Озод ба рӯзномаи «Asharq Al-Awsat» гуфтааст, ки ҳафтаи гузашта дар Ҳумс ҳафт снайпер ё нишонзани эронӣ боздошт шудаанд. Ин иттилоъро сарҳанг Малик ал-Курдӣ, муовини фармондеҳи Артиши Сурияи Озод пахш кардааст. Вай мегӯяд, ки панҷ нафар аз онҳо винтовкаи снайперӣ доштанд.

SniperБа ҳайси далел ошӯбгарон навори видеоро паҳн карданд, ки дар он панҷ нафар ва шиносномаҳои эронии онҳо намоиш дода мешаванд. Яке аз онҳ ба забони форсӣ мегӯяд: "Ман - Саҷҷод Амириён, узви Сипоҳи посдорони... инқилоб. Ман ба гурӯҳе сарварӣ мекардам, ки бояд ошӯбҳо дар Ҳумсро саркӯб мекард. Мо мустақиман зери фармони ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Сурия дар Ҳумс будем. Ман аз ҷаноби Хоманаӣ хоҳиш мекунам, ки ба хотири озодии мо фавран бо Артиши Сурияи Озод вориди музокира шаванд."

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Вазорати умури хориҷии Эрон ҳафтаи гузашта аз рабуда шудани 7 инженер дар моҳи декабр дар Ҳумс ва 11 зоири эронӣ дар моҳи январ дар наздикии Димишқ хабар додааст.

Иттифоқан акси муҳандисонро, ки идораи умури хориҷии Эрон нашр кардааст, бо видеое, ки шӯришиёни Сурия пахш намуданд, шабоҳати зиёд дорад ва маълум нест, бозддоштшудагон муҳандисонанду шӯришиён аз онҳо бо аҳдофи таблиғотии худ сӯистифода мекунанд ва ё баръакс тирандозҳо зери пӯшиши муҳандисӣ ба Сурия фиристода шудаанд.

Мақомоти расмии Сурия дар мавриди ин хабарҳо изҳори назар накардаанд. Сурия аз шарикони наздики Эрон дар Ховари Миёна мебошад. Гурӯҳҳои зидди раисиҷумҳури Сурия Башор Асад Теҳронро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё дар саркӯби норозиён ба режими Асад кӯмак мерасонад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
+1 #3 Guest 31.01.2012 11:31
3. агар онҳо сипоҳӣ бошанд, нисбати Хоманаи иродати хоссе доранд! ва хеҷгоҳ махсусан вакте аз у чизро дархост доранд аз номи у истифода намекунанд, балки ҳадди акалаш мегуянд АЗ РАҲБАРИ ИНҚИЛОБ ОЯТУЛЛОҲ ХОМАНАИ ХОҲИШ ДОРЕМ ин равиши гуфтори дар тоҷикиҳо ҳам ҳаст ки аз Ҷаноби оли истифода мешавад!
ҳоло бо ин чанд далел ки бовар мекунад онҳо таълимдиддаанд? !!
 
 
+1 #2 Guest 31.01.2012 11:26
салом хонандагони азизи Тоҷики
бале асли ин хабар саҳеҳ! аммо инро бояд илова кунем, ки агар узви (снайпер) сипоҳ, ки дар форси ба он тактирандоз гуянд бошанд бояд ин хусусиятҳоро доро бошанд:
1. сарбозони таълимдида, хусусан тактирандозҳо дар ҳама артишҳо аз афроди бо таҷруба ва ҷонбаркаф ҳастанд, ҳоло шумо ин нишонҳоро ба имони онҳо изофа кунед, ки сарбозони Сипоҳи Эрон аз он бархурдор ҳастанд.
2. дархости ҳар асире аз давлати кишвараш ва пештар аз он бо калимоти ғайри ончи дар ин филм гуфта мешавад хоҳад буд, хусусан агар он дархоскунанда сарбози таълимдида бошад! инро сарбозони таълимдида хубтар мефаҳманд.
 
 
+1 #1 Guest 30.01.2012 10:47
ин афрод муҳандисони иронианд на снайпериҳои он ман ҳардуро навори видиоиро дидам бо аксҳои муҳандисон шабоҳат дорад ирон бар хилофи мудааиёни ҳуқуқи башар роҳи терорро пеш нагирифта аст ва аз роҳи сиёси ва дипломоти мехоҳад қазияи суряро дунбол кунад
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi