09:53:09 21-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДАР АФҒОНИСТОН ҒОЛИБ ШУДАН БА ГУМОН АСТ

Bruse Haigh, The Australian Broadcasting Corporation

Аҳмақ бояд буд, агар бовар кунем, ки сиёсати Австралиё дар Афғонистон баъди ярадор шудани 3 сарбозаш ва кушта гардидани 10 австралиягии дигар тайи чанд рӯзи охир бетағйир хоҳад монд.

/images/stories/2011/12/21_taliban_211211.jpgАгар сарвазири ин кшивар Ҷулия Гиллард ва вазири мудофиааш Стивен Смит чунин ҳисобанд, ки боварӣ бо роҳи "якҷояшавии" сарбозони австралиёӣ ва қӯшунҳои афғон, ки дар паҳлӯи ҳамдигар зиста, онҳоро омӯзиш хоҳанд дод, барқарор мешавад -ин афсӯс, иштибоҳе беш нест. Қазия ана дар чист: сиёсатмадорон ва афсарони калони қувваҳои мудофиа тавассути ин бозии сиёсӣ ба ҳадафҳои хеш мерасанд.

Вазъияти қӯшунҳои австралиёӣ хеле мураккабу ҷиддист ва ин вазъ дар пешбиниҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ё дарозмӯҳлат беҳтар нахоҳад шуд. Ба назар чунин мерасад, ки сохтори сиёсии австралиёӣ ба ниёзи мардуми кишвар хидмат намекунад. 72 фоизи австралиёиҳо (ё 16,4 млн нафар) хоҳони онанд, ки сарбозони ҳамватанашон аз Афғонистон бароварда шаванд.

Ҳар дафъае, ки сарбозони австралиёиро ярадор месозанд ё ба қатл мерасонанд, сарвазир, вазири дифоъ тантанавор дар ВАО изҳор медоранд -"Новобаста ба нобарориҳои монанд ба имрӯза, мо чунин меҳисобем, ки дар Афғонистон ба пешравӣ даст ёфта истодаем".

Мегӯянд, агар мо имрӯз Афғонистонро ба ҳоли худ гузорем, хатари ба вуҷуд омадани холигие мавҷуд аст, ки дар он толибон ва боқимондаҳои Ал-Қойида аз нав тавлидкунандагони хавфу хатарҳову таҳдидҳо ба ҷаҳони муосир хоҳанд шуд. Аммо ку он далелҳое, ки сарбозони сулҳофар аз дастгирии аҳолии Афғонистон бархурдоранд?

Ҳукумати Австралиё сарсахтона беҳуда будани ҳузури сарбозонаш дар Афғонистонро ба инобат намегирад. Михаил Горбачёв яона сиёсатмадоре буд, ки беҳуда будани дахолат ба умури Афғонистонро қоил шуд. Аммо на ИМА, на НАТО ва на Австралиё аз нобарориҳои Русия сабақе нагирифтанд.

Сарвазир Гиллард мегӯяд, ки мо аз рӯи моҷароҳои хурди алоҳида набояд ба тамоми амалиёт баҳо бидиҳем. Вале генерал Мак Крисстал ба ин ақида розӣ набуда, чунин меҳисобад, ки ин нобарориҳо натиҷаи нодуруст баҳо додани вазъи умумист ва надонистани таъриху омилҳои маҳаллӣ мебошад.

Соли ҷорӣ се сарбози бритонӣ аз ҷониби ҳарбиёни афғон кушта шуданд. Миёнаи моҳи феврал сарбози афғон, ки дар пойгоҳи НАТО хидмат мекард, ҷониби сарбозони олмонӣ оташ кушода, ҳашт нафарро ярадор ва се касро ба қатл расонд. Дар ҳоли ҳозир, такя бар гузориши "махфии" НАТО, нерӯҳои бритонӣ ҳар соат- ҳатто ҳангоми хоб бояд бо таппонча мусаллаҳ бошанд, чунки хатари ҳамла аз ҷониби сарбозони афғон вуҷуд дорад.

Ҳамаи генералҳо ва сиёсатмадорони воломақом ҳамеша таъкид месозанд, ки "мо дар соли натиҷабор" зиндагӣ дорем. Ва ин "соли натиҷабор" аз соли 2005 тӯл мекашад.

Консепсияи шӯравӣ ба методи бо роҳи ҳарбӣ ҳал намудани қазияи Афғонистон такя мекард. Мисли имрӯз шӯравиҳо навовариҳои ҳарбиро дар пӯсти мардуми афғон месанҷиданд, санҷишҳои иқтисодиеро пиёда месохтанд, ки шароити зисти қишри нодорро бадтар намуданд, онҳо низ чун имрӯз "душманони давлат"-ро дастгир, истинтоқ ва қатл менамуданд, шумораи зиёди афғонҳо ва хонаҳои онҳоро мавриди бомбаборон қарор медоданд.

Ҳоло артиши миллии Афғонистон пурра аз ҳисоби ИМА маблағгузорӣ мешавад. Шӯравиҳо низ кӯшиш карда буданд чунин иқдомро пеш бигиранд, вале муваффақ нагаштанд. Онҳо баъди як соли ишғол кӯшиданд артиши харобшудаи афғонро барқарор бисозанд, аввал тавассути баланд бардоштани маош ва иловапулиҳо, баъдан бо ёрии қонунҳои сахт.

Онҳо на танҳо барои он муваффақ нагаштанд, ки режими ишон манфур буд, балки ҷанге, ки дар он навихтиёриёни потенсиалӣ иштирок доштанд, бар қисми зиёди афғонҳо хеле хуш намеомад. Дар он артиш гурехтани сарбозон, чун имрӯз васеъ паҳн гашта буд.

Ҷанг дар Афғонистонро ғолиб омадан номумкин аст, чунки Афғонистон моли мо ё ягон каси дигар нест, чун мағлуб бигардем. Ҳаёти зиёде аз даст бирафт, маблағҳои бузурге аллакай сарф гаштанд, вале бар дӯш гирифтани хатои худ нишонаи заифият нест ва ҳоло ҳам дер нашудааст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 21.12.2011 13:45
Қушун не, балки нерӯ бояд гуфт. Чунки қушун – ишлаб чиқориш аст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi