БЕРНАРД ЛУИС: РОҲИ ЯГОНА ИСТИСМОРИ ҶАҲОНИ ИСЛОМ АСТ
Бернард Луис, назарияпардози амрикоӣ ва тарроҳи хатарноктарин тарҳи қарн
Ончи ҷаҳони ислом ва араб имрӯз гирифтори ҷангу ихтилоф ва тақсиму таҷзия аст, тасодуфӣ нест, балки нақшаи аз пеш тарроҳишудае аст, ки солҳо пеш тавассути фарде ба номи Бернард Луис (Bernard Lewis) кашида шудааст. Ба гузориши пойгоҳи хабарии Islamtoday, Фатҳӣ Шаҳобуддин нависандаи ҷаҳони араб, дар мақолае, ба таҳлили тарҳи Бернард Луис дар бораи тақсими ҷаҳони ислом ва араб мепардозад ва дар ин бора менависад:
"Касоне, ки таърихро намехонанд, гумон мекунанд ончи Амрико дар Ироқ анҷом дода ва ин кишварро ишғол кард, иқдоми тасодуфӣ буд. Пас аз он ҳамагон шоҳиди ҳаводиси Судон будем, ки сабаби ба ду қисм ҷудогаштани он шуд. Ҳол он, ки ҳар ду ҳлдиса ҳам сарнавишти Ироқ ва ҳам Судон як қисмаке аз иҷрои тарҳи Бернард Луис аст, ки саҳюнизми ҷаҳонӣ онро барои пора кардани ҷаҳони ислом ва араб тарроҳӣ кардааст, то бар асоси он ин ду ҷаҳонро ба кишварҳои кӯчак табдил кунад ва ба ин васила, заминаи ҳокимияти режими саҳюнистӣ ибтидо бар сарзамини Фаластин ва сипас бар саросари минтақаро фароҳам кунад.
Аммо ҳадаф аз интишори ин матлаб, ошно кардани ҷаҳони ислом ва бавижа ҷавонон бо ин тарҳи хатарнок аст, бахусус ин ки саҳюнизми байналмилалӣ барои шустушӯи мағзии ҷавонон ва таҳрифи онҳо сармоягузорҳои калон мекунад, то ба ин васила ба тарҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико хидмат кунанд.
Бернард Луис кист?
Бернард Луис (Bernard Lewis) як саҳюнист (ӯ яҳудии бритониёист) ва соҳиби хатарноктарин тарҳи қарн барои пора кардани ҷаҳони ислом ва араб аз Покистон то Ғарб аст, ки ахиран маҷаллаи вазорати дифои Амрико иқдом ба чоп ва интишори тарҳи ӯ кард. Бернард Луис дар соли 1916 дар Лондон ба дунё омад. Ӯ ховаршиноси англисии яҳудиасл аст. Вай соли 1936 донишгоҳи Лондонро хатм карда, дар бахши таърихи Маркази таҳқиқоти шарқи африқоӣ ба шогирдон дарс мегуфт.
Таълифоти Бернард Луис
Луис мақолот ва китобҳои бисёре дар бораи ислом ва мусалмононро ба риштаи таҳрир даровардааст. Дарвоқеъ,. вай дар бораи ҳар он чизе ки ба ислом ва таърихи ислом вобаста аст, матлаб навиштааст ва ба ҳамин далел бисёре аз ин навиштаҳои вай ба китоби рӯимизии бисёре аз ғарбиҳо табдил шуда. Навиштаҳои Луис аз бунёдгароёни қарматӣ то таърихи навини ҷаҳон ва аз ҷумла ҷунбиши саҳюнизм ва гароишоти саҳюнистиро дарбар мегирад.
Wall Street Journal: Луис назарияпардози сиёсатҳои истило ва дахолати Амрико дар минтақа
Wall Street Journal дар бораи Бернард Луис менависад: Бернард Луиси 90 сола, муаррихи барҷастаи Ховари Миёна, бисёре аз захоир ва эътиқодот ва боварҳои идеологии давлати Бушро дар қазияҳои Ховари Миёна ва ҷанги Амрико алайҳи терроризмро фароҳам кард; ба гунае ки бояд вайро бар ҳақ назарияпардози сиёсатҳои истило ва дахолати Амрико дар минтақа донист. Ҳамин маҷалла дар идома менависад: Луис ҳимоятҳои ошкор ва аёнӣ аз ҳамлаҳои салибӣ дар тӯли таърих ва тайи қарнҳои гузашта анҷом дод ва таъкид кард, ки узрхоҳӣ бобати ин юришҳо таҳқири маҳз аст.
Бернард Луис, илқокунандаи истилоҳи "Бархӯрди тамаддунҳо"
Ҳарчанд мегӯянд, ки истилоҳи "Бархӯрди тамаддунҳо"-ро Самуел Ҳонтингтун, андешаманди муҳофизакор асос гузоштааст, аммо Луис ин истилоҳро ба афкори умумӣ ироа дод. Дар китоби Ҳонингтун, ки соли 1996 нашр шуд, нависанда дар як бахши муҳими китоби худ ба мақолае ишора мекунад, ки Луис соли 1990 онро таҳти унвон "Решаҳои хашми исломӣ" навиштааст. Ҳонингун дар ҳамон ҷо менигорад: "Ин камтар аз бархӯрди миёни тамаддунҳо нест, шояд ин мавзӯъ ғайримантиқӣ бошад, аммо бешак вокуниши ҷаҳони ислом дар баробари мо, вокуниши таърихии қадим ва куҳане аз ҷониби рақиби тамаддунҳои яҳудӣ ва масеҳӣ аст."
Барқарории робита бо давлатмардони омрикоӣ
Луис аз даҳаи ҳафтод равобити мустаҳкам ва самимонае бо навмуҳофизакорони Амрико барқарор кард. Гришт- аъзои маркази кори Амрико, дар бораи вай мегӯяд, ки Луис барои солҳои сол яке аз муҳимтарин мушовирони Буши падар ва Буши писар дар умури умумӣ буд.
Марде бо ҳазорон унвон матлаб дар бораи Ховари Миёна
Луис устоди бознишастаи донишгоҳи Бринстон 20 ҳазор китоб ва мақоларо дар бораи Ховари Миёна ба риштаи таҳрир даровард, ки аз он миён бояд ба "Аъроб дар таърих" ва "Бархӯрд миёни ислом ва навгароӣ дар Ховари Миёнаи навин" ва "Бӯҳрони ислом" ва "Ҷанги мундасса ва терроризми ғайримуқаддас" ишора кард. Нақши Бернард Луис сирфан ба эҷоди огоҳӣ ва дар айни ҳол нафрат дар миёни раҳбарони ду қитъа- Амрико ва Аврупо маҳдуд намешавад, балки дар қолаби як саҳюнист дар давлати Ҷорҷ Буши хурдӣ тарроҳии стратегияи ҳукумати Амрикоро дар душманӣ ва хусумати бисёр бо ислом ва мусалмонон ба анҷом расонд.
Ширкат дар тарроҳии стратегии ишғоли Ироқ
Вай дар воқеъ дар тарроҳии стратегии ишғоли Ироқ иштирок дошт. Як рӯзномаи амрикоӣ навиштааст, ки Луис ҳангоми бархурди ҳавопаймоҳо ба Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ ҳамроҳи Буш ва Чейнӣ буд ва мавзӯи ишғоли Ироқ ва ҳадафҳои ин ишғолгариро дар қолаби мақолаҳое чун "Ҷанги тамаддунҳо" ва "Терроризми исломӣ" барои хоҷагонаш навишт.
Назари Бернард Луис ба ҷаҳони араб ва мусалмонон
Дар мусоҳибае, ки яке аз хабаргузориҳо дар тарихи 20-уми майи соли 2005 бо Луис анҷом дод, вай гуфт: "Арабҳо ва мусалмонон қавме фосид ҳастанд, ки дигаронро низ фосид карда, ба табоҳӣ мекашанд, наметавонӣ онҳоро мутамаддин кунӣ ва агар онҳоро ба ҳоли худ раҳо кунӣ, дунёро бо мавҷи терроризми башарии худ, ки тамаддунҳоро нобуд мекунад ва аз байн мебарад, ғофилгир мекунанд ва ҷомеаи башариро табоҳ месозанд. Ба ҳамин далел, танҳо роҳи ҳалли мусолиматомез барои бархӯрд бо онҳо, ишғоли кишварҳояшон ва истеъмори сарзаминҳояшон ва аз байн бурдани фарҳанги мазҳабӣ ва иҷтимоии онҳост, ва дар сурате ки Амрико бихоҳад чунин нақшеро иҷро кунад, бояд аз таҷрибаи Англияву Фаронса дар истисмори минтақа истифода кунад, то аз такрори иштибоҳоти ин ду кишвар ҷилавгирӣ кунад."
Вай дар идомаи ин мусоҳиба таъкид мекунад, ки "тақсими ҷаҳони ислом ва араб ба минтақаҳои нообод ва заиф амри зарурӣ аст. Шиори Амрико дар ин арса бояд ин бошад, ки "ё онҳоро ба қайду банди хеш медарорему бар онҳо ҳоким мешавем ё ин ки онҳоро ба ҳоли худ раҳо мекунем, то тамаддуни моро табоҳ кунанд ва ба нобудӣ бикашонанд."
Ташвиқ ба ишғоли ҷаҳони араб ва ислом
Луис бо ишора ба ин ки монеае барои тасарруф ва ишғоли манотиқи арабӣ ва исломӣ намебинад, мегӯяд: "Аз он ҷиҳат, ки мо дар паи мутамаддин кардани арабҳою мусалмонҳо ва овардани озодию демократия дар кишварҳояшон ҳастем, ҳеҷ монеае дар ин намебинем, ки Амрико раҳбарони исломгарои ин кишварҳоро таҳти фишор бигузорад, то миллатҳои онҳоро аз қайду банди ислом ва мӯътақидони фосиди он наҷот диҳанд. Ба ҳамин манзур бояд ҳалқаи фишор бар ин миллатҳоро то ҷое ки мумкин аст, танг кард ва онҳоро дар муҳосира қарор дод ва аз ихтилофи назарҳо дар ин кишварҳо ва ихтилофҳои қабилаю тоифаии дар онҳо мавҷудбуда пеш аз ишғоли ин кишварҳо истифода бурд."
Танқиди Исроил барои ақибнишинияш аз Лубнон
Луис ҳамчунин роҳи ҳали мусолиматомези низои арабҳою Исроил дар минтақаи Ховари Миёна ва ақибнишинии Исроилро аз ҷануби Лубнон танқид карда гуфт: "Ин ақибнишинӣ бисёр зуд ва бидуни андеша аз паёмадҳои он сурат гирифт, ба ҳамин далел нобахшиданист. Исроил дарвоқеъ хатти муқаддами тамаддуни Ғарб дар минтақа аст, ки дар баробари кинаву нафрати дурӯғини ислом дар баробари Аврупо ва Амрико истодагӣ ва муқовимат мекунад, ба ҳамин далел кишварҳои ғарбӣ бояд аз Исроил дар баробари ин хатар ҳимоят кунанд ва худ низ дар баробари ин хатар бидуни ҳеҷ гуна андеша ва дудилагӣ мубориза баранд. Барои ин ҳеҷ зарурате нест, ки афкори умумии ҷомеаи байналмилалиро дар назар бигирем."
Конфронси Анополис ва Бернорд Луис
Ҳангоме ки Амрико дар соли 2007 хостори баргузории конфронси Анопулис шуд, Бернард Луис дар рӯзномаи Wall Street Journal навишт: "Набояд ба ин конфронс ва натиҷаи он беш аз як тактикаи муваққатӣ, қабл аз тақвияти эътилофи зиддиэронӣ, поракунии кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва таҳрик додани туркҳою арабҳою фаластиниҳо ва эрониҳо ба шурӯъ кардан ба куштани ҳамдигар, мисли он, ки ИМА бо сурхпӯстони Амрико анҷом дод, нигоҳ кунем."
Тарҳи Бернард Луис барои пора сохтани ҷаҳони ислом ва араб, ки асоси сиёсати Амрикоро ташкил додааст
1. Дар соли 1980 ва ҳангоме ки ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон дар ҷараён буд, Бзежинский, мушовири вақти амнияти миллии Амрико гуфт: "Мушкили аслӣ ва муҳимме, ки Амрико дар ҳоли ҳозир бо он мувоҷеҳ аст, ин аст, ки намедонад чӣ гуна метавон ҷанги дигаре дар Халиҷи Форс ба роҳ андохт, ки ҳеҷ набошад дар сатҳи ҷанги Ироқ бо Эрон қарор бигирад, то ба ин васила Амрико битавонад қарордоди "Сойкс пику"-ро ислоҳ кунад."
2. Ба дунболи ин изҳорот ва ба дастури вазорати дифои Амрико (Пентагон), Бернард Луис вазифадор шуд, то тарҳи машҳури худро дар бораи аз байн бурдани ваҳдати қонунии маҷмӯаи кишварҳои исломӣ ва арабӣ бисозад ва дар ин миён муваззаф шуд, барои ҳар яке аз ин кишварҳои исломӣ ва арабӣ тарҳи мушаххасеро пешниҳод кунад, ки кишварҳое чун Ироқ, Сурия, Лубнон, Миср, Судон, Эрон, Туркия, Афғонистон, Покистон ва Арабистон ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва шимоли Африқоро дарбар мегирифт ва бо илҳом гирифтан аз суханони Бзежинский вай иқдом ба таҳияи тарҳҳо ва барномаҳои поракунии кишварҳои исломӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки пас аз Бзежинский дар ин давра Ҷими Картер, собиқ раиси ҷумҳури Амрико низ хостори барафрӯхтани ҷанги дуюме дар Ховари Миёна ва мушаххасан минтақаи Халиҷи Форс шуд, то ба воситаи он Амрико ин имконро ёбад, ки бандҳои муоҳидаи Сойкс Пикуро ислоҳ ва онро ба гунае танзим кунад, ки бо манфиати Амрико дар минтақа бошад.
3. Дар соли 1983 конгресси Амрико бо баргузории нишасте бо Бернард Луис мувофиқат кард ва дар ин нишаст, ки конгресс дастур дод, то ин тарҳ дар парвандаи сиёсати стратегии Амрико ҷо дода шавад.
Нақшаи тарҳи саҳюнистӣ-амрикоии Луис бобати поракунӣ ва заиф намудани ҷаҳони ислом ва араб Миср
Бар асоси ин тарҳ, кишвари Миср ба 4 кишвари кӯчак тақсим мешавад:
1. Сино ва шарқи Делта, ки таҳти нуфуз ва контроли яҳудиҳо хоҳад буд, то воситае барои аз ҷониби Исроил забт шудани минтақаҳое аз Нил то Фурот шавад.
2. Кишвари масеҳӣ ба пойтахтии Искандария; ин аз ҷануб бо Бани Суиф то ҷануби Асвон ва аз ғарб то Фйум кашида шуда ва ҳатто мумкин аст худи шаҳри Фйумро низ шомил шавад. Ин кишвар дар имтидоди хатти биёбонӣ бо гузар аз дашти Нетрун идома меёбад то ин минтақаро ба Искандария муртабит кунад.
3. Кишвари Науба, ки бо пайвастани арозии шимоли Судон ба он ба пойтахтии шаҳри Асвон ташкил мешавад. Кишвари Науба аз Саъиди Миср то шимоли Судонро дарбар мегирад то он дар минтақаи Саҳрои Бузург ташкил шавад.
4. Мисри исломӣ ба пойтахтии Қоҳира, ки дар воқеъ аз бозмондаи Миср ташкил мешавад ва албатта таҳти нуфузи Исроил хоҳад буд.
Судон - Бино бар тарҳи ироашуда тавассути Бернард Луис, Судон низ мисли Миср бояд ба 4 кишвари кӯчак тақсим шавад.
1. Кишвари Науба, ки дар воқеъ такмилкунандаи давлати Наубаи Миср ба пойтахтии Асвон, ки сабаби даъвои Судон ба ин кишвар мулҳақ мешавад.
2. Кишвари исломии Судон дар шимол.
3. Кишвари масеҳии ҷануби Судон, ки ҷудоии худро бо баргузории ҳамапурсии дурӯғине эълом хоҳад кард (ва дар амал низ бар асоси ин тарҳ кишвари Судони ҷанубӣ пас аз баргузории ҳамапурсӣ бо ҷудоӣ аз Судон дар 9 июни 2011 ташкил шуд).
4. Кишвари Дорфур, ки сару садоҳо барои ҷудо кардани он аз Судон пас аз ҷудоии ҷануби Судони зиёд шудааст, дар ҳоле ки бояд таваҷҷӯҳ дошт, минтақаи Дорфур минтақае ғанӣ ва саршор аз урану тилло ва нафт аст.
Кишварҳои шимоли Африқо - Поракунии Либия, Алҷазоир ва Мағриб бо ҳадафи ташкили:
1. Кишвари Барбар, ки дар имтидоди кишвари Наубаи Миср ва Судон хоҳад буд.
2. Кишвари Пулисориё.
3. Боқимондаи кишварҳои кӯчакшудаи Мағриб, Алҷазоир, Тунис ва Либия.
Нимҷазираи Арабистон ва Халиҷи Форс - Маҳви Кувайт, Қатар, Баҳрайн, подшоҳии Уммон, Яман, Амороти Муттаҳидаи Араб ба гунае ки нимҷазираи Арабистон ва Халиҷи Форс танҳо се кишварро дарбар гирад:
1. Кишвари шиъаи Эҳсо, ки Қувайт, Аморот, Қатар, Уммон ва Баҳрайнро дарбар хоҳад гирифт.
2. Кишвари суннии Наҷд.
3. Кишвари суннии Ҳиҷоз.
Ироқ - Порашавии Ироқ бар асоси пояҳо ва усули ирқӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва динӣ ба шакле, ки дар Сурияи аҳди усмонӣ бавуқӯъ пайваст, сурат мегирад ва аз тақсимшавии ин кишвар се кишвари кӯчак ташкил хоҳад шуд:
1. Кишвари шиъа дар ҷануби ҷануб- Басра ташкил мешавад.
2. Кишвари суннӣ дар маркази Ироқ- Бағдод ташкил хоҳад шуд.
3. Кишвари Курдистон дар шимол ва шимоли шарқи Ироқ, ки бахшҳое аз манотиқи курднишини Эрон, Сурия, Туркия ва Шӯравии собиқро дарбар мегирад.
Таваҷҷӯҳ ба як нуктаи асосӣ
Дар ин ҷо лозим аст ба як нуктаи муҳим ишора кард: маҷлиси сенати Амрико 29-уми сентябри соли 2007 ба шарте бо ақибнишинии нируҳои Амрикоӣ аз Ироқ мувофиқат кард, ки Бағдод бо ташкили се кишҳвар, ки дар боло ба онҳо ишора шуд, мувофиқат кунад ва аз Масъуд Боризонӣ хост барои таъйини сарнавишти минтақа ҳамапурсӣ баргузор кунад ва маъруф аст, ки фармони Пул Бример ва муттаҳидонаш дар Ироқ хостори ташкили иёлатҳое худмухтор дар Ироқ бар пояи тоифаӣ буданд, ки се иёлати шиъанишин дар ҷануб ва суннинишин дар марказ ва курднишин дар шимолро дарбар мегирифт.
Сурия - Бар асоси тарҳи Луис, Сурия низ бояд бар пояи усул ва махсусиятҳои мазҳабӣ, ирқӣ ва нажодӣ ба 4 кишвари кӯчак тақсим шавад:
1. Кишвари алавии шиъаён.
2. Кишвари сунниҳо дар минтақаи Ҳалаб.
3. Кишвари сунниҳо дар Димишқ.
4. Кишвари дарузиҳо дар Ҷулон ва Лубнон, (ин кишвар аз ҷануби Сурия ва шарқи Урдун ва як қисми Лубнон ташкил мешавад).
Лубнон - Бар пояи тарҳи тақсими ҷаҳони ислом ва араб, Бернард Луис аз тақсими Лубнон 8 кишвари кӯчаки нажодӣ ва мазҳабӣ ба шарҳи зер ба даст меояд:
1. Кишвари суннӣ дар шимол ба пойтахтии Троблус.
2. Кишвари Морунӣ дар шимол ба пойтахтии Ҷунима.
3. Кишвари алавии дашти Бақоъ ба пойтахтии Баълабак, ки таҳти нуфузи Сурияи шарқи Лубнон қарор хоҳад дошт.
5. Кишвари фаластинии атрофи Сайдо то руди Литонӣ, ки созмони озодибахши Фаластин бар он ҳоким хоҳад буд.
6. Кишвари катоибиҳо дар ҷануб, ки масеҳиён ва яку ним миллион нафар аз шиъаёни Лубнонро дарбар мегирад.
7. Кишвари дарузиҳо, ки аз ҳисоби минтақаҳои Лубнон, Сурия ва Фаластини ишғолӣ ташкил хоҳад шуд.
8. Кишвари масеҳӣ, ки таҳти нуфузи Исроил хоҳад буд.
Эрон, Покистон ва Афғонистон - Ин се кишвар бояд ба даҳ кишвари кӯчак шавад:
1. Курдистон. 2. Озарбойҷон. 3. Туркманистон. 4. Арабистон. 5. Эронистон, (аҷаб номи музахрафе, ки ба иддаои Луис пас аз тақсим шудани Эрон ташкил хоҳад шуд). 6. Бухунистон. 7. Балуҷистон. 8. Афғонистон, (аз боқимондаи Афғонистони кунунӣ пас аз тақсим ташкил хоҳад шуд). 9. Покистон, (аз боқимондаи Покистон пас аз тақсим ташкил хоҳад шуд). 10. Кашмир.
Туркия - Ҷудо кардани он ба ду кишвар- Туркия ва Курдистони Ироқ.
Урдун - Маҳви Урдун ва таҳвили он ба Ташкилоти Худгардони Фаластин.
Фаластин - Маҳви комили Фаластин ва миллати Фаластин, (ба нақшаи "Исроили Бузург" нигоҳ кунед).
Яман - Маҳви комили мавҷудияти кишвари Яман ва ҳамроҳ намудани он ба кишвари Ҳиҷоз.
Агарчи ба назар мерасад, бедории исломӣ битавонад монеае барои ин тарҳи истеъморӣ бошад, аммо мусодираи ин инқилобҳо метавонад роҳро барои ояндаи тарҳи Амрико ва "Исроил" фароҳам кунад.
Ҳафтаномаи «Дунё»