03:42:28 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«БУҚАГӢ»-И РУСИЯ АСЛАН НОМАРДӢ АСТ

Михо Давиташвили, Грузия Online

Имрӯз Русияро мавҷи навбатии бедодгарӣ дар заминаи миллӣ фаро гирифтааст. Ин дафъа ашхоси тоҷиктабор қурбони сиёсати давлатии Кремл гардиданд. Боздошти халабонҳои Русия дар Тоҷикистон боиси ба таври оммавӣ дастгир шудани шаҳрвандҳои ин кишвар дар кӯчаҳои Маскав гардид. Аллакай ҳафтаи панҷум аст, ки мавзӯи мазкур аз саҳифаҳои таблиғотии кремлӣ берун намеравад ва ба мавзӯи №2-и ВАО-и Русия табдил ёфтааст (албатта, баъди ҳисобот дар бораи коршоямии Путин).

/images/stories/2011/12/21_russia_gizala_211211.jpgХалабонҳои ширкати ҳавоии Русия, ки дар Афғонистон фаъолият мекарданд, ҳанӯз моҳи марти соли 2011 ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон боздошт шуда буданд. Яке аз онҳо шаҳрванди Русия аст ва дигаре сокини русзабони Эстония. Лекин Русия ба ҳамватанҳои худ танҳо моҳи ноябр, вақте ки додгоҳи Тоҷикистон онҳоро барои қочоқ ва убури ғайриқонунии сарҳад равонаи зиндон кард, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Умуман, тақдири шаҳрвандонаш Русияро он қадар ба ташвиш намеорад. Одатан онҳо аз гуруснагӣ мемиранд, аз беобию бебарқӣ азият мекашанд, дар заминканҳо зиндагӣ мекунанд, зери чархҳои кортежҳои Кремл ҳалок мешаванд ва ин ҳеҷ касро ба ташвиш намеорад. Халабонҳои ҷанҷолиро ҳам то ин вақт ҳеҷ кас ба хотир намеовард. Вале ҳодисаҳои ҳафтаҳои охир мумкин ба манфиатҳои молиявии кадоме дахл кардааст -ин бошад аллакай корест, ки таваҷҷӯҳро талаб мекунад!

Раисҷумҳури Русия Медведев бидуни таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса изҳори норозигӣ намуд ва таҳдид кард, ки ба Тоҷикистон ҷавоби "ҳамвазн" хоҳад дод. Ба ҳалли масъала дарҳол тамоми машинаи бюрократии Русия сафарбар карда шуд.

Чизи ба ҳамин монандро мо шурӯъ аз соли 2008 мушоҳида мекунем- вақте ки давоми якчанд сол Кремл ва шахсан ҷаноби Сергей Лавров барои аз ҷазои додгоҳи Амрико наҷот додани ҳамватани дигари худ -силоҳфурӯш ва ҳамкосаи террористҳо Виктор Бут ҷонбозона талош меварзанд. Онҳо нотаи эътирозӣ навиштанд, аз тариқи телевизион суханронӣ карданд, ИМА-ро дар мубориза зидди Русия ва қариб дар сӯиқасди ҷаҳонӣ муттаҳам карданд, вале аз дасташон коре наомад. Онҳо натавонистанд ба Амрико "буқагӣ кунанд" ва аз ҳамин сабаб Бут дар натиҷа паси панҷараи зиндонро иҷора гирифт.

Албатта, баъди чунин нокомии шармандаовари дипломатияи таърифии Русия лидерҳои ин кишварро зарурияте пеш омад, ки худро дар назди ҷомеаашон сафед кунанд ва исбот намоянд, ки ҳоло ҳам аз дасташон коре меояд. Аз ҳамин сабаб қарор шуд, ки дар остонаи интихобот қасоси Исоро аз Мӯсо гиранд, яъне қасоси Амрикоро аз Тоҷикистон.

Албатта, дар пасманзари кишварҳое ба мисли Тоҷикистон, Науру ё Қирғизистон, Русия бидуни шубҳа ҳукмфармо ва "арфа-буқа" ба назар мерасад (шабеҳи Путин), лекин дар муқоиса бо Фаронса ё ИМА чунин гуфтан мумкин нест. Лидерҳои рус кӯшиши бебоконаи Душанбеи расмиро барои дар ҳудуди худ ба додгоҳ кашидани халабонҳои рус таҳаммул карда натавонистанд ва ҷавоби "ҳамвазн"-и худро Русия чун одат аз таъқибу боздошти муҳоҷирони тоҷик дар кӯчаҳо оғоз кард -чи хеле ки барои "давлати абарқудрат" хос аст.

Бино ба маълумотҳои гуногун имрӯз дар Русия аз 10 то 15 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд. Инҳо асосан зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои Қафқоз мебошанд, ки дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия меоянд. Аксарияти онҳо ба ҳайси кӯчарӯб, бинокор кор мекунанд ва музди ночиз мегиранд.

Лекин то имрӯз давоми даҳ соли охир ҳеҷ кас муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик ва ҷиноятҳоеро, ки гӯё онҳо паҳн мекардаанд, намедид. Ва акнун тамоман "ногаҳонӣ" маълум шудааст, ки дар Русия садҳо ҳазор тоҷик ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд ва онҳо на танҳо ҳуҷҷат надоранд, балки боз ҷойҳои кориро аз русиягиҳо медузданд, бо ғорату ҷинояткорӣ машғул мешаванд ва умуман -ифлосиро (антисанитария) паҳн мекунанд!  Баъди он, ки бо фармони боло матбуот ба таблиғоти зиддитоҷикӣ оғоз кард, маълум шуд, ки қариб сабаби ҳамаи бадбахтиҳои Русия тоҷикҳо мебошанд.

Албатта, лозим буд, ки давлатро аз унсурҳои бадхоҳи нав пайдошуда дар мӯҳлати кӯтоҳ муҳофизат кунанд, вагарна онҳо бо ҷорӯб ва воситаҳои дигари коммуналӣ мусаллаҳ гардида, муттаҳид мешаванд ва Кремлро ишғол менамоянд!

Танҳо давоми як рӯз ва танҳо дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зиёда аз 600 тоҷикро дастгир карданд ва аз он бо камоли мамнуният аз тариқи ВАО хабар доданд. Ҳамин тариқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия кишварро аз "ишғолгарон"-и маккор муҳофизат карданд. Аз ҳамин сабаб тоҷикҳо, ки ҳар дафъа бо додани пора аз дасти милисаҳои рус халос мешуданд, ин дафъа меҳмони хонаҳои махсуси тақсимот (яъне, ҳабсхонаҳои муваққатӣ) шуданд ва мизбонҳо ваъда доданд, ки онҳоро бо зудӣ ба ватанашон мефиристанд.

Яқинан чунин иқдоми Кремлро дар худи Русия ҳамчун сиёсати самаровар ва саривақтӣ арзёбӣ  мекунанд. Дар он ҷой ҳоло бо як эҳсоси хурсандона харобшавии иқтисодиёти Тоҷикистонро интизоранд. Маскав ба тамоми ҷаҳон "қудрати худро" дар дастгир кардани муҳоҷирон намоиш дод.

Роҳбарияти Русияро бо ғалабаи навбатии сазовор табрик мекунем ва мегӯем: Шармандагӣ аз ин зиёд намешавад! Буққагии шумо аслан номардист…

Ҳафтаномаи «Дунё»


Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 21.12.2011 13:42
Чахонгири гироми, хеле маводди хуб ва хонданро ба нашр расондаи. Офарин. Хар касе ин матлабро навиштааст (Михо Давиташвили), хеле сахеху вокеъбинона аст. Ифтихор боз ба як гурчии далер.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi